Skip to main content

“Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, омӯхтани илму ҳунарҳои муосир, аз таъсири ақидаву равияҳои бегонаи ифротпарастӣ эмин доштани онҳо ва умуман мубориза бар зидди ифротгароӣ низ аз ҷумлаи самтҳои муҳимми фаъолияти ҳаррӯзаи роҳбарону масъулон, фаъолону аҳли зиё, падару модарон ва дар маҷмуъ аҳли ҷомеа мебошад”.

Эмомалӣ РАҲМОН

Имрӯзҳо тавре, ки ба мушоҳида мерасад, дар замони ҷаҳонишавии босуръат ва инчунин бархурди тамаддунҳо терроризм ва экстеремизм беш аз пеш хусусияти глобалӣ касб намуда истодаанд, ки ин зуҳуроти номатлуб хоҳ - нохоҳ боиси ташвиши кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Ин омили хатарзо дар тамоми манотиқи рӯйи олам доман паҳн карда, ҳамзамон хатари бузурги иҷтимоӣ барои амнияти давлатҳои алоҳида ва ҳамаи минтақаҳо эҷод менамояд.

Террор кардан ин маънои аҳли осоиштаи ҷомеаро ба ҳолати тарсу даҳшат ва яъсу рӯҳафтодагию ноумедӣ ва дилмондагӣ афкандан аст. Аз ҷониби дигар, терроризм ва экстеремизм ҳамчун зуҳуроти номатлуб ва аз ҳама хавфноктарини ҷаҳони муосир маҳсуб меёбанд, ки боиси ташвиши ҷомеа гардида истодаанд. Зеро доираву ҷуғрофияи ин гуна амалҳои нопоку палидона ва бераҳмонаи террористӣ дар замони ҷаҳонишавӣ ва бархурди афкору ақоид ва тамаддунҳо торафт фарохтар мешаванд. Лозим ба таъкиди махсус аст, ки ашхоси ба терроризм ва экстеремизм гаравида ягон дину мазҳаби мушаххас, миллат ва ҷойгиршавии доимии ҷуғрофӣ надоранд.

Лозим ба тазаккур аст, ки муборизаи беамон алайҳи равандҳои хатарзо, яъне пешгирии кулли ин гуна зуҳуроти номатлуб, сафарбар намудани тамоми имкониятҳо барои таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, ҳифзи сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ дар қаламрави кишвар масъулияти баланд, худшиносиву худогоҳӣ, садоқат ба Меҳани азизу арҷманд ва аҷдодӣ ва инчунин пеш аз ҳама ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва зиракии сиёсиро аз ҳар як инсони соҳибхирад ва бедордилу дурандеш тақозо менамояд.

Мо бояд ба қадри давлати милливу Истиқлолияти он расем, якпорчагии мамлакат ва сулҳу ваҳдати миллиро пос дорем ва ин неъматҳоро бояд аз бадхоҳони миллат ҳифз намоем ва инчунин оид ба гиромӣ доштани арзишҳои Истиқлол ва густариши Ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани ҳисси худогоҳию худшиносии миллӣ, ҳамзамон ватандӯстиву ватанпарастӣ ва инсонпарварии ҷавонон, гиромидошти дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаву оқилона ва ваҳдатсози Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти кишварамон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар яки мо муяссар гардидаанд шукрона намуда, аз ҳарвақта дида бештар дар байни аҳолӣ, коллективҳои меҳнатӣ корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ва инчунин фаҳмондадиҳиро беш аз пеш ба роҳ монем.

Ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозем, ки ҳамаи мо зери боли Тоҷикистони соҳибистиқлол камол ёфта, соҳиби касбу маълумот гардидаем, аз ин рӯ муваззафем, ки алайҳи ҳама гуна зуҳуроти номатлуби замон муборизаи беамон барем ва инчунин терроризму экстремизмро сахт маҳкум намоем. Ватани азизу арҷманди худ, Тоҷикистони озоду обод ва соҳибистиқлолу соҳибиқболамонро сидқан дӯст дошта, баҳри боз ҳам ободу зебо гаштани диёри аҷдодиамон ҳамеша ва дар ҳама ҳолат саҳмгузор бошем ва шукронаи сулҳу суботи сартосариашро намоем.

Директори Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловскийи АМИТ, н.и.б. Қадамзода Д.С.