(бахшида ба ифтихори 35 солагии истиқлоли Тоҷикистон)
Яке аз равшантарин намунаҳои ҳамкориҳои судманд, ки решаҳои он аз замонҳои бостон сарчашма гирифта, то ба имрӯз идома дорад, ин муносибатҳои дӯстонаи устувори Тоҷикистон бо ҷаҳони араб мебошад. Ин робитаҳо дар заминаи муштаракоти фарҳангӣ, динӣ ва таърихӣ ташаккул ёфта, тайи асрҳо таҳким ёфтаанд. Ин иртиботи таърихӣ дар даврони истиқлолияти давлатӣ мазмуну муҳтавои нав касб намуда, ба марҳилаи сифатан тоза ворид гардид. Дар ин раванд, нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо муҳим ва созанда арзёбӣ мегардад.
Таҳкими равобити ҳамаҷониба бо мамлакатҳои араб дорои аҳамияти хос аст, чунки халқи тоҷик таърихан як ҷузъи ҷудонашавандаи фазои фарҳангӣ ва тамаддунии Шарқ ба шумор рафта, дар таҳаввулоти таърихӣ ва фарҳангии минтақа нақши муҳим ва муассир гузоштаанд. Гарчанде ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ҷаҳони араб рушд карда, ба марҳилаҳои нави муфид ворид гардидааст, вале дигар марҳилаҳоро дар равобити тарафайн бояд рушд дод, чуноне, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд, «Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои ҷаҳони араб хуб бошад ҳам, ҳанӯз имконият ва захираҳои истифоданашудаи ҳамкории васеъ ва мутақобилан судманд зиёданд.
Мо бояд дар оянда равобити ҳамаҷонибаи худро бо тамоми кишварҳои мусулмонӣ густариш бахшем, зеро халқи тоҷик таърихан як ҷузъи ҷаҳон ва тамаддуни бузурги арабӣ мебошад. Таърих гувоҳ аст, ки замоне кишварҳои исломӣ дар соҳаҳои илму фарҳанг ва тиҷорату иқтисод хеле пеш рафта, дӯстию ҳамкорӣ ва робитаҳои мухталифи тарафайнро арзиши бузурги тамаддуни хеш медонистанд»[6,43-44], - таъкид намуданд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Ин суханон ёдоварӣ мекунанд, ки равобити мо бо ҷаҳони араб, бо дарназардошти таърих ва фарҳанг, метавонад як абзори муфиди таҳкими сулҳу амонӣ ва рушди иқтисодӣ низ бошад.
Муносибатҳои Тоҷикистон бо ҷаҳони араб маҳсули як давраи кӯтоҳ ё равандҳои муваққатӣ набуда, балки аз решаҳои амиқи таърихӣ сарчашма мегиранд, ки дар тӯли садсолаҳо ташаккул ёфтаанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар асари таърихии худ «Тоҷикон дар оинаи таърих» ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, чунин таъкид мекунанд: «Минтақаи Осиёи Марказиро, ки арабҳо Мовароуннаҳр номида буданд, пайвандҳои таърихии ҳазору сесадсола бо ҷаҳони араб мепайванданд. Баъди зуҳури ислом ва таъсиси хилофати исломӣ дар аҳди халифаҳои рошидин ва халифаҳои уммавӣ садҳо қавму миллатҳои гуногун дар Осиё, Африқо ва ҳатто Аврупо гирд омада, як тамаддуни бузургу беназир ва густурдаеро ба ҷомеаи башарӣ пешкаш намуданд, ки бо номи тамаддун шуҳрати оламгир пайдо кард. Роҳбарони араб аз миёни миллатҳои дигар дар баробари арабҳо паҳлуҳои зиндагисози ин тамаддунро вусъату тавсеа бахшиданд, ки дар миёни онҳо намояндагони ниёгони тоҷикон кам набуданд». Ин андешаҳо далели равшани он мебошад, ки муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои араб, аз ҷумла Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, танҳо бар манфиатҳои замони муосир такя надошта, балки бар пояи мероси муштараки ғании таърихию фарҳангӣ ва арзишҳои тамаддунӣ устувор гардидаанд. Дар даврони истиқлолият ин равобит бо талошу сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат боз ҳам тақвият ёфта, ба сатҳи нави рушд расидааст[1].
Қобили зикр аст, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши муҳимро дар таҳкими муносибатҳои дуҷониба бо ҷаҳони араб, махсусан бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ифо намуданд. Пешвои миллат дар тӯли 8 сафари расмӣ ва корӣ ҳамеша таваҷҷуҳи худро ба густариш ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва иҷтимоӣ равона кардааст. Аз ҷумла 3 маротиба бо сафари расмӣ (1997, 2001, 2016) ва 5 маротиба бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар нишасти ғайринавбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ (2005), ҳамоиши “Кишварҳои арабию мусулмонӣ ва Америка” (2017), нахустин 61-умин Саммити сарони давлатҳои Осиёи Миёна ва кишварҳои арабии Халиҷ (2023) ва Ҳамоиши муштараки изтирории Арабию Исломӣ (2023, 2024) ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сафар карда буд, ки дар таърихи ҳамкориҳои дуҷониба такони ҷиддӣ гузоштааст[3,60]. Ҳамичунин “Ин сафарҳо дар таҳкими муносибатҳои дуҷониба нақши муҳим ва таъсиргузор доштанд”[4,188].
Яке аз натиҷаҳои сафар он буд, ки Бонки Исломии Рушд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешрафти соҳаи тандурустӣ ва маорифи кишвар 16,7 млн. доллари ИМА қарзи бефоиз ҷудо намуд. Ҳамчунин, дар ҷараёни сафар тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар самти ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, савдо, маблағгузорӣ, техникӣ, фарҳанг ва варзиш ба имзо расид[2].
Аз аввали муносибат, Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон дар бахшҳои тандурустӣ ва маориф қарзҳои имтиёзнок дода, бо Бонки Исломии Рушд ва Фонди Рушди Саудӣ ҳамкорӣ дошт. Фонди Рушди Саудӣ аз соли 2002 то 2023 дар чаҳорчӯбаи ҳамкориҳои тарафайн дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағгузории 13 лоиҳа ва барномаҳои рушд бо арзиши зиёда аз 293 млн. доллар ҷиҳати дастгирии рушди соҳаҳои инфрасохтори иҷтимоӣ, аз ҷумла тандурустӣ, нақлиёт, маориф ва об саҳм гузоштааст[3,63].
Ҳамчунин, Арабистони Саудӣ 7 лоиҳа ба маблағи беш аз 60 миллион доллар сармоягузорӣ намуда ва созишномаи дигар оид ба вогузор намудани қарзи имтиёзнок ба маблағи 25 миллион доллари амрикоӣ барои сохтмони мактабҳои миёна низ ба имзо расидааст[3,63].
Ҳукумати Тоҷикистон бо Фонди Рушди Саудӣ аз соли 2002 ҳамкорӣ намуда, то имрӯз 7 Созишнома ба маблағи 220,122 млн., риёли саудӣ ба имзо расонидааст, ки он асосан барои рушди соҳаи маориф, тандурустӣ ва сохтмони роҳҳо равона карда шудаанд[3,64].
Ҳамчунин, 19-уми июли соли 2021 аз ҷониби Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба маблағи 500 ҳазор доллари амрикоӣ барои пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи тиббӣ кумак расонида шуда буд[3,65].
Директори Бунёди Рушди Саудӣ, Султон бин Абдураҳмон ал-Муршид ва Вазири молияи Тоҷикистон, Файзиддин Қаҳорзода, созишномаи нави рушдро ба маблағи 20 миллион доллар барои марҳилаи панҷуми лоиҳаи сохтмони 19 мактаби давлатӣ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон имзо карданд. Лоиҳа ба таъмини мактабҳо бо таҷҳизот ва хизматрасониҳои таълимӣ шомил аст, ки интизор меравад 30 ҳазор хонанда аз он истифода кунанд. Ҳадафи лоиҳа рушди соҳаи маориф ва қонеъ кардани эҳтиёҷоти афзояндаи хонандагон мебошад. Ҳамзамон, барномаи умумии таъсиси мактабҳои давлатӣ дар панҷ марҳила 95 миллион долларро ташкил дода, дар маҷмӯъ 76 мактаб муҷаҳҳаз ва сохта, хоҳад шуд[3,65].
Директори Фонди Рушди Саудӣ, созишномаи қарзи рушдро ба маблағи 100 миллион доллар барои маблағгузорӣ дар лоиҳаи нерӯгоҳи барқи обии Роғун имзо кард. Ин қарзи рушд барои дастгирии лоиҳаҳои энергетикӣ ва иқтисодии Тоҷикистон равона мешавад. Ҳамчунин, Бонки Исломии Рушд то соли 2023 ба Тоҷикистон 726,4 миллион доллар барои рушди соҳаҳои маориф, энергетика ва нақлиёт маблағгузорӣ намудааст[3,66].
Илова ба ин, Арабистони Саудӣ ҳамасола чандин маротиба ба Тоҷикистон кумакҳои башардӯстона тақдим намудааст. Чунончи, моҳҳои феврал ва марти соли 2008 ҳайати Арабистони Саудӣ барои тақдим ва тақсими кумакҳои башардӯстона ба шаҳри Душанбе омад. Кумак иборат аз маводи ғизоӣ, палос ва кампалҳои гарм ба воситаи 8 адад ҳавопаймои боркаш аз Арабистони Саудӣ кашонида шуд. Ҳамзамон, ҳукумати Арабистони Саудӣ барои эҳтиёҷоти ҷумҳурӣ, ки бар асари сардии зимистони солҳои 2007-2008 ба вуҷуд омада буд, 10 млн. доллар ҷудо намуд. Моҳи августи соли 2011 бошад, ҳукумати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон 200 тонна маводи ғизоӣ ва хурмои арабӣ тақдим намуд[3,64].
Ногуфта намонад, ки ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат густариш ёфта, дар ҷаласаҳои Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ, ки дар солҳои 2013, 2018, 2022 ва 2024 аҳаммияти хосса дорад. Аз ин рӯ, то имрӯз чор ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ вазъи кунунии иқтисодиёти ҳар ду давлат ва ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дар самтҳои мухталифро мавриди таҳлил қарор дода, тадбирҳои мушаххас пешбинӣ гардиданд[3,63].
Илова бар ин, ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар сатҳи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) робитаҳои қавиро нишон додааст. Тоҷикистон номзадии Арабистони Саудиро барои узвият дар Шурои амнияти СММ барои солҳои 2014-2015 ва Шурои ҳуқуқи инсони СММ барои солҳои 2014-2016 дастгирӣ кард. Ҳамчунин, бояд қайд намуд, ки дар соли раёсатии Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкории Шанхай расман Арабистони Саудӣ ба ҳайси шарики муколама дар ин созмон қабул шуд, ки саҳми Тоҷикистон дар ин раванд назаррас буд[3,62].
Ҳоло дар Тоҷикистон айни замон 7 корхонаи дорои сармояи хориҷии Саудӣ фаъолият доранд, ки дар соҳаҳои савдо, истеҳсоли маводҳои доруворӣ ва сохтмони биноҳо машғуланд. Қобили зикр аст, ки шомилшавии Арабистони Саудӣ ба (G20 - форуми бистгонаи пешбари ҳамкории иқтисодии байналмилалӣ) ва низомҳои молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ мавқеъ ва мақоми хоси ин кишварро дар ҳалли масоили мубрами ҷаҳонӣ нишон медиҳад. Ҳоло, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ яке аз панҷ кишвари бойтарини дунё буда, имкониятҳои хеле васеи сармоягузорӣ дорад[3,32 ва 68].
Ҳамин тариқ, ҳаҷми умумии ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Саудӣ назаррас мебошад. Ҳамкориҳои 35-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба муваффақиятҳои назаррас дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сиёсӣ оварда расонд. Бо кушишҳои дуҷонибаи кишварҳо дар ҷаласаҳои Комиссияҳои муштарак масъалаҳои рушд ва сармоягузорӣ баррасӣ шуда, ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ аҳамияти хоса медиҳанд. Аз ин лиҳоз, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар чорчубаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақоми муҳим ва хосро доро мебошад.
Ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, энергетика ва савдо на танҳо ба рушди инфрасохтор, балки ба таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ мусоидат карда, дар оянда низ омили асосии рушди ду кишвар хоҳанд монд. Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ин равобит ва сафарҳои мунтазами ӯ ба Арабистони Саудӣ барои манфиати Тоҷикистон аҳамияти хос дорад. Ӯ бо сиёсати дурусти худ ва ташкили шартномаҳои стратегӣ, ба муваффақияти дуҷониба кӯмак кардааст, ки дар рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Саудӣ нақши муҳим мебозад.
Бояд тазаккур дод, ки дар аввал, Тоҷикистон бо кишварҳои араб зиёда аз 40 санади ҳамкориҳоро имзо карда буд, ки ин санадҳо дар соҳаҳои иқтисод, сармоягузорӣ, тиҷорат ва фарҳанг асос ёфта буданд. Баъдан ин санадҳо тайи солҳо афзоиш ёфта ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва ба рушди ҳамкориҳо кӯмак намуд. Инчунин Тоҷикистон дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ ва СҲИ, робитаҳои худро бо кишварҳои араб тавсеа дод. Ин робитаҳо дар асоси ҳусни тафоҳум ва дастгирии манфиатҳои кишварҳо рушд намуданд[5,171].
Ҳамин тариқ, Тоҷикистон бо кишварҳои араб ва давлатҳои минтақаи Ховари Миёна, бахусус Шоҳигарии Арабистони Саудӣ робитаҳои самарабахш ва мутақобилан судмандро таҳким бахшида, дар чаҳорчӯбаи сиёсати хориҷии худ таваҷҷуҳи хосро ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ бо ин давлатҳо равона намудааст. Тавре ки зикр гардид, соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ ва ҳамкориҳои инфрасохторӣ асоси робитаҳо мебошанд, ки бо санадҳои дуҷониба ва барқарор кардани намояндагиҳои дипломатӣ таҳкими амиқ пайдо намуданд.
Вале нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду тавсеаи ин робитаҳо хело назаррас аст. Пешвои миллат бо ташаббус ва роҳбарии хирадмандона, тавассути сафари расмӣ ба ҷаҳони араб ва кишварҳои Шарқи Наздик ва Миёна, дар самтҳои гуногуни ҳамкориҳо рушад намудааст. Рушди ҳамкориҳо бо кишварҳои араб ва ҷаҳон эътибори Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ тақвият бахшид. Ташаббусҳои Пешвои миллат дар мавриди тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ ва сиёсӣ бо ин кишварҳо бозгӯкунандаи сиёсати хирадмандона ва дуруст буд, ки ҳамкориҳои судмандро дар солҳои оянда таъмин хоҳад кард. Ҳоло кишварҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи ҳамкорӣ ва таҳкими робитаҳои дуҷониба, кӯшишҳои амиқ ва фарогир анҷом медиҳанд.
Одинаев Абуҳалим, ходими калони илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои
Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
