Skip to main content
Дар шароити муосири рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ пурзӯр намудани муқовимат ба зидди экстремизм, терроризм, радикализм ва фундаментализм масъалаи глобалӣ ба шумор меравад. Коршиносон қайд мекунанд, ки дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон зиёда аз 500 ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ амали ошкорою пинҳонӣ доранд. Ин созмону ташкилотҳои хунхор ба мақсади анҷом додани амалҳои террористӣ то 20 миллиард доллар маблағ сарф мекунанд. Таҳдиди экстремизм ва терроризм ба амнияти давлат ва ҳаёти шаҳрвандон, ба суботи ҷомеа ва муносибатҳои байналхалқӣ ҷомеаи ҷаҳониро маҷбур мекунад, ки чораҳои қатъӣ андешида, пеши роҳи чунин амалҳоро гирифта тавонад.

Коршиносону муҳаққиқони масъала чунин навҳои терроризмро номбар мекунанд: терроризми сиёсӣ, терроризми миллатгаро, терроризми динӣ, терроризми сепаратистӣ, терроризми антиглобалӣ, терроризми технологӣ, терроризми кибернетикӣ ва ғ.

Террор ҳамчун воситаи амалӣ намудани мақсаду маром ва нияту манфиатҳои нопоку хатарзо буда, барои амнияти давлат, ҷомеа ва шаҳрвандон оқибатҳои даҳшатовар дорад. Агарчи мақсаду маром, шиору ғояҳо ва далелу баҳонаи амалҳои хунхоронаи сарварони созмону гурӯҳҳои террористӣ гуногун вонамуд карда мешавад, вале дар таҳдиду зӯроварӣ, ваҳшонияту куштор ҳамаи террористон ба ҳам монанданд. Аз ҷумла, дар минтақаи Осиёи Марказӣ фаъолияти зиддиинсонии Ташкилоти террористии Ансоруллоҳ, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, Ташкилоти эктремистию террористии Ҳизби наҳзати исломӣ, Толибон дар Афғонистон сокинони минтақаро сахт ба ташвиш овардааст.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ экстремизму терроризм беш аз пеш хатари фаромиллӣ ва умумибашарӣ касб намудааст. Фақат дар даҳсолаи охир зиёда аз 100 мамлакат ҳадафи амалҳои террористӣ қарор гирифтааст. Яъне терроризм марзу буми алоҳида надорад, сарҳад надорад, он ба тамоми минтақаҳои ҷаҳон паҳн шуда, амнияти сокинони сайёраро зери хатар мегузорад. Ҳамзамон бояд эътироф кунем, ки экстремисту террорист ҳеҷ гоҳ ватану миллат ва дину мазҳаб надорад. Масалан, дар сафҳои созмони терррористии «Давлати исломӣ» шаҳрвандони зиёда аз 100 давлат, аз ҷумла шаҳрвандони давлатҳои аврупоӣ, ИДМ ва ғайра меҷангиданд.

Террористон дар бераҳмӣ ҳамто надоранд. Фақат аз соли 2000 то соли 2016 дар ҷаҳон беш аз 70 ҳазор ҳамлаи террористӣ сурат гирифта, дар он ҳудуди 170 ҳазор нафар кушта ва беш аз 260 ҳазор нафар маҷрӯҳ шудаанд. Дар ин муддат дастикам 35 ҳазор нафар дар саросари ҷаҳон ҳамчун террорист маҳкум карда шудаанд.

Бояд дар мадди назар дошт, ки террористон ва экстремистон асло шарму ҳаё, масъулият, шарафи миллӣ надоранд ва аз оқибати фалокатбори кору пайкори худ намеандешанд. Саҳифаҳои таърихи кишвари мо бараъло нишон медиҳанд, ки ноором кардани вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, дар хатар андохтани амнияти давлат, барангехтани кинаю адоват ва низоъ дар байни мардум, паст задани шаъну эътибор ва дастовардҳои мусбати Ҳукумати ҶТ тактикаи пешгирифтаи террористону экстремистон аст ва фақат ҳамин барояшон «роҳат» мебахшад. Онҳо барномаи дигар, ки ба манфиати мардум ва пешрафти мамлакат бошад, надоранд ва манфиатҳои худро болотар аз ҳамаи арзишу идеалҳои ҷамъиятӣ мегузоранд.

Ташфиқоти фиребандаи сарварони ин ташкилотҳои носолим, хусусан роҳбарияти ҲНИ сабаб гардида буд, ки садҳо ҷавонони гумроҳшудаи тоҷикистонӣ ба сафи неруҳои хунхори ДОИШ пайвастанд ва нобуд шуданд. Идеологияҳои терроризм дар ҷомаи динӣ пинҳон шуда, аз эътимоди мардум суистифода карданд, ҳол он ки дини ислом гумроҳкунӣ ва куштори ваҳшиёнаи мардуми бегуноҳро маҳкум мекунад.

Натиҷаи «корнома»-и онҳо ҳамин шуд, ки дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷангиёни мусаллаҳи ҲНИТ 150 нафар шаҳрванди хориҷиро, ки кормандони созмонҳои байналмилалӣ, ҳомиёни ҳуқуқи башар, дипломатҳо, рӯзноманигорон, намояндагони динҳои дигар ва нозирони СММ буданд, гаравгон гирифта, қатл карданд. Дар ин ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ зиёда аз 150 ҳазор нафар ҳамватанони мо кушта шуданд, 2 миллион нафар шаҳрвандони кишвар бесарпаноҳ монда, гуреза ва муҳоҷири дохилӣ гардиданд, ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба маблағи то 10 миллиард доллар зарари моддӣ расонида шуд. Ин фоҷиаи миллат буд.

Маҳз ҷаҳду талоши Президенти мамлакат ва қувваҳои солимфикр буд, ки мардуми кишвар ба сулҳу салоҳ омад, оромии ҷомеа таъмин гардид. Аммо баъзе гурӯҳҳои ҷангҷӯ ва душманони миллат ба қадри сохтани давлати ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ, дунявӣ нарасиданд, чунки идеологияи онҳо ин мафҳумҳоро истисно мекунад: истисмори омма, террор, суистифода аз боварии мардум, ивғоангезӣ, бегонапарастӣ, режими сахти теократӣ, зулму ситам аз қабили мафҳумҳои муқаррарии луғати онҳо аст. Онҳо бояд ба гӯш гиранд, ки давлати имрӯзаи Тоҷикистон, нисбат ба солҳои 90-и асри ХХ, нерӯю имконоти бештар барои пешрафту тараққиёт дорад, таманнои миллати тоҷик фақат суботу рушд, созандагӣ ба хотири фардои неки кишвар аст. Метавон бо боварии комил гуфт, ки душманони миллат – террористону экстремистон ба мақсадҳои ғаразноки худ нахоҳанд расид, зеро давлати мо ҳамеша барои ҳифзи мардуми кишвар чораҳои зарурӣ меандешад ва бар зидди чунин гурӯҳҳои хунхор беамон мубориза мебарад.

Имрӯз ҳама дарк мекунанд, ки ягон кишвари ҷаҳон дар танҳоӣ дар муқовимат ба таҳдиду хатарҳои экстремистию террористӣ пурра пирӯз шуда наметавонад. Беш аз пеш дарк мегардад, ки фақат бо талошҳои муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ пеши роҳи амалҳои экстремистию террористиро гирифтан мумкин аст. Гузашта аз ин, муттаҳидсозии талошҳои муштарак дар мубориза бо терроризм яке аз омилҳои асосии таъмини амнияту субот дар минтақа ва тамоми ҷаҳон хоҳад буд.

Доир ба ин масъала Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи давлати Тоҷикистонро чунин баён кардаанд: «Аз ин лиҳоз, бо дарназардошти воқеияти мавҷуда, мо дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон пурзӯр кардани ҳамкориву шарикиро барои таъмини суботу амнияти фарогир тавассути андешидани иқдомҳои муштарак дар ҷодаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявии онҳо ҳамчун самти раҳоӣ аз ин вартаи хатарнок муҳим арзёбӣ мекунем».

Дар ин самт дар асоси дарназардошти таҷрибаи амалигардонии Стратегияи қаблӣ қабул ва татбиқ кардани «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бозгӯи он аст, ки Тоҷикистон ҳамеша дар сафи пеши мубориза мебошад. Бояд тазаккур дод, ки Академияи миллии Тоҷикистон дар иҷрои 14 банди ин Стратегия бевосита ҳиссагузорӣ мекунад.

Дар фарҷоми сухан, хулосагирӣ кардан мумкин аст, ки:

1. Терроризм ва экстремизм акнун як падидаи истисноии миллӣ нест, чуноне ки як замон буд.

2. Терроризм ва экстремизм аз лиҳози ҷуғрофию сиёсӣ ва дар баъзе ҷанбаҳои ташкилӣ ба як падидаи умумиҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Террористону экстремистон имрӯзҳо қариб дар тамоми қитъаҳо амал мекунанд, фаъолияти худро ҳамоҳанг мекунанд ва дар сафҳои худ акнун на садҳо «пинҳонкорон», балки даҳҳо ҳазор ҷангҷӯёни мусаллаҳ бо аслиҳаи муосирро (масалан, дар сафи ДОИШ ё Толибон) мутамарказ кардаанд.

3. Таҳдидҳо ва даҳшати амалҳои экстремизм ва терроризми байналмилалӣ имкони мавҷудияти минтақаҳои амни комилро дар сайёра истисно мекунад.

Дар ҷодаи пурзӯр кардани мубориза ба зидди терроризм ва экстремизм мо – аҳли ҷомеаро низ зарур аст, ки пайваста ҳувияти миллиро тақвият бахшем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, тафаккури солимро намоиш диҳем, бетарафӣ накунем, аз манфиатҳои миллӣ пуштибонӣ кунем ва пайравони Сарвари давлат бошем.

Назар Муъмин Абдуҷалол – доктори илмҳои фалсафа, дотсент, сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ