Обшавии пиряхҳо яке аз масъалаҳои доғи рӯз ба ҳисоб меравад. Чӣ хеле ки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, обшавии босуръати пиряхҳо айни замон ба як буҳрони глобалӣ табдил ёфта, дар тӯли даҳсолаҳои охир бо суръати баланд давом карда истодааст. Ин дар таърихи инсоният раванди ниҳоят ташвишовар ва бесобиқа ба ҳисоб рафта, қариб тамоми минтақаҳои ҷаҳонро фаро гирифтаааст, ки машҳуртаринашон Арктика (қутби шимол, минтақаи Океани Яхбастаи Шимолӣ) ва қитъаи Антарктида (қутби ҷануб) мебошанд.
Сабаби асосии обшавии яхбандиҳо тағйирёбии иқлим ва гармтар шудани ҳарорати ҳаво мебошад, ки ба фаъолияти инсон, бахусус сӯзонидани сӯзишвории истихроҷшуда ва бар асари ин дар атмосфера ҷамъ шудани газҳои гулхонаӣ, робитаи зич дорад. Дар давоми даҳсолаи охир олимон ҳарорати миёнаи солонаи сатҳи рекордиро ҳуҷҷатгузорӣ намуда, дар саросари сайёра, инчунин дигар аломатҳои тағйирот, аз он ҷумла тақсимшавии қабатҳои яхин, инчунин шӯршавӣ, болоравии сатҳ ва ҳарорати уқёнусҳоро мушоҳида кардаанд.
Мувофиқи натиҷаи ин мушоҳидаҳо, суръати обшавии пиряхҳо нисбат ба солҳои 90-уми асри гузашта 57% афзуда, тибқи тамоилҳои кунунӣ, агар гармшавӣ ҳамин тавр давом ёбад, то соли 2100 метавонанд аз се ду ҳиссаи пиряхҳои Замин аз байн раванд.
Масалан, нисбат ба соли 1912, беш аз 80 фоизи барфҳои машҳури Килимандҷаро дар Африқо, об шуда рафтаанд. Пиряхҳои Ҳимолой дар Ҳиндустон чунон зуд ақибнишинӣ карда истодаанд, ки аксари пиряхҳои қисмати марказӣ ва шарқии он метавонанд то соли 2035 қариб тамоман аз байн раванд. Тӯли 30 соли охир яхбандиҳои баҳрии Арктика тақрибан 10% коҳиш ёфта, обшавии яхбандиҳо дар нимкураи шимолӣ нисбат ба 150 соли пешин нӯҳ рӯз пештар ва яхбандии тирамоҳӣ даҳ рӯз баъдтар рух медиҳанд. Обшавии босуръати яхбандии абадӣ дар баъзе қисматҳои Аляска бошад, боиси беш аз 4,6 метр паст фуромадани сатҳи замин шудааст.
Пиряхҳо дар Шветсия ва Норвегия бо суръати бесобиқа об шуда истодаанд. Олимон инро мустақиман ба гармшавии давомдори глобалии марбут ба тағирёбии иқлим, ифлосшавии ҳаво ва афзоиши партовҳои газҳои гулхонаӣ нисбат медҳиҳанд, ки бар асари онҳо пиряхҳо, ба ҳисоби миёна, соле 1,8 метр коҳиш меёбанд, ки аз меъёрҳои муқаррарии таърихӣ афзунтар мебошад. Агар ин тамоюл ҳамин тавр идома ёбад, бахше аз пиряхҳои ин минтақаҳо дар тӯли чанд даҳсолаи оянда аз байн хоҳанд рафт.
Гренландия пас аз Антарктида дувумин яхбандии калонтарин буда, масоҳати яхбандиаш 1 833 900 километри мураббаъро ташкил менамояд, ки тақрибан 80% қаламрави онро ишғол мекунад. Дарозии яхбандӣ аз шимол то ба ҷануб тақрибан 2530 километр ва бараш дар шимол 1094 километрро ташкил медиҳад. Ғафсии миёнаи яхбандӣ 1500 метр ва ғафсии бузургтаринаш зиёда аз 3000 метр мебошад. Тибқи баъе сарчашмаҳо синну соли яхбандиии ин минтақа, тақрибан 110 ҳазор сол ва тибқи сарчашмаҳои дигар, зиёда аз 200 ҳазор сол арзёбӣ шудааст. Зери яхбандии Гренландия дарозтарин оббурдаи (дараи) рӯи замин мавҷуд мебошад, ки аз соҳили шимолӣ то ба масофаи 750 километр тул кашидааст.
Соли 1930 дар болои яхбандии Гренландия станцияи кутбии «Эйсмитт» шинонида шуд, ки дар он, дар баландии тақрибан 3000 метр аз сатҳи баҳр, тадқиқотҳои метеорологӣ ва глятсиологӣ (омӯзиши пиряхҳо) гузаронида мешаванд.
Мушоҳидаҳои моҳворавии давоми солҳои 2007 - 2008 гузаронидашуда нишон доданд, ки масоҳати яхбандии Гренландия, дар тӯли 30 соли тадқиқотҳо, ба ҳадди минималии худ расидааст. Ҳаҷми яхбандӣ 2,85 миллион километри мукааб ҳисоб карда шуда, агар он об шавад, сатҳи баҳр 7 метр баланд мешавад.
Тахмин меравад, ки то ба ҳадди 3°С афзудани ҳарорати миёнаи солона, яхбандии Гренландия об шуда истода, тӯли ҳазорсолаҳо коҳиш меёбад ва бо афзоиши ҳарорати ҳаво то ба 8°C, метавонад дар тӯли 1000 сол комилан об шуда равад.
Талафоти зиёдтарини яхбандиҳо дар қаторкӯҳҳои арзҳои муътадил ва тропикӣ, ба монанди Тиёншон, Ҳимолой, Алп ва Кӯҳҳои Харсангӣ (дар ИМА) мушоҳида мешавад. Пиряхҳои баландиҳои субэкваториалӣ ва экваториалӣ, аз қабили вулкани Килиманҷаро дар Африка, кӯҳҳои Рвензори, Кения, Ҷайя, қисматҳои шимолии қаторкӯҳи Анд - даҳсолаҳои охирини мавҷудияти худро аз cap гузаронида истодаанд.
Дар давраи яхбандии хурд, тақрибан байни солҳои 1550 - 1850, ҳарорати миёнаи ҳаво дар ҷаҳон, назар ба имрӯз, каме пасттар буд. Пас аз нимаи дуйуми асри 19 тавозуни массаи бисёр пиряххои сайёра манфӣ шуда, боиси камшавии масоҳат ва тавозуни массаи пиряххо, инчунин зиёд шудани абляция (обшавӣ) дар қисмати забонаи онҳо гардид. Ин ақибнишинӣ дар муддати кӯтоҳи мӯътадилшавии иқлим, давоми солҳои 1950 – 1990, суст ва ҳатто қатъ шуд. Дар ин давра бисёр пиряхҳои кӯҳҳои Сент Элиас, яхбандиҳои Патагония ва Скандинавия ба тавозуни мусбати масса соҳиб шуда, пешрафти забонаҳо ва ғафсшавии майдонҳои ҷамъкунии онҳо (аккумулятсионӣ) мушоҳида карда шуд.
Аз солҳои 1980 асри гузашта, оҳиста - оҳиста гармшавии назарраси глобалӣ ба мушоҳида расида, он боиси обшавии нав ва шадидтари пиряхҳо дар саросари ҷаҳон ва асосан манфӣ гардидани тавозуни массаи онҳо гардид.
Ин маълумотҳо нишон медиҳанд, ки тағирёбии иқлим ба ҷаҳони гирду атрофи мо то чӣ андоза таъсири ҷиддӣ мерасонад, бахусус ба қабатҳои яхбандӣ бо номи криосфера. Мувофиқи тадқиқотҳои дар соли 2024 гузаронидаи олимон, пиряхҳо бо суръати рекордӣ об ва ҷангалзорҳо ба миқдори зиёд нобуд шуда истодаанд. Дар давоми як соли гидрологӣ - аз октябри соли 2023 то сентябри соли 2024 - 19 пиряхи зери мушоҳидаҳо қарордошта 450 миллиард тонна массаашонро гум кардаанд.
Аз соли 1990 бошад, то инҷониб, инсоният 420 миллион гектар ҷангалзорро нобуд кардааст, ки ба нисфи масоҳати Чин баробар аст. Суръати талафоти ҷангалзор махсусан давоми солҳои 2015 - 2020, ки соле тақрибан 10 миллион гектар ҷангалзор бурида мешуд, хеле тез буд. Ин ба он нигоҳ накарда ки ҷангалзорҳо барои сайёраи мо бисёр муҳиманд, зеро онҳо дуоксиди карбонро фуру бурда, ба ҷилавгирӣ аз гармшавии глобалӣ мусоидат мекунанд.
Олимон ҳушдор медиҳанд, ки барои суст кардани ин равандҳо мо бояд партовҳои газҳои гулхонаиро, ки захираи пиряхҳоро ҳифз мекунанд, ба таври фаврӣ кам кунем ва агар чораҳои зарурӣ адешида нашаванд, оқибаташ барои табиат ва одамон фалокатбор шуда метавонад. Онҳо, аллакай аз ҳозир, баъзе оқибатҳои обшавии пиряхҳоро қайд кардаанд:
сатҳи баҳр дар саросари ҷаҳон соле 3,2 миллиметр баланд шуда, интизор меравад дар даҳсолаҳои оянда афзоиш ёбад;
баъзе намудҳои ҳайвонот зери хатари нестшавӣ қарор доранд, масалан, баъзе популятсияҳои пингвинҳои Адели дар Антарктида 90% коҳиш ёфтаанд;
муҳоҷирати баъзе намуди шабпаракҳо, рӯбоҳҳо ва растаниҳо ба шимол ё ба минтақаҳои баландтару хунуктар ҷараён дорад;
гарчанде дар саросари ҷаҳон боришот (борону барф) ба ҳисоби миёна зиёд шуда бошад ҳам, бо вуҷуди ин, баъзе минтақаҳо хушксолии шадидтарро аз сар гузаронида истодаанд (сӯхтори ҷангал, талафоти ҳосил ва норасоии оби ошомиданӣ);
агар тамоми яхҳои Антарктида (90% яхбандии ҷаҳон ва 70% оби тозаи он) об шаванд, сатҳи баҳр дар саросари ҷаҳон тақрибан 61 метр баланд мешавад.
450 миллиард тонна яхҳо об шуда, миллионҳо гектар ҷангалзорҳо нобуд шудаанд.
Дар ин радиф, Тоҷикистон чун натиҷаи ҷамъбасти Кофронси байналмилалии дар моҳи майи соли 2025 ба муносибати соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо баргузоршуда, ҷиҳати коҳиш додани раванди обшавии пиряхҳо амалҳои фаврии зеринро пешниҳод намудааст:
баланд бардоштани сатҳи огаҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба нақши ҳаётан муҳимми пиряхҳо дар таъмини захираҳои оби ошомиданӣ ва ҳалли маҷмӯи масъалаҳои рушди устувор;
таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, бо ҷалби фаъоли олимону пажӯҳишгарон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор барои ҳалли мушкилоти обшавии босуръати пиряхҳо ва оқибатҳои фарогири он;
ба роҳ мондани мониторинги фарогир ва таҳқиқоти илмӣ бо мақсади беҳтар дарк намудани ҷараёни тағирёбии пиряхҳо ва таъсири онҳо ба низомҳои экологӣ (экосистемаҳо), захираҳои об, масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва тағйирёбии глобалии иқлим;
татбиқи иқдомҳои дастаҷамъӣ бо мақсади бартараф намудани оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии обшавии босуръати пиряхҳо, аз ҷумла таъсири он ба дастрасӣ ба об, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, истеҳсоли неруи барқ ва ҳифзи мероси фарҳангию табиӣ;
андешидани чораҳои таъхирнопазир ҷиҳати ҳифзи наботот ва ҳайвоноте, ки дар натиҷаи обшавии босуръати пиряхҳо аз шароити маъмулии зисти худ маҳрум мегарданд;
ҳамоҳанг ва наздик намудани чораҳои ба ҳифзи пиряхҳо равонашуда бо тадбирҳои марбут ба ҳалли мушкилиҳои тағйирёбии иқлим;
истифодаи самаранок ва ҷалби захираҳои молӣ ва фаннӣ барои татбиқи амалии ташаббусҳо ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо ва саҳмгузорӣ ба Бунёди боэътимоди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
таҳия ва татбиқи стратегия ва барномаҳои амал дар сатҳҳои миллӣ ва минтақавӣ ба хотири наслҳои оянда. Инчунин, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карда шуд, ки Стратегияи глобалии ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ таҳия карда шавад.
Алишо Шомаҳмадов – ходими пешбари илмии Маркази омӯзиши пиряхҳои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои физикаю математика