Skip to main content
Дар моддаи 12-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳад. Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ баробарҳуқуқи ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад».

Заминаи асосии рушди соҳаи иқтисодӣ-иҷтимоии давлат аз Конститутсия сарчашма мегирад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар соҳаҳо, ба иқтисодиёти кишвар аҳамияти хоса дода шудааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, дар тӯли 30 сол аз иқтисодиёти Тоҷикистонро ба пешсафи иқтисоди сабз табдил додааст.

Ҳадафи аввалини стратегӣ таъмини истиқлолияти энергетикӣ мебошад. “Соли 2009 Роҳбари давлат дар Паёми худ ба парлумони кишвар зикр намуд, ки таъмини иҷрои барномаҳои мухталифи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва дар сатҳи устувор нигоҳ доштани рушди иқтисодӣ, ки аз Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015-ум бармеоянд, ба ҳалли мушкилоти энергетикии кишвар вобаста буда, дар ин самт бояд вазифаҳои зерин амалӣ карда шаванд:

«1. Бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёна ва бузург, хатҳои интиқоли қувваи барқ ва таъсиси системаи ягонаи энергетикии мамлакат.

2. Бо роҳи таъмиру таҷдиди иншооти гидроэнергетикӣ ва барқарорсозии иқтидори онҳо, инчунин шабакаҳои интиқоли барқу газ, гузаштан ба истифодаи технологияҳои каммасрафи энергия ва таъмин кардани рушди бонизоми соҳаи энергетика.

3. Бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо ва ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ дар давоми се соли оянда пурра бо гази табиии истеҳсоли худӣ ва дар чор соли оянда бо нерӯи барқ таъмин кардани эҳтиёҷоти мамлакат ва дар ҳамин асос таъмин намудани истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон»”[1].

Яке аз ҳадафҳои стратегӣ,ки дар доираи Конститутсияи кишвар татбиқ ин баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад. Боиси хушнудист, ки дар давраи начандон тӯлонӣ бо эъморидолонҳои транзитии автомобилгард, роҳи оҳан, нақбу пулҳо ва дигар инфрасохтори нақлиётии бо стандартҳои байналмилалӣ бунёдгашта, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори кишварҳои пешрафтаи чаҳон ба давлати транзитӣ табдил гашт. Нақби автомобилгарди «Истиқлол», «Шаҳристон», «Шаршар», «Чормағзак» ва роҳҳои «Душанбе-Бустон-Чаноқ», «Душанбе-Дарғара», «Душанбе-Нуробод-Ҷиргатол-Саритош» ва даҳҳо роҳҳои наву замонавӣ сохта ба истифода дода шудааст. Бояд тазаккур дод, ки бо мақсади пеш бурдани ҳадафи стратегӣ лоиҳаи хориҷии Чин бо ташаббуси байналмилалии «Як камарбанд–як роҳ» асос ёфтааст.

Воқеан амалӣ гардидани ин ҳадафи стратегӣ барои беҳтар гардидани дастрасӣ ба бозор ва паст намудани арзиши хизматрасонии нақлиётӣ равона шудааст, ки он дар навбати худ бар афзоишисатҳи некуаҳолии мардуми кишвар замина гузоштааст.

Дуюмин ҳадафи стратегӣ - таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад, ки Пешвои миллат дар Паёми худ 25 апрели соли 2008 зикр намуда буданд: «Мо амнияти озуқавории кишварро танҳо дар сурате таъмин карда метавонем, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии худиро ҳарчи бештар афзоиш дода, аз маводи ғизоии воридотӣ камтар вобаста бошем». Бояд қайд намуд, ки барои рушди соҳаи кишоварзӣ дар тамоми минтақаҳоикишвар боғҳои нави интенсивӣ ва заминҳои лаълмӣ бунёд гардидааст. Инчунин барои таъмини амнияти озуқаворӣ дар як сол аз ду то се маротиба ҳосил гирифтанро ба сокинони мамлакат пешниҳод намуда буданд. Маҳз самараи ҳадафи афзалиятноки стратегӣ буд, ки сатҳи камбизоатӣ аз 83 % дар соли 1999 то ба 21,2% дар соли 2023 поён рафтааст.

Авлавият доштани соҳаи саноатро барои рушди иқтисодиёти миллӣ муҳим ҳисобида, Пешвои миллат дар Паём соли 2018 чунин пешниҳод намуданд: «бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод менамоям, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад».

Ҳамин тариқ чорумин ҳадафи стратегӣ - саноатикунонии босуръати кишвар, яъне бунёди корхонаҳои нав дар соҳаи исҳесолот, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва барқарор намудани корхонаҳои бозмонда мебошад. Президенти кишвар дар Паёми навбатии соли 2021, бо мақсади ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ то ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатӣ солҳои 2022-2026-ро «Солҳои рушди саноат» эълон намуданд. Инчунин қайд намуданд, ки «то ин давра 500 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар зиёд гардад ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45 фоиз расонида, дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ то 15 фоиз коҳиш дода шавад».

Бо мақсади амалисозии ҳадафҳои стратегӣ танҳо дар ҳашт моҳи соли 2024 – 251 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шудааст, ки аз рушд ёфтани иқтисодиёти мамлакат гувоҳӣ медиҳад. Аз таҳлилҳои оморӣ бармеояд, ки дар соли 1991 ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шуда буд, ки ин нишондиҳанда дар шаш моҳи соли 2024 ба 3580 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ расидааст.

Ҳамин тариқ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қувваи олии худ санади асосии меъёрию ҳуқуқие мебошад, ки асосҳои рушди иқтисодии ҷумҳуриро танзим мекунад. Дар марҳилаи нави тараққиёти иқтисоди миллӣ баъди соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои инкишофи иқтисодиёти инноватсионӣ, ҳалли проблемаҳои иҷтимоию энергетикӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегӣ замина гузоштааст.

Нематова Парвина – номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти Омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

АДАБИЁТИ ИСТИФОДАШУДА

1.Ҳадафи стратегӣ//http// mfa.tj/tg/main/sijosati-khoriji/hadafhoi-strategi