Skip to main content

123213Наврӯз бузургтарин ҷашни миллии ниёгони мо ба ҳисоб рафта, дорои таьрихи бисёрсола мебошад.. Наврӯз созандаи насли ҷавони имрӯза ва расму оини замона мебошад. Ҷашни Наврӯз яке аз идҳои байналмиллалӣ кадимтарин дар қавми Эроннажод буда, умри дарози беш аз панҷҳазорсола дорад.Тавре,ки аз мазмунаш пай мебарем."Наврӯз" яъне "рӯзи нав " буда, дар аввали моҳи хуршедӣ ҳамчун Соли нав шинохта шудааст.

Наврӯз ҷашнест, ки тамоми олами табиатро зинда ва сарзабз менамояд.

Наврӯз мавсими фарорасии баҳори нозанин, ҷон даровардани табиат, оғози корҳои деҳқон ва шукуфтани боғот ба сӯи ҳаёт ва айёми баробаршавии шабу рӯз мебошад. Аз нигоҳи ҳисоби ситорашиносӣ Наврӯз рӯзест, ки офтоб ба бурҷи «Ҳамал» ворид мешавад дар хамон дақиқаву сонияе ворид шуд, соли нав фаро мерасад.

Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ Наврӯзро дар аввали моҳи фарвардин, ки ба солшумори имрӯзаи мо ба моҳи март рост меояд, ҷашн мегирем.

Аз таърихи ҷашни Наврӯз роҷеъ ба таъриху пайдоиши бузургии ин ҷашни куҳанбунёд дар сарчашмаҳои таърихӣ ва адабӣ маълумоти зиёд зикр гаштааст. Донишмандони тоҷику эронӣ ва хориҷӣ дар мавриди ҷашни бостонӣ мақолаву рисолаҳои арзишманд таълиф намудаанд.

Маълумоти мустақим ва пурмаъно дар "Шоҳнома"-и А. Фирдавсӣ

"Наврӯзнома "-Умари Хайём, "Осор -ул-бақия" ва "Ат-таҳфим"-и Абурайҳони Берунӣ, "Зайн-ул-ахбор"-и Абулсаиди Гардезӣ, "Ал-махосин-вал-аздод"-и Кисрави ва чанде дигар метавон пайдо кард, ки бо иттифоқ шоҳ Ҷамшед бунёдгузори ҷашни Наврӯз хонданд.

Агар ба таърих назар афканем мебинем, ки давраи Шох Ҷамшед давраи адлу инсоф ва пайдоиши якчанд ҷашнҳои суннатӣ ва онҳое, ки аз замони Зардушт боқӣ монда буданд, ба пуррагӣ қайд мешуданд.

Эй дуст, биё, боз ба Наврӯз расидем,

Нав қисса бипардоз, ба Наврӯз расидем.

Дар пардаи гул бод наво карда парешон:

Эй мурғи хушовоз, ба Наврӯз расидем.

Эй боғи гулафшон, бағали боз муборак,

Мо ҳам ба дили боз ба Наврӯз расидем…

Сайёд Ғаффор

Пайғоми Аҷам резад, Наврӯз муборак бод!

Хуршеди Ҳамал хезад, Наврӯз муборак бод!

Хуш омада Фарвардин, ҷонбахши заминро бин,

Дай хезаду бигрезад, Наврӯз муборак бод!

Бар боғу чаман бингар, себаргаву гул бар сар,

Ваҳ боғ чу гул безад, Наврӯз муборак бод!

Боди саҳар аз гулшан, гӯё ба машоми ман,

Сад бӯи хуш омезад, Наврӯз муборак бод!

Бар нола бишуд булбул, бишкуфту бихандид гул,

Гул хандаду бистезад, Наврӯз муборак бод!

Бингар нигорамро, бонуи баҳорамро,

Бар гӯш гул овезад, Наврӯз муборак бод!

Ин фасли арӯси сол орад ӣари мо иқбол,

Шодӣ ба дил ангезад, Наврӯз муборак бод!

Раззоқ, расид Наврӯз, имрӯз шуда нав рӯз,

Ҳар сӯй нидо хезад, Наврӯз муборак !

Абдурззоқи Раззоқ

Омад-омади ин ҷашни бузурги аҷдодиро миллати тоҷик имрӯзҳо бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд. Наврӯз дорои хусусиятҳои ба худ хос мебошад. Одамон пеш аз ид хонаҳояшонро тоза менамоянд ва занҳо ба пухтани таомҳои миллӣ машғул мешаванд. Яке аз таомҳои миллӣ суманак мебошад, ки он ифодагари ин ҷашн аст. Дар рӯзи ид одамон бо либосҳои идона вориди ҷашнгоҳ мешаванд ва дастархони идона ташкил медиҳанд. Занҳо хони идонаро бо нозу неъматҳои “Ҳафт син ва Ҳафт шин” оро медиҳанд. Бачаҳо бошанд, ба ҳар гуна бозиҳо машғул мешаванд. Ҳамин тавр, имрӯзҳо ин ҷашни аҷдодӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишварамон бо як шукӯҳи хоса ҷашн гирифта мешавад.

Барои ҷаҳонишавии Наврӯз саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург мебошад. Бо талошҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат аз 30-юми сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳанги башарият дохил карда шуд ва 19-уми феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ Рӯзи байналмиллалии Наврӯз эълон карда шуда, дар саросари ҷаҳон бо як шаҳомат таҷлил мегардад.

Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз шукӯҳу таҷаллои тоза пайдо намуд ва мо тоҷикон ин ҷашнро ҳамчун мероси муқаддастарини ниёгонамон ва ҷашни покию зебоӣ дар фазои истиқлолу ваҳдат бо шукргузорӣ бошукӯҳ таҷлил менамоем.

Наврӯзи Аҷам – Иди воқеан миллӣ ва аҷдодӣ, ба хонадони шумо Муборак бошад!

Шукр, ки Худованд мову Шуморо ба Наврӯзи нав расонид ва умед дорам, ки боз Наврӯзи дигар мерасонад!

Наврӯз ҷаҳонӣ шуд, то бод чунин бодо!

Ҷашни ҳамагонӣ шуд, то бод чунин бодо.

Раҳмонов Бахтовар Абдуғаниевич - ходими калони шуъбаи муодилаҳои дифференсиалии Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраев