Skip to main content

Наврӯз эҳёи мавҷудоти олам ва орзуву умеди инсонҳост.

Эмомали Раҳмон

Наврӯз яке аз ҷашнҳое мебошад, ки фарҳанги таърихии халқи тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд. Ҳамин аст, ки дар солҳои охир бо ташаббус ва талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти умумибашарии ҷашни бостонии Наврӯз бо дастгирии аксарияти кишварҳои олам бо Қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид мақоми байналмилалиро соҳиб гардид, ки ин алббата мояи ифтихори мардуми фарҳангсолори тоҷик ба ҳисоб меравад.

Наврӯз як ҷашни қадимӣ ва фарогир аст, ки дар тамоми минтақаҳои Осиё ва кишварҳои гуногуни ҷаҳон таҷлил мешавад. Аммо барои тоҷикон, Наврӯз на танҳо як ҷашн, балки як рамзи аҳамияти амиқ ва фарҳангии худ мебошад. Ҷашни Наврӯз барои мо – миллати тоҷдор мақоми махсуси сиёсӣ ва фарҳангӣ дорад, зеро Наврӯз иртиботи амиқ бо таърихи пурғановати миллат ва арзишҳои маънавии мо дошта, ҳамчун ҷашни миллӣ дар зиндагии мо мавқеи худро дорад. Наврӯз — ҷойи вохӯрӣ ва муносибати мардум, ҷое, ки ҳам зану мард ва ҳам пиру ҷавон гирд меоянд, шодию хурсандӣ мекунанд, лаззати эстетикӣ мебаранд, ёдоварӣ аз гузаштагон менамоянд ва пайванди худро бо табиат баён мекунанд.

Наврӯз яке аз қадимтарин ва зеботарин ҷашнҳои мардуми форсизабон ва дигар халқҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, Эрон, Қафқоз ва қисматҳои дигари ҷаҳон аст. Ин ҷашн на танҳо оғози соли нав, балки рамзи эҳёи табиат, тозагӣ ва зиндагии нав аст, ки ҳамасола бо фарорасии баҳор, рӯзи 21-уми март таҷлил мешавад ва оғози соли навро ифода мекунад.

Иди Наврӯз омаду гул бо ҷамоли нозанин,

Сабзаю гулҳои олам сар барорад аз замин.

Ҳар гиёҳе хушк бошад, сабз гардад дар баҳор,

Ҳайфи тухмӣ одамӣ, ҳаргиз нарӯяд аз замин.

Дар арафаи ин ҷашни бузургу муқаддас, ки ба 21- уми моҳи фарвардин, яъне моҳи март рост меояд, мардуми тоҷик бо тантана ин ҷашни бостониро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд. Бо оғози ин санаи муҳим дар тамоми манотиқи кишвар фазои идона шуруъ мегардад, ки халқи соҳибтамадуни тоҷик ҷашни меросдор ва ойини миллии аҷдодони худро бо як шукӯҳ ва шаҳомати беандоза ҷашн мегиранд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишварамон тамоми анъана ва суннатҳои миллию фарҳангӣ дубора аз нав зинда гардида, ба ҷаҳониён таърихи миллати моро муаррифӣ карда истодаанд. Яке аз ин анъанаҳое, ки дар субҳи содиқи ин ҷашн анҷом дода мешавад, корвони Наврӯзӣ мебошад. Субҳи содиқ корвони Наврӯзӣ, ки пурра бо нақш ва нигорҳои миллии тоҷикона оро дода шудааст, дар хиёбонҳои шаҳр гашта, ба мардум аз омадани Наврӯз мужда мерасонад. Дар ҳайати ин корвон Маликаи Наврӯзӣ қарор дорад. Дар атрофаш бо созҳои миллии тоҷикона сурудҳои Наврӯзӣ хонда мешавад, ки ин шукуҳу шаҳомати ҷашнро дучанд мегардонад. Дигар рамзе, ки аз ниёгони мо мерос омадааст, гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ дар шаҳру навоии кишвар ва қадрдонии ғолибон бо туҳфаҳои хотирмон мебошад. Инчунин оростани хони Наврӯзӣ бо таомҳои миллии тоҷикона низ яке аз расму оини тоҷикона ба шумор рафта, бонувони ҳунарманди мо дар он маҳсули омода кардаи худро ба тамошо мегузоранд. Хони тоҷикро дар ҷашни бостонӣ «ҳафтсин» ва «ҳафтшин» оро медиҳад. Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ҳукумати кишвар ба таърихи фарҳанг ва ҷашну маросимҳои мардумӣ диққати ҷиддӣ дода, барои эҳёи арзишҳои миллӣ талош менамоянд.

Воқеан ҳам ҷашни Наврӯз аз замони пайдоиш таърихи дуру дарозе, ки ҳамчун ҷашни бедории табиат, оғози рӯзи нав, аз нав эҳё шудани табиат мебошад.

Ходими калони илмии Маркази инноватсионии биология ва тиб Убайдулло М.О.