Рӯзи Модарон, ки ҳамасола 8 март дар кишвари мо ва бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад, натанҳо ҷашни бонувон ва табрикот аст, балки санаест, ки бо мубориза барои ҳуқуқи занон, дигаргуниҳои иҷтимоӣ ва таҳаввулоти амиқи ҷомеа пайвандӣ дорад.
Муҳтавои ҷашни 8 март дар кишварҳои дунё ба таври гуногун таҷассум меёбад. Дар баъзе кишварҳо ин рӯз барои баргузории чорабиниҳои сиёсӣ ва баррасии ҳуқуқи занон ҷашн гирифта мешавад, дар кишварҳои дигар бошад ҳамчун ҷашни оилавӣ бо туҳфаҳо ва гулҳо таҷлил мегардад.
Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон иброз доштанд, зан-модар офарандаи ҳаёт, тарбиятгари наслҳо ва такягоҳи оила мебошад ва ҷашн гирифтани Рӯзи модарон ифодаи эҳтиром ба нақши ӯ дар ҷомеа ва оила мебошад.
Симои модар яке аз қадимтарин ва фарогиртарин образҳо дар таърихи инсоният аст. Зан-модар дар худ вазифаи биологии идомаи насл, робитаи эҳсосӣ бо кӯдак ва нақши муҳими иҷтимоиро дар ташаккули шахсият ва ҷомеа муттаҳид месозад.
Пайванди модарона омили калидии рушди шахсият мебошад. Назарияи равоншиносии пайвастагӣ нишон медиҳад, ки сифати муносибатҳои барвақт бо модар ба худбаҳодиҳӣ, сатҳи эътимод ба ҷаҳон ва қобилияти барқарор кардани муносибатҳо дар синни балоғат таъсир мерасонад. Муносибати гарм ва устувор дар кӯдакӣ дар кӯдак эҳсоси амниятро ташаккул дода, сатҳи изтиробро коҳиш медиҳад ва ба рушди зеҳн ва устувории эҳсос мусоидат мекунад.
Зан-модар нахустин омӯзгори кӯдак мебошад. Тавассути ӯ ба кӯдак забон, меъёрҳои фарҳангӣ, арзишҳои ахлоқӣ ва малакаҳои асосии иҷтимоӣ интиқол дода мешаванд.
Симои модар дар санъат, дин ва фалсафа низ ҷойгоҳи марказӣ дорад. Дар анъанаи мардуми тоҷик модар ҳамчун сарчашмаи ҳаёт, раҳмат ва тарбияи маънавӣ мавқеи хос дорад. Дар бисёре аз китобҳои илмию динӣ ба эҳтироми модар таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуда, хосатан ба душвории ҳомиладорӣ ва таваллуд таъкид карда мешавад ва инчунин вазифаи фарзандон ҷиҳати эҳтиром ва ғамхорӣ нисбат ба падару модар зикр мегардад. Беҳуда намегуянд, ки «Биҳишт зери пои модарон аст», ки ба таври рамзӣ арзиши олии модарро таъкид мекунад. Дар бисёр фарҳангҳо модар бо замин, ҳосилхезӣ ва ҳаёт шабоҳат дода мешавад, ки ин муносибати эҳтиромонаро ба модар ҳамчун сарчашмаи идомаи насли инсон ташаккул медиҳад.
Зан-модар натанҳо офаранда, балки омили пурқуввати ташаккули насли оянда мебошад. Тавассути ғамхорӣ, тарбия ва интиқоли арзишҳо модарон ба рушди ҷомеа дар маҷмӯъ таъсир мерасонанд.
Модарони азизу гиромиқадр аз самими қалб Шуморо бо ҷашни 8 март - Рӯзи Модар ва баҳор табрик менамоем! Бигзор зиндагии Шумо саршор аз саломатӣ, хушбахтӣ ва шодӣ бошад. Ташаккур барои гармӣ, хирад, сабр ва муҳаббате, ки Шумо ба оилаҳои худ ва тамоми ҷомеа мебахшед. Бигзор дар хонаҳоятон ҳамеша сулҳ, ободӣ ва умеди равшан ҳукмфармо бошад!
Ходими калони илмии Институти зоология ва паразитологияи
ба номи Е.Н. Павловскийи АМИТ Ғарибмамадов Ғ.Д.
Интихобот воситаи асосии сиёсати бунёдгар ва созанда аст. Дар олам кишвареро дарёфт намудан номумкин аст, ки аз интихобот истифода нанамояд. Новобаста аз сохти сиёсӣ ва муносибатҳои сиёсии ҳукмрони ҷамъиятӣ сохторҳои гуногуни таркибии кишварҳои олам ба раванди интихобот рӯ меоранд. Интихобот, навъ ва шакли гуногуни он мавриди истифода қарор доранд.
Интихобот ягона воситаест, ки тавассути он шахс ҳамчун манбаи ҳокимият имконият пайдо мекунад, ки мустақилона ба воситаи овоздиҳӣ мавқеашро муайян намояд. Дар ҳолати интихоботи умумӣ ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ пайдо мекунад, ки озодона дар интихобот иштирок намояд ва ба ҳокимият таъсир расонад. Масалан, нигоҳдоштан ё иваз кардани парламент, ҳукумат, тағйир додани раванди сиёсии давлат ва ғайра.
Интихоботҳо дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ҳамчун падидаи муҳими фаъолияти шахсӣба шумор рафта, онҳо ба институтҳои гуногун ва дараҷаи идоракунии парламент, президент, мақомотҳои намояндагӣва ҳокимияти маҳаллӣ таъсири амиқ мерасонанд.
Натиҷаи интихоботҳо аз дараҷаи инкишофи маданияти сиёсӣ, шакли идоракунӣ ва мавқеи ҳизбҳои сиёсию дигар институтҳои сиёсии ҷомеа вобастагии зиёд дорад. Интихоботи озоду демократӣ аз рӯи принсипҳои умумӣ, баробар, бевосита, алтернативӣ, пинҳонӣ гузаронида мешаванд. Масалан, принсипи интихоботии умумӣ маънои онро дорад, ки ҳамаи шаҳрвандон ҳуқуқ доранд дар интихоботҳо иштирок намуда интихоб шаванд.
Бояд зикр кард, ки дар ҳар як мамлакат вобаста ба манфиатҳои ҳизбҳо, дараҷаи инкишофи маданияти сиёсӣ ва анъанаҳо интихобот мегузарад.
Мавриди зикр аст, ки дар гузаронидани интихоботҳо маданияти сиёсӣ ва шуури сиёсӣ нақши муҳимро бозӣ мекунад. То чӣ андозае, ки маданияти сиёсии интихобкунандагон баланд бошад, ҳамон андоза сатҳи касбии ҳайати депутатҳои интихобшуда баланд мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар қатори дигар мамлакатҳои пешқадам роҳи бунёди ҷомеаи демократиро ихтиёр кардааст. Бинобар ин, барои гузаронидани интихоботи демократӣ заминаҳои хуби объективӣ гузошта шудаистодааст. Яке аз мисолҳои равшан ин, қабули қонунҳои-конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олӣ", Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи интихоби вакилон ба Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ" шуда метавонад, ки Иҷлосияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз таърихи 10 декабри соли 1999 қабул кардааст. Мувофиқи қонуни интихоботии Ҷумҳурии Тоҷикистон 63 нафар барои интихоб шудан ба Маҷлиси намояндагон муайян карда шудааст. Аз тарафи дигар қонун системаи омехтаи интихоботро муқаррар кардааст: 41 вакил аз ҳавзаҳои якмандата ва 22 нафар аз ҳизбҳои сиёсӣвакил интихоб мешаванд. Шаҳрвандоне, ки то рӯзи интихобот ба сини 18 расидаанд, ҳуқуқи интихоб кардан доранд, ба шарте ки онҳо бо қарори суд дар ҷойҳои махсус нигоҳ дошта нашаванд ва маҳрум аз озодӣ нашуда бошанд. Дар ҳамин асос, ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба синни 25 расида ва ҳуқуқи интихоб шудан дошта бошад, ҳадди ақал панҷ соли охир шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳиби маълумоти олӣ аст, метавонад номзадии худро ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешниҳод намояд.
Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 ҳизби сиёсӣ фаъолият дошта, дар интихоботи соли 2025 барои соҳиб шудан ба 63 курсиҳои Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии Ҷумҳуриии Тоҷикистон, аз ҷумла Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон, Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, Ҳизби демократии Тоҷикистон, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон.
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳуриии Тоҷикистон аз 33 аъзо иборат аст, ки 8 нафари онҳо аз ҷониби Президент таъин ва 25 нафари дигар аз ҷониби Маҷлисҳои маҳаллӣ интихоб карда мешаванд. Номзадҳо бояд ба синни 25 - солагӣ расида, соҳиби маълумоти олӣ ва ҳадди ақал панҷ соли охир бояд шаҳрванди Тоҷикистон бошанд. Номзадҳо бо роҳи овоздиҳии махфӣ дар Маҷлиси якҷояи ҳамаи мақомоти намояндагии маҳаллӣ интихоб мешаванд.
Гузаронидани интихоботҳои демократӣ ва озод яке аз рукнҳои муҳими демократия буда, барои ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаи муҳими сиёсӣ тайёр мекунанд.
Дaр ҷомеaи демокрaтӣ роҳи aсосии ҳизб бa сӯйи ҳокимияти сиёсӣ интихоботи мaрдумӣмебошaд. Ҳизб тaнҳо тaвaссути тaвсеaи зaминaи интихоботии худ метaвонaд бa парлумон роҳ ёбад ва бa ҳокимият дaстрaсӣ пaйдо намояд. Бинобар ин, ҳамаи ҳизбҳо бa тaблиғу ташвиқи бaрномaи пешaзинтихоботии худ, тaъмини рейтинги зaрурии номзaдҳои худ бa мaқомоти нaмояндaгии ҳокимият aҳaмияти ҷиддӣ медиҳaд. Ситодҳои мaхсуси интихоботӣ тaшкил кaрдa мешaвaнд, ки дaр онҳо технологҳои беҳтaрини сиёсӣ, ки дaр тaшкили мaърaкaҳои интихоботӣ тaҷрибa дорaнд, кор мекунaнд.
Бояд гуфт, ки комиссияҳои интихобот аз рӯи принсипи ҳудудӣ таъсис дода шуда, як нафар ҳуқуқ дорад фақат аъзои як комиссияи интихобот бошад.
Хусусияти дигари низоми интихоботии моро муайян мекунад ин вижагӣ вобаста ба усули овоздиҳӣ мебошад. Мутобиқи моддаи 3 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон дар асоси ҳуқуқи умумӣ, баробар ва бевосита бо овоздиҳии пинҳонӣ ва низоми омехтаи интихобот сурат мегирад, дар он ҳеҷ гуна ҳадди ҳисоб (квота) муқаррар карда намешавад». Истифода аз усули пропорсионалии ҳисобкунии овозҳо дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва мажоритарӣ дар ҳавзаҳои якмандатаи интихобот хусусияти омехтагии низоми интихоботиро дар Тоҷикистон муқаррар намудааст. Дар интихоботи маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бошад низоми мажоритарии интихоботи амалӣ карда мешавад.
Дар маҷмӯъ таҳлили низоми интихоботӣ дар Тоҷикистон собит менамояд, ки он бо хусусиятҳои хоси сохторию функсионалӣ ва мазмунии худ фарқ намуда, ифодагари ҷанбаҳои муҳимми ташаккули анъанаҳои давлатдорӣ мебошад, ки вобаста ба рушди ҷомеа ва равандҳои демократӣ дар ҷаҳон такомул ёфта истодааст.
Расулзода Аслам Зафар - ходими калони илмии шуъбаи ШМА ва Канадаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Имрӯз (26.02.2025) дар Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон даври муассисавии озмунҳои ҷумҳуриявии «Муҳақиқ ва ихтироъкори ҷавон» ва «Магистранти сол» миёни магистрантон, докторантон аз рӯи ихтисос (PhD) ва унвонҷӯёни муассисаҳои олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ин озмунҳо магистрантон ва докторантони PhD- и муассисаҳои илмӣ иштирок намуда, 4 нафар ғолиби озмунҳои мазкур гардиданд. Аз ин ҳисоб ду нафар ғолиби даври муассисавии озмуни ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» ва ду нафар ғолиби даври муассисавии озмуни ҷумҳуриявии «Магистранти сол» гардиданд.
Мақсади ташкил ва гузаронидани Озмун ин дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму техника, технология, рушди тафаккури техникӣ, тавсеаи ихтирокорӣ ва навоварӣ, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология ва принсипҳои сиёсати илмӣ-инноватсионӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
26 феврали соли равон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо директори иҷроияи Маркази байналмилалии илм ва технология хонум Карина Ангуэлиева мулоқоти судманд анҷом дод.
Мақсад аз мулоқот мустаҳкам намудани ҳамкориҳо дар самтҳои техника, таҳқиқотҳои илмӣ, омода намудани кадрҳои баланди илмӣ дар самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мебошад. Дар мулоқоти имрӯза президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таъкид дошт, ки Академияи милли илмҳои Тоҷикистон ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи худро бо Маркази байналмилалии илм ва технология дар доираи якчанд лоиҳаҳо ба роҳ монда, минбаъд низ тибқи он барои густариш додани ҳамкориҳо дар якҷоягӣ фаъолияти густурдаро ба роҳ хоҳанд монд.
Зикр шуд, ки дар доираи ин лоиҳаҳо ва дастгирии маъмурияти Маркази байналмилалии илм ва технология ба олимони Академияи милли илмҳои Тоҷикистон имкон пайдо мешавад то дар соҳаи илм натиҷаҳои назаррасро ба даст оварда, соҳаи илмро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд.
Дар мулоқот қайд гардид, ки дар доираи ҳамкориҳои муштарак мо метавонем дар оянда, миёни олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва ҷониби дигар конфронс ва симпозиюмҳои сатҳи байналмилалӣ баргузор намоем. Ҳамзамон ҷонибҳо дар масъалаи омода намудани кадрҳои баланди илмӣ таваҷҷуҳ равона намуда, барои ҳамкорӣ дар ин самт ба мувофиқа омаданд.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки ҳоло ҷомеаи ҷаҳонӣ дар асри рушди техникаву технология қарор дорад. Гуфта шуд, ки Ҳуши маснуъӣ падидаи фанноварии нодири солҳои охир аст. Вобаста ба ин мо бояд дар ин самт тадбирҳои нав андешида, ҳамкориҳои худро тақвият бахшем.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қоиблҷон Хушвахт таъкид дошт, ки дар заминаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нав фаъолият менамояд, ки пурра ба ин самт бахшида шудааст. Дар оянда барои тақвият бахишидан дар ин самт мо метавонем ҳамкориҳои худро дар доираи фаъолияти ин марказ ба роҳ монем.
Дар охир ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои минбаъда, бахусус дар самтҳои техника, таҳқиқотҳои илмӣ омода намудани кадрҳои баланди илмӣ дар самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ изҳор карданд.
25 феврали соли 2025 дар шаҳри Доҳаи давлати Қатар бо иштироки беш аз 80 нафар намояндагони 27 давлати дунё 10-умин Маҷмааи умумии Шабакаи ҷаҳонии дипломатияи мардумӣ фаъолияти худро оғоз намуд.
25 феврали соли 2025 дар шаҳри Доҳаи давлати Қатар бо иштироки беш аз 80 нафар намояндагони 27 давлати дунё 10-умин Маҷмааи умумии Шабакаи ҷаҳонии дипломатияи мардумӣ фаъолияти худро оғоз намуд.
Дар ин рӯз маросими кушодашавии 10-умин Ассамблеяи генералӣ, интихоби президенти Шабакаи глобалии дипломатияи мардумӣ барои солҳои 2025-2028 ва ҳамоиши илмӣ дар мавзӯи “Дипломатияи мардумӣ: омилҳо ва таҳдидҳои нав” баргузор гардид, ки дар кори он муовин оид ба илм ва таълими Директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Сангинзода Дониёр ва ходими калони илмии ҳамин Институт Мирвайсов Мамурҷон иштирок ва маърӯза намуданд.
Инчунин дар ҳошияи ин чорабинӣ Сангинзода Д. ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳои мутақобила ва густариши он бо намояндагони давлатҳои аъзои GPDnet, ба монанди Қатар, Молдова,
Полша, Украина, Африқои Ҷанубӣ, Намибиа, Грузия, Малайзия, Балгария, Венгрия ва дигарон мулоқотҳои судманд анҷом дод.
25 феврали соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи байналмилалӣ илмӣ – амалӣ дар мавзуи “Саҳми занону бонувон дар рушди илм” бо ташабббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори конференсия муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикстон Мавсума Муинӣ, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша ва дигар занону бонувон иштирок намуданд.
Нахуст, ба кори конференсия Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша ҳусни оғоз бахшида, таъкид дошт, ки занону бонувони кишвар роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро доимо сармашқи кори худ намуда, кушишу ғайрати софдилонаву содиқонаи худро барои фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот равона карда истодаанд.
Сипас, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо суханронӣ намуда, қайд намуд, ки занону бонувони кишвар роҳнамоии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро доимо сармашқи кори худ намуда, кушишу ғайрати софдилонаву содиқонаи худро дар тамоми соҳаҳо равона карда истодаанд.
Дар идома президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт оид ба таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти занону бонувон ибрози ақида намуда, қайд намуд, ки дар ҳақиқат занону бонувони давлати мо таҳти ғамхориву сарпарастии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар бораи баланд бардоштани мақому манзалати зан – модар дар замони соҳибистиқлолии ватани азизамон корҳои азиме ба сомон расонида шудааст, ки боиси ифтихор ва сарфарозиҳост.
Инчунин, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ ибрози ақида намуда, таъкид дошт, ки имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд. Тавре дар Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 ироа гардид, бонувону занон ва духтарон дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ намудани бегонапарастӣ, аз ҷумла сарулибос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан, минбаъд низ саҳми худро мегузоранд.
25 феврали соли равон дар ҳошияи баргузории Конференсияи байналмилалии илмӣ амалии дар мавзуи “Саҳми занон дар рушди илм” дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон намоиши дастовардҳои бонувони муассисаҳои илмӣ - таҳқиқотӣ баргузор гардид.
Дар ин намоиши дастовардҳо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша иштирок намуда, аз дастовардҳои бадастовардаи бонувону занони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар самтҳои гуногун дидан намуданд.
Дар раванди дидан намудани дастовардҳои бонувони академия аз ҷониби муаллифон ва мутасаддиён ба иштирокдорон – тамошобинон оид ба ҳар як дастовард, маълумоти мукаммал дода шуд, ҳамзамон аз ҷониби меҳмонон ба дастовардҳои бонувони академия баҳои баланд дода шуд.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар замони Истиқлолияти давлатӣ таваҷҷуҳи давлату ҳукумат аз ҷумла таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии занону бонувон дар тамоми соҳаҳо умуман барои пешбурди кори давлату ҷамъият ниҳоят бузург аст ва дар ин радиф занон низ тавонистанд, ки ба боварӣ ноил гашта, дар пешбурди корҳои давлатию ҷамъиятӣ корҳои азимеро ба анҷом расонанд.
Ташкилотҳои ибтидоии “Дипломат” -и КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар санаи 23 феврали 2025 дар қисми низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “23 феврал - Рӯзи Артиши миллӣ” ҳамоиши ҳизбӣ-фарҳангӣ бо иштироки аскарону афсарон ва аъзои ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур таҳти сарварии Каримзода Нилуфар баргузор намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ дар қисми низомӣ раиси ТИ “Дипломат”-и ҲХДТ, директори Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ Рустам Ҳайдарзода, муовини директори ҳамин Институт Сангинзода Дониёр, сарходими илмии ҳамин Институт, муовини раиси КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ Қурбонова Ширин ба иштирокчиёни ҳамоиш оид ба нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва таҳкими Артиши миллӣ мубодилаи афкор карданд.
Дар идома афсарону сарбозон ин қисми низомӣ бо “Сипоснома”и ҲХДТ ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гадиданд.
Санаи 21 - уми феврали соли 2025 дар Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида 23 феврал рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ доир гардид.
Директори Марказ Шерализода Н.Ш. чорабиниро ифтитоҳ намуда, дар мавзуи «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳарам Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуданд.
Дар кори семинар инчунин ходими илмӣ Боқизода А., Қодиров Ҳ. оид ба масъалаҳои таъмини сулҳу суботи кишвар ва саҳми ҷавонон дар ҳифзи арзишҳои миллӣ баромад намуданд.
