Skip to main content

4-5 ноябри соли 2025 дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 1045 солагии донишманди маъруфи тоҷик Абуалӣ ибни Сино Симпозиуми байналмилалӣ дар мавзуи “Саҳми Абуалӣ ибни Сино дар рушди илм, фалсафа ва тамаддуни ҷаҳонӣ” баргузор мегардад.

Ҳадафи Симпозиуми мазкур фароҳам овардани платформаи ҷолиб барои мубоҳисаҳо, табодули дониш ва дастгирии ҳавасмандиҳои илмӣ дар соҳаҳои илмҳои инсоншиносӣ, иҷтимоӣ ва табиатшиносӣ, таҳкими робитаҳои таҳқиқотӣ-илмии байни донишгоҳҳо ва муассисаҳои илмӣ буда, баҳри пайдо намудани шарикони ҷаҳонӣ барои ҳамкории оянда имконият фароҳам меорад.

Дар симпозиум бо ширкати донишмандони маъруфи ватаниву хориҷӣ саҳми Ибни Сино дар рушди илму фалсафаи фазои фарҳангии форсу тоҷик; фалсафаи исломӣ ва фалсафаи умумиҷаҳонӣ; масъалаҳои омӯзиши осори энсиклопедии Абуалӣ ибни Сино дар асоси сарчашмаҳои боэътимоди таърихӣ ва дастхатҳо; рушди илму фарҳанг дар давраи Эҳёи Шарқ (асрҳои X-XI) ва нақши Абуалӣ ибни Сино дар он; робитаҳои фарҳангии халқҳои минтақа ва ҷаҳон дар асрҳои миёна ва мақоми Абуалӣ ибни Сино дар он; саҳми Абуалӣ ибни Сино дар раванди ташаккулёбии ҷаҳонбинии илмию фалсафӣ дар Шарқи Миёна ва Наздик; аҳамияти осори Абуалӣ ибни Сино барои замони муосир ва ғайра мавриди баррасӣ қарор мегиранд.