Skip to main content

Нақши парламент дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон аз ҷанбаҳои зерин иборат аст:

Парламент қонунҳоеро қабул менамояд, ки онҳо ба танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ равона гардида, ба ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, инчунин ҷавобгарӣ барои вайрон кардани онҳо нигаронида шудаанд.

Вакилон ва кумитаҳои парлумон ба воситаи омӯзиши ҳуқуқӣ барномаҳои таълими ҳуқуқиро таҳия мекунанд, ташаббусҳои таълимро дастгирӣ мекунанд ва маъракаҳои фаҳмондадиҳиро ташкил ва ба роҳ мемонанд.

Парламент ба воситаи функсияи назоратии худ иҷрои қонунҳоро кафолат медиҳад, ки меъёрҳои қабулшуда дар амал татбиқ карда шаванд ва мақомоти давлатӣ дар доираи қонун амал кунанд.

Вакилон ва кумитаҳои парламент тавассути мулоқот бо шаҳрвандон, гузаронидани муҳокимаҳои ҷамъиятӣ, қабулгоҳҳои парлумонӣ ва дархостҳои вакилии шаҳрвандон метавонанд меъёрҳои ҳуқуқиро шарҳ диҳанд ва барои такмили онҳо таклифҳо пешниҳод намоянд.

Парламент барои рушди шуури ҳуқуқӣ дар ҷомеа, аз ҷумла тарғиби рафтори намуна ва ҳифзи ҳуқуқи инсон ба ташаккули фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон замина фароҳам меорад.

Парлумон ҳам тавассути тафсири қонунҳо ва ҳам тавзеҳи онҳо ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон низ саҳм мегузорад:

Тафсири расмии қонунҳо аз ҷониби парлумон дода мешавад, тафсири ғайрирасмии қонунҳо бошад аз ҷониби Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ ё дигар мақомоти ваколатдор, инчунин олимону мутахассисон амалӣ карда мешавад. Парламент метавонад тавассути раванди қонунгузорӣ, қабули тағйиру иловаҳо ва муҳокимаи амалияи татбиқи қонунҳо низ мафҳум ва моҳияти қонунҳоро равшан созад.

Кумитаҳои парлумон, вакилон ва дигар мақомоти қонунгузор муҳокимаҳои оммавӣ, машваратҳо мегузаронанд ва нисбати қонунҳо шарҳу эзоҳ медиҳанд. Вакилон инчунин ба воситаи қабул, муроҷиатнома ва воситаҳои ахбори оммавӣ меъёрҳои қонунгузориро ба интихобкунандагони худ фаҳмонда медиҳанд.

Ҳамин тариқ, нақши асосии парламент эҷоди қонунҳо ва шарҳу тафсири онҳост, тафсири ғайрирасмиро бошад, бештар судҳо ва дигар ниҳодҳои ҳуқуқӣ анҷом медиҳанд.

Ба ғайр аз вазифаҳои қонунгузорӣ ва тафсири он, парламент, инчунин як қатор вазифаҳои дигари марбут ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандонро низ иҷро мекунад:

Парламент дар натиҷаи амалӣ намудани функсияи назоратии худ як зумра масъалаҳоро амалӣ менамояд, аз ҷумла: - назорати парламентиро аз болои риоя ва иҷрои қонунҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ амалӣ менамояд; - самаранокии меъёрҳои ҳуқуқиро месанҷад ва барои такмили онҳо таклифҳо пешниҳод менамояд; - аз ҳукумат, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва адлия дар бораи амалияи татбиқи қонунҳо ҳисобот талаб мекунад.

Вобаста ба масъалаи тарбияи маърифатию ҳуқуққӣ бошад вазифаҳои муайянеро анҷом медиҳад, аз ҷумла: - оид ба масъалахои тарбияи ҳуқуқӣ мизҳои мудаввар, семинарҳо ва конференсияҳо ташкил мекунад; - бо муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати ҷорӣ намудани таълими ҳуқуқӣ ба барномаҳои таълимии мактабҳо ва донишгоҳҳо ҳамкорӣ мекунад; - барномаҳои таълими ҳуқуқӣ барои аҳолӣ, аз ҷумла маъракаҳои иттилоотӣ ва нашрияҳоро маблағгузорӣ мекунад.

Вазифаи намояндагии худро амалӣ намуда истода, парламент як чанд масъалаҳоро ҳаллу фасл менамояд, аз ҷумла: - вакилон бо интихобкунандагон вохӯриҳо ва суҳбатҳо гузаронида, ба онҳо ташаббусҳои қонунгузориро фаҳмонида, ба саволҳои ҳуқуқӣ ҷавоб медиҳанд; - баррасӣ намудани дархостҳои шаҳрвандон ва пешниҳоди лоиҳаҳои қонунҳо, ки ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон нигаронида шудаанд.

Яке аз масалаҳои муҳими парламент ин ҳамкории байналмилалӣ мебошад, дар амалӣ намудани он вобаста ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон низ баъзе чораҳоро меандешад, аз ҷумла: - таҷрибаи кишварҳои дигарро дар соҳаи тарбияи ҳуқуқӣ меомӯзад ва таҷрибаи пешқадамро ҳангоми таҳия ва қабули қонунҳо амалӣ мекунад; - шартномаҳои байналмилалиро оид ба ҳуқуқи инсон ва таълими ҳуқуқӣ тасдиқ мекунад ё ба тавсиб мерасонад.

5. Яке аз функсияҳои асосии парламент ҳангоми таҳия ва қабули қонунҳо ин ташаккули фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа мебошад, яъне парламент: - қонунҳоеро таҳия ва қабул мекунанд, ки ба мустаҳкам намудани қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ нигаронида шудаанд; - ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, ки ба омӯзиши ҳуқуқӣ машғуланд, роҳнамоӣ мекунад.

Ҳамин тавр, парламент дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон нақши бисёрсатҳӣ дошта, ба он тавассути назорат, таълим, намояндагӣ ва ҳамкории байналмилалӣ таъсир мерасонад. Парламент дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини огоҳии онҳо, ҳифзи ҳуқуқ ва риояи қонунҳо низ нақши асосиро мебозад.

Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн - мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти фалсафа, сиёсатшиносӣва ҳуқуқи баноми А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор