Skip to main content

2ДУШАНБЕ, 02.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 30 май дар «Кохи Ваҳдат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маориф мулоқот намуданд. Ҳадафи вохӯрӣ баррасии натиҷаҳои мулоқоти қаблӣ бо аҳли зиё, ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ дар мамлакат буд. Дар мулоқот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди мамлакат ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, бо мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он, беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятро муҳайё намудааст.

Олимону донишмандон дар партави мулоқоти Президенти мамлакат бо аҳли илм ва маориф ба нишонии АМИТ Ховар андешаҳояшонро дар шакли мақола ирсол намуданд ва яке аз онҳоро пешниҳоди хонандагон мекунем.

— Пешравиҳои технологии асри ХXI, ки ба рушди кишварҳои Ғарбу Шарқ такони ҷиддӣ бахшиданд, ба истифодаи дастовардҳои илмӣ асос мегиранд. Илм на танҳо соҳаи истеҳсолотро муайян мекунад, балки ба самтҳои зиёди фаъолияти инсон тавассути усулу воситаҳои гуногун таъсир мерасонад. Хусусан илм дар ташаккули шахсият муассир аст. Ба воситаи низоми таҳсилу тарбия, ки қабл аз ҳама ба ҳосил намудани донишҳои илмӣ равона аст, он навъи махсуси дониши инсониро ба вуҷуд меоварад. Аз ин ҷо ҷанбаҳои ҳастии илм чунин муайян шудаанд:

1) маърифатӣ (бештар қонунҳои айнии воқеият),
2) навъи махсуси фаъолияти инсон;
3) ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ.

Вазифаи илм ҳамчун неруи бевоситаи истеҳсолӣ имрӯзҳо равшантар зоҳир мешавад, зеро ки илм аз чаҳорчӯбаи тафаккури таҷдидӣ-назариявӣ дар бораи табиат берун баромада, ба қуввае табдил меёбад, ки дар аксари ҳолатҳо истеҳсолотро ташкил ва назорат мекунад, самти инкишофи онро муайян менамояд. Натиҷаҳои илм то миёнаҳои асри XIX танҳо ба шакли порчагӣ дар амалия таҳқиқ меёфтанд. Имрӯзҳо дараҷаи аз худ намудани он дар фаъолияти амалӣ бештару васеътар аст.

Ворид шудани илм ба истеҳсолот бевосита ба инкишофи дохилии он таъсири зиёд дорад. Ба ҳайси неруи ҳаракатдиҳандаи иҷтимоӣ илм барои амалӣ намудани барномаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии рушди ҷомеа ва ҳаллу фасли масоили умумиҷаҳонии муосир мавриди истифода қарор мегирад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар ба соҳаи маориф илмро аз соҳаҳои афзалиятнок ҳисобида, барои рушди он, дастгирӣ ва ҳавасмандагрдонии олимон пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад. Бахусус баргузор кардани мулоқотҳои Пешвои миллат бо аҳли зиё, ки дар онҳо натиҷагирии фаъолияти соҳа таҳлилу баррасӣ ёфта, дастовардҳо арзёбӣ, камбудиҳо ошкор ва роҳҳои рафъи онҳо нишон дода мешаванд, аз ҷумлаи иқдоми наҷибу шоиста ва ифодакунандаи таваҷҷуҳи давлат ба соҳаи илм мебошад.

Мулоқоти навбатии Президенти мамлакат бо аҳли илму маориф, ки ҳадафи он дар заминаи натиҷаҳои мулоқоти қаблӣ баррасии ҳолати имрӯза ва дурнамои рушди илм, тақвият додани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ-риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирӣ ва рушди ихтироъкорӣ, тарбияи кадрҳои илмӣ, густариши мактабҳои илмӣ мебошад, низ бозгӯи он аст, ки олимони тоҷик сармояи зеҳнии ҷомеа мебошанд ва бо заҳмату талош, меҳнати пурмаҳсули онҳо илми тоҷик метавонад дар сатҳи байналмилалӣ эътироф пайдо кунад. Олимони дақиқназару ихтироъкор ҳамчун меросбарони зиёиёни гузаштаи фарҳангофар, ки бо дастовардҳои илмии худ дар риштаи илмҳои риёзӣ, ҳандаса, тиб, нуҷум, иҷтимоиёт, ҷуғрофия, сиёсат, ахлоқ ва ғайра дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ нақши калидӣ гузоштанд, имрӯз низ новобаста аз бурхурди тамаддунҳо, вусъат касб кардани тағйироти мудаввоми иҷтимоӣ-сиёсӣ парчамбардори рушди илми муосири башарӣ мебошанд.

Олимон бояд намояндагони миллати соҳибфазл, фарҳангофар ва тамаддунсоз будани худро нишон диҳанд, то давлати миллӣ пояҳои асосии худро мустаҳкам карда, зиндагии шоистаро барои аҳолӣ муҳайё намояд, тавонмандии истифодаи «зеҳни сунъӣ»-ро барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ соҳиб шавад. Зеро ба таъкиди Пешвои миллат, «дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд. Ба ин маънӣ, дастоварди олимон на танҳо пешрафти як давлату миллатро такон мебахшад, балки метавонад мавриди истифодаи башарият қарор гирад».

Матни суханронии Пешвои миллат, ки дар он ҳамаи комёбиву муваффақияте, ки аҳли илму маорифи кишвар дар давраи истиқлоли давлатӣ ноил шуданд, масъалаҳои ҳалталабе, ки иҷро ва рафъи онҳо барои дурнамои рушди ҷомеа ҳатмӣ ва шарт мебошанд, ба шакли мукаммал дар сомонаҳои интернетӣ, рӯзномаву ҳафтаномаҳо рӯйи нашрро дида, дастраси аҳли илму маориф ва кулли аҳолии мамлакат гардид. Аз ин рӯ, ин ҷо зарурат барои гуфтани ҳар сархати матни мулоқот пеш намеояд ва танҳо таъкид кардан мебояд, ки масъулин, кормандони муассисаҳои илмӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ, олии нопурра, таҳсилоти олии касбӣ ва дигар ниҳодҳои дахлдор оид ба камбудиҳои ошкоршуда, ки масъалаҳои ҳалталаби соҳа маҳсуб мешаванд, нақшаи чорабиниҳо таҳия карда, иҷрои саривақтии онҳоро таъмин гардонанд. Бахусус:

— раванди таълиму тарбияро дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ба роҳ монанд, то робитаи се ниҳоди муҳим: оила, мактаб ва ҷомеа мустаҳкам гардида, мушкилоти дар ин самт вуҷуддошта бартараф карда шавад;

— барои тавсияи хонандагон бобати таҳсил дар муассисаҳои типи нав, яъне гимназия, литсею коллеҷ ва довталабон ба донишгоҳу донишкадаҳо завқ ва қобилияти онҳоро ба эътибор гиранд;

— омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои илмиро ба азбарнамоии забонҳои хориҷӣ ва азхудкунии технологияи инноватсионӣ равон намоянд, то онҳо дар раванди фаъолият муаррифи дастовардҳои илмӣ, муваффақияти соҳаи маорифи кишвар дар арсаи байналмилалӣ гарданд;

— ба сатҳу сифати дониши хонандагон, донишҷӯён таваҷҷуҳи зарурӣ диҳанд ва онҳоро ба талаботи бозори ҷаҳонии меҳнат рақобатпазир тарбия намоянд;

— воситаю таҷҳизоти нодаркор ва ба талаботи ҷомеаи муосир ҷавобгӯ набударо дар сохтор ва зерсохторҳои муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ бо воситаю таҷҳизоти нави замонавӣ иваз намуда, бо ин васила сатҳи ҷаҳонбинии шогирдонро васеъ ва тафаккури техникиашонро ташаккул диҳанд;

— вобаста ба ҷойҳои ҷудошуда довталабонро дар зинаҳои таҳсилоти магистратура, доктор PhD, докторантура бо эътибори ихтисос таъмин намуда, фаъолияти онҳоро мувофиқи бандҳои нақшаи инфиродӣ зери назорати ҷиддӣ қарор диҳанд, то дар муҳлати муқарраргардида сазовори дараҷаҳои илмӣ гардида, дар пешрафти илми тоҷик хизмати беғараз кунанд;

— ҳар шашмоҳа дар ҷаласаҳои воҳидҳои сохторӣ натиҷаи фаъолияти роҳбарони илмии унвонҷӯёну аспирантон ва докторантонро оид ба вазъи иҷрои корҳои илмии шогирдон баррасӣ карда, бандҳои алоҳидаи қарор қабул карда, назорати онҳоро таъмин гардонанд;

— дар сохтор ва зерсохторҳои муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вобаста ба самти ихтисос кадрҳои ҷавонро ба кор таъмин гардонанд, барои такмили тахсассус ва бозомӯзии илмии онҳо пайваста тадбир андешанд;

— олимон ва омӯзгорони соҳибтаҷриба, соҳибмактаб ва фидоии илму маорифро барои сазовор гардидан ба ҷоизаҳо, унвонҳо ва мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла унвонҳои фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон дар соҳаи маориф, ҷоизаҳои давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаҳои илм ва техника, Ҷоизаи давлатӣ барои олимону омӯзгорони фанҳои табиӣ ва риёзӣ, ҷоизаҳои давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон ва ғайра тавсия диҳанд;

— барои он ки мавзуъҳои фармоишии аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда актуалӣ ва самарабахш бошанд (нусхаи кӯтоҳкардашудаи корҳои илмӣ-таҳқиқотии таҳия ва ё дифоъкардаи олимон набошанд), шурои экспертиро зарур аст, ки ба сифати муқарриз олимони варзидаи соҳавӣ, воқеъбин ва дақиқназарро таъйин намояд, ба хислати рӯпӯшкунӣ хотима бахшанд;

— дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олии касбӣ раванди робитаи илм бо истеҳсолот ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои олимону ихтироъкорон ба талаботи ҷомеаи муосир ҷавобгӯ гардонида шавад. Аз ҷумла, ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ бо соҳибкорон, шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ҷорӣ гардидани механизми тиҷоратикунонии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва навовариҳо ва ғайра мушкилоти мавҷудаи соҳаро бартараф карда, ба рушди илм мусоидат менамояд;

— нисбат ба масъалаи тайёр кардани олимони ҷавон аз рӯи ихтисосҳои зилзилашиносӣ, энергетика, геология, меъморӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, металлургия, биологияи молекулӣ, генетика, селексия, биотехнология, биохимия ва экология, ки тақозои талаботи ҷомеаи муосири Тоҷикистон мебошад, тадбирҳои ҷиддӣ андешанд. Тарбия кардани олимони ҷавон аз ихтисосҳои илмҳои вирусология, иммунология, генетикаи тиббӣ, мантиқ ва методологияи илм, сотсиология, яъне иҷтимоиёт, ҳуқуқи байналмилалӣ, таърих ва назарияи забоншиносӣ, демография, ҷуғрофия ва ғайра ниёзи ҷомеа мебошад;

— маблағи лоиҳаҳои ба соҳаи илм ва маориф ҷудо кардашуда самаранок истифода бурда шавад, то аз татбиқи онҳо натиҷаҳои назаррас ба даст оянд, ки ба рушди бонизоми ҷомеа мусоидат намояд;

— барои муайян кардани рейтинги ҳар олими тоҷик, самаранокии фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ меъёрҳои арзёбӣ муайян карда шаванд.

Ҳамин тавр, вақте давлат аз илму маорифи мамлакат ҳимоят мекунад, хизмати олиму омӯзгорро қадр менамояд, пас мо низ дар ҷавоб бояд фидоии касби худ бошем, барои пешрафти ҷомеа, тарбияи кадрҳои ҷавон ғамхору содиқ бошем, фарҳанги пурғановати худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем. Бетарафӣ пеша насозем, беасос якдигарро танқид накунем, ба таълифоти якдигар аз ҷиҳати интиқодӣ назар андӯхта, ахлоқи олимро риоя дорем, барои беҳбуди кор ва ба даст овардани самара ба якдигар маслиҳатҳо диҳем. На ин ки аз интиқоди ҳамкасб тухми кина дар дил парварида, нисбаташ ҳарфи носазо гӯем.

Олимони тоҷик соҳибфазл ва бузургонаш соҳибмактаб мебошанд. Ҳамеша ба ҳамдигар дасти мадад расониданро дареғ намедоранд. Бинобар ин, иттиҳоди онҳо метавонад ин мушкилоти ҷойдоштаи соҳаи илм ва маорифи кишварро бартараф карда, илми тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ ва барои дар истеҳсолот татбиқ намудани дастовардҳои назариявӣ неруи ақлиро сарфа созад.

Нозим МАҲМАДИЗОДА,
профессор, доктори илмҳои фалсафа