
Наврӯз қадимтарин ва зеботарин ҷашни ориёиҳо мебошад. Наврӯз дар фарҳанги мо тоҷикон рӯзи нав, рӯзи зиндагии нав, рӯзи шодӣ, рӯзи адлу эътидол, рӯзи бахшоиши гуноҳҳои якдигар, рӯзи оштӣ аст. Табиат дар ин рӯз ҷони тоза меёбанд. Ин навшавӣ ҷузъи фарҳанги қадимаи мост, ки имрӯз ҷаҳонро ба беҳтар зистан даъват мекунад.
Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 30 сентябри соли 2009 ва баъдан 23 феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64-умин Сессияи генералӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид - Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон карда шуда, аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳангии башарият, ки дар доираи барномаи ин ташкилоти бонуфуз, тартиб дода мешавад, дохил карда шуда, ҷашни миллӣ “Наврӯз” дар саросари ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад.
Ҳамаи ҷашнҳо бешак дар андозаи макону замон (фазову вақт) мавқеи муайянро дороянд. Ин ҳолат барои ҷашни Наврӯз ангуштнамост, чароки он дар гунбази фалак (сфераи осмон) мақоми хосаеро дорад, ки он ба оғози соли навӣ астрономӣ мувофиқ омада, ба ин маъни дорои заминаи боэътимоди илмию амалист. Мутобиқи маълумотҳои фарҳанги бостон, гузаштагони мо аз замонҳои қадим дар кураи осмон чаҳор ҳолати нисбатан хосаи аз ҳамдигар фарқкунандаи мавқеъгирии Офтобро зимни ҳаракати солонааш миёни бурҷҳои ситоравӣ, дақиқ медонистанд. Олимон барои муайян намудани мавқеъгирии Офтоб ва низоми он дар андозаи фазову вақт, муайян намудани фаслҳои сол, методҳои таҳқиқ, дастгоҳҳои мушоҳидавӣ ва иншоотҳои махсусро ҳанӯз аз замонҳои қадим бунёду мавриди истифода қарор медоданд, ки дар ин маврид далелҳои зиёде мавҷуданд.
Дар байни мардуми ориёиҳо чаҳор ҳолати мавқегирии хосаи Офтоб дар кураи осмон аз қадим хамчун ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон маъруфу маъмул буданд. Ҳатто дар замони салтанати Ҳахоманишиён дар Эрони ғарбӣ, ҷашни соли нав дар эътидоли тирамоҳӣ бо унвони ҷашни Митракон ё Меҳргон таҷлил мегардид. Маъруфият ва фосила миёни дар асари авастошиносӣ номии Эрон Ҳошими Разӣ “Ҷашнҳои об” чунин таъкид шуда: “Ду ҷашне (Наврӯзу Меҳргонро дар назар дорад), ки солро ба ду бахш тақсим мекарду миёни ҳиндувон низ собиқа дошт…”, ки аз ин иқтибос мутаалиқ будани ҷашни Меҳргон ба баробаршабу рӯзии тирамоҳӣ аён аст. Дар илми астрономия (ситорашиносӣ) нуқтаи баробаршабонарӯзии баҳорӣ ҳамчун нуқтаи сарҳисоби вақт ва муайянкунандаи мавқеи ҷирмҳои мунири осмон зимни тадқиқотҳои илмӣ миёни тамоми олимон ва муҳаққиқон сарфи назар аз дину оин, нажоду миллаташон пазируфта шудааст. Ин тақвим аз оғози рӯзи нави сол – яъне ҷашни Наврӯз, ки Офтоб аз нимкураи ҷанубӣ хатти экватори оламро буррида ба нимкураи шимолӣ осмон ворид мешавад, шурӯъ гардида давомнокии сол 365 рӯзу, 5 соату, 48 дақиқаву 46 сония баробар аст.
Наврӯзи имсола (2025) санаи 20 уми март соати 14:01:25 бо вақти Душанбе фаро мерасад, ки дар ин лаҳза Офтоб аз нимкураи ҷанубӣ хатти экватори оламро буррида ба нимкураи шимолӣ осмон мегузарад. Астрономҳо ин мавқеъгирии Замину Офтобро нуқтаи эътидоли баҳорӣ (Баробаршавии шабу рӯз) мегуянд.
Оғози Наврӯз -нуқтаи эътидоли баҳорӣ - Баробаршавии шабу рӯз мутобиқи ҳисоботҳо ҳар сол тақрибан 20-22 март фаро мерасад, ки ин тафовуд ба далели таъсири қувваи ҷозиба ҳангоми гардиш Замин дар мадор аз тарафи дигар сайёраҳо ба амал меояд.
Маълум аст, ки нуқтаи сарҳисоби вақт, ки дар шумори (пайдарҳамии) рӯзҳову моҳҳо,солу солшумориҳо ба таври анъанавӣ дар шакли тақвим ба хидматгузории миллатҳои гуногун вобаста ба дину оину анъанаҳои миллашон пешниҳод карда шудаанд, хело ҳам гуногунанд. То имрӯз ба ҳамагон зиёда аз даҳҳо тақвимҳои (ҳисоби вақт), маълуманд, ки бархе аз онҳо вобаста ба шахсҳои маъруфи таърихӣ ба хусус пайғомбарон ва ё ровиёни маъруфи динҳо асос ёфтаанд. Вале новобаса аз интихоби оғози солшумориҳо ҳамаи ин тақмимҳо вобаста ба ҳаракати Замин дар атрофи тири меҳвари худ (шабонарӯзӣ) ва дар атрофи Офтоб, ҳаракати Моҳтоб дар атрофи Замин ва ҳаракати якҷояи Замину Моҳтоб дар атрофи Офтоб тартиб дода мешавад. Ва дар ин замина ба ҳамагон се намуди тақвим- қамарӣ, қамарӣ- шамсӣ ва Шамсӣ маълуманд, ки дар Тоҷикистон тақвими Шамсӣ ва Қамарӣ мустақиман мавриди истифода қорор доранд.
Тақвими қамарӣ ба навшавии фазаҳои Моҳ, ки дар натиҷаи ҳаракати Моҳтоб дар атрофи Замин ба амал меояд тартиб ёфтааст. Ин навшавии моҳ дар тӯли сол 12 маротиба сурат гирифта теъдоди рӯзҳо дар ин тақвим ба 355- 356 баробар аст. Тағйирёбии фазаҳои Моҳ, яъне аз як навшавӣ то навшавии навбатиро моҳи синодӣ гӯянд, ки давомнокии он ба 29,53059 ё худ 29 рӯзу 12 соату, 44 дақиқаю 2,9 сония баробар аст.
Тақвими шамсӣ бошад ба ҳаракати солонаи Замин дар атрофи Офтоб асос ёфта теъдоди рӯзҳои сол 365- 366 рӯзро ташкил медиҳад. Бо назардошти он ки теъдоди рӯзҳои тақвими қамарӣ аз шамсӣ 10 -12 ш.р фарқ доранд, ҳар сол идҳои рамазону қурбон бо ин теъдод пештар фаро мерасанд.
Дар соҳаи илми астрономия ва кайҳоншиносӣ бошад, тамоми олмони Дунё новобаста ба дину оин ва миллияти хеш зимни коргузорӣ ва муайян намудани замону маконӣ (координатаҳои), ҷирмҳои мунири осмон аз тақвими астрономӣ, ки дар он давомнокии сол дар асоси мушоҳидаҳо ва омилҳои ба саҳеҳии вақт таъсиркунанда дақиқ муайян карда мешавад, истифода менамоянд. Вақтҳои охир олимон маҳз ҳамин тақвими астрономиро барои истифода ба тамоми мамлакатҳои олам пешниҳод намуда истодаанд, ки микдори рӯзҳои солҳои оддӣ дар он ба 365 ш.р баробар буда, дар соли қабиса ба он боз як рӯз илова мешавад, ва ин тақвими пешниҳодшуда тақвими шамсӣ буда бартарияти он аз тақвимҳои пешин дар саҳеҳияти он буда зарурияти нашри ҳамасолаи онро аз миён мебарад.
Ҳамин тариқ аз ваҷҳҳои болоӣ чунин бар меояд, ки оғози сол Наврӯз дар сарзамини бостонии мо бунёди фарҳангӣ дошта (он бо далелҳои илмӣ- мушоҳидавӣ асос ёфта) на ин ки он ҷашни мардумии кишварамон, балки ҷашни кулли фарҳангиёни сайёраю байналмиллалӣ маҳсуб меёбад ва дар ҳар баромадашон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд карда мегузаранд “Тоҷикистон ватани Наврӯз аст”.
Букризода Анвар Маҳмад - директори Институти астрафизикаи АМИТ
ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
Навид
Categories
12 марти соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 11- март Рӯзи матбуоти тоҷик маҳфили илмӣ-адабӣ “Хирад”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҳфили навбатӣ китоби “Истиқлолият ва журналистикаи тоҷик”- и мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сангин Гулов рӯнамоӣ карда шуд.
Ба кори маҳфил ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшид.
Дар идома президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар суханронии хеш ҳозиринро ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик табрику таҳният хонда, таъкид дошт, ки таҷлили ҷашн ва арзишҳое, ки барои боло бурдани маърифати аҳли ҷомеа хизмат мекунанд, аз сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Бо баракати ин сиёсат ва Истиқлолияти давлатӣ ҳамасола дар кишварамон рӯзи 11 март Рӯзи матбуоти тоҷик – рӯзи нашри шумораи аввалини рӯзномаи “Бухорои шариф” аст, ҷашн гирифта мешавад.
Гуфта шуд, ки “Бухорои шариф” нахустин рӯзномаи тоҷикӣ дар Осиёи Миёна буда, ҳадафаш бедор кардани мардуми тоҷик дар роҳи худшиносиву худогоҳӣ буд. Ин танҳо ҷашни матбуотчиён нест, балки ҷашни ҳама аҳли ҷомеа мебошад. Таҷлили ин ҷашн як навъ эҳтиром ба аҳли қаламу сухан, ба аҳли фарҳангу адаб аст. Ин ҷашн бузургдошти хотира ва ёдоварии хизматҳои мондагору таърихии ҳама рӯзноманигорони ҷумҳурӣ мебошад. Зеро рӯзноманигорон сарбозони роҳи худшиносии миллат, солноманависи таърихи миллат ҳастанд. Маҳз рӯзноманигорон ҳастанд, ки моро новобаста, бо ҳама бурду бохтҳои ҷомеа, ба ояндаи нек умед мебахшанд.
Таъкид гардид, ки дар доираи маҳфили имрӯза китоби дотсент Сангин Гулов - устоди Донишгоҳи миллиро, ки 33 сол боз ба таълиму тарбияи рӯзноманигорони оянда машғул аст, бо номи “Истиқлолият ва журналистикаи тоҷик” рӯнамоӣ менамоем.
Ин китоб, ки маҷмуи мақолаҳо буда, аз 2 қисм иборат аст. Қисми аввал мақолаҳои солҳои охир навиштаи муаллифро дар бар гирифта, дар онҳо роҷеъ ба таҳаввули журналистикаи тоҷик дар замони муосир, фаъолияти расонаҳо дар пасманзари сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақши ВАО дар муборизаҳои иттилотӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ сухан меравад.
Дар қисми дуввум муаллиф рӯйхати ҳама рисолаҳои илмии дар самти журналистика дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҳимояшударо ҷой додааст, ки теъдоди онњо беш аз 100 адад мебошанд. Ин бахш дар шароити имрӯза барои муаррифии мактабҳои илмии журналистика, мубрамиву такрор нашудани мавзуъҳои илмии таҳқиқшаванда мусоидат мекунад. Бояд гуфт, ки маҷмуаи барои омўзгорону муҳаққиқони соҳаи журналистика пешбинӣ шудааст.
Зимни суханронии хеш мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сангин Гулов дар мавзуи “Нақши матбуоти тоҷик дар замони Истиқлолият суханронӣ намуда, доир ба рушду пешрафти матбуоти тоҷик ибрози андеша намуд.
Сипас, раиси Иттифоқи Журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода дар суханронии хеш ҳозиринро ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик табрику таҳният хонда, доир ба таърихи таъсисёбии нашри шумораи аввалини рӯзномаи “Бухорои шариф” ва дигар паҳлуҳои он маъруза намуданд.
Инчунин, директори Академияи васоити ахбори омма Исматзода Саъдӣ Маҳдӣ, декани факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳошимзода Бахтиёр Ҳошим ва сармуҳаррири ҳафтаномаи “Омӯзгор” суханронӣ намуда, доир ба мазмун ва муҳтавои китоби мазкур андешаҳои хешро баён намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ як зумра аз журналистони муваффақ барои саҳми арзишманд гузоштан дар муаррифии илмӣ ватанӣ бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик бо Ифтихорномаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қадршиносӣ гардиданд.
Ҳамзамон ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо “Ифтихорнома”- и Иттифоқи журналистони Тоҷикистон қадршиносӣ гардид.
Ба ифтихори 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ
Дар як нусхаи нафис ва рангину мунаққаши “Девон”-и Ҳофиз, ки дар таърихи 19 моҳи раҷаби соли 1202 ҳиҷрии қамарӣ, мутобиқ ба соли 1787 мелодӣ дар сарзамини Ҳинд китобат шудааст, ғазали дилнишине бо радифи “секинак” ба мушоҳида мерасад. Ин ғазал дар нусхаи мавриди назар наққошии ҷолибе ҳам ҳамроҳ дорад, ки мазмуни онро мунъакис мекунад. Ногуфта намонад, ки ғазали мазкур дар байни тоҷикони Осиёи Миёна маҳбубияти зиёд дорад ва дар маҳфилу маъракаҳо суруда мешавад:
Ман дӯш пинҳон мешудам то қасри ҷонон секинак,
Нармак ниҳодам пойро рафтам бар айвон секинак.
Дидам нигори хешро бар тахти зар дар хоби хуш,
Ман аз ниҳеби ишқи ӯ чун бед ларзон секинак.
Кардам ду ангуштак дароз оҳистакак - оҳистакак,
Бардоштам бурқаъ ба ноз аз рӯйи ҷонон секинак.
Гуфто: Куҷоӣ, бехабар? Гуфтам: Манам мискини ту,
Ногаҳ касе ёбад хабар, эй роҳати ҷон секинак.
Як нимнаргис боз кард, аз хоб ҷунбонид сар,
Шуд бар рухи ҳамчун маҳаш зулфи парешон секинак.
Тарсон даҳон бурдам ҳаме то назди лаъли дилкашаш,
Бӯса рабудам ногаҳон аз шаккаристон секинак.
Гуфтам: Ҳамехоҳам буто, к-андар барат гирам, вале
Гуфто, ки аввал шамъро бархезу биншон секинак.
Боре ба коми хештан овардамаш дар бар, вале
Бонгу наво зад он замон мурғи саҳархон секинак.
Гуфто, ки Ҳофиз хезу рав то хидмати айвони шоҳ,
Бар шоҳ хон ин қиссаро аз халқ пинҳон секинак.
Дар нусхаҳои муътамади “Девон”-и Ҳофиз, ки бо тасҳеҳи донишмандони маъруф Қосими Ғанию Муҳаммади Қазвинӣ ва ҳофизшиносону ҳофизпажуҳони дигар дар Теҳрон ба нашр расидаанд, ин ғазал ба назар намерасад ва дар баъзе нусхаҳо танҳо дар шумори ғазалҳои мунтасаб, яъне ба Хоҷа нисбатдодашуда оварда шудааст. Яке аз сабабҳои ба “Девон” ворид нашудани ин ғазал шояд бастагӣ ба вожаи баҳсангези “секинак” дорад, ки ба сифати радифи ғазал дар он даҳ бор мавриди корбурд қарор гирифтааст.
Вожаи “секинак”, аслан дар шеваи баёни тоҷикони Осиёи Миёна ба маънии “оҳистакак” истифода мешавад ва дар дар “Ғиёс-ул-луғот”-и Ғиёсиддин Муҳаммад ба гунаи “сиканак” ба ҳамин маънӣ лафзи туркӣ дониста шудааст.
Шарҳи ин вожа дар “Фарҳанги анҷуманорои Носирӣ”-и Ризоқулихони Ҳидоят ба маънии “оҳиста” истеъмол шудани онро сареҳан таъйид мекунад: “сиканак – ба касри син ва фатҳи кофи порсӣ ва нуни мафтуҳ ба кофи зада ба луғати Қоиноти Хуросон хосса Тун ва Тибс ба маънии оҳиста-оҳиста аст.
Ва дар силки ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ ғазале аст, ки матлаи он ин аст: “Дӯшина ман пинҳон шудам дар қасри ҷонон сиканак // Нармак ниҳодам пойро рафтам ба айвон сиканак”. Ва ҷамъе надониста “санкинак” мехонанд, бо “шин” низ мехонанд”.
Дар “Луғатнома”-и аллома Алиакбари Деҳхудо ҳам вожаи “сиканак” бо истинод ба “Фарҳанги Онандроҷ” ва “Ғиёс-ул-луғот” “оҳиста” маънӣ шуда, дар зимн ҳамон тавзеҳи дар боло ёдшудаи Ризоқулихони Ҳидоят аз “Анҷуманорои Носирӣ” бо каме ихтисор айнан дарҷ гардидааст.
Дар баъзе нусхаҳои “Девон”-и Ҳофиз вожаи “секинак” – “сангинак” ва “шангинак” сабт шудааст, ки дуруст ба дид намеояд. Котибон ва нусханависоне, ки аз асли ин вожа огоҳ набуданд, онро “сангинак” ва “шангинак” хонда, ба ҳамин ду шакл дар нусхаҳо сабт кардаанд. Калимаҳои “сангинак” дар “Луғатнома”-и Деҳхудо аслан ба маънии ғалладонаи “ҳабб-ул-бақар” ё “говдона” омадааст.
Дурустии таъйину ташхиси ин вожа аз тарафи муаллифи “Фарҳанги анҷуманорои Носирӣ” Ризоқулихони Ҳидоят шояд ба ин алоқаманд аст, ки вай солҳо ба сифати фиристода дар Хоразм маъмурият дошт ва аз шеваи баёни тоҷикони Осиёи Миёна ба хубӣ огоҳ буд.
Гузашта аз ин, ин вожа дар баъзе қисматҳои Хуросон ҳам роиҷ будааст ва Ризоқулихони Ҳидоят ёдовар мешавад, ки дар Қоиноти Хуросон, ба хусус дар маконҳои Туну Тибси Хуросон ҳам вожаи “сиканак” ба маънии оҳиста-оҳиста дар истеъмол қарор доштааст.
Вожаи “секинак” (дар гӯйиши тоҷикӣ бо йо-и маҷҳул) ва “сиканак” (дар гӯйиши форсӣ бо йо-и маъруф) бар хилофи гуфтаи муаллифи “Ғиёс-ул-луғот”, ки онро туркӣ донистааст, комилан вожаи туркӣ нест ва дар қолаби калимасозии форсӣ-тоҷикӣ аз калимаи эҳтимолан туркиасли “секин” бо афзудани пасванди -aк (< умумиэронии -аkа) ба маънии оҳистакак сохта шудааст. Нуктаи ҷолиб ин аст, ки дар забонҳои имрӯзаи туркӣ, аз ҷумла ӯзбекӣ ва қирғизӣ ин калима бештар бо ҷуфти муродифии тоҷикии “аста” (кӯтоҳшудаи оҳиста) истифода мешавад: аста-секин, секин-аста.
Пасванди асили форсӣ-тоҷикии -ак ба калима асосан маънии хурдию навозиш мебахшад ва дар ғазали зикргардида дар чанд маврид: секинак, нармак, ангуштак ва оҳистакак-оҳистакакба кор рафтааст. Зикри ин нукта ҳам муҳим аст, ки пасванди мазкур дар калимаҳое, ки бо садоноки -а анҷом меёбанд, шакли -как мепазирад: оҳистакак.
Як вежагии дигари нусхаи мавриди назари “Девон”-и Ҳофиз ин аст, ки бар хилофи нусхаҳои нашри Теҳрон ба он ғазалҳои дар байни мардуми мо маъруф бо матлаи “Ин чи шӯрест, ки дар даври Қамар мебинам / Ҳама офоқ пур аз фитнаву шар мебинам” ва “Баъд аз ин ҳаргиз набинад ҳеҷ майхори дигар / Ҳамчу ман майхораву мисли ту хуммори дигар” ворид гардидааст. Дар ин нусха ғазал бо матлаи “Ин чи шӯрест, ки дар даври Қамар мебинам...” аз ҳафт байти зер иборат мебошад:
Ин чи шӯрест, ки дар даври Қамар мебинам,
Ҳама офоқ пур аз фитнаву шар мебинам.
Ҳеҷ меҳре на бародар ба бародар дорад,
Ҳеҷ шафқат на падарро ба писар мебинам.
Духтаронро ҳама ҷанг асту ҷадал бо модар,
Писаронро ҳама бадхоҳи падар мебинам.
Аблаҳонро ҳама шарбат зи гулобу қанд аст,
Қути доно ҳама аз хуни ҷигар мебинам.
Аспи тозӣ шуда маҷруҳ [ба] зери полон,
Тавқи заррин ҳама бар гардани хар мебинам.
Мардумон рӯйи беҳӣ металабанд аз айём,
Мушкил ин аст, ки ҳар рӯз батар мебинам.
Панди Ҳофиз шунав, эй хоҷа, бирав некӣ кун,
З-онки ин панд беҳ аз ганҷу гуҳар мебинам.
Ғазал бо матлаи “Баъд аз ин ҳаргиз набинад ҳеҷ майхори дигар...” ҳамагӣ панҷ байт дорад:
Баъд аз ин ҳаргиз набинад ҳеҷ майхори дигар,
Ҳамчу ман майхораву мисли ту хуммори дигар.
Соқие дорем чандоне ки май аз дасти вай,
Мехурему боз мегӯяд, ки як бори дигар.
Хирқаи пашмина мепӯшему бифрӯшем зуҳд,
Аз сари кӯйи ту мепӯшем зунноре дигар.
Кор агар ин аст, к-ин мастӣ, азизон мекунанд,
Пас намедонем мо ҷуз ошиқӣ кори дигар.
Ҳурмати дастори Ҳофизро бидор, эй майфурӯш,
К-ӯ ҷуз ин куҳна надорад ҳеҷ дастори дигар.
Дар мисраи шашуми ғазали мавриди назар эҳтимол бо саҳви қалами нусханавис калимаи “мебандем” – “мепӯшем” сабт шудааст, зеро зуннор ба маънии ришта ё камарбандест, ки масеҳиён ва зардуштиён онро ба миён мебанданд.
Ба андешаи мо, маъруфияти зиёди ин се ғазал дар байни мардуми мо шояд бастагӣ ба он дорад, ки шуруъ аз асрҳои миёна то ибтидои садаи бист сокинони Осиёи Миёна ба нусхаҳои Ҳинд дастрасии бештар доштанд. Илова бар ин, аксари котибону нусханависони Ҳинд ҳам касоне будаанд, ки аз ҷавру бедоди замон ба хотири рӯзгори орому осуда аз сарзамини аҷдодии мо ба Ҳиндустон паноҳ овардаанд ва ҳатто дар нусхаҳои китобати онҳо шеваи баён ва талаффузи тоҷикон риоя шудааст (масалан, дар нусхаи мазкур бо таваҷҷуҳ ба шеваи баёни тоҷикӣ калимаи “ҳеч” ба гунаи “ҳеҷ” корбаст шудааст).
Албатта, дар бобати комилан ба Хоҷа мансуб донистани ин се ғазал ҳанӯз ҷойи баҳс боқист, вале дар хусуси шуҳрату маҳбубияти ин ғазалҳо дар байни тоҷикони Осиёи Миёна ва вожаи фарорӯдии “секинак” ба маънии “оҳистакак” ё “оҳиста-оҳиста” будани радифи ғазали якум шакку шубҳа вуҷуд надорад.
Ҳамчунин дар робита ба маҳбубияти сурудаҳои Ҳофиз дар байни тоҷикони Осиёи Миёна бояд таъкид кард, ки баъзеи онҳо ба ганҷинаи мусиқии миллии мо – “Шашмақом” ворид шудаанд ва то ба имрӯз аз тарафи мақомсароён суруда мешаванд.
Масалан, ғазали “Сабо зи манзили ҷонон гузар дареғ мадор...”, матни “Насри уззол”, сурудаи “Ки Ҳофиз чу мастона созад суруд...” матни супориши аввалини “Насри уззол”-и шуъбаи “Уззол” ва сурудаи “Муғаннӣ куҷоӣ, ки вақти гул аст...” матни “Соқиномаи муғулчаи бузрук”-и мақоми аввали “Шашмақом” – “Бузрук”-ро ташкил медиҳанд.
Ғазали “Соқӣ ба нури бода барафрӯз ҷоми мо...” дар ҳавои “Сарахбори рост”, ғазали “Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро...” дар ҳавои “Насри ушшоқ”-и шуъбаи “Ушшоқ”, ғазали “Сабо ба лутф бигӯ он ғизоли раъноро...” дар ҳавои “Наврӯзи сабо”, рубоии “Рӯзе, ки фироқ аз ту дурам созад...” дар ҳавои “Талқинчаи сабо”, ғазали “Соқӣ биёр бода, ки омад замони гул” дар ҳавои “Талқинчаи савти ушшоқ”, ғазали “Сабо вақти саҳар бӯе зи зулфи ёр меовард...” дар ҳавои “Савти сабо”-и шуъбаи “Сабо” ва сурудаи “Муғаннӣ, навои тараб соз кун...” дар ҳавои “Соқиномаи савти наво” суруда мешаванд, ки ба мақоми дувуми “Шашмақом” – “Рост” иртибот доранд.
Рубоии “Дар сунбулаш овехтам аз рӯйи ниёз...” матни таронаи яки “Талқини баёт”-и шуъбаи “Баёт”, ғазали “Ҳумои авҷи саодат ба доми мо афтад...” матни “Орази наво”, сурудаи “Шаби суҳбат ғанимат дон, ки баъд аз рӯзгори мо...” матни таронаи дуи “Орази наво”, ғазали “Эй офтоб, ойинадори ҷамоли ту...” матни “Талқинчаи савти наво”, ғазали “Чун шавам хоки раҳаш доман бияфшонад зи ман...” матни “Қашқарчаи савти наво”, сурудаи “Муғаннӣ куҷоӣ, ки вақти гул аст...” матни “Соқиномаи савти наво”, ғазали “Тоби бунафша медиҳад турраи мушксои ту...” матни “Уфари савти наво” ва сурудаи “Биё соқӣ аз май надорам гузир...” матни “Соқиномаи муғулчаи наво”-ро аз мақоми севуми “Шашмақом” – “Наво” ташкил медиҳанд.
Ғазали “Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад...” матни таронаи дуи “Орази дугоҳ”, сурудаи “Биё, соқӣ, акнун ки шуд чун биҳишт...” матни “Соқиномаи савти калон” ва сурудаи “Биё, соқӣ, он роҳи райҳоннасим...” матни “Соқиномаи муғулчаи дугоҳ” аз мақоми чорум – “Дугоҳ” мебошанд.
Ғазали “Ба чашм кардаам абруи моҳсимое...” матни “Сарахбори сегоҳ” ва ғазали “Равоқи манзари чашми ман ошёнаи туст...” матни “Насри сегоҳ”-ро аз мақоми панҷум – “Сегоҳ” ташкил медиҳанд.
Ғазали “Ман тарки ишқбозию соғар намекунам...” дар ҳавои “Савти гиря” ва ғазали “Дилбари ҷонони ман, бурда дилу ҷони ман...” дар ҳавои таронаи шаши “Сарахбори Ироқ” суруда мешаванд ва ин ҳар ду наво аз мақоми шашум – “Ироқ” мебошанд.
Дар робита ба берун мондан ва роҳ наёфтани баъзе сурудаҳои Ҳофиз дар китобҳои банашррасида ҳамчунин бояд ёдовар шуд, ки ин воқеиятро донишманди маъруф, узви вобастаи АИ ИҶШС Е.Э. Бертелс ҳам ба мушоҳида гирифта, дар ин бобат навишта буд: “Шеърҳои Ҳофиз, ки дар шуъбаҳои ҷудогонаи “Шашмақом” истифода бурда мешаванд, ба ин муаллиф тааллуқ дошта бошанд ҳам, ба нашри танқидии лирикаи ӯ баъзан мувофиқат намекунанд”.
Дар маҷмуъ, Хоҷа Ҳофиз аз маҳбубтарин шоирони миллии мост, ки доманаи шукӯҳу шуҳрати сурудаҳои дилпазираш аз дирӯз ба имрӯз кашида мешавад ва аз имрӯз ба фардо ва фардоҳои дур идома пайдо хоҳад кард.
Ҳасани СУЛТОН, узви вобастаи АМИТ
7 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи давлатии Кохи Борбад дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар иштирок ва суханронӣ намуданд.
7 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи давлатии Кохи Борбад дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар иштирок ва суханронӣ намуданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бонувони кишварро ба муносибати Рӯзи Модар самимона шодбош гуфта, нақши зан-модари тоҷикро дар ҳифзи музаффариятҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ бузургу беназир арзёбӣ намуданд.
Сарвари давлат зан-модарро рамзи оғози зиндагӣ, намунаи зебоиву меҳрубонӣ ва хуррамиву шукуфоии ҳаёти башар номиданд.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #РӯзиМодарон #ДеньМатери #MothersDay
ИШТИРОКИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ "ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ДИПЛОМАТИЯИ ОБ: АЗ ҚАДАМИ АВВАЛ ТО ШАРОКАТИ ГЛОБАЛӢ"
/6 марти соли 2025 дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Вазорати корҳои хориҷӣ ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ дар мавзуи “Эмомалӣ Раҳмон ва дипломатияи об: аз қадами аввал то шарокати глобалӣ” баргузор гардид.
Дар кори конфронс дар баробари дигар роҳбарони вазорату идораҳо президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иштирок намуданд.
https://mfa.tj/.../konfronsi-bainalmilalii-emomali-rahmon...
Ҳар як миллат арзишҳои ба худ хосро дорост ва миллатро аз рӯи арзишҳои доштааш дар арсаи ҷаҳонӣ медонанду мешиносанд. Хушбахтона миллати куҳанбунёди тоҷик аз қадим дорои расму русум ва арзишҳои миллии хеш ҳастанд, аз он ҷумла сару либоси миллӣ ин муаррифкунандаи миллат ва шахсият аст, миллати тоҷик бо бузургиву ғайрату матонати ба худ хос фарҳангу маданияту донишу арзишҳои худро ҳифз намуда, ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда тавонистаанд.
Имрӯз (06.03.2025) бонувони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба "Рӯзи модар" бо бабаркунии либосҳои миллии шинаму зебои тоҷикона аксияи "Тоҷикона мепушем" баргузор намуданд.
Ҳамзамон дар ҳошияи таҷлили "Рӯзи модар" бонувони мардумшиноси Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш намунаҳои либоси урфии бонувони тоҷикро аз минтақаҳои гуногуни кишвар муаррифӣ намуданд.
06 марти соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи Модар” чорабинии идона таҳти унвони “Муҷассамаи гӯёи зиндагӣ” баргузор гардид. Дар чорабинӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт олимону кормандон ва занону бонувон иштирок намуданд.
Нахуст, ба кори чорабинии идона ровиён бо шеърҳои саршор аз меҳру вафодорӣ, садоқату муҳаббат ба модар ҳусни оғоз бахшида, сухани ифтитоҳиро ба президенти Академияи миллии илмҳо, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт доданд.
Дар суханронии хеш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт тамоми занону бонувонро ба муносибати Рӯзи модар табрику таҳният хонда, таъкид дошт, ки Модар сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёт, олиҳаи ҳусн, ҳаёти бардавом, асоси ҳастии мо фарзандон, ишқи бепоён, баҳори бехазон, давлати ҷовидон аст. Модар ин баъди офаридгор офаранда аст, шахсе, ки дар зиндагӣ аз нахустин лаҳзаҳои ба дунё омадани инсон ӯро парасторӣ мекунад, ин модар аст ва ҳамин аст, ки аз лаҳзаҳои нахустини сари ҳокимият омаданашон Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба шахсияти модар ва умуман баланд бардоштани мақому манзалати зан модар дар ҷомеа ва барои соҳибмаълумот намудани онҳо тамоми шароитҳои мусоидро фароҳам овардааст.
Таҷлили «Рӯзи Модар», ки ҳамасола дар рӯзҳои аввали фасли гулрези баҳор дар сатҳи давлатӣ ва бо тантанаву шукӯҳи хосса ҷашн гирифта мешавад, рамзи нафосату поксириштӣ, зебоӣ ва муҳаббату садоқат нисбат ба Зан -Модар мебошад, зеро ки Зан-Модар офарандаи ҳаёт, тарбиятгари наслҳо, ҳидоятгари наврасону ҷавонон ба роҳи нек ва пойдории оила мебошад.
Тавре Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, модарону занон ва бонувони кишвари азизи мо бо рафтори нек, андешаи солим ва маҳорату кордонии худ дар ободиву пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон саҳми бузург доранд. Онҳо имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат софдилона кору фаъолият менамоянд ва бо заҳмати бунёдкоронаву ташаббусҳои созандаашон барои рушди давлати соҳибистиқлоламон саъю талош
мекунанд.
Дар идома як зумра бонувон барои хизматҳои арзанда дар соҳаи илм бо ифтихорномаҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Дар қисми фарҳангии чорабинӣ ҳунармандони варзидаи ҷумҳурӣ ҳунарнамоӣ намуда, табъи иштирокдорони чорабиниро болида гардониданд.
05 марти соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вохурии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви вобасти АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо олимони ҷавони муассисаҳои илмӣ - таҳқиқотӣ баргузор гардид.
Дар вохурӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт олимони ҷавонро дар руҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ва хештаншиносӣ ҳидоят намуда, онҳоро барои ноил шудан ба дастовардҳои илмӣ ташвиқу тарғиб намуданд.
Таъкид гардид, ки имрӯзҳо таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати – миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илм, махсусан олимони ҷавон равона гардидааст. Бинобар ин олимони ҷавонро зарур аст, ки донишҳои замони муосирро аз худ намуда, барои баланд бардоштани мақоми илми тоҷик дар дохил ва хориҷи кишвар саҳми арзишманди хешро гузоранд.
Дар чорабинӣ ба як қатор олимони ҷавон, ки дар курси хонишҳои сиёсии "Сарварони сиёсӣ" иштирок карданд Шаҳодатномаи хатми курси мазкур тақдим карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар курси хонишҳои сиёсӣ 38 нафар олимони ҷавон фаъолона ширкат варзида, дар 13 дарсҳои ин курсҳо бо чеҳраҳои намоёни ҷумҳурӣ, ходимони давлатӣ ва академикҳо ва фаъолияти сиёсиву илмии онҳо ошно гардиданд.
Имрӯз (04.03.2025) бо ташаббуси шуъбаи фалсафаи иҷтимоии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ семинари илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Саҳми занон дар татбиқи Стратегияи рушди миллӣ” баргузор гардид.
Семинари илмиро директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод ифтитоҳ намуд.
Маърузаҳо аз ҷониби мудири шуъбаи фалсафаи иҷтимоӣ Абилзода Г.С. дар мавзуи “Ҳокимияти демократӣ-омили муҳимми ташаккули шахсияти зан” ва ходимони илмии шуъбаи фалсафаи иҷтимоӣ н.и.ф. Орифҷонова Н.Р. дар мавзуи “Саҳми занон дар чорчӯбаи татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон”; д.и.ф.Самиев Б.Ҷ. дар мавзуи “Модар олиҳаи ҳусн ва парвардаи зебоӣ” ва ходими хурди илмӣ Сафарова Б.Қ. дар мавзуи “Баланд гардидани мақоми занон дар замони соҳибистиқлолӣ” баромад намуданд.
Дар охири кори семинар як қатор бонувони фаъоли Институт аз ҷониби Иттифоқи касабаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ гардиданд.