Об асту ҳаёт пойдор аст,
Об асту замину кишту кор аст.
Маҳсули ҳама ҷаҳони ҳастӣ,
Аз ҳастии оби файзбор аст.
Оре, об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам аст. Об захираи бузургест, ки воқеияти он ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, растаниву инсоният, хосса зиндагии осоиштаву ободӣ ва озодагиву пурбаракатӣ ҳама ба об вобастагӣ дорад. Обро инсон барои нӯшидан, пухтани хӯрок, шустушӯй, сохтани манзил, тозагии кӯчаҳо, обёрии заминҳои кишоварзӣистифода мебарад. Инчунин одам бо роҳҳои обӣ заврақу киштӣ ронда, ҳар гуна бор ва мусофиронро мекашонад. Оби шаршарадор турбинаҳоро ба ҳаракат дароварда, неруи барқ ҳосил мекунад. Бо қувваи оби зиёд чархи санги осиёб, дастакҳои обҷувоз ҳаракат мекунанд. Кори ягон соҳаи саноат бе об пеш намеравад. Дар фабрикаву заводҳо обро барои омодакардани маҳлули рангҳо, оҳар додани матоъ, коркарди пӯст, коркарди коғаз, истеҳсоли собун ва нонпазӣ, нӯшокиҳои мухталиф истифода мебаранд.
Инсон бе об зиндагӣ карда наметавонад. Ҳатто қисмати зиёди вазни бадани инсоният аз об иборат аст. Инсон дар тамоми лаҳзаҳои ҳаёташ аз об истифода мебарад. Об одамро аз ифлосию нопокӣ, аз бемориву дардҳо эмин мегардонад. Об сабзавоту наботот ва ҳайвонотро, ки инсон ҳамеша бо онҳо эҳтиёҷдорад, манбаи асосист. Ҳатто намии замин аз об аст, ки бе он ягон растанӣ ва гулу гиёҳ намерӯяд. Зеро об манбаи ҳаёт аст.
Мо, Тоҷикистониён аз сероб будани сарзамини бузургамон бояд ҳамеша ифтихор намоем. Тоҷикистон аз захираи об бой буда, қариб 7000 пирях, 155 кӯли гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашмаҳои обии одию маъданӣ ва обанборҳои зиёд дорад. Ин маъхази бузург, ки одамро асос аст, об аст. Бе об зиндагӣ пойдор буда наметавонад.
Аз қадимулайём дар китобҳо об ҳамчун манбаи асосии ҳаёт дониста мешавад. Чор унсур дар ҳаёт муқаддасанд: об, хок, оташ, бод, ки тамоми мавҷудоти олам ба онҳо эҳтиёҷ доранд.
Ба ифодаи Умари Хайём:
Аз оташу обу боду хокем ҳама,
З-ин чор чу набванд ҳалокем ҳама.
Модоме ки асоси зиндагии ҳамаи мавҷудоти олам обро медонем, пас вазифадорем, ин маъхази бузургро чун асоси ҳастӣ, чароғи равшанидиҳанда ва сарвати бебаҳои зиндагӣ эҳтиром намоем, онро ҳамеша тозаву озода нигоҳ дорем, нагузорем, ки нохалафе ин муъҷизоти бузургро ифлос гардонад, ба он ифлосиҳо партояд ё ягон амали носазоеро нисбати он раво бинад.
Зи ҷӯе, ки хурдӣ аз он оби пок,
Набояд фикандан дар он сангу хок,
Тоза нигоҳ доштани об ва муқаддас шумурдани он, гиромӣдонистани ҳар қатраи ин муъҷизаи бузург қарзи ҳар як инсони соҳибфарҳанг аст, зеро об на танҳо ҳамчун манбаи ободӣ, балки маъхази нуру рӯшноӣ маҳсуб меёбад.
Об бошад гавҳари қимматтар аз лаълу гуҳар,
Покии ҳар қатраи он покии хайрулбашар.
Об ҳасту ободӣ низ ҳаст мегӯянд дар урфият. Об аст, ки кулли мавҷудоти олам дар афзоишу рушду нумӯъ ва пояндагӣ қарор доранд. Об аст, ки инсон ҳатто дар дами марг қатрае аз он ошомида нафас рост мекунад. Об аст, ки гулу гиёҳ аз он рангу бӯй, таровату пояндагӣ мегиранд. Бе об ҳаёт маъно надорад.
Зиндагиро аз ҳастии об асос аст. Мутаассифона, бархе аз инсонҳои беандеша дидаю дониста наҳру ҷӯйбор ва чашмасорро ифлос мегардонанд. Дар канори рӯду ҳавзҳопартовҳои маишӣ партофта онро ифлос мекунанд. Обро бе сарфаю сариштакорӣ истифода мебаранд, ки ин боиси ба саломатии аҳолӣ ва сокинони сайёра зиён расонидан хоҳад гардид. Ҳамин тариқ, тозаю озода нигоҳ доштани он, макрӯҳ накардани ҳар қатраи об вазифаи ҷонӣ ва муқаддаси ҳар як шахси мусалмон махсуб меёбад.
Хулоса, аз гуфтаи Пайғамбари бузург Расули Акрам «Об ҳақиқатан поккунанда ва асоси ҳастист, ки чизе онро наҷис нагардонад». Аз ин лиҳоз, обро эҳтиёт намуд ва инчунин онро покизаю мусаффо нигоҳ доштан зарур аст.
Бо мақсади аз таъсироти манфии инсон ва ҷомеа нигоҳ доштани табиат, махсусан, захираҳои обӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадан ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зисти кишвар, минтақа ва ҷаҳон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда истодааст. Вобаста ба муҳиммияти масъалаҳои экологӣ бо тақозои замон тайи солҳои соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ тағйироту иловаҳо ба аксари қонунгузориҳои ҳифзи табиат ворид карда шудаанд. Ҳамзамон дар ин самт беш аз 40 қонун дар бораи экология ва сарватҳои табиӣ қабул гардидааст.
Бо иқдом ва саҳмгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли 1993 дар якҷоягӣ бо роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Фонди байналмилалии наҷоти баҳри Арал таъсис дода шуд. Соли 2002 бо мақсади ҳалли қазияи марбут ба об ва масоили экологии баҳри Арал дар шаҳри Душанбе ҳамоиши Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар ин ҳамоиш раисии Фонди байналмилалии наҷоти баҳри Арал аз соли 2002 то соли 2008 ба уҳдаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вогузор карда шуд.
Об манбаи нахустин ва ногузири қонеъ гардондани талаботи асосии инсон, пеш аз ҳама барои ҳифзи саломатӣ, таъминоти ғизои безарар, тозагӣ ва нигоҳ доштани экосистемаҳо дар сайёраи мо мебошад.
Ба ибораи дигар, об манбаи ҳаёт ва ҷузъи асосии рушди устувор ба ҳисоб меравад. Бинобар ин хеле зарур аст, ки об ҳамчун омили муҳиммтарини иҷтимоиву иқтисодӣ баррасӣ гардад ва дар чаҳорчӯбаи воқеияти имрӯзаи иҷтимоиву иқтисодӣ идора карда шавад.
14-уми декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пуштибонии 153 кишвари аъзо ташаббуси 5-уми байналмилалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар соҳаи обу иқлим пазируфт. Тибқи ин қатънома соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шуд, ва аз оғози соли 2025 минбаъд ҳар сол рӯзи 21-уми март ҳамасола ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил карда мешавад. Инчунин, мутобиқи ин қатънома Созмони Милали Муттаҳид таҳти ҳамоҳангии Дабири кулли ин созмон Фонди трастии мақсаднок, яъне Хазинаи байналмилалии мақсадноки эътимодро ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо таъсис медиҳад.
Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои экологии хислати ҷаҳонӣ дошта баромад намуда, дар самти ҳифзи захираҳои табиии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ саҳми босазои худро гузошта истодааст.
Саидзода Ҳалим Азиз – Мудири Шуъбаи татбиқи илм дар истеҳсолоти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Саидов Давлатёр Маҳмадсалимович – Мутахассиси пешбари Шуъбаи татбиқи илм дар истеҳсолоти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон