Skip to main content

123123Дар сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, арҷгузорӣ ба таърихи гузаштаи миллати тоҷик, ташаккули ҳисси худшиносӣ, тарбияи наслҳои имрӯзу оянда дар рӯҳияи ватандӯстивӣ ҳамеша аз рузҳои аввали ҳамчун президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданашон дар маркази таваҷҷӯҳ қарор дошт.

Иқдоми навбатии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки ба эҳёи хотираи таърихӣ ва гирд овардани рамзии шахсиятҳои барҷастаи миллат нигаронида шудааст, яке аз иқдомҳои созанда ва муҳими як вориси арзандаи ин миллати бузург мебошад. Зеро, имрӯз дар ҷаҳони муосир, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ ва таҳдидҳои маънавию иттилоотӣ рӯ ба афзоиш доранд, масъалаи таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳифз ва тарғиби арзишҳои миллӣ ба яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ табдил мегардад. Ояндаи миллат бо эҳё, гиромидошт ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ба ин васила тарбияи наслҳои оянда вобастагии ногусастанӣ дорад. Аз таҳлили сарчашмаҳо бармеояд, ки миллати тоҷик ҳамеша бо арҷгузорӣ ва ҳифзи арзишҳои таърихӣ - фарҳангӣ ҳуввияти миллии худро нигоҳ дошта, аз насл ба насл интиқол додааст. Аз ин нуқтаи назар арҷгузорӣ ба таърих, ҳифзи хотираи таърихӣ ва гиромидошти бузургони миллат дар ин раванд ҳамчун пояи устувори ҳуввияти миллӣ нақши калидӣ мебозад. Бояд зикр намуд, ки ин арҷгузорӣ танҳо ёдоварии гузашта нест, балки пайванди зиндаи наслҳо мебошад, ки аз гузашта ба имрӯз ва аз имрӯз ба фардо мегузарад. Бо такя ба арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавии худ, тоҷикон талош менамояд ҳуввияти миллиро дар қалби наслҳои оянда тақвият бахшанд, то онҳо гузаштаи худро бишносанд, забон, фарҳанг ва анъанаҳои ниёгонро пос доранд ва бо ифтихор роҳи рушди ҷомеаро идома диҳанд.

Бояд қайд намуд, ки хотираи таърихӣ, фарҳанги миллӣ ҳамеша муттаҳидкунанда аст. Яъне, инсонҳо бо фарҳанги ягона, таърихи муштарак, урфу одатҳои ягона ҳамеша бо якдигар наздиктар ва муттаҳиду қавӣ мебошанд, ки барои ҳифзи Тоҷикистони азиз ин нуқта низ хеле муҳим аст. Оиди ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: «Фарҳанг, бешубҳа, ифодагари рӯҳи миллӣ, расму русум, анъана ва хотираи ҳар халқу миллат мебошад. Аз фарҳангу миллат дида, башарият барои ба ҳам наздик кардани инсонҳо ва ваҳдати умум воситаи самараноктаре эҷод накардааст».

Воқеан, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо иқдоми ояндабахши худ, яъне эҳёи хотираи таърихӣ ва гирд овардани рамзии шахсиятҳои барҷастаи миллат сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллатро идома дода, дар таҳкими пояҳои маънавӣ ва таърихии давлатдории миллӣ саҳми арзанда гузоштанд. Таъсиси маҷмааи таърихию фарҳангӣ дар пойтахти кишвари азизи мо, шаҳри Душанбе ифодаи бозам ташкили фазои воҳиди маънавӣ мебошад. Ин маҷмаа на танҳо иншооти меъморӣ, балки макони рамзии пайванди гузашта, имрӯз ва ояндаи миллати тоҷик хоҳад буд.

Эҳёи хотираи таърихӣ дар чунин шакл ба таҳкими эҳсоси ифтихори миллӣ, эҳтиром ба мероси таърихӣ ва дарки масъулияти шаҳрвандӣ мусоидат мекунад. Барои насли ҷавон ин иқдом ҳамчун мактаби зиндаи худшиносӣ хизмат намуда, онҳоро ба омӯзиши таърих, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳисси масъулият барои ояндаи давлату миллат раҳнамоӣ мекунад. Шароити баамаломада метавонад ҷавононро барои дарки гузашта ва масъулияти имрӯзу ояндаи миллат муттаҳид намояд ва дар замири онҳо ҳисси баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва худшиносиро таҳким бахшад. Ин иқдом роҳи олии тарбияи маънавии наслҳои имрузу оянда мебошад.

Таъсис ин Маҷмаа пеш аз ҳама метавонад иттилооти дақиқи таърихиро оиди гузаштаи бойи миллати тоҷик ба наслҳои имрӯзу оянда диҳад. Бояд ёдовар шуд, ки даврони ҷаҳонишавӣ иттилоот арзиши хеле баланд дорад.

Акнун фурсати беназире ба мо даст додааст, то дар самти мустаҳкам кардани тарбияи ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон аз донишҳои муосир истифода намуда, фарҳанги меҳанпарастию миллатдӯстиро дар мағз - мағзи устухони имрӯзиёну ояндагон ҷой кунем.

Ба ин мақсади худ танҳо бо роҳи донишандӯзӣ, илмомӯзӣ метавон расид. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри амалинамоии ин ҳадаф озмунҳои гуногунро роҳандозӣ намуд, ки дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон нақши бузург дорад. Озмунҳои “Илм – фурӯғи маърифат”, “Фуруғи субҳи доноӣ...”, "Тоҷикон - оинаи таърихи миллат" ва ғайра ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил карда шуд ва ба ин сабаб бисёриҳо ба дониш руй оварданд, дар дили бисёр инсонҳо шуълаи шавқу рағбат ба илму маърифат пайдо шуд. Ин озмунҳо, ки инсонҳо чандин аср назирашро надидаанд, боиси пешрафти рузафзуни миллат мешавад. Дар мамлакате, ки дониш қадр дошта бошад, ба таърихи гузаштаи худ арҷ гузошта шавад ҳатман ватандӯсту худшинос ҳар рӯз бештар мешавад ва барои ояндагон низ ин гуна иқдомҳо бисёр муҳим аст.

Ин иқдоми муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти эҳёи хотираи таърихӣ қадами муҳим ва саривақтӣ дар роҳи таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳар яки мо аз чунин иқдомҳо бояд самаранок истифода намоем. Ҳукумат барои мо шароит фароҳам овардааст, то барои ояндаи худ кӯшиш кунем, ҳисси ватандӯстию ҷаҳонбинии худро ташаккул диҳем, соҳиби донишу илму маърифат гардида, дар ҳифзи арзишҳои миллии худ саҳмгузор бошем.

Мо бояд қадри ин даврони сӯлҳу субот ва оромиро дониста дар паи омӯзиши пай дар пай таърихи гузаштаи худ шавем то ояндаи худ ва ояндагонамонро ободтару зеботар кунем.

Аз омӯхтани илму дониш наҳаросем, чунки дониш чизе нест ҷуз некӯи ва таҷрибаю ибрат. Ҷавонон пеш аз ҳама дар ҳоли савияи дониши баланд доштан, донистани гузаштаи худ, сарфаҳм рафтани арзишҳои миллии худ худогоҳу ватандӯст мегарданд.

Тарбияи ватандӯстӣ низ дар ҳоле муваффақ мегардад, ки ҳар ҷавони мамлакат маърифатнок гардида, дарк намояд, ки дар ин замон зиндагӣ дорем, дар замоне, ки илму дониш қадр дорад, донишманд роҳёбаст ва сӯлҳу суботу дӯсти пойдор аст.

Ситора АБДУМУМИНЗОДА, номзади илмҳои педагогӣ, Мудири шӯъбаи кор

бо магистрон, докторантон аз рӯи ихтисос PhD ва унвонҷӯёни ИФС АМИТ.