Skip to main content
Башарияти муосир дар як ҳолати таноқузӣ қарор дорад. Аз як тараф вай ба оянда нигаронида шуда бошад, аз тарафи дигар, акси воқеаҳои гузашта оид ба мусибатҳо ва фоҷеаҳо (катастрофа) ояндаи тираро пеши назар меорад. Дарки он башариятро рӯҳафтода месозад, ки муқаддасоти пешин аз даст рафтаанд ва дар ибтидо онҳо ногусастанӣ буданд. Ҳастии инсон дар ҳамаи марҳилаҳои инкишофи таърихии худ ба табиат, муҳити табиӣ вобаста буд, ҳаст ва ҳамчунон боқӣ хоҳад монд.

Баробари инкишоф ёфтани қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷамъиятӣ, муносибати мутақобилаи инсон бо муҳити зисташ ва аз ҷониби вай бунёд намудани «табиати дуюм» ҳимоят кардани худро аз падидаҳои ғайри чашмдошти табиат бештар омӯхт, донишу малака ва таҷриба андӯхт.

Мо аз фаъолияти мутақобилаи инсону табиат, дониш ва маълумот ҷамъ карда, шоҳиди он мешавем, ки вобастагии инсон ба табиат як ҷониби масъаларо фаро гирифта, ҷониби дигари онро таъсири худи табиати инсонро иҳота карда, дар бар мегирад. Аз тарафи инсон азхудкунии пайвастаи захираҳои табиӣ ҳам таъсири нек ва ҳам таъсири бад ба бор меорад. Агар таъсири некӣ раванди азхудкунии табиат ва захираҳои барои ҳастии инсону инсоният зарури он бошад ҳам, натиҷаҳои он ҳам барои худи инсони ба табиат таъсиррасонанда ва онро тағйирдиҳанда ва ҳам барои мо дар – табиати инсонро паноҳдиҳанда, пӯшонанда ва навозишкунандаи бошандагонашро ба саргардониҳою ташвишҳои зиёд овардааст.

Дар натиҷаи инкишофи пуравҷи саноат дар сар то сари олам технологияи партовҳо зиёд шудааст, ки шаклу миқёсҳои ҳалокатоварро гирифтаанд. Ин падидаи номатлуб ҳоло масъалаи мавҷудияти худи инсониятро бо хатари кас нодида рӯ ба рӯ кардааст. Ин хатар бо сабаби кам шудани захираҳои табиӣ ва ба вуҷуд омадани падидаи барои ҳаёти инсон ва пояндагии мавҷудоти дигари олам фалокатовар – ифлосу нопок шудани муҳити атроф мебошад.

Хусусияти таъсиррасонии тарафайни иҷтимоӣ – табиӣ дар Шарқ бо ҳамин шарҳ дода мешавад, ки инсон аз лаҳзаи таваллуд то ба марг расидан бо як майдони меъёрҳо ва қоидаҳо алоқаманд аст, ки онҳо шароити муҳимтарини ҳастии инсон мебошанд. Барои ҳамин ҳам шахсе инсони олӣ шуда метавонад, ки ба муҳити мавҷуда мутобиқ шуда, ба он зарар нарасонад. Инсон ҳамчун соҳиби табиат ва ҷузъи табиат қабул шудааст. Илму техника худ ба худ ҳанӯз пешрафт ва ояндаи саодатмандонаи инсониятро кафолат дода наметавонад, онҳо танҳо метавонанд, ки имкониятҳои онро ташаккул диҳанд, аммо чизи аз ҳама муҳимтарин дар дасти худи инсон қарор дорад: ҳифз ва ҳимояи инсон, табиат ва ҷамъият.

Табиати вазъияти имрӯзаи ҷаҳонӣ аз он иборат аст, ки то ҳол инсоният бо чунин бӯҳрони миқёсан азими ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ нашуда буд ва мувозинати ҳамзистии худро бо табиат то ин ҳаду ҳудуд вайрон накарда буд ва табиат ӯро то ин дам ҳамчун модари ғамхору мушфиқ бо ҳама барои ҳаёташ заруррӣ таъмин мегардонид. Инсоният ба ҳодисаҳои табиие аз қабили обхезию, заминларзаҳо, тӯфонҳо, хушксолиҳо, бемориҳо ва ғ. сару кор дошт, ки берун аз дахолати ӯ руй медоданд. Аммо бӯҳроне, ки инсони муосир имрӯз бо онҳо рӯ ба рӯгаштааст, маҳз натиҷаи фаъолияти бераҳмона ва беандешаи худи инсон нисбати табиат ба вуҷуд омада, табиати «антропогенӣ» ё худ иҷтимоӣдоранд. Инсоният имрӯз дар он сарҳади таърихии худ қарор дорад, ки ба саволи гузоштаи Гамлет «Бошем ё набошем?» бояд ҷавоб гӯяд.

Ихтирои бомбаи атомӣ ба даврае асос гузошт, ки тақдиру сарнавишти ҳаёти миллионҳо одамонро зери хавфу хатари маҳвшавӣ қарор дод. Дар олам на танҳо хайр, балки шарр ҳам инкишоф меёфт, ки асосан дар ҷангҳо ва задухӯрдҳо зоҳир мешуд. Аммо инсоният на бояд дар муқобили хавфу хатари љангҳо бе ҳимоя боқӣ монад, ҳарчанд ки иҷрои ин кор барояш сангину тоқатфарсо буда, маблағҳои ниҳоят гаронеро тақозо дорад, вале масрафоти он ҳар қадар бузург набошад ҳам, арзиши насли инсоният садҳо ҳазор бор гаронбаҳотар мебошад. Агар инсоният зарурати ҳаётии пешгирӣ кардани хавфу хатари комилан несту нобушавиро сидқан дар аъмоқи дил эҳсос накарда, барои пешгирии он чораҷӯи накунад, ӯро фоҷеаи ин ҷанг ба коми нестӣ фурӯмебарад. Роҳи ягонаи наҷот дар ин худкушиҳои инсоният ғолиб омадани ақлу хиради инсонӣ аст. Фалсафаи буддоия дар ин маврид суханеро аз Буддо ба ёдгор гузоштааст, ки чунинаст: «Танҳо ҳамон ғалабаро ғалабаи ҳақиқӣ метавон гуфт, ки дар он ҳама ғолиб буда, ҳеҷ касе шикаст нахӯрда бошад».

Илова бар таҳдиди глобалии атомӣ дигар масоили глобалие вуҷуд доранд, ки онҳо маҳз натиҷаи доду гирифти байни низоми «инсон ва табиат» буда, онҳоро пешрафти илмӣ-техникӣтавлид намудааст. Ин бӯҳрони экологӣ мебошад, ки дар ифлосшавии муҳити табиӣ, рӯз то рӯз кам шудани маводи ғизоӣ дар замин ва обҳои уқёнуси ҷаҳонӣ ифода меёбад. Имрӯзҳо дар ҳама ҷо садоҳо ва даъватҳо барои ҳифзи мувозинати биосфера ба гӯш мерасанд ва инсоният дар ҷустуҷӯи ёфтани роҳҳои ҳалли ин мушкилот қарор дорад. Имрӯз бояд муносибати инсонро бо табиат қатъиян тағйир дод, шакли нави шуури экологӣ ва тафаккури экологиро ташаккул дод. Дигар мушкилии глобалӣ мушкилии солимии ҷисмонӣ ва маънавии исоният мебошад, ки он ҳам зери таъсири зиёдшавии набзи ҳаёт, махсусан дар шаҳрҳои бузург, истеъмоли дорувориҳои зараровари тиббӣ, вайроншавии обуҳаво, ифсолшавии муҳити зист, афзоиши партовҳои саноатӣ ва ғ. ба вуҷуд овардааст. Инсоният ба ҳалли ин масъала низ камари ҳиммат бастааст. Аз ҳаллу фасли самараноки ин масоили глобалӣ, ки коркарди маҷмӯӣ ва стратегии байниоламиро тақозо дорад, аз пешрафти умумии ҷомеа вобаста мебошад.

Зиёева З. И. ходими калони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ