Skip to main content

Дар Тоҷикистон ҳамасола аввали моҳи сентябр ҳамчун оғози расмии соли нави таҳсил бо номи Рӯзи дониш таҷлил мегардад. Ин сана дорои хусусияти рамзӣ буда, бо дарси сулҳ оғоз мешавад, ки мақсади асосии он таҳкими тафаккури сулҳпарварӣ ва ваҳдати миллӣ дар миёни ҷавонон мебошад. Аз ҷиҳати илмӣ ва иҷтимоӣ, Рӯзи донишро метавон на танҳо ҷашни таълимӣ, балки падидаи иҷтимоӣ-маърифатӣ арзёбӣ намуд, ки ҳадафаш омезиши омӯзиш бо арзишҳои фарҳангиву сиёсӣ мебошад.

Аз нуқтаи назари сиёсӣ, ин рӯз ба ҷомеа њамчун паёми равшан – таҳсилот ва сулҳро ду пояи асосии давлатдорӣ ва пешрафти ҷомеа ифода менамояд.

Моҳияти асосии Рӯзи дониш дар он аст, ки он ҷавононро ба омӯзиши илмҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ ва технологияи муосир ҳидоят мекунад. Ҳамзамон, таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба касбомӯзӣ ва мутобиқсозии низоми таҳсилот ба талаботи бозори меҳнат равона мешавад.

Ҷойгоҳи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ташаккул ва таҳкими анъанаи таҷлили Рӯзи дониш ва дарси сулҳ калидӣ мебошад. Пешвои миллат бо ҳидоятҳои худ ба ҷавонон на танҳо омӯзиши фанҳои муосир, забонҳои хориҷӣ ва технологияи иттилоотиро зарур шумурданд, балки сулҳ ва оромиро заминаи асосии ҳама гуна пешрафт арзёбӣ намуданд.

Бо ибтикори Пешвои муаззами миллат, дар заминаи Рӯзи дониш ҳамасола дарси сулҳ баргузор мегардад, ки тавассути он арзишҳои сулҳпарварӣ ва ваҳдат ба насли наврас интиқол меёбанд. Бевосита, ифтитоҳи муассисаҳои нави таълимӣ ва дастгирии қишрҳои осебпазири ҷомеа, аз ҷумла донишҷӯёни ятим, нишондиҳандаи нақши бевоситаи Пешвои муаззами миллат дар пайвастани сиёсати иҷтимоӣ бо таҷлили Рӯзи дониш мебошад.

Масалан, соли љорї бо иштироки Пешвои муаззами миллат, як қатор иншооти нави таълимӣ ва иҷтимоӣ дар Донишгоњи байналмилалии сайёњї ва соњибкории Тољикистон, аз љумла марказҳои омӯзишӣ, хобгоҳ ва муассисаҳои хизматрасонӣ барои донишҷӯён мавриди бањрабардорї ќорор гирифтанд. Ин иқдомҳо далолат бар он доранд, ки таҷлили Рӯзи дониш танҳо маънои рамзӣ надорад, балки бо сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ва рушди кадрҳо пайваст мебошад.

Аз баски сулҳ барои Тоҷикистон арзиши беназир дорад, оғози соли нави таҳсил бо “Дарси сулҳ” ифодаи мантиқии ин сиёсати миллӣ мебошад. Маҳз тавассути чунин таҷриба, арзишҳои сулҳ ва ваҳдат ба насли наврас интиқол дода мешаванд. Ин рӯз ҳамчун рамзи хотиррасон амал мекунад, ки тамоми пешрафтҳо дар соҳаи маориф ва ҷомеа маҳз дар фазои сулҳу субот имконпазиранд.

Ҳамзамон, пешниҳоди Тоҷикистон оид ба “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” низ баёнгари он аст, ки Пешвои муаззами миллат Рӯзи донишро на танҳо дар доираи миллӣ, балки ҳамчун асоси ташаббусҳои байналмилалии сулҳпарварӣ арзёбӣ менамоянд.

Ҳамин тавр, Рӯзи дониш дар Тоҷикистон аз марҳилаи рамзии тақвимӣ берун рафта, бо ташаббус ва сиёсати дурнамоии Пешвои миллат ба падидаи иҷтимоӣ-маърифатӣ ва стратегӣ табдил ёфтааст, ки мактаби воҳиди ҳамгироии таълим, сулҳ ва сиёсати миллӣ мебошад.

Мусоев Дилшод - ходими илмии шуъбаи Экспедитсионӣ ва тадқиқоти саҳроӣ