Муассисаи давлатии илмии "Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон"
|
Директори МДИ “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”н. и. г. ва м., Шерализода Назриало Шералӣтел: +992917257490,E-mail: nazrialo@mail.ru |
Марказ фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори давлатии вазорату муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, шарикони рушди устувор ва дигар сохтору ташкилотҳои байналмилалӣ дар самтҳои зерин амалӣ менамояд:- гузаронидани корҳои илмии бунедӣ оид ба омӯзиши пиряхҳо ва пӯшиши барф;- муайян кардани изотопҳо дар озмоишгоҳ;- омӯзиши изотопҳо дар пиряхҳо ва қабати барф;- ташкил ва гузаронидани корҳои экспедитсионӣ бо шарикони хориҷӣ;- мониторинг ва арзёбии баландии қабати барф ва эҳтимоли рахна шудани кӯлҳои хатарноки пиряхӣ.Гузаронидани таҳқиқоти бунедӣ ва илмӣ-амалӣ, ки ба стандартҳои ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқанд ва таъсиси инфрасохтори илмию технологӣ бо мақсади ноил шудан ба рушди инноватсионӣ дар соҳаи технологияҳои баланди криосфера, глятсиология ва гидрометеорология вазифаҳои асосии Марказ мебошанд, ки татбиқи онҳо ба омӯзиши пиряхҳо ва манбаъҳои асосии захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад. Барои татбиқи ин мақсадҳо зиёда аз 50 нафар кормандони илмӣ ва илмӣ-техникӣ дар шӯъбаҳо ва озмоишгоҳҳои зерини Маркази мазкур фаъолият мекунанд. |
|
Сохтори Марказ:
|
|
Вазифаи асосии Марказ ин гузаронидани инвентаризатсияи пиряхҳо ва дар асоси технологияҳои муосир ва таҳқиқоти бунедӣ муайян кардани шумораи пиряхҳо дар шароити муосири тағйирёбии иқлим, таҳия ва нашри Феҳристи расмии пиряхҳои Тоҷикистон мебошад.Фаъолияти Марказ дар самти татбиқи мавзӯи буҷетӣ амалӣ карда мешавад:"Таҳияи Феҳристи (Атласи) пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз технологияҳои инноватсионии геоинформатсионӣ барои солҳои 2022-2026", бо рақами давлатии бақайдгирии РБ № 0123TJ1528.Озмоишгоҳи сифати об, изотопҳо ва санитарияи Муассисаи давлатии илмии "Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ" дар ҳамкорӣ бо Агентии байналмилалии энергияи атомӣ (АБЭА) омӯзиши изотопии пиряхҳо ва қабати барфро анҷом медиҳад. Шумораи умумии кормандон дар муассиса 51 нафарро ташкил медиҳад. Шумораи кормандони тахассусӣ 6 нафар (2 доктор, 2 номзади илм 2 доктори PhD). |
Маълумот барои тамос:
Директор:
н. и. г. ва м., Шерализода Назриало Шералӣ
Тел: +992 372-27-77-41; +992 917 -25-74-90,
E-mail: nazrialo@mail.ru
Сомона: www.cryosphere.tj
ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
Навид
- Мақолаҳо 05 Ноя 24
Categories
Наворҳои видеоӣ
МУШОҲИДА ВА АКСБАРДОРИИ ҲОДИСАИ АСТРОНОМИИ ФАВҚУЛМОҲ ДАР РАСАДХОНАИ АСТРОНОМИИ ҲИСОР
Падидаи ба вуҷуд омадани Моҳи калон (Суперлуна)
Дар як сол якчанд маротиба Моҳ, зоҳиран аз сохти муқаррариаш равшантар ва калонтар пайдо мешавад, ки ин падида Фавқулмоҳ номида мешавад. Намоёншавии моҳи калон — падидаи астраномие мебошад, ки ҳангоми наздикшавии Моҳ ба Замин ба амал омада, то 14% калонтар ва то 30% равшантар ба чашми мушоҳид намудор мегардад. Моҳ дар ин муддат аз рӯи масири ҳаракати худ дар масофаи наздиктарин ба Замин давр мезанад ва қариб ба 50 ҳазор километр наздиктар ба сайёраи мо воқеъ мегардад.
Бояд қайд намуд, ки нуқтаи наздиктарини мадори Моҳ ба Замин масофаи перигелӣ мебошад ва он аз сайёраи мо (Замин) дар масофаи 363,1 хазор километр дур ҷойгир аст. Инчунин нуқтаи дуртарини мадори Моҳ тақрибан дар масофаи 405,7 ҳазор километр аз Замин ҷойгир буда, масофаи афелӣ ном дорад.
Қобил ба зикр аст, ки ин падида ба саёраи Замин, саломатии инсон, техникаю технология таъсир надошта, инчунин боиси сарзадани офатҳои табиӣ низ намегардад. Яъне ба ягон омилҳои рӯизамини таъсир намерасонад, аз ин рӯ инсоният метавонад беташвиш бошад, зеро ин як ҳодисаи маъмули астрономӣ мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки мафҳуми "Фавқулмоҳ" истилоҳи илмӣ набуда балки он астрологӣ мебошад. Ин истилоҳ англисӣ “super moon” буда, бори аввал дар соли 1979 онро астроном Ричард Нолле истифода карда буд. Ин истилоҳро аз соли 2011 дар нашрияҳои илмӣ-оммавӣ мавриди истифода қарор додаанд.
Тавсифи расмии ин падида ба монанди системаи “Замин – Моҳ – Офтоб” мебошад, ки ҷойгир шавии се ва ё зиёда ҷирмҳои осмониро дар як сатр ба ҳам пайвастаро мефаҳмонад. Астрономҳо инчунин истилоҳи «Моҳи пурра дар перигелӣ»-ро истифода мебаранд, ки маркази ҳамсафар аз маркази Замин камтар аз 360 ҳазор километр доро бошад.
Моҳи пурра ё моҳи нав низ метавонад дар осмон пайдо шавад. Чунин падидаҳоро Микромоҳҳо меноманд. Дар ин вақт Моҳ аз Замин дар масофаи дуртарини худ ҷойгир мешавад. Аз сабаби дурии зиёд Моҳ назар ба намуди муқаррарии худ хурдтар намуддор мегардад.
Бояд донист, ки давраи Фавқулмоҳ 413 рӯз давом мекунад. Он дар асоси моҳҳои камарӣ ва аномалистӣ ҳисоб карда мешавад.
Моҳи қамарӣ ба 29,53059 шабонарӯз баробар буда, Моҳи аномалӣ бошад ба 27,55455 шабонарӯз баробар аст.
Ҳарду давраҳо дар ҳар14 моҳ ва15 моҳи аномалистӣ рост меоянд. Ба ҳисоби миёна, дар як сол аз се то шаш Фавқулмоҳ мушоҳида мегардад.
Падидаи Фавқулмоҳ муддати се-чор рӯз тамоми шаб метавонад давом кунад. Аммо мушоҳид бо чашми оддӣ дар гумон аст, ки фарқиятро аз Моҳи пурра пайхас намояд, аз ин рӯ барои беҳтар намудани мушоҳидаи ин падида, мушоҳид бояд бо худ телескоп дошта бошад. Мушоҳид инро бояд донад, ки андозаи “Моҳи калон” аз Моҳи пурра калон набуда, фақат бо наздик шудан ба Замин бузург ба чашм менамояд.
Дар соли 2024 ин падидаи астрономӣ 19 август, 18 сентябр,17 октябр ва 16 ноябр мушоҳида мешавад.
Дар падидаи Фавқулмоҳи 17 октябри соли равон андозаи диски Моҳ назар ба Моҳи муқаррарии пурра 7,9% калонтар ва 15,7% равшантар буда, он аз Замин дар масофаи 357.172 хазор километр дуртар воқеъ мегардад.
Падидаи Фавқулмоҳ санаҳоии 17-18 -уми октябри соли 2024 тавассути телескопи АЗТ-8 дар Расадхонаи астрономии Ҳисор аксбардори гардид.
Муалифон: Бӯризода А.М., Ҳамроев У.Х., Аюбов Д.Қ.
Дарси навбатии Зан Сарвар дар Осорхонаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ баргузор гардид. Дар оғоз мудири осорхона Пулодзода А. ба шунавандагон оид ба таърихи бостонии Тоҷикистон, ки аз даврони асри санги- як миллион сол қабл оғоз мегардад, инчунин доир ба марҳилаҳои муҳими таърихи халқи тоҷикон маълумот доданд.
Мавсуф оид ба хазинаи Куҳи Муғ ва шартномаи оилавии суғдиён, хазинаи Уструшана, Каҳ-Каҳа, хазинаҳои Аҷинатеппа ва Ҳулбук, Фархор, Саразм, Панҷакент, Ишқошим, Мурғоб бо далелҳои таърихӣ маълумот доданд. Барои мо таърихи Душанбе, ки хеле шаҳри қадима аст, аз даврони сангин то имрӯз хеле ҷолиб буд.
Сипас, шунавандагон дар баробари ошнои бо давраҳои муҳими таърихӣ, ба либос, машғулият, ҳувияти занон дар давраҳои гуногуни таърихӣ аҳамият доданд. Хулоса карда шуд, ки маҳлумоти аз осорхона бардоштаи мо дар ташаккули ҳувият ва худшиносии миллии мо ва ҷомеа аҳамияти хеле зиёд дорад.
Иштироки директори Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра ва муовини директори Институт Хоҷаев Ҳикматулло дар Форуми байналмилалии сайеҳии Travel Hub"Иттиҳод" Тоҷикистон, ки аз ҷониби Кумитаи рушди сайеҳии назд
Иштироки директори Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра ва муовини директори Институт Хоҷаев Ҳикматулло дар Форуми байналмилалии сайеҳии Travel Hub"Иттиҳод" Тоҷикистон, ки аз ҷониби Кумитаи рушди сайеҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 октябри соли 2024 дар ш.Душанбе ташкил гардид.
Дар ин чорабинии байналмилалӣ имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба коршиносони байналмилалии соҳа, намояндагони ширкатҳои хориҷии сайёҳӣ муаррифӣ гашт.
Имрӯз (18.10.2024) бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ - назариявии ҳизбиёни пойтахт таҳти унвони "Тоҷикистон бо Пешвои миллат ба пеш" бахшида ба "30- солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон" ва Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиш як зумра аз роҳбарону кормандон ва муҳақиқони муассисаҳои илмию таълимӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Инчунин, дар кори ин ҳамоиш Махмедов Муҳаммад олими ҷавони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доир ба дастовардҳои соҳаи илм дар замони Истиқлолияти давлатӣ суханронӣ намуд.
Имрӯз (18.10.2024) бо ибтикори шуъбаи тавсиф ва таҳияи осори хаттии Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конфронси илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Масъалаҳои муҳимми феҳристнигорӣ ва ҳифзи мероси хаттӣ”, ки ба 80-солагии яке аз донишмандони фарҳехтаи нусхашинос, шарқшинос ва мутарҷими осори Ибни Сино Сайиднуриддин Шаҳобиддинов бахшида шуда буд, баргузор гардид.
Конфронс бо сухани ифтитоҳии саркотиби илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Қосимшо Искандаров оғоз шуда, мавсуф андешаҳои худро оид ба арзиши илмӣ ва фарҳангии дастнависҳо дар мисоли корҳои анҷомдодаи яке аз дастхатшиносону донандагони барҷастаи забони арабиву хатти порсӣ С.Шаҳобиддинов баён намуданд. Мавсуф зикр намуд, ки имрӯз бо шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат ва Ҳукумати Тоҷикистон тамоми шароит барои ҷамъоварӣ ва ҳифзу нигаҳдории осори хаттӣ фароҳам оварда шудааст. Ва кормандони Марказ вазифа доранд, ки кори ҷамъоварӣ, тавсиф ва таҳияи осори хаттиро, ки муҳимтарин муаррифгари ҳувият ва хотираи таърихии миллат мебошанд, бо талаботи меъёрҳои муосир бештар суръат бахшанд.
Раҳматкарим Давлатов, директори Маркази мероси хаттии АМИТ, номзади илми таърих зимни суханронии хеш дар мавзуи “Собиқаи тавсифи дастхатҳои ММХ ва масъалаҳои асосии феҳристнигорӣ” зикр намуданд, ки аз 17 ҳазор китоби дастнавис, то имрӯз 23% онҳо ё ҳудуди 4000 нусха тавсиф ва дар 10 ҷилд бо забони русӣ ба нашр расидааст. Номбурда таъкид намуданд, ки аз оғози соли равон тавсифи дастхатҳо пурра ба забони тоҷикӣ ба роҳ монда шуда, ҳамчунин баҳри оммавигардонии нусхаҳои нодир ба забонҳои англисӣ, арабӣ ва хатти форсӣ феҳрист тарҷума шудааст ва ҷилди аввали он имсол ба нашр мерасад.
Донишманд ва файласуфи шинохта, доктори илми фалсафа, яке аз ҳамкурсону дӯстони наздики равоншод С.Шаҳобиддинов устод Комил Бекзода, ки шиносоӣ ва ҳамкории 62 сола бо марҳум С.Шаҳобиддинов дорад, фаъолиятҳои илмии ӯро бо далелҳои ҷолибу ҳайратангез ба самъи иштирокдорон расонид.
Дар идомаи конфронс маърузаву андешарониҳои н.и.ф., Маҳмадёр Шарифов дар мавзуи “Таҳияи аввалин феҳристи нусхаҳои хаттӣ ба забони тоҷикӣ”, Алӣ Муҳаммадиев “Матншиносии даврони соҳибистиқлоли тоҷик ва вижагиҳои он”, Сайидхоҷа Ализода “Шинохти нусхаҳои нодир ва таҳияву нашри онҳо”, ходими пешбари Институти омӯзиши давлатҳои Осиё ва Аврупо Абдуҳалим Одинаев “Нақши устод Сайиднуриддин Шаҳобиддинов дар муаррифии осори ниёгон” шунида шуд.
Кормандони Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик номзади илми фалсафа, Саидбек Маҳмадуллоев ва Раҳматулло Абдуллоев оид ба хизматҳои анҷомдодаи С.Шаҳобиддинов суҳбат намуда, саҳми ӯро дар таҳвсиф, таҳияи феҳристи осори хаттӣ ва тарҷумаи осори бузургон аз забони арабӣ муҳим в амондагор арзёбӣ намуданд.
Ҳамчунин, дар ин нишасти илмӣ узви хориҷии АМИТ, дастхатшиноси машҳур, собиқ директори Китобхонаи миллии Фаронса Франссис Ришар ҳузур дошт, ки мулоҳизаҳои худро дар бобати нуфузи илму дониши хаттии мардуми тоҷику форс ва таъсири он ба илми ҷаҳонӣ иброз намуд. Мавсуф корҳои анҷомдодаи Сайиднуриддин Шаҳобиддиновро дар заминаи нусхашиносӣ ва тавсифу феҳристнигории осори хаттӣ мондагору нодир арзёбӣ ва барои идома додани онҳо тавсияҳои муфид дод.
Дар анҷоми конфронс аз ҷониби иштирокдорон пешниҳод карда шуд, ки ба хотири арҷ гузоштан ва қадрдонии донишманди пуркору пухтакор, тарҷумон ва таҳиякунандаи бузургтарин асари тиббӣ “Ал-қонун фи тибб”-и Абуалӣ Сино ва даҳҳо китобу рисолаҳои дигар, Сайиднуриддин Шаҳобиддинов муассисаи таҳсилоти миёнаи умумие, ки ин олими тоҷик дар он таҳсил кардаанд ба номи ӯ гузошта шавад.
ҶАЛАСАИ КОРӢ ОИД БА БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ЧОРУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»
18 октябри соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он Мансурӣ Дилрабо - раиси комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Илм фурӯғи маърифат», муовини Сарвазири кишвар, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, Саидзода Раҳм Ҳамро – Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қувватзода Сайдулло намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзоёни комиссия, ҳайати ҳакамони даври чоруми озмун, комиссияи аппелятсионӣ, намояндагони раёсату шуъбаҳои маориф ва дигар масъулон ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» Дилрабо Мансурӣ, ҳозиринро бо ҷадвали баргузорӣ, ҳайати комиссияи назоратӣ, ҳакамон ва масъулони даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» шинос намуд.
Сипас, ҳисоботи ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, котиби озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» Амонзода Илҳом Темур оид ба ҷамъбасти даври сеюм ва омодагӣ ба даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» суханронӣ намуд.
Дар идома аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» Дилрабо Мансурӣ зикр гардид, ки ҷадвали макон ва замони баргузории даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» ҳарчи зуддтар тасдиқ ва ба масъулин дастрас карда шавад. Инчунин, ҳайати ҳакамон, комиссияи аппелятсионӣ, ҳайати ҳакамони иловагӣ ва масъулони даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» муайян шуда, тасдиқи он ба муассисаҳои мавҷуда дастрас карда шаванд.
Инчунин, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» Дилрабо Мансурӣ таъкид дошт, ки ба хотири таъмини пурраи шаффофият, пешгирӣ аз ҳолатҳои баҳогузории ғайримеъёрӣ ва қонеъ гардонидани дархости иштирокчиён зарур аст, ки рафти даври чоруми озмун пурра ба навор гирифта шуда, тариқи шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии кишвар инъикос карда шавад.
Ҳамзамон ба муассиси озмуни мазкур Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои дахлдор дастур дода шуд, ки барои баргузории даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» тадбирҳо андешида, даври ҷамъбастиро дар сатҳи баланд баргузор намоянд.
Дар доираи баргузории конфронси сатҳи байналмилалӣ дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент олимону муҳаққиқони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Панҷакент боздид намуданд.
Мақбараи Хоҷа Муҳаммади Башоро дар деҳаи зебоманзари Мазори Шариф дар ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ ҷойгир мебошад. Ин ёдгории меъморӣ ба асрҳои XI-XIV тааллуқ дорад.
Ин ёдгории таърихиро олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон А.А. Семёнов, М.Е. Массон, В. Чейлитко, А.Ю. Якубовский, JI.С. Бретанитский, B.JI. Воронина, К.С. Крюков, А.Н. Дяконов, С. Хмелитский, Т. Туренкулов ва Н. Туренкулова, А. Мухторов, А. Шарифзода, Г. Каримова ва дигарон дар давраҳои гуногун таҳқиқ намудаанд.
Дар идомаи сафар олимону муҳақиқони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз мавзеи таърихии САРАЗМ – 5500 боздид намуданд.
Ёдгории аҳди қадими кишоварзии Саразм тирамоҳи соли 1976 аз тарафи Абдулло Исҳоқов кашф гардидаст. Муҳаққиқон исбот намудаанд, ки масоҳати авалаи ёдгорӣ тахминан 100 гектарро ташкил медод. Шаҳрак масоҳати калон дошта, дар муддати каму беш то 1000 (хазор сол) сол дар ахди мису санг (энеолит) ва ибтидои аҳди биринҷӣ босуръат тараққи намудааст.
Инчунин, дар идомаи сафар олимону муҳаққиқони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз Оромгоҳи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ боздид намуданд.
Ҳамасола 22 сентябр дар Тоҷикистон иди бузургдошти сардафтари адабиёти оламгири тоҷику форс, иди мероси адабию илмӣ, фаннӣ ва ахлоқии беш аз ҳазорсолаи тоҷик, рӯзи ифтихор аз камолоти тамаддуни миллӣ, рӯзи тавонотарин шоири даврони Сомониён- устод Абӯабдулло Рӯдакӣ таҷлил карда мешавад.
Бояд қайд кард, ки бузургдошти Рӯдакӣ, таҷлилу тақдир аз ӯ танҳо баъд аз ба Истиқлол расидани Тоҷикистон ҷилову ранги тозаву хос ба худ касб карда, халқи тоҷик бо роҳнамоиву роҳбарии Пешвои миллат, Асосгузори ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар солҳое, ки Тоҷикистон пояҳои истиқлоли давлатии худро устувор менамуд, Рӯзи Рӯдакиро дар 22- юми сентябр барқарор намуд.
ХОНИШИ СИЁСӢ. БО ИШТИРОКИ КОРМАНДОНИ ИНСТИТУТИ ОСИЁ ВА АВРУПО ДАР ДОНИШКАДАИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ
Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панчакент бо иштироки олимону кормандони Иститути омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хониши сиёсӣ бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 ва ҷашни 30- солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиш директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳайдарзода Рустам Ҷура, ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панчакент Ансорӣ Муаззамхон Қудратзода олимону кормандони соҳа иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мақсад аз баргузор намудани хонишҳои сиёсӣ байни ҷавонону донишҷӯён ин пеш аз ҳама баланд бардоштани маърифат, шуур ва фарҳангии ҳуқуқии шаҳрвандон, инчунин дар роҳи худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ тарбия намудани онҳо мебошад. Бояд гуфт, ки ин иқдом бо ибтикори президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт байни тамоми ҷавонон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбии шаҳру ноҳияҳои кишвар ба роҳ монда мешаванд.
Дар суханронии хеш директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳайдарзода Рустам Ҷура таъкид дошт, ки Тоҷикистони азизи мо имсол 30- солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷанш мегирад. Соли 1994 бо ибтикор ва ташаббуси Қаҳрамони миллат, эҳёгари Тоҷикистони бузург, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санади сарнавиштсози миллат ,яъне Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардид ва дар раъйпурсии мардумӣ қабул гашт.
Инчунин, таъкид гардид, Тоҷикистон таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рузи қабули Сарқонуни миллат ба эъмори Тоҷикистони Бузург шурӯъ намуд ва дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мақому мавқеъи арзандаи худро ишғол кард.Меъмори Тоҷикистони Бузург муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси санади тақдирсоз, дар пайравии Куруши Кабир ному шаҳомати мардуми ориенажод,яъне Тоҷиконро дар арсаи ҷаҳон зинда кард.
Дар идома олимони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва устодони Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент дар маърузаҳои хеш доир ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 ва ҷашни 30- солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд.