Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои нақшаи чорабиниҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон от 31 августа соли 2023, №407 “Дар бораи амалигардонии қатъномаи Маҷмааи Умуми Созмони Милали Мутаҳид дар бораи эълон намудани Соли байналмилалии ҳифзи пирахҳо” санаи 26 майи соли 2025 президенти Академии миллии илмҳои Точикистон,узви вобастаи АМИТ,профессор,доктори илмҳои иқтисодӣ Хушвахтзода Қ.Х. бо иштироки олимону коршиносони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва намояндагони вазорату идораҳои марбута фаъолияти Озмоишгоҳи низоми иттилоотии пиряҳои Тоҷикистонро расман оғоз намуда, аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илм ёдовар шуданд.
Озмоишгоҳи низоми миллии иттилотии пиряхҳои Тоҷикистон бо истифода аз аксҳои моҳворагии сифати баланд ва дақиқияти боло пиряхҳоро таҳкиқ намуда, масоҳати онҳоро дар дараи интихобшуда барои ҳар як ҳавзаи пиряхӣ муайян менамояд. Ҳамчунин 26 майи 2025 бо иштироки намояндаи Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ Озмоишгоҳи сифати об, санитария ва изотопҳо бо дастгирии Агентии амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академиии миллии илмҳои Точикистон оид ба татбиқи лоиҳаҳои ҳамоҳангсози Агентии байналмилалии неруи атомӣ (МАГАТЭ) дастрас шудааст, ифтитоҳ гардид. Ҳамчунин дар ин рӯз намояндагони 20 кишвари узви Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (МАГАТЭ) аз Муассисаи давлатии илмии "Маркази омӯзиши пиряхҳои Академии миллии илмҳои Тоҷикистон" дидан карданд.
Тағйирёбии иқлим ва коҳишёбии пиряхҳо раванди мураккаби табиӣ-антропогенӣ маҳсуб мешавад, ки миқёси умумибашарӣ дорад. Проблемаи мазкур бо таъсири антропогенӣ рушди тозаро касб намудааст. Яъне, партофти газҳои гулхонаӣ, таназзулёбии қабати озонии замин, тағйир ёфтани унсурҳои метеорологӣ, аз қабили баланд гардидани ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво, тағйир ёфтани ҳаҷм ва реҷаи тақсими боришот, зиёд гардидани ҳолатҳои фавқулода, таназзулёбии захираҳои обӣ, пиряхҳо ва экосистемаҳо, зиёд гардидани ғализии сифати ҳавои атмосфера, норасоии об ва амсоли инро метавон айни замон дар дилхоҳ минтақаи ҷаҳон мушоҳида кард.
Айни замон тахмин карда мешавад, ки тақрибан 10 фоизи сатҳи заминро пиряхҳо ташкил медиҳанд. Пиряхи калонтарини ҷаҳон Ламберт ном дошта, дар Антарктида ҷойгир аст. Чукурии он ба 2500 метр мерасад. Бари ин пирях 100 ва дарозиаш 400 километрро дарбар мегирад.
Обшавии пиряхҳо дар натиҷаи тағйирёбии шароити иқлимии сайёраи мо ба амал меоянд. Олимон муайян карданд, ки гармии офтоб дар фасли баҳор ва аввали тобистон дар Антарктика ҳавзҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст, ки дар обшавии пиряхҳо нақши бузург доштанд. Гузашта аз ин, интизор меравад, ки Антарктика то соли 2035 яхи баҳрии худро аз даст медиҳад.
Обшавии пиряхҳо ҳам барои инсоният ва ҳам тамоми экосистемаҳои сайёра оқибатҳои зиёди зараровар дорад ва ҳалли ин масъала ниҳоят душвор буда, муносибати комплексиро талаб мекунад. Муҳаққиқон аллакай як қатор чораҳоро барои кам кардани таъсири ҳарорат ба массаҳои пиряхҳо пешниҳод кардаанд. Масалан, дар мадори Замин насб кардани оинаҳои махсус ва сохторҳои сипар дар минтақаҳое, ки ба обшавӣ майл доранд. Олимон инчунин истифода бурдани растаниҳоеро, ки бо роҳи селексияи комплексӣ ба вуҷуд оварда шудаанд, таклиф кардаанд ва онҳо қодиранд ба зудӣ гази карбонро аз худ карда, таъсири ҳарорати баландро боздоранд.
Агар то соли 2040 суръати обшавии пиряхҳо ба ҳамин суръат идома ёбад, Антарктида қисман яхҳои худро аз даст медиҳад. Танҳо дар 10 соли охир масоҳати пиряхҳои қитъаи Аврупо 12% коҳиш ёфтааст. Дар натиҷаи обшавии пиряхҳои Гренландия, ин минтақа ҳамасола тақрибан сад миллиард тонна яхи континенталиро аз даст медиҳад.
Тайи 50 соли охир ба андозаи 2,5 дараҷа боло рафтани ҳарорати миёнаи сайёра мушоҳида шудааст, ки он боиси нобуд шудани пиряхҳо ва боло рафтани сатҳи Уқёнуси Ҷаҳонӣ мегардад. Суръати ин афзоиш дар як сол 0,4 миллиметрро ташкил медиҳад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ҳавасмандии худро дар самти омӯзиш ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, ки барои минтақа аҳаммияти ҳаётӣ доранд, иброз менамояд. Бо ин мақсад, дар сатҳи миллӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 417 аз 2 сентябри соли 2010 «Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» - қабул гардид, ки он давра ба давра амалӣ карда мешавад.
Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҷалби бештари диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба проблемаи таназзулёбии пиряхҳо 14 декабри соли 2023 Қатъномаи СММ қабул гардид, ки мувофиқи он соли 2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 21 март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуд ва соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилаи оид ба ҳифзи пиряхҳо гузаронида шавад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати кам кардани раванди коҳишёбии пиряхҳо чораҳои таъҷилӣ дида шуда, таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар, ба вижа Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баррасии масъала дар сатҳи ҷаҳонӣ равона карда шудааст. Дар ин робита бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори АМИТ Маркази омӯзиши пиряхҳо ифтитоҳ гардид, ки фаъолияти он ба таҳқиқи ҳолати пиряҳои ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳия намудани Феҳрист ва Атласи онҳо равона шудааст.
Роҳбари Маркази омӯзиши пиряхҳо Шерализода Назриало, ки соли 2024 ба ҳайси директори ин муассиса таъин шуданд, зимни баррасии мавзӯъ иброз доштад, ки бинобар дар кишвари мо вуҷуд доштани теъдоди бештари пиряхҳои Осиёи Марказӣ ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ ташаккул ёфтани захираҳои обии ин минтақа (60% оби ошомиданӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ҷойгир аст), масъалаи ҳифзи пиряхҳо на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми кишварҳои ин минтақа аҳаммияти махсус дорад.
Айни замон дар Маркази омӯзиши пиряхҳо “Лабораторияи омӯзиши фосилавии пиряхҳо” ва “Озмоишгоҳи илмӣ-истеҳсолии дастгоҳҳои худкори гидрометеорологӣ” таъсис дода шудааст, ки ҷиҳати таҳқиқи пиряхҳо ва мониторинги ташаккулёбии равандҳои криосферӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меоваранд.
Ба қавли Назриало Шерализода гармшавии глобалӣ ва тағйирёбии иқлим беш аз ҳама ба минтақаҳои баландкӯҳи Осиёи Марказӣ таъсир мерасонад. Ин на танҳо ба тавозуни оби ҳавзаи баҳри Арал таъсир мерасонад, балки боиси афзудани шумораи зиёди офатҳои табиӣ, аз қабили ярч, хурӯҷи кӯлҳои пиряхӣ ва селу обхезиҳои фалокатовар мегардад, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодии минтақа таъсирӣ манфӣ мерасонад.
Директори Марказ Назриалло Шерализода бар ин бовар аст, ки ҳалли масъалаҳои пешгирии оқибатҳои фалокатбори тағйирёбии иқлим ба қавли Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд дар миқёси глобалӣ баррасӣ карда шаванд ва дар ҳалли ин мушкилот ҷомеаи ҷаҳонӣ ва махсусан давлатҳои Осиёи Марказӣ бояд бетараф набошанд ва аз манофеи худ дифоъ кунанд. Осиёи Марказӣ ягона минтақае дар ҷаҳон нест, ки бо мушкилоти тағйирёбии иқлим рӯ ба рӯ аст ва таъсири он ба захираҳои оби фаромарзӣ бояд эътироф карда шавад.
Назриало Шерализода чун муҳаққиқи масоили об чунин мешуморад, ки тағйирёбии иқлим боиси аз байн рафтан ва нобудшавии намудҳои нодир, тағйирёбии баланси об ва истифодаи замин дар ноҳияҳои кӯҳистон мегардад.
Мувофиқи пешгӯиҳои ЮНЕСКО дар Осиёи Марказӣ бо коҳиш ёфтани обҳои рӯизаминӣ аз пиряхҳо, эҳтимол барои қонеъ кардани талабот ба оби ошомиданӣ ва обёрӣ, истифодаи обҳои зеризаминӣ афзоиш меёбад, бинобар ин Осиёи Марказӣ ба сармоягузории давомдор ҷиҳати эҳёи иқтидор, паҳн кардани дониш ва мониторинги обҳои зеризаминӣ ниёз дорад.
Ба ақидаи коршиносон кӯҳҳо ба тағйирёбии иқлим бештар ҳассос буда, ин тамоил на танҳо ба аҳолии кӯҳистон, балки ба бисёр субъектҳои дигар, ки ба истифодаи оби кӯҳӣ ё дигар омилҳои экосистемаи онҳо ниёз доранд, таъсири назаррас доранд. Бинобар ин таҳкими таҳқиқот оид ба хидматрасонии экосистемавӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ ва густариши ҳамкориҳои минтақавӣ барои мусоидат ба мутобиқшавӣ ба ин ҳолат хеле муҳим аст.
Илова бар ин, ба қавли муҳаққиқон айни замон зарурати тағйир додани муносибати ҷомеа нисбат ба об чун манбаи камёб ба миён меояд. Дар ин замина махсусан муҳим аст, ки тамоми кишварҳо бояд фаҳманд, ки захираи обҳои зеризаминӣ ва рӯизаминӣ бояд ҳифз карда шуда, истеъмоли об бояд сарфаҷуёна ташкил карда шавад, ки ба манфиати ҳама қишрҳои ҷомеа бошад.
Қурбонова Ширин - сарходими илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих.