Skip to main content
Дар шароитҳои муосири ислоҳоти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдили ҳадафҳои идоракунии молияи давлатӣ ва моликияти давлатӣ ба миён омадааст. Ҳадафи асосии ислоҳот баландбардории самаранокии истифодабарии сарватҳои давлатӣ, таъмини аҳли ҷомеъа бо молу хизматрасониҳои босифат, ноилгардии шаффофияти фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллӣ ва корхонаҳои бахши давлатии иқтисодиёт мебошад. Идоракунӣ дар тамоми доираи фаъолияти инсонӣ вуҷуд дорад ва барои беҳбудии кор равона карда мешаванд, аз он ҷумла фаъолияти молиявиро низ дар бар мегирад.

Идоракунӣ - ин маҷмӯи усул ва омилҳои мақсадноки ба объект равонакардашуда баои ба даст овардани натиҷаҳои муайян дилхоҳ мебошад.

Ҳамчун фаъолияти мақсадноку бошууронаи одамон, идоракунӣ барои аз худ кардани қонуниятҳои объективии тараққиёти ҷамъиятӣ асоснок карда шудааст. Соҳаи асосии фаъолияти идоракунӣ – идоракунии ҷамъия, иқтисодиёт ва аз он ҷумла идоракунии молиявӣ ба шумор меравад, ки он дорои объект ва субъект мебошад.

Объекти идоракунӣ гуфта, муносибатҳои молиявии гуногуншаклро дар иқтисодиёт меноманд.

Субъекти идоракунӣ бошад, сохторҳои иҷрои вазифаҳои гуногуни молияро меноманд, ки барои роҳбарӣ ҷорӣ карда шудаанд.

Дар идоракунии молиявӣ якчанд элементҳои амалкунанда ҷудо карда мешаванд: банақшагирӣ, идоракунии амалиётӣ (ҷорӣ), назоратӣ ва ғайраҳо.

Дар рафти банақшагирӣ, ҳар як субъекти хоҷагидорӣ ҳолати молиявии худро ба нақша дароварда, баҳо медиҳад ва роҳҳои зиёд намудани захираҳои молиявӣ, самтҳои оқилона истифода бурдани онро муайян менамоянд.

Идоракунии амалиётӣ (ҷорӣ) ин маҷмӯи чорабиниҳоест, ки он пеш аз ҳама ба даст ории самараи мусбӣ бо хароҷоти камтарин бо ёрии азнавтақсимкунии захираҳои молиявӣ равона карда шудааст.

Назорат яке аз элементҳои идоракунӣ ба ҳисоб рафта, дар ҷараёни банақшагирӣ ва ҳам дар ҷараёни идоракунии амалиётҳо ҷои муайянро ишғол менамояд. Мақсади асосии назорат ин дуруст истифода бурдани захираҳои молиявӣ аз рӯи нақшаи тартибдодашуда ва роҳҳои баланд бардоштани самаранокии он мебошад. Мувофиқи гурӯҳбандии муносибатҳои молиявӣ 3 гурӯҳи объектҳои идоракунии молиявиро фарқ кардан лозим аст: молияи муассисаҳою, муносибатҳои суғуртавӣ ва молияи давлатӣ.

Субъектҳои идоракунӣ ин гурӯҳи муносибатҳои молиявӣ аз шӯъбаҳои молиявии корхонаҳо, шӯъбаҳои суғуртавӣ ва шӯъбаҳои молиявию инспексияҳои андоз иборат мебошанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон молияи давлатиро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомотҳои зерин идора менамоянд:

· Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

· Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

· Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

· Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

· Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

· Бонки миллии Тоҷикистон;

· Мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ;

Идоракунии молиявиро пеш аз ҳама да Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти болоии қонунбарор ба амал мебарорад, ки ин Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Мақомоти мӯҳимтарини ба вуҷудорандаи идоракунии молия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шӯъбаҳои он дар ҳукуматҳои маҳаллӣмебошад. Ғайр аз ин, бо мақсади идоракунии молия Вазорати даромадҳо ва пардохтҳо, полису андоз, Кумитаи назорати давлатии молиявӣ амал мекунанд.

Идоракунии молиявиро мақомоти ӯҳдадор дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба роҳ мемонанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» асосҳои ҳуқуқӣ, принсипҳои ташкилии идоракунии молияи давлатӣ, тартиб додани системаи буҷети гурӯҳбандии он, ташаккул, тақсим ва истифодаи фондҳои марказонидашудаи маблағҳои пулиро муайян намуда, муносибатҳои молиявию байни буҷетиро танзим менамоянд.

Идора ҳамчун илм, ҷузҳои таркибии махсусгаштаи идора ва сатҳҳои гуногуни онро, ки ҳар яке аз онҳо дорои хусусиятҳои хос мебошанд, ифода менамояд.

Дар сатҳи якум, молия ва идораи молиявӣ ҳамчун ҷузъи таркибии зербинои ҷамъият, фаъолияти роҳбарии молиявии давлат ва ташкилотҳои онро ифода мекунад.

Дар сатҳи дуюм, идораи молиявӣ ҳамчун сохтори дохилии ташкилотҳои молиявӣ, (аз звенаи ибтидоии хоҷагии халқ сар карда, то марказ) сурат мегирад.

Сатҳи сеюм, ин роҳбарии шахси дониши иқтисодию молиявӣдоштаро нисбат ба коллективе, ки дар тобеияти он кор мекунад, дар бар мегирад.

Идоракунии молиявӣ дар асоси ҳамбастагии кули мафҳумҳои иқтисодӣ; тақозою арза, мунтазамию муттаносибӣ, фоидаю даромаднокӣ, арзиши аслӣ, воситаҳои асосӣ ва гардон, қарз, фоиз, суғурта, рақобат, таваккалу баҳодиҳӣ, таҳлилу тафтиш, омори молияю тарҳрезӣ, дурбинию аудит нисбат ба фондҳои пули таъиноти хосдошта, ки дар мавриди тақсим ва аз нав тақсими маҳсулоти холиси миллӣ ва даромади миллӣ ба вуҷуд меояд, ташкил меёбад.

Идоракунии молиявӣ ҷиҳатҳои ба худ хосеро дорост, ки он тибқи характери фаъолияти ташкилотҳои молиявӣ муайян карда мешавад. Охиран, фаъолияти хещро дар асоси ҳисобу китоби ғайри нақдӣ ва қисми ночизи онро ба тариқи нақд ба амал мебароранд. Онҳо новобаста аз шакли ҳисоббаробаркунӣ, ҳамчун ташкилоти соҳибихтиёр дар асоси қонуниятҳои бозор фаъолият мекунанд.

Ташкилотҳои молиявӣ мустақим ё худ ғайри мустақим, дар тақсим ва аз нав тақсимкардани маҳсулоти холиси миллӣ ва даромади миллӣ иштирок карда, аз рӯи қонун ва қарорҳои мавҷудаи идора ва банизомдарории муносибатҳои молиявию иқтисодии байни субъектҳои моликият ва давлат амал менамоянд. Муносибатҳои мавҷуда бояд ба давлат ва субъектҳои хоҷагии халқимконияти муътадили фаъолиятро таъмин намоянд. Аз тарафи дигар, ин муносибатҳо имконияти ташкили соҳибкорӣ ва маблағгузории соҳибкорон ва кафолати молиявию амнияти иқтисодии онро таъмин намоянд.

Тайёр ва аз нав тайёр кардани мутахассисон дар ташкилотҳои молиявӣ аз звенаи ибтидоии хоҷагии халқ сар карда, то сатҳи олии идораи давлатро бар бар мегирад.

Таҳлил ва хулосабарорӣ нисбат ба бозори иқтисодӣ ва ҷузъиётҳои таркибии бозори молиявӣ низ аз ҷумлаи он тамоюлҳо дониста мешавад.

Идоракунӣвожаи англисии «management» гирифта шуда, маънои роҳбарӣ, идора ва худмудириятро ифода мекунад.

Одатан 2 навъи идора: маъмурӣ ва иқтисодӣ аз ҳам фарқ карда мешавад.

Ҳамин тавр, меъёрҳои аз тарафи давлат пешниҳодшаванда меъёрҳои баҳамваслкунандаи макроиқтисоду микроиқтисод гардида, воситаи татбиқу таъминкунандаи идораи молиявӣмегарданд. Давлат вобаста ба модели иқтисоди бозории интихобнамуда ва ӯҳдадориҳои ба зиммагирифтааш ба захираҳои молиявӣ эҳтиёҷ пайдо мекунад, ки он бо ёрии андозу пардохтҳо таъмин карда мешавад.

Рӯйхати адабиёти истифодашуда

1. Астахов В.П. «Бухгалтерский учет внешнеэкономической деятельности» - Росто на Дону, 2006г, 448с.

2. Бабаева З.Д. «Бухгалтерский учет» - Москва, 2008г,384с.

3.Вахрушина М.А.«Бухгалтерский управленческий учет» - Москва,2008г, 570с.

4. Гулов. Т «Баҳисобгирии муҳосибии молиявӣ» Ҷилди 1 Душанбе «Ҳоҷи Ҳасан»-2010с.

5. Низомов С.Ф., Хушвахтзода Қ.Х., Мирзоалиев А.А., Раҳимов С.Х., Содиқов С.И., Бобоев Ш.Н., Бадалов Ш.Қ. Назорати дохилӣ (васоити таълимӣ), Душанбе, 2021с.

6.Шарифов З.Р., Ҷураев О ва Расулов Н. «Ҳисобдорӣ, таҳлил ва аудит дар корхонаҳо» Душанбе, «Маориф» 2000.

7. Шарифов З.Р., Исмонов Ф.Б. «Дастур оид ба бурдани ҳисобгирии бухгалтерӣ дар мактабҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон». Душанбе 2007.

Равшанзода Рузибойи Норбой – мудири шуъбаи банақшагирии молиявии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон