Ба истиқболи 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар таърихи 9 сентябри соли 1991 ба марҳалаи нави муносибатҳои байналмилалӣ ворид гардида, ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуд. Дар марҳалаи ибтидоии ташаккули сиёсати хориҷӣ, бо эъломи «сиёсати дарҳои кушода», Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариши равобит бо кишварҳои дуру наздик оғоз намуда, заминаи ҳамкориҳои байналмилалиро фароҳам овард.
Дар ин замина, кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро эътироф карда, бо он муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуданд. Аз ҷумла, Ҷумҳурии Ҳиндустон 28 августи соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил ба расмият шинохта, ба рушди муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо он оғоз бахшид.
Ҳадафи асосии барқарорсозӣ ва рушди ҳамкориҳо аз тақвияти равобити таърихӣ, эҳёи фазои боварӣ ва эътимод, таҳкими эҳтироми мутақобила, инчунин рушди муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратии судманд иборат мебошад. Бояд таъкид кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон ҳамчун кишварҳои дӯст, демократӣ ва сулҳпарвар, ҳанӯз дар даврони Иттиҳоди Шуравӣ тавассути барномаҳои муштарак ҳамкорӣ дошта, пас аз Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ин равобит марҳала ба марҳала густариш ёфтааст.
Дар ин замина, саҳми шахсиятҳои барҷастаи фарҳангиву илмии тоҷик, аз ҷумла Мирзо Турсунзода — шоири маъруфи тоҷик ва Бобоҷон Ғафуров — ходими намоёни давлатӣ ва илмӣ, дар таҳкими робитаҳои фарҳангӣ бо Ҷумҳурии Ҳиндустон назаррас арзёбӣ мегардад. Онҳо бо фаъолияти худ арзишҳои инсондӯстӣ ва сулҳҷӯёнаро тарғиб намуда, заминаи мустаҳками муоширати фарҳангиро байни халқҳо фароҳам овардаанд.
Тавре мутахассиси Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ Мирсаид Раҳмонов қайд менамояд: «Мирзо Турсунзода бо асарҳои худ, аз ҷумла “Қиссаи Ҳиндустон”, “Аз Ганг то Кремл” ва “Садои Осиё”, тавонист пайванди адабӣ, забонӣ ва фарҳангиро миёни зиёиёни Ҳиндустон ва Тоҷикистон ҳамчун рамзи дӯстии халқҳо таҳким бахшад».
Дар маҷмӯъ, ҳамкориҳои ду кишвар дар даврони Истиқлоли давлатӣ босуръат рушд ёфта, таъсири онҳо дар даҳсолаҳои охир дар равандҳои геофарҳангӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ бештар эҳсос мегардад. Ин раванд то имрӯз идома дошта, барои таҳкими субот ва рушди ҳамкориҳои фаромарзӣ аҳамияти муҳим дорад.
Дар баробари ин, нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар таҳким ва густариши муносибатҳо миёни кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, бахусус дар мисоли Ҷумҳурии Ҳиндустон, хеле муҳим арзёбӣ мегардад. Дар рушди робитаҳои шарикӣ ва тавсеаи муносибатҳои дуҷониба, саҳми роҳбарияти олии ҳарду давлат назаррас буда, маҳз тавассути муколама ва вохӯриҳои сатҳи олӣ ҳамкориҳо ба зинаи шарикии стратегӣ расидаанд. Иродаи сиёсӣ ва мавқеи ҳамоҳанги роҳбарияти ду кишвар дар муқобила бо хатару таҳдидҳои воқеӣ ва эҳтимолӣ ба Истиқлоли давлатӣ ва амнияти миллӣ, заминаи устувори таҳкими минбаъдаи робитаҳоро фароҳам овардааст.
Бояд қайд кард, ки пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, соли 1993 нахустин сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Делипа Мехта, сафири фавқулода ва мухтор таъйин гардид. Бо дарназардошти вазъи мураккаби дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ, қароргоҳи сафири Ҳиндустон муваққатан дар шаҳри Тошканд ҷойгир буд.
Бо мурури замон ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба, афзоиши сафарҳои расмӣ ва рушди бахшҳои гуногун, аз ҷумла сайёҳӣ, зарурати таъсиси намояндагиҳои дипломатӣ ва тиҷоратӣ дар қаламрави якдигар ба миён омад. Дар ин замина, соли 1994 сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар шаҳри Душанбе фаъолияти худро оғоз намуд.
Ҳамзамон, моҳи феврали соли 1993 нахустин сафари расмии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳиндустон таҳти роҳбарии Раиси Шурои Вазирон сурат гирифт. Дар натиҷаи ин сафар як қатор созишномаҳо, эъломияҳо ва протоколҳо ба имзо расиданд, ки самтҳои гуногуни ҳамкориҳои дуҷонибаро фаро мегирифтанд.
Қобили зикр аст, ки дар тӯли солҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон муносибатҳои дуҷонибаро пайваста рушд додаанд. Ин ҳамкориҳо соҳаҳои муҳимми сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва илмиро фаро гирифта, ба беҳтар гардидани сатҳ ва сифати робитаҳо мусоидат намудаанд. Дар натиҷа, муносибатҳои ду кишвар ба марҳалаи нави ҳамкории мутақобилан судманд ворид гардидаанд.
Муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо марказҳо ва донишгоҳҳои бонуфузи Ҳиндустон, аз ҷумла Донишгоҳи Ҷаваҳарлал Неҳру, Донишгоҳи Деҳлӣ, Донишгоҳи Кашмири Сринагар ва Донишкадаи Мавлоно Абулкалом Озод, ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондаанд.
Дар доираи ҳамкориҳои илмиву фарҳангӣ, 28–29 июли соли 1999 дар шаҳри Деҳлӣ бахшида ба 90-солагии зодрӯзи ходими барҷастаи давлатӣ ва олим Бобоҷон Ғафуров конфронси байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он олимону муҳаққиқони кишварҳои гуногун иштирок намуданд. Ҳадафи асосии ин ҳамоиш арҷгузорӣ ба саҳми Б. Ғафуров дар рушди илм ва омӯзиши таърих ва фарҳанги Ҳиндустон буд. Мавсуф дар солҳои 60–70-уми асри XX роҳбари Институти шарқшиносии Иттиҳоди Шуравӣ буда, дар як қатор конфронсҳои байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок ва маърӯзаҳо ироа намудааст.
29 июни соли 2010 конфронси байналмилалии «Динамикаи муносибатҳои Ҳиндустон ва Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар он олимон, намояндагони ҳукумат ва ҳайати Ҷумҳурии Ҳиндустон таҳти роҳбарии Судхир Деваре иштирок намуданд. Ҳадафи асосии конфронс таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва баррасии масъалаҳои таърих, санъат ва адабиёти ду кишвар буда, дар натиҷаи он густариши табодули илмӣ ва ҳамкориҳои таҳқиқотӣ ба роҳ монда шуд.
Имрӯз беш аз 1350 донишҷӯи ҳинд дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд, ки аксарияти онҳо дар соҳаи тиб фаъолият доранд.
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҳиндустон озмоишгоҳи муосири техникӣ таъсис дода шудааст. Дар он татбиқи лоиҳаҳои илмӣ-таҷрибавӣ, аз ҷумла моделсозии неругоҳҳои бодӣ ва офтобӣ, системаҳои муҳандисии биноҳои баландошёна ва технологияҳои коркарди масолеҳи сохтмонӣ амалӣ мегардад. Озмоишгоҳ бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз буда, барои омодасозии мутахассисони соҳаҳои мошинсозӣ ва металлургия заминаи мусоид фароҳам меорад. Асоси таъсиси он дар ҷараёни сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳиндустон (соли 2006) гузошта шудааст.
Бо мақсади густариши шиносоӣ бо фарҳанги Ҳиндустон, соли 2017 дар Тоҷикистон «Маркази омӯзиши Ҳиндустон» таъсис ёфт, ки дар он муҳаққиқон ва устодони соҳаи филологияи ҳиндӣ фаъолияти илмии худро такмил медиҳанд.
Ҳамкориҳои фарҳангӣ ва адабии Тоҷикистону Ҳиндустон бо саҳми муҳаққиқони муосир низ идома доранд. Тарҷумаи осори адабӣ яке аз омилҳои муҳимми таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ба шумор меравад. Агар то давраи Истиқлоли давлатӣ аксари асарҳои адибони ҳиндӣ тавассути забони русӣ ба тоҷикӣ тарҷума мешуданд, пас дар даврони истиқлолият тарҷумаи мустақим аз забонҳои ҳиндӣ ба тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст. Ба таъкиди Ҳабибулло Раҷабов, адабиёти бадеӣ ҳамчун сарчашмаи муҳимми шинохти ҳаёти иҷтимоӣ нақши калидӣ мебозад.
Таъсиси Маркази татбиқи технологияҳои муосири Тоҷикистону Ҳиндустон яке аз иқдомҳои муҳим дар самти рушди ҳамкориҳои илмию техникӣ ба ҳисоб меравад. Ин марказ ба баланд бардоштани сатҳи таҳсилот, омодасозии мутахассисони соҳибихтисос ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав мусоидат менамояд. Ҳамзамон, афзоиши квотаҳои таҳсилотӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҳиндустон барои донишҷӯёни тоҷик имкониятҳои нав фароҳам овардааст.
Яке аз дастовардҳои муҳим таъсиси Маркази илмию фарҳангии ба номи Раҳул Санкритяян мебошад, ки соли 2018 бо ташаббуси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Сафорати Ҳиндустон дар назди Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо таъсис дода шудааст. Ин марказ ба таҳқиқи масъалаҳои таърих, фарҳанг, сиёсат ва иқтисодиёти Ҳиндустон равона гардидааст.
Ҳамчунин, маркази фарҳангии ба номи С. Вивекананда дар назди Сафорати Ҳиндустон фаъолият намуда, имкони омӯзиши забонҳои ҳиндӣ ва санскритро ба таври ройгон фароҳам месозад.
Санъати синамо низ яке аз василаҳои муҳимми таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ба ҳисоб меравад. Филмҳои ҳиндӣ ҳанӯз аз давраи Иттиҳоди Шуравӣ миёни тамошобинони тоҷик маҳбубият пайдо намуда, дар муаррифии фарҳанги Ҳиндустон саҳми назаррас гузоштаанд. Дар ин замина, баргузории ҷашнвораҳои филмҳои ҳиндӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла соли 2022 дар шаҳри Душанбе, намунаи равшани ҳамкориҳои фарҳангӣ мебошад.
Дар маҷмӯъ, ҳамкориҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Ҳиндустон дорои таърихи тӯлонӣ буда, дар даврони истиқлолият ба марҳалаи нави рушд ворид гардидаанд. Ин раванд ба таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, эътимод ва густариши ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ мусоидат менамояд. Дар ин замина, нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар пешбурди сиёсати хориҷии сулҳҷӯёна ва рушди муносибатҳои стратегӣ бо Ҳиндустон калидӣ арзёбӣ мегардад.
Ҳамин тариқ, ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҳиндустон имрӯз ҳамчун пули пайвандкунандаи кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ баромад намуда, ба рушди устувори муносибатҳои дуҷониба ва мусоидат ба ҳалли масъалаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ саҳм мегузоранд.
ДОСТИЕВА Дилафрӯз - ходими хурди илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва
Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
