Skip to main content

(Ба муносибати 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ 6 ноябри соли 1994 дар таърихи навини давлатдории тоҷикон рӯйдоди муҳимми сиёсию ҳуқуқӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ба вуқуъ пайваст, ки он дар саҳифаи рӯзгори мардуми тоҷик бо хатти заррин ҳамчун Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардидааст.

Дар моддаи аввали Конститутсияи ватанӣравшан эълом шудааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад бояд қайд намуд, ки ин ҳадафи муҳимми сиёсию давлатӣ, пеш аз ҳама, аз ҳадафҳои Иҷлосияи таърихии XVI - уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки оғози марҳалаи таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ дар кишвар маҳсуб мешавад, сарчашма гирифтааст.

Конститутсия, ҳамчун санади таърихӣ, воқеан ҳам омили муҳимми муттаҳидкунанда, ҳимоякунандаи сулҳу субот, оромӣ ва ризояти шаҳрвандӣ дар ҷомеа мебошад. Аз тарафи дигар, Конститутсияи ватанӣ сарнавишти миллатро рақам зада, дар он тамоми паҳлуҳои ҳаёт ва фаъолияти инсон, сохторҳои давлатӣ ва ҷамъияӣ инъикос ёфтааст ва аз тариқи ин санади асосии ҳуқуқӣ роҳи рушду пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои садсолаҳо муайян гардидааст.

Бояд ёдовар шуд, ки дар муҳокима ва қабули Конститутсия саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле назаррас аст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди Конститутсия чунин гуфтаанд: «Ҳадафи сиёсии мо барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Дар ин ҷода, Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд». Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Конститутсияи ватанӣ тавонистааст ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик бошад ва тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ дар шароити ҷаҳоншавӣ муаррифӣ бисозад. Он барои сулҳу субот ва ба Ваҳдати миллӣ расидани тоҷикон нақши муҳим бозидааст. Ин хуҷҷати тақдирсоз аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ дар шумори панҷКонститутсияи беҳтарин ва мардумитарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣдар Аврупо номбар гардидааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита бо Конститутсияи ватанӣ чунин ибрози назар намудаанд: «Эътирофи соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистон ба воситаи Конститутсияи он, бешубҳа, аз ҷумлаи арзишҳои гаронбаҳои миллат мебошад, зеро маҳз соҳибихтиёриву истиқлолият барои миллат имконияти интихоби озодонаи роҳи пешрафти мустақилонаро фароҳам оварда, халқро ба ҷаҳониён ҳамчун соҳибдавлату соҳибқудрат муаррифӣ карда истодааст». Бо мурури замон ва вобаста ба тақозои раванди ҷаҳонишавӣ ба ин санад се маротиба тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид (26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016). карда шуданд

Тайи 30- соли вуҷуду ҳузури Конститутсияи ватанӣ дар фазои Тоҷикистони соҳибистиқлол муносиботҳои гуногунҷанба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, кишварҳои дуру наздик ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ аз қабили Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои зертобеи он, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва амсоли инҳо таҳкиму тақвият ёфтаааст инчунин раванди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар арсаи байналмилалӣ идома дорад.

Муҳимтар аз ҳама, дар асоси ин санади таърихсоз нахустин маротиба дар фазои сиёсии мамлакат парлумони дупалатагӣ таъсис дода шуд, ки пайваста дар такмили қонунгузории кишвар нақш мебозад. Ин аст, ки бояд ба Конститутсияи кишварамон ҳамчун муқаддасоти миллӣ арҷгузорӣ намоем ва меъёрҳои онро, ки барои рушду суботи кишвар равона шудааст, риоя намоем. Дигар ин ки халқи тоҷик, бо такя ба Конститутсияи ватанӣ кишвари демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ барпо намуда, дар талоши ҳифзи манфиатҳои худ ба муваффа-қиятҳои беназир ноил гардидааст.

Лозим ба ёдоварист, ки дар кишвар волоияти қонун, яъне озодӣ ва баробарҳуқуқии шаҳрвандон, дӯстии тамоми миллату халқиятҳо, таъмин гардида, дар маҷмуъ, ҷомеаи навини адолатпарвар барқарор карда шудааст. Аммо душманони миллат дар хориҷ аз кишвар дар пайи барангехтани кинаву адоват ва ихтилофоти сиёсию мафкуравӣ буда, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд ба баданаи миллату давлат садама ворид созанд. Хушбахтона, миллати тоҷик ва махсусан, насли ҷавони мо бар он мекӯшанд, ки давлатро бо ибтикороти созанда обод созанд ва роҳро барои расидан ба зиндагии шоиста ҳамвор намоянд. Дар чунин вазъи ногувори бозиҳои геосиёсӣ ва бархурди тамаддунҳо ҷавонони кишвар бояд бо ҳар роҳ кӯшиш кунанд, ки тамоми дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва илмию техникии ноилгардидаро ҳифз ва муаррифӣ намоянд.

Барои расидан ба ин ҳадаф, наврасону ҷавонони кишвар бояд қабл аз ҳама, сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, руҳияи ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллиашонро баланд бардошта, дар рушди кишвар ва таҳкими сулҳу субот ва амнияту осоиши Ватан саҳми арзанда бигузоранд.

Чун дар арафаи 30-солагии Конститутсияи ватанӣ қарор дорем, мардуми шарифи Тоҷикистони азизро ба муносибати ин ҷашни сиёсию давлатию ҳуқуқӣ табрик намуда умед мекунем, ки халқи тоҷик бо такя ба Конститутсияи ватанӣ дар рушди минбаъдаи давлат ва кишвар саҳми муносиб мегузорад.

Хоҷаев Ҳикматулло Ҳимматович - муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон