Ба ифтихори 32-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст.
Тоҷикистон то соҳибистиқлол гаштани кишвар артиши миллӣ ва дигар намуди Қувваҳои Мусаллаҳ надошт. Ҳатто дар ҳайати Ҳукумати он солҳо ягон ниход ё вазорате ба назар гирифта нашуда буд, то корҳои вобаста ба мудофиаро дар ҷумҳурӣ пеш барад. Ҳамаи ин корҳоро Маскав ба ӯҳда дошт ва ҷумҳуриҳои ба ном мустақили собиқ Шӯравӣ танҳо вазифаи таъминкунандаи Артиши Шӯравӣ бо сарбозон ва маводи хӯрокаву пӯшокаро анҷом медоданд, ҳатто корхонаҳои аҳамияти мудофиавӣ дошта, дар кишварҳои собиқ Шӯравӣ ба нудрат пайдо мешуд, агар пайдо ҳам мешуд, комилан зери назари Маскав ва таҳти идораи намояндагони Кремл ва ё Вазорати мудофиаи Иттиҳоди Шӯравӣ қарор доштанд.
Аз ин рӯ, замоне, ки Тоҷикистон Истиқлол ба даст овард, ҷумҳурии мо дорои ягон қуввае набуд, ки ин истиқлолиятро ҳимоя ва ҳифозат намоянд. Набудани қувваҳои мусаллаҳи худӣ он тараф истад, ҳатто надоштани оддитарин намуди яроқу аслиҳаи оташфишон ва худмуҳофизатӣ, набудани афсарони соҳибкасб роҳбарияти олии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистонро водор кард, то дар як ҷойи холӣ дар кӯтоҳтарин мӯҳлат аз ҳисоби мардум ва бештар аз ҳама аз ҳисоби аъзо ва қисмҳои Ҷабҳаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар дастаҳои мусаллаҳе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ менамуданд, ҳамчунин аз ҳисоби даъвати ҷавонон ба хизмати ҳақиқии ҳарбӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон таъсис дода шаванд. Ин замоне буд, ки Тоҷикистон дар остонаи ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт.
Бо ҳамин мақсад, Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, эъломияти соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 декабри соли 1992 таҳти рақами №3 қарор мекунад:
1.Дар асоси қисмҳои Ҷабҳаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар дастаҳои мусаллаҳе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистонро дастгирӣ менамоянд, ҳамчунин аз ҳисоби даъват кардани ҷавонон ба хизмати ҳақиқии ҳарбӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис карда шаванд.
2.Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- дар бораи ҳайат, сохтори ташкилию штатӣ, таъминоти моддию техникӣ, маҳалҳои ҷойгирии қисмҳои харбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон то 30–декабри соли 1992 таклиф пешниҳод намоянд;
- лоиҳаҳои асноди муҳимтарини қонунгузориро дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намуда, ба Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кунад.
3. Кумитаи қонунбарорӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи инсони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳияи санадҳои қонунгузорӣ оид ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мадад расонад.
Дар асоси қарори мазкур тақрибан тайи ним моҳи декабри соли 1992 ва ду моҳи аввали соли 1993 тамоми асноди лозима омода гардида, дар як вақт ташкили қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳо шурӯъ гардиданд.
Рӯзи 23 феврали соли 1993, бори аввал дар таърихи давлатдории тоҷикон дар майдони «Дӯстӣ» - и пойтахт бо иштироки қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои ҳарбии тозатаъсис паради ҳарбӣ баргузор гашт ва ҳамин рӯз, яъне 23 феврал – Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон қабул гардид ва ҳар сол 23 феврал дар қаламрави кишвар бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.
Замоне, ки артиши миллӣ таъсис дода шуд, норасойии кадрҳои миллӣ, набудани афсарони касбӣ ва соҳибтаҷриба шадидан эҳсос карда мешуд. Сабаб дар он буд, ки дар замони Шӯравӣ ҳам роҳбарияти Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон ва ҳам Марказ (Москва) дар масъалаи пазириш ба муассисаҳои таълимии ҳарбӣ ва омода кардани кадрҳои маҳаллӣ аҳамияти лозим намедоданд.
Камбуди кадрҳои низомӣ, Ҳукуматро маҷбур кард, ки як теъдод афсарони бегонаро аз хориҷи кишвар, аз Россия, Ӯзбекистон ва дигар ҷумҳуриҳо барои таъсиси қисмҳои ҳарбӣ ва омӯзиши хизматчиёни ҳарбӣ ба ҷумҳурӣдаъват намояд. Ин гурӯҳ дар таҳкурсии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон сангҳои аввалро гузошта, то охири солҳои 2005-2006 дар Вазорати мудофиа, Раёсатҳо ва қисмҳои низомӣ ба ҳайси мушовир ва командир ифои вазифа намудаанд. Онҳо дар тули 2-3 сол тавонистанд, ки танҳо нақша ё макети ҚМ-ро ба таври умумӣ созанд.
Бо дарки муҳиммияти масъала ҳам Ҳукумати Тоҷикистон ва ҳам роҳбарияти Вазорати мудофиа аҳамияти аввалиндараҷаро ба омӯзиш ва омода кардани кадрҳои маҳаллӣ ҳам дар хориҷи кашвар ва ҳам дар дохили он ба назар гирифтанд. Дар шаҳриДушанбе аввал курсҳои кӯтоҳмуддат барои омода кардани прапоршикҳо ва баъдан Коллеҷи ҳарбӣ таъсис дода шуд. Баъдтар Колеҷи ҳарбӣ ба Институти ҳарбӣ тағйири ном карда, ҳар сол садҳо афсарони навхатмро ба Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат пешкаш менамояд. Ҳамзамон дар хориҷ аз мамлакат: Федератсияи Россия, Қазоқистон, Хитой, Ҳиндустон ва дигар кишварҳо низ мутахассисони варзидаи соҳаи ҳарбӣ омода карда шуд ва ин раванд ҳануз ҳам идома дорад. Имрӯз камбудии кадрӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ тақрибан аз байн рафтааст.
Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар имрӯзҳо бо пуррагӣ аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои дар пешашон гузошташуда баромада истодаанд. Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадаҳояшон қайд карданд: «Қувваҳои Мусаллаҳи мо дар роҳи ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, ба эътидол овардани вазъи мамлакат ва пуштибонии сулҳу субот, фурӯ нишондани ошӯбҳои исёнгароёна ва зарбаи қатъӣ задан ба ҳамлаҳои берунӣ, несту нобуд кардани гурӯҳ ва дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор, пешгирии табаддулоти ҳарбӣ ва қочоқи маводи мухаддир хизмати беназир кардаанд».
Таърих гувоҳ аст, ки қавмҳои ориёӣ, аз ҷумла тоҷикон ҳанӯз дар замонҳои қадим дорои сипоҳи машқдида будаанд ва аз тарзу усулҳои пешбурди амалиёти ҷангӣ маълумоти кофӣ доштаанд.
Дар китоби «Авасто» омадааст, ки ҷомеаи ориёӣ аз чаҳор табақа- донишмандону сипоҳиён ва ҳунармандону кишоварзон иборат будааст. Аз ин ҷо маълум мегардад, ки сипоҳиён дар он замон дар ҷомеа дар мақоми дуюм, баъд аз донишмандон қарор доштаанд ва ин дорои эҳтирому нуфузи боло доштани сипоҳиёнро тасдиқ менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Сарфармондеҳи Олии ҚМ дар ҷойи дигар фармудаанд, ки: “Артиши миллӣ яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ ва сипари боэътимоди Ватанамон мебошад».
Дар ҳақиқат, Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба таври ҳамешагӣ дар мадди назари Пешвои Миллат - Сарфармондеҳи Олӣ қарор дошта, рӯз ба рӯз муҷаҳҳазу мукаммал ва машқдидаву обутобёфта мегарданд.
Ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар машқҳои харбии дар чорчӯби созмону ташкилотҳои бонуфузи байналхалқӣ доир гардида, ширкати фаъол намуда, аз худ шуҷоат, донишу малакаи баланди касбӣ нишон дода, борҳо обрӯ ва эътибори Ҷумҳурии Точикистонро баланд бардоштаву ҳифз намуда аз тарафи коршиносони ҳарбӣ баҳои баланд гирифтааст.
Шароити мавҷуд дар минтақа аз мо талаб менамояд, ки барои дар холати омодабош қарор доштани Қувваҳои Мусаллаҳ ва тамоми аҳолии синни даъват ва захираи мамлакат корҳои зиёдеро анҷом дода, чора ва иқдомҳои саривақтӣ бияндешем, то дар ҳолатҳои зарурӣ ғофилгир нашавем.
Бо ин мақсад, иқдоми ҳукумат аз давра ба давра ҷамъ кардани қисме аз аҳолии захираи кишвар дар нуқтаҳои мушаххас ва ба онҳо фаҳмонидани вазифаҳои онҳо, ошно сохтани онҳо бо вазъи мавҷуд, бо баъзе намуди яроқу аслиҳа ва тафтиши омодагии ҷангии ин қисми аҳолӣ аз тадбирҳои муҳим ба ҳисоб меравад.
Баланд бардоштани малакаю омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ аз мустаҳкам намудани қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, интизоми ҳарбӣ ва тарбияи маънавию сиёсӣвобастагӣ дорад. Бо ҳамин мақсад 15 октябри соли 2001 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи корҳои тарбиявӣ дар ҚМ ҶТ» интишор гардид.
Дар асоси Консепсияи мазкур дар ҚМ як қатор корҳои судманд, ки ба раванди таъсиррасонии мақсаднок барои тарбияи ҳайати шахсӣ дар рӯҳияи ватандӯстӣ, садоқат ба Савганду уҳдадориҳои ҳарбӣравона гардида буд, амалӣ шуданд. Дар чорчӯби ҳамин Консепсия масоили хеле муҳим, аз қабили надик шудан бо аҳолӣ, кушодани почтаи электронӣ ё худ сомонаи Вазири мудофиа, ташкили қуттиҳои арзу шикоят дар ҳудуди қисмҳои ҳарбӣ, ирсоли мактубҳои миннатдорӣ ба падару модарони сарбозони фаъолу пешқадам, ҷалби хизматчиёни ҳарбӣ ба бозиҳои варзишию фарҳангӣ, ташкили мулоқоти падару модарон бо сарбозон хеле манфиатбахш буданд ва самараи хуб ҳам ба бор оварданд.
Ҳанӯз ҳазор сол пеш сиёсатмадор ва вазири кабири дарбори Салҷуқиён Низомулмулк дар асари безаволи худ «Сиёсатнома» ба масъалаҳои низоми ҳарбӣ диққати ҷиддӣ дода, дувоздаҳ боби асарашро ба санъати ҳарбӣ бахшидааст. Ӯ тамоми бурду бохти лашкар ва ободии мулкро дар ҳамбастагии се омили асосӣ - подшоҳ, лашкар ва раият мебинад.
Маҳз ҳамин мероси пурғановати санъати ҳарбии ниёгон ба мо имконият дод, ки дар ҷойи дар ҳақиқат холӣартиши миллӣ ва дигар рукнҳои давлатдориро таъсис диҳем ва дар як муддати кӯтоҳфаъолияти мунтаззами онҳоро таъмин намоем. Он чӣ низомиёни моро дар роҳи садоқат ба Ватан ва таъмини амнияти кишвар қудрату тавоноӣ мебахшад, ҳамин эҳсоси ирсии аҷдодӣ мебошад.
Мардуми сарбаланд ва сипосгузори Тоҷикистон хотираи неки ҷавонмардонеро, ки ба хотири барқарор намудани сохти конститутсионӣ, истиқрори сулҳу суббот, ҳимояи марзу буми Ватан, хифзи зидагии орому осуда ва меҳнати осоиштаи аҳолии мамлакат ҷони худро қурбон кардаанд, то абад пос медорад.
Холназаров Назар, - ходими илмии Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ