НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АМАЛИГАРДОНИИ ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГИИ ИҚТИСОДИ КИШВАР
Дар моддаи 12-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳад. Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ баробарҳуқуқи ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад».
Заминаи асосии рушди соҳаи иқтисодӣ-иҷтимоии давлат аз Конститутсия сарчашма мегирад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар соҳаҳо, ба иқтисодиёти кишвар аҳамияти хоса дода шудааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, дар тӯли 30 сол аз иқтисодиёти Тоҷикистонро ба пешсафи иқтисоди сабз табдил додааст.
Ҳадафи аввалини стратегӣ таъмини истиқлолияти энергетикӣ мебошад. “Соли 2009 Роҳбари давлат дар Паёми худ ба парлумони кишвар зикр намуд, ки таъмини иҷрои барномаҳои мухталифи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва дар сатҳи устувор нигоҳ доштани рушди иқтисодӣ, ки аз Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015-ум бармеоянд, ба ҳалли мушкилоти энергетикии кишвар вобаста буда, дар ин самт бояд вазифаҳои зерин амалӣ карда шаванд:
«1. Бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёна ва бузург, хатҳои интиқоли қувваи барқ ва таъсиси системаи ягонаи энергетикии мамлакат.
2. Бо роҳи таъмиру таҷдиди иншооти гидроэнергетикӣ ва барқарорсозии иқтидори онҳо, инчунин шабакаҳои интиқоли барқу газ, гузаштан ба истифодаи технологияҳои каммасрафи энергия ва таъмин кардани рушди бонизоми соҳаи энергетика.
3. Бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо ва ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ дар давоми се соли оянда пурра бо гази табиии истеҳсоли худӣ ва дар чор соли оянда бо нерӯи барқ таъмин кардани эҳтиёҷоти мамлакат ва дар ҳамин асос таъмин намудани истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон»”[1].
Яке аз ҳадафҳои стратегӣ,ки дар доираи Конститутсияи кишвар татбиқ ин баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад. Боиси хушнудист, ки дар давраи начандон тӯлонӣ бо эъморидолонҳои транзитии автомобилгард, роҳи оҳан, нақбу пулҳо ва дигар инфрасохтори нақлиётии бо стандартҳои байналмилалӣ бунёдгашта, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори кишварҳои пешрафтаи чаҳон ба давлати транзитӣ табдил гашт. Нақби автомобилгарди «Истиқлол», «Шаҳристон», «Шаршар», «Чормағзак» ва роҳҳои «Душанбе-Бустон-Чаноқ», «Душанбе-Дарғара», «Душанбе-Нуробод-Ҷиргатол-Саритош» ва даҳҳо роҳҳои наву замонавӣ сохта ба истифода дода шудааст. Бояд тазаккур дод, ки бо мақсади пеш бурдани ҳадафи стратегӣ лоиҳаи хориҷии Чин бо ташаббуси байналмилалии «Як камарбанд–як роҳ» асос ёфтааст.
Воқеан амалӣ гардидани ин ҳадафи стратегӣ барои беҳтар гардидани дастрасӣ ба бозор ва паст намудани арзиши хизматрасонии нақлиётӣ равона шудааст, ки он дар навбати худ бар афзоишисатҳи некуаҳолии мардуми кишвар замина гузоштааст.
Дуюмин ҳадафи стратегӣ - таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад, ки Пешвои миллат дар Паёми худ 25 апрели соли 2008 зикр намуда буданд: «Мо амнияти озуқавории кишварро танҳо дар сурате таъмин карда метавонем, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии худиро ҳарчи бештар афзоиш дода, аз маводи ғизоии воридотӣ камтар вобаста бошем». Бояд қайд намуд, ки барои рушди соҳаи кишоварзӣ дар тамоми минтақаҳоикишвар боғҳои нави интенсивӣ ва заминҳои лаълмӣ бунёд гардидааст. Инчунин барои таъмини амнияти озуқаворӣ дар як сол аз ду то се маротиба ҳосил гирифтанро ба сокинони мамлакат пешниҳод намуда буданд. Маҳз самараи ҳадафи афзалиятноки стратегӣ буд, ки сатҳи камбизоатӣ аз 83 % дар соли 1999 то ба 21,2% дар соли 2023 поён рафтааст.
Авлавият доштани соҳаи саноатро барои рушди иқтисодиёти миллӣ муҳим ҳисобида, Пешвои миллат дар Паём соли 2018 чунин пешниҳод намуданд: «бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод менамоям, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад».
Ҳамин тариқ чорумин ҳадафи стратегӣ - саноатикунонии босуръати кишвар, яъне бунёди корхонаҳои нав дар соҳаи исҳесолот, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва барқарор намудани корхонаҳои бозмонда мебошад. Президенти кишвар дар Паёми навбатии соли 2021, бо мақсади ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ то ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатӣ солҳои 2022-2026-ро «Солҳои рушди саноат» эълон намуданд. Инчунин қайд намуданд, ки «то ин давра 500 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар зиёд гардад ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45 фоиз расонида, дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ то 15 фоиз коҳиш дода шавад».
Бо мақсади амалисозии ҳадафҳои стратегӣ танҳо дар ҳашт моҳи соли 2024 – 251 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шудааст, ки аз рушд ёфтани иқтисодиёти мамлакат гувоҳӣ медиҳад. Аз таҳлилҳои оморӣ бармеояд, ки дар соли 1991 ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шуда буд, ки ин нишондиҳанда дар шаш моҳи соли 2024 ба 3580 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ расидааст.
Ҳамин тариқ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қувваи олии худ санади асосии меъёрию ҳуқуқие мебошад, ки асосҳои рушди иқтисодии ҷумҳуриро танзим мекунад. Дар марҳилаи нави тараққиёти иқтисоди миллӣ баъди соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои инкишофи иқтисодиёти инноватсионӣ, ҳалли проблемаҳои иҷтимоию энергетикӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегӣ замина гузоштааст.
Нематова Парвина – номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти Омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
АДАБИЁТИ ИСТИФОДАШУДА
1.Ҳадафи стратегӣ//http// mfa.tj/tg/main/sijosati-khoriji/hadafhoi-strategi
ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
Навид
Categories
ИШТИРОКИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ ДАР МАҶЛИСИ РАЁСАТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ МАРКАЗИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН
Санаи 4 феврали соли ҷорӣ дар толори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти раёсати муовини якуми Раиси ҳизб, Маликшо Неъматзода маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори маҷлис муовинони раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аъзои Раёсат ва аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, раиси Комиссияи марказии тафтишотӣ, аъзои Фраксияи ҳизб дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари дастгоҳ ва кормандони масъули Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, раисони кумитаҳои иҷроия дар ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, фаъолони ҳизбӣ ва намояндагони ВАО иштирок доштанд.
Маҷлисро муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода оғоз намуда, дар рафти маҷлис Нақшаи кории Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2025, Нақшаи чорабиниҳо вобаста ба тарѓибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани ХV ҲХДТ, 18 декабри соли 2024, Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии “Роғун - нурбахши роҳи фардои Ватан”, Ҳайати мушовараи нашрияи макразии ҲХДТ “Минбари халқ”, Сметаи даромад ва хароҷоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои соли 2025 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Оид ба масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис “Дар бораи тасдиқи Нақшаи кории Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2025” иброз гардид, ки нақшаи корӣ ҳуҷҷати муҳим барои амалӣ намудани ҳама ҷанбаҳо ва самтҳои фаъолияти корӣ ба ҳисоб меравад. Ва бо назардошти ҳама паҳлуҳои фаъолият лоиҳаи нақшаи кории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иборат аз 55 банд таҳия шудааст, ки аз Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2025 – 2030 маншаъ мегирад.
Доир ба масъалаи дуюми рўзнома «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо вобаста ба тарѓибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» муовини якуми Раиси ҳизб, Маликшо Неъматзода зикр намуданд, ки яке аз муҳимтарин ҳуҷҷатҳои барномавие, ки дар муддати бештар аз бист соли охир дастовардҳои миллиро дар бахшҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт, сиёсат, илм, фарҳанг, маориф ва таъмини амнияти кишвар таҳлил, баррасӣ ва арзёбӣ менамояд, нақшаҳои наздиктаринро коркард ва дар асоси онҳо дурнамои рушди давлатдорӣ муайян менамояд, ин Паёмҳои ҳарсолаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ мебошад. Дар ин росто, гуфтан бамаврид аст, ки баҳри тарѓиби нуктаҳои асосии Паём дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва корхонаву муассисаҳо аз ҳисоби аъзои Кумити Иҷроияи Марказӣ, кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, шўрои собиқадорон ва дигар фаъолони ҳизбӣ гурўҳҳои таблиғотӣ таъсис дода шудааст, ки онҳо фаъолияти худро бомаром идома дода истодаанд.
Оид ба масъала сеюми рӯзнома таъкид гардид, ки Анҷумани ХV ҲХДТ, 18 декабри соли 2024 баён намуданд” руйдоди муҳимми таърихӣ ба ҳисоб рафта, самти фаъолияти ҳизби моро барои минбаъдаҳо мушаххас намудааст. Вобаста ба он Кумитаи иҷроияи Марказӣ нақшаи мукаммалро таҳия намуда, дар асоси он тамоми нерӯ ва донишу малакаи худро равона месозад.
Доир ба масъалаи чоруми рўзнома “Дар бораи эълон намудани Озмуни ҷумҳуриявии “Роғун - нурбахши роҳи фардои Ватан” зикр гардид, ки ба хотири татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб дар доираи ташаббуси ҲХДТ – сарпарасти маънавии НБО “Роғун” озмуни ҷумҳуриявии “Роғун - нурбахши роҳи фардои Ватан” дар байни шоирон, нависандагон, рӯзноманигорон, таърихнигорон, мусаввирон, оҳангсозон, овозхонҳо ва блогерон гузаронида шавад. Вобаста ба ин Низомнома, ҳайати Комиссия ва намунаи дархост барои иштирок дар озмун низ таҳия гардидааст.
Ҳамзамон масъалаи панҷуми рӯзнома “Оид ба тасдиқи ҳайати мушовараи нашрияи макразии ҲХДТ “Минбари халқ” ва масъалаи шашуми рўзнома “Дар бораи тасдиқ намудани сметаи даромад ва хароҷоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои соли 2025” низ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар маҷлис бо назардошти таклифу пешниҳодҳо, аз рўйи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор қабул гардида, ташкилотҳои ҳизбӣ муваззаф гардиданд, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишвар ва муборизаи беамон ба зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, таасубу хурофот ва дигар падидаҳои манфӣ эътибори ҳамешагӣ дода, корҳои фаҳмондадиҳиро миёни аҳолӣ вусъат бахшида, мардумро ба корҳои ободониву созандагӣ, татбиқи нақшаҳои тасдиқгардида даъват намоянд.
Бо итминон иброз гардид, ки Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолияти худро беш аз пеш тавсеа бахшида, рисолати худро дар фаъолияти минбаъда, ҷиҳати татбиқи ғояҳои созандаву бунёдкорона, ки аз дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад, бо ифтихор ва масъулияти баланди ҳизбӣ ва шаҳрвандӣ ба сомон хоҳанд расонид. Дар фарҷоми маҷлис бо арзи қадршиносӣ барои саҳми муносиб дар фаъолияти ҳизбӣ собиқадорон ва фаъолон бо “ Медали ҷашнии 30 солагии ҲХДТ” сарфароз гардонида шуданд.
Интихобот ин яке аз маъракаҳои муҳими сиёсии давлатӣ буда, барои ояндаи дурахшон ва зиндагии шоистаи халқ баргузор карда мешавад. Дар баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ ҳар як фарди хештаншинос метавонад мувофиқ ба майлу иродаи хеш ба дилхоҳ номзад овоз дода, ҷонибдории хешро муайян намояд.
Имрӯз (03.02.2025) бо мақсади фаҳмонидани ҳуқуқҳои конститутсионии овоздиҳандагон бо иштироки ҳайати аъзоёни Комиссияи маркази Интихобот ва райпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимӣ Носирҷон, Соҳибзода Муҳаммадҷон, Раҳмон Далер Сафарбек, дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинар – машварати омӯзишӣ баргузор гардид. Нахуст ба кори семинар - машварат ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм ҳусни оғоз бахшида, масъулинро ба ҷамъомадагон шиносонид, ва оид ба ин маъракаи муҳими сиёсии дарпешистода, ки санаи02 – марти соли равон баргузор мегардад, ибрози андеша намуда, масъулини семинар – машваратро бовар кунонд, ки олимону кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти роҳбарии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар баргузорӣва шафофияти ин маъракаи сиёсӣ фаъолона ширкат варзида, барои ояндаи дурахшони ватани азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол хизмат хоҳем кард.
Дар идома ҳайати аъзоёни Комиссияи маркази Интихобот ва райпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимӣ Носирҷон, Соҳибзода Муҳаммадҷон, Раҳмон Далер, баромад намуда, оид ба талаботҳои Низомномаи баргузории Интихобот маълумотҳои амиқу дақиқ дода, аз иштирокдорони семинар – машварат даъват ба амал оварданд, ки дар баргузории Интихобот фаъолияти самаранок нишон дода, тибқи талаботи Низомномаи баргузории Интихобот амал намуда, ба хатогиҳо роҳ надиҳанд, чун дар баргузории маъракаҳои интихоботҳои қаблӣ аз ҷониби мушоҳидони байналмилалӣ раванди баргузории Интихобот дар ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ баҳогузорӣ шуда, ба шафофияти раванди баргузории Интихобот баҳои баланд ҳам медоданд.
Имрӯз мушовири махсуси Сарвазири Ҷопон ҷаноби Акиҳиса Нагашима аз Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон-и Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АМИТ боздид намуданд. Дар ин боздид ҷаноби Акаҳиса Нагашимаро сафари Ҷопон дар Тоҷикистон хонум Кейко Фурута ва дигар меҳмонон ҳамроҳӣ намуданд.
Директори Осорхона Пулотов Абдураҳмон меҳмононро дар саҳни Осорхона пешвоз гирифт ва барои Акиҳиса Нагашима ва ҳайти ҳамроҳашон роҳбаладӣ намуд.
Дар ин фурсат барои мушовири махсуси Сарвазири Ҷопон ва ҳайти ҳамроҳон таърихи куҳани мардуми тоҷик бозгӯ шуда, дар толорҳои намоишӣ давраҳои гуногуни таърихӣ аз аҳди биринҷӣ то давраи давлатдори Сомониён муаррифӣ карда шуд.
Меҳмонон аз ин боздиди худ як таассури хуб ва дониши нав дар мавриди таърихи куҳани тоҷикон бардоштанд.
31 январи соли равон дар толори Раёсати АМИТ бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва як зумра олимону академикони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳфили “Хирад” – бо ибтикори Институти математикаи ба номи Абдуҳамид Ҷураеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони “Олим – омӯзгор, соҳибмактаб ва муаррифгари илми тоҷик ” бахшида ба фаъолияти илмии доктори илмҳои физикаю математика, профессор, мудири Шуъбаи муодилаҳои дифференсиалии Институти математика баргузор гардид.
Нахуст ба кори маҳфил президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни оғоз бахшида, оид ба фаъолияти пурсамари доктори илмҳои физикаю математика, профессор, мудири Шуъбаи муодилаҳои дифференсиалии Институти математика ибрози андеша намуд.
Дар идома доктори илмҳои физикаю математика, профессор, мудири Шуъбаи муодилаҳои дифференсиалии Институти математика доир ба фаъолияти илмии худ маъруза намуд. Инчунин як зумра олимони соҳа доир ба фаъолияти пурсамари ин олими варзида суханронӣ намуда, заҳмату талошҳои ӯро ҷовидона арзёбӣ намуданд.
КОНФРОНСИ II-ЮМИ ИЛМӢ-АМАЛИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР МАВЗУИ «МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ РУШДИ БАҲИСОБГИРИИ МУҲОСИБӢ, ТАҲЛИЛ, АУДИТ, АНДОЗБАНДӢ, НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ: ТАҲДИДҲОИ МУОСИР ВА САМТҲОИ РУШД»
30-юми январи соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ҳамкорӣ бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Муассисаи ҷамъиятии муҳосибон ва аудиторҳои касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи пленарии Конфронси II-юми илмӣ-амалии байналмилалӣ оид ба масъалаҳои мубрами муҳосибот, аудит, таҳлил, андозбандӣ ва назорати молиявии давлатӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ коршиносони пешбар, олимон ва намояндагони соҳибкорӣ аз кишварҳои гуногун иштирок карданд.
Натиҷаҳои асосии конфронс:
Суханрониҳои шодбошӣ:
• Хайрулло Холназар Назарзода, Ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, профессор (Ҷумҳурии Тоҷикистон)
• Хушвахтзода Кобилҷон Хушвахт, Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор (Ҷумҳурии Тоҷикистон)
• Тулаходжаева Миновара Маҳкамовна, Раиси Ассотсиатсияи миллии муҳосибон ва аудиторҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор (Ҷумҳурии Ӯзбекистон, онлайн)
• Алимбеков Нурлан Оринбосарович, Раиси Шурои директорони Палатаи муҳосибони касбии Ҷумҳурии Қазоқистон (Ҷумҳурии Қазоқистон, онлайн)
Ҷаласаи пленарӣ
Модератор: Машокиров Ҷамшед Неъматуллоевич, муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент.
Маҷмӯи гузоришҳо:
• Калемуллоев Мунир Воҳидович, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Мавзӯъ: "Матрица BCG и возможности её применения при диагностике банкротства" (Ҷумҳурии Тоҷикистон).
• Вахрушина Мария Арамовна, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи таҳлили тиҷоратӣ ва бизнес ва аудит дар Донишгоҳи молиявии назди Ҳукумати Федератсияи Русия. Мавзӯъ: "Интегрированная отчетность и управленческий учет: проблемы взаимосвязи " (Федератсияи Русия, онлайн).
• Давлатзода Дилмурод Ашурбек, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, кафедраи идоракунӣ ва маркетинг дар Донишгоҳи Русия-Тоҷикистон (Славянӣ). Мавзӯъ: "Организационные положения развития государственного аудита" (Ҷумҳурии Тоҷикистон).
• Мирзоалиев Абдумалик Абдунабиевич, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, САР, директори иҷроии Муассисаи ҷамъиятии муҳосибон ва аудиторҳои касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Мавзӯъ: "Реформирование бухгалтерского учета и финансовой отчетности в Таджикистане: критический анализ" (Ҷумҳурии Тоҷикистон).
• Кадиров Абдураҳмон Лакимович, доктори илмҳои физика-математикӣ, профессори кафедраи электроникаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров. Мавзӯъ: "Модели анализа образовательных данных с использованием искусственного интеллекта".
Натиҷаҳо ва тавсияҳо: Дар доираи конфронс масъалаҳои асосии рушд ва таҳдидҳои соҳаҳои муҳосибӣ, аудит ва назорати молиявии давлатӣ баррасӣ гардиданд.
Аз ҷониби иштирокчиён тавсияҳо барои беҳтар кардани фаъолияти ин соҳаҳо, аз ҷумла истифодаи технологияҳои рақамӣ, тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушди барномаҳои таълимӣ пешниҳод карда шуданд. Конфронс як майдони муҳими табодули донишҳо байни коршиносон, олимон ва намояндагони иттиҳоди соҳибкорон гардид.
КУРСИ ХОНИШҲОИ СИЁСИИ “САРВАРОНИ СИЁСӢ” ДАР АМИТ БО ИШТИРОКИ РАИСИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ГУЛАҲМАДЗОДА ЗУЛФИҚОР АҲМАД
Боиси тазаккур аст, ки бо роҳнамоӣ ва ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар доираи фаъолияти Шурои олимони ҷавони АМИТ курси “Сарварони сиёсӣ” ба роҳ монда шудааст.
Вобаста ба ин, дар таърихи 31 – уми январи соли 2025 бо иштироки Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад нишасти 13-уми курси хонишҳои сиёсии “Сарварони сиёсӣ” баргузор гардид.
Сухани ифтитоҳиро ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён оғоз бахшида, ҳузури меҳмонро ба ин курс шодбош намуданд.
Зулфиқор Гулаҳмадзода зимни суҳбат қайд намуданд, ки: “Ҷавонон такягоҳи воқеӣ, умед ва ифтихори ҷомеа ва давлати Тоҷикистон ба шумор мераванд. Маҳз ба ҳамин хотир аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати муҳайё намудани шароити мусоиди зисту зиндагонӣ, илмомӯзӣ, ҷисману руҳан солим ба воя расидани ин қишри фаъоли ҷомеа тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
Фаъолияти ҷавонон дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла, дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар рушди иқтисоди миллӣ имрӯз назаррас буда, онҳо бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ғояҳои созанда пешниҳод намудаанд ва бо дастгирии роҳбарияти давлат онҳоро дар амал татбиқ намуда истодаанд. Бо мақсади мутобиқ ба талаботи замон ба роҳ мондани таълим ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ҷавону наврас дар мамаклат муосиртарин шароиту имконот фароҳам оварда шудааст”.
Тавре, ки иттилоъ дода будем, рӯзҳои 21 - 28 - уми январи соли 2025 сокинони дунё шоҳиди дар як саф қарор гирифтани сайёраҳо хоҳанд шуд.
Дар ин асно кормандони илмии Институти астрофизикаи АМИТ муддати се шаб дар Расадхонаи астрономии Ҳисор ба хонандагони Муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ҷиҳати мушоҳидаи сайёраҳо, ки дар як саф қарор гирифтаанд, экскурсия гӯзарониданд.
Ҳоло дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия бо ташаббуси Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) чорабинӣ вобаста ба масъалаҳои истифодаи усулҳои гидрологияи изотопӣ ҳангоми омӯзиши захираҳои обӣ ҷараён дорад.
Чорабинӣ рӯзи 27 январ оғоз шуда, рӯзи 31 январ ба анҷом мерасад.
Дар чорабинии мазкур н.и.т. Кодиров Анвар Саидкулович, директори Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (мутахассиси самти гидрологияи изотопӣ) ширкат варзид.
Ҳадафи асосии чорабинии мазкур аз мубодилаи таҷриба ва баррасии истифодаи усулҳои гидрологияи изотопӣ ҳангоми омӯзиши захираҳои обӣ иборат буда, барои рушди минбаъдаи ин усул номгӯи чорабиниҳо коркард гардид.
Қайд кардан ба маврид аст, гидрологияи изотопӣ яке соҳаҳои илм маҳсуб меёбад, ки равандҳои гардиши гидрологиро бо истифода аз изотопҳои устувор ва радиоактивӣ меомӯзад. Ин усулҳои беназири омӯзиши манбаъҳои об, синну сол, гардиш, бухоршавӣ ва таъсири мутақобила бо дигар ҷузъҳои муҳити зистро пешниҳод мекунад.
Рӯзи 28 январи соли 2025 Кодиров А.С. дар мавзӯи “Ensuring water availability in Central Asia amid a changing climate” бо забони англисӣ баромад намуданд.