Skip to main content

123213Истиқлолият орзуи абадии ҳар як миллати худшиносу худогоҳ буда, таконбахшандаи рушди иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию маънавӣ, муарифгари он ҳамчун миллати соҳибдавлат ва соҳиби марзу буми мустақили худ баромад намуда, имконияти таърихиро баҳри рушди бонизому мустақилонаи он фароҳам меоварад. Ба воситаи соҳибистиқлолӣ милатҳо имкон пайдо мекунанд, ки фарҳангу тамаддуни худро тақвият бахшида, нақши босазои худро дар пешрафти тамаддуни ҷаҳонӣ гузоранд. Ин аст, ки таърих борҳо шоҳиди муборизаҳои хунин баҳри ба даст овардани истиқлолият аз ҷониби милатҳои гуногун гаштааст. Барои ба даст овардани истиқлолият миллатҳо ба шадидтарин бархурдҳо ва вазнинтарин шикастҳо рӯ ба рӯ гаштаанд. Вале ин ҳама дар назди истиқлолияти комил рӯйдоде беш нест, зеро он ба миллатҳо имконияти мустақилона муаррифӣ намудани худ, тақдирсози зиндагии худ шудан ва соҳибватаниро фароҳам меоварад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки баҳри таҳкими он талош варзида, дар ҳассостарин лаҳзаҳо аз он бо арзиши ҷони худ дифоъ намоем.

Ҷомеаи навини Тоҷикистон бештар аз ҳама арзиши сулҳу оромӣ ва ваҳдату ягонагиро эҳсос менамояд, зеро таҷрибаи талхи таърихии на он қадар дури мо собит намуд, ки раванди бунёди давлатдории миллӣ ҳаргиз раванди орому босубот нест. Омилҳои гуногуни дохилию хориҷие мавҷуданд, ки метавонанд дар ҳар як лаҳза рушди бонизомро халалдор намуда дар ин роҳ монеаҳои зиёде бунёд намоянд.Ин монеҳо метавонанд монеаҳое бошанд, ки мавҷудияти минбаъдаи давлатро зери хатар гузоранд.Аз ин нуқтаи назар, доимо бояд дар назар дошт. Ки таъмини ҳамбастагӣ ва робитаи зичу ногустании байни ҳокимият ва мардум метавонад садди бузург дар пеши роҳи ҳама гуна амалҳои ғаразноку манфиатхоҳона гарданд.

Чун имрӯз ба раванди соҳибистиқлолии давлат назар меафканем , мебинем, ки он маҷарои пурталотумеро дар як баҳри бекарони истиқлолхоҳӣ мемонад. Дар баҳри бекарон, ки пайдоиши таҳдидҳо дар ҳар лаҳза имконпазир аст, роҳбарии сиёсатмадоре тақозо мегардад, ки қудрати идоракунӣ, масъулият, нотарсӣ ва ҷасорат дошта бошад. Фаромуш набояд кард, ки рӯҳияи баланди сарвари сиёсӣ қодир аст ба рӯҳияи ҷомеа таъсири қавӣ расонида, онро барои ба дастовардани мақсадҳои гузошта раҳнамо бошад. Рӯҳияи лидерӣ ҳамон рӯҳияест, ки дар мушкилтарин лаҳзаҳо шикаста намешавад, баръакс, метавонад дар умқи ҷомеа боварию эътимодро баҳри пирӯзиҳо ҷой намояд. Халқи тоҷик ҳанӯз фаромуш накардааст, ки дар кадом вазъ Президенти мамлакт роҳбарии давлатро ба уҳда гирифт. Ин як ҳолате буд, ки ноумедӣ тамоми ҷомеаро фаро гирифта, мардум фақат барои имрӯз мезистанд, зеро намедонистанд, ки фардо онҳоро чӣ интизор аст. Вазъе буд, ки тарси ҷон мардумро сарсону саргардон ба кишварҳои гуногун карда буд. Дар чунин вазъият фақат бо кору пайкори амалӣ, сарсупурдагӣ, азхудгузарӣ, ҷасорат ва далерӣ сарвари сиёсӣ метавонист рӯҳияи ҷомеаро баланд, иродаашро қавӣ ва умедашро ба фардо устувор гардонад. Имрӯз бошад бо гузашти муддати муайян мо бо ифтихор ва эътимоду қаноатмандӣ аз сарварии Президенти кишвар гуфта метавонем, ки Ӯ тавонист!

Таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон имрӯз яке аз падидаҳои пазируфта буда, ҷаҳониён онро ҳамчун таҷрибаи нодир эътироф кардаанд, ки дар тарҳрезӣ ва ташаккулу татбиқи ин таҷриба нақши сарвари давлат бениҳоят калон аст.

Қаҳрамони меҳнат шоири машҳури доғистони Расул Ғамзат дар васфи Пезиденти кишвари мо бисёр хуб мегуяд: “Ман аз сулҳ дар Тоҷикистон ниҳоят мамнунам. Инсони боҷасорату хирадманд- Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавонист формулаи сулҳи ҷанги бародаркушро ёбад”

Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск мегӯяд: “ Дар ҳақиқат мардуми тоҷикро шахсияте роҳбарӣ мекунад, ки сокинони сайёра дар орзуи доштани чунин Сарваранд” бале ба монанди ин гуфтаҳо дар васфи Пезиденти маҳбуби мо сиёсатмадорони ҷаҳон бисёр амиқу дуруст дарч кардаанд, ки воқеанҳам арзандаи ҳамагуна тафсирҳо мебошад. Беҳуда файласуфи бузурги юнонӣ Демокрит нагуфтааст, ки “Мардонагӣ зарбаҳои тақдирро ночиз мегардонад”. Маҳз мардонагии сарвари давлат буд, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон як рӯҳияи некбинона ба оянда ташаккул ёфта, ҳидоятгари он баҳри пирӯзиҳои тоза гардид.Бо ин рафтори худ собит сохт, ки музаффарияти комил насиби оне намешавад, ки ӯ зӯртар аст, балки насиби онест, ки ҳаргиз таслим намешавад. Милати сарбаланди тоҷик бо роҳбарии Президенти мамлакат дар назди ягон мушкили сари таслим фурӯ наовард, балки бо ақлу заковат ва неруи хиради худ ҳамаи онҳоро то имрӯз паси сар карда омадаистодааст. Ин бошад нишони беҳтарин камолоти инсонист.

Чун бо заҳмату ҷонфидоиҳо Сарвари давлат неъмати истиқлолиро ба мо мардум ҳадя намудан кори саҳлу осон набуд.

Воқъан вақте ин неъмати бузург ба хони мардуми тоҷик омад баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагию абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст.

Албатта, даврони истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи тоҷикистони азизу маҳбубамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгирона, созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонида, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшад ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва баландтарин зинаи бахту саодати ҳақиқии миллатро таъмин намуд. Ҳамаи сокинони Тоҷикистони азизу маҳбуб имрӯз ифтихор аз он доранд, ки 34- сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолдияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давалатӣ- Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем. Пас аз эълони Истиқлолият, аниқтараш моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Б.Ғафуров Иҷлосияи XVI – уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро овард, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ӯ алоқамандии ҳамаҷониба доранд. Бо ташаббуси Истиқлолият ба дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ расида бошем ҳам, дар марҳилаи мураккабу ҳассоси ҷаҳони муосир ба иттиҳоду ҳамраъйӣ, ваҳдати миллӣ, маърифату зиракии сиёсӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ватандорӣ бештар ниёз дорем.

Чи хеле ки Пешвои муаззами миллат, Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, таърихи Истиқлолияти давлатии мо чаҳоряк аср бошад ҳам, умри миллат ва таърихи давлатдории мо ҳазорсолаҳост. Имрӯз ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 34- сол пур мегардад ва дар ин муддати наонқадар тӯлонии таърих дастовард ва муваффақиятҳои ба дастомада ҷумҳурии моро ба сӯйи музаффариятҳо ва дастовардҳои беназир мушарраф гардонид.

Яке аз дастовардҳои нодири даврони истиқлолият аз хатари нестӣ наҷот ёфтани давлатдории миллии тоҷикон мебошад. Дар оғози соҳибистиқлолӣ муттаасифона аз сабаби мудохилаи қувваҳои беруна, гурӯҳҳои манфиатҷӯй дар Тоҷикистон ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оғоз гардида, авзои сиёсии мамлакатро вазнин гардонид. Ҳукумати навтаъсиси мамлакат бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ пайваста тадбирҳои муассирро дар роҳи таъмини сулҳу субот, амалӣ намуд.

Раванди таҳкими истиқлолият ва бунёди давлатдории миллии тоҷиконро бо чанд ҷанба ва амалҳои таърихии Сарвари давлат ҳамчун бунёдгузори Тоҷикистони соҳибистиқлолметавон шарҳу эзоҳ дод.Таъсиси ҳокимияти давлатӣ, шохаҳои асосии ҳокимияти сиёсӣ ва рукнҳои идоракунии давлат дар роҳи таҳкими истиқлолият ва бунёди давлати муосири тоҷикон яке аз роҳу василаи муҳим ва калидӣ ба ҳисоб мерафт.

Муҳимтарин вазифа дар ин роҳ- ин тарҳрезии низоми идораи давлат ва бунёди механизми идоракунии мамлакат буд. Баъд аз барқарор шудани Ҳукумати конститутсионӣ Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд санадҳои муҳими меъёрии ҳуқуқиро қабул намуд, ки ба барқарорсозии фаъолияти фалаҷгаштаи мақомоти давлатӣ хотима бахшида, ба таҳкимиистиқлолияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ба роҳ мондани муносибатҳои байналхалқии Тоҷикистон равона шуда буданд.

Яке аз масъалаҳои муҳим ва асосие, ки дар оғози истиқлолият ба миён омад ин интихоби роҳи дурусти давлатдорӣ, тарҳрезии шакли идоракунӣ, низоми сиёсӣ ва сохтори давлат буд.

Эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тағйироти куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии мамлакат зарурияти қабули Конститутсияи навро ба миён овард. Дар қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи эълони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз қабули Конститутсияи нав пешбинӣ гардид.

Ин санади таърихӣ барои таҳия ва қабули Конститутсияи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт. Эҳёи суннатҳои давлатдории миллӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таърих, забон, фарҳанг, дину мазҳаби аҷдодӣ ва дигар арзишҳои миллӣ дар амри таҳкими истиқлолияти ғоявии кишвари соҳибистиқлоли мо иқдоми муҳими Пешвои миллат маҳсуб меёбанд.Ба қадри истиқлолият, озодӣ расидан, хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро гиромӣ доштан, роҳи интихобкардаи халқи тоҷикро ҳифз кардан,сиёсати оқилона, хирадмандона ва дурандешонаи Президенти кишварро ҷонибдорӣ намудан ва ҳифзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, саҳм гузоштан дар ҷодаи бунёди давлати миллӣ, ҳуқуқбунёд ва демократии тоҷикон қарзи инсонӣ, виҷонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мо ба ҳисоб меравад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳар як ҷомеа ва миллату давлат дар ҳоле худро хушбахту сарҷамъ ва ором ҳис мекунад, ки дар Ватан фазои сулҳу субот ва истиқлолияти давлатӣ побарҷо бошад.

Бигузор Ваҳдату Истиқлоли давлатии Тоҷиикистони азиз бегазанд ва дар хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ садои ширини тифлакон, фазои сулҳу субот ва амнияту осоиштагии сартосарӣ пойбарҷо бошад.

Фазилатпочои Махмадюсуф докторанти PhD курси 2

институти фалсафа сиёсатшиноси ва хукуки ба номи А Баховаддинови АМИТ