Аз нимаи дуюми асри XX рақобатҳои сиёсӣ миёни мамолики сайёра, ки ба ду қутб - сотсиалистӣ (бо сарварии Иттиҳоди Шуравӣ) ва капиталистӣ (бо сарварии Штатҳои Мутаҳидаи Амрико) ҷудо шуда буданд, суръат мегирад. Соли 1955 бо баргузор гардидани Шартномаи Варшава, дар муқобили Блоки ҳарбии НАТО, рақобатҳои сиёсӣ боз ҳам тезу тунд мегардад. Дар Иттиҳоди Шуравӣ аз нахустин рӯзҳои таъсисёбиаш Ҳизби коммунистӣ аз рӯи таълимоти матералистӣ, ба хусус доҳиёни бузурги он, К. Маркс, Ф. Энгелс ва В.И. Ленин ягона ҳизби ҳукмрон фаъолият мекард ва ба гуфти асосгузори Иттиҳоди Шуравӣ В.И. Ленин ҳамчун қисми пешқадамтарини пролетариат мардумони Ҷамоҳири Шуравии сотсиалистиро дар роҳи идеологияи коммунистӣ ҷалб намуда, барои дар амал татбиқ намудани барномаҳои асосӣ ва муҳимми ҳизбӣ кӯшиш ба харҷ медод. Қобили зикр аст, ки Ҳизби коммунистӣ ба ҳайси муҳаррик ҷомеаи Шуравиро ба сӯи қуллаҳои баланди ҷомеаи коммунистӣ мекашонд ва аз рӯи барномаҳои тарҳрезинамудаи сарварону асосгузорони он бояд мардумро ба баландтарин қуллаҳои он, коммунизми воқеӣ. ки дар назар шабеҳи афсонае буд, мерасонд. Ба суолҳое, ки чаро ин муҳаррик аз ҳаракат боз истод, чаро ин ҳизби яккаҳукмрон ба буҳрони ҳизбӣ мувоҷеҳ гардид ва ё ин ки чаро чунин як империяи абарқудрат гирифтори буҳронҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву иҷтимоӣ шуда, дар муқобил бо ҷаҳони капиталистӣ ба шикаст рӯ ба рӯ шуд, олимону донишмандон ва ба хусус муҳаққиқони соҳа ба таври гуногун ҷавоб гуфтаанд. Барои равшан намудани масъалаи мазкур лозим медонем то чанде аз мадракотро матраҳ намоем. Агар чӣ миёни уламо нисбат ба суолҳои ироа намудаи мо ихтилофи назар аст, вале то ба имрӯз аксари муҳаққиқон омилҳои асосии аз байн рафтани ин ҳизб ва умуман пошхӯрии Иттиҳоди Шуравиро аз дохил вайроншудани худи Ҳизби ҳукмрон-коммунистӣ, мебинанд.
Дар солҳои 70-ум ва нимаи аввали солҳои 80-ум дар мамлакат пешравиҳои назаррас ба амал омада бошанд ҳам, дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ камбудиҳои ҷиддӣ мушоҳида мешуданд. Ин камбудиҳо дар таърихи Давлати Шуравӣ бо номи карахтӣ ё айёми рукуд маълуманд. Бештари зуҳуроти манфӣ на аз сохтори сиёсии мамлакат, балки аз тарзи идоракунӣ бар меомад. Мувофиқи конститутсияи амалкунандаи мамлакат, ҳизби коммунистӣ ядрои сиёсӣ ва пешбарандаи ҷамъият ба ҳисоб мерафт, ки он ба буҳрон кашида шуд. Сохтори идоракунии ҳизбро бюрократизм фаро гирифт ва дар услуби идоракунии он камбудиҳои ҷиддӣ ба амал омаданд. Масалан аз идораҳои болоӣ ба ташкилотҳои ибтидоӣ фармон меомад, ки чанд нафар мард ва ё зан ба сафи ҳизби коммунист қабул карда шаванд. Азбаски ба вазифаҳои ҳизбӣ, давлатӣ ва хоҷагӣ асосан аъзоёни ҳизб пешбарӣ мешуданд, шахсони бе лаёқати мансабпараст бо ҳар роҳ ба ҳизб дохил шуда, соҳиби мансаб мегаштанд.
Баъзе аз муҳаққиқон ба ин назаранд, ки ҳатто суръати пешрафти иқтисодиёт ва хусусан ҳосилнокии меҳнат дар солҳои 70-ум нисбат ба соли 1965 паст рафт. Мутаассифона, нақшаҳои панҷсолаҳои IХ-Х-ум оид ба нишондодҳои асосӣ иҷро нашуда монданд. Ин камбудиҳои ҷиддӣ бояд. дар солҳои паҷсолаи ёздаҳум ислоҳ карда мешуданд, вале ин нақша низ ҷомаи амал напушид. Дар ҳама самтҳои ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ буҳрон ба амал меояд.
Дар соҳаи иқтисодиёт аз як тараф идоракунӣ ва назорат аз болои корхонаҳои истеҳсолкунанда суст шуда, аз тарафи дигар, дар натиҷаи сари вақт ҷорӣ нагардидани техникаи нав ва технологияи пешқадам, паст шудани ҳосилнокии меҳнат, ҳавасмандии моддӣ, риоя накардан ба интизоми истеҳсолӣ ва ғайраҳо ҷой доштанд.
Гарчанде дар ҶШС Тоҷикистон барои сохтмони биноҳову иншоотҳо маблағи зиёд ҷудо мешуд, вале аз худ карда намешуд. Баъзе аз объектҳо, аз қабили нақби Анзоб, ки ҷануби ҷумҳуриро бо ноҳияҳои шимол пайваст мекард ва амсоли он барин иншоотҳои ҳаётан муҳим, аз нақша ба нақша гузаронда ва баъдан умуман аз рӯзнома бардошта мешуд. Муносибати хунукназарона нисбат ба моликияти ҷамъиятӣ-давлатӣ зиёд гардида, дуздӣ дар мамлакат меафзуд, ки он ба сатҳи зиндагии омма таъсири манфӣ расонда, норозигии гурӯҳҳои иҷтимоиро ба амал меовард.
Ғайр аз ин дар ҷумҳурӣ ҷинояткорӣ, ришвахурӣ, қаллобӣ, маҳалгароӣ, бадмастӣ, нашъамандӣ, дуздӣ, тороҷи молумулки давлату хоҷагии кооперативӣ-колхозӣ рӯз то рӯз меафзуд.
Иттиҳоди Шуравӣ дар арсаи байналмилалӣ мавқеи хосаро соҳиб буда, аз лиҳози истеҳсоли маҳсулот, илму техника ҷои намоёнро ишғол мекард, аммо бо cap задани буҳронҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва ба вуҷуд омадани давраи карахтӣ маҷбур шуд, то ҷойгоҳи худро дар ҷаҳон иваз намояд. Албатта Иттиҳоди Шуравӣ дорои кадрҳо, техника, базаи бузурги ашёи хом ва умуман табиати гуногунранг буд, метавонист танҳо дар асоси барномаи мушаххас тамоми камбудиҳои айёми рукудро дар кутоҳтарин муддат ислоҳ намояд. Ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои соҳаҳои мухталифи ҷомеа Ҳизби коммунистӣ ҳануз аз нимаи дуюми солҳои 80-ум иқдомоте чанд роҳандозӣ намуд, вале ин кӯшишҳо натиҷаи дилхоҳ намедоданд.
Ҳаёти сиёсии мамлакатро низ вазъи буҳронӣ фаро мегирад. Роҳҳои ҳалли муҳимтарин масьалаҳои давлатӣ, ҳизбию ҷамъиятӣ, аз ҷумла, ҳалли ихтилофҳо дар муносибатҳои миллӣ ҷуста мешуд.
Дар сиёсати хориҷӣ низ камбудиҳои ҷиддӣ ба вуҷуд омада буд, ки ба обрӯи Иттиҳоди Шуравӣ таъсири манфӣ мерасонд. Барои мисол ба хоки Афғонистон ворид шудани қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ. Бояд гуфт, ки ҷанг бо Афғонистон ба иқтисодиёти мамлакат таъсири ҷиддӣ расонида, ҳам норозигии шаҳрвандонро бар зидди КИМ Ҳизби коммунистӣ меафзояд ва пеш аз ҳама обруву эътибори Иттиҳоди Шуравиро дар арсаи балналхалқӣ, коста мегардонад.
Дар як муддати кӯтоҳ паси ҳам фавтидани роҳбарони кӯҳансолу барҷомондаи ҳизбӣ (ҲКИШ) аз қабили Л. Брежнев, Ю. Андропов ва К. Черненко ба обрӯ ва эътибори ин Ҳукумати марказӣ таъсири манфӣ мерасонд ва аз ҳама муҳимаш нуфузи Иттиҳоди Шуравиро чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ коста мегардонад ва низ сабабгори ба вуҷуд омадани як қатор мушкилотҳо дар корҳои идоракунӣ, назири ҷо ба ҷо гузории кадрҳо ва махсусан иқтисодиёти мамлакат мегардад. Умеди аксари мардум аз роҳбари ҷавони ҳизбии Иттифоқ низ бар абас меравад ва он орзӯҳо, ки гӯё роҳбари ҷавон М.С. Горбачёв мардумро аз ҳолати мотамзадагию мамлакатро аз вартаи фалаҷшавӣ мераҳонад, бе натиҷа меанҷомад.
Моҳи марти соли 1985 М.С. Горбачёв, ки 54 сол дошт, пас аз котиби генералии ҲКИШ интихоб гардиданаш, ба гузаронидани як қатор ислоҳотҳои ҷиддӣ дар соҳаҳои мухталифи давлат, ва давлатдорӣ аз ҷумла ислоҳотҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ки ҳануз аз замони Ю.В. Андропов дар дил мепарварид, даст зад. Аз апрели соли 1987 дар асоси қарорҳои пленуми кумитаи марказии ҲКИШ (КПСС) сиёсатеро бо номи бозсозӣ пеш гирифт, ки онро баъзан «инқилоб аз поён» низ меномиданд.
Бо мақсади баромадан аз ҳолати карахтии замони брежневӣ, ки дар давраи роҳбарии яксолаи Черненко, боз ҳам фасодтар гардида буд, М.С. Горбачёв ҷиҳати ноил гардидан ба ин ҳадаф ба таври куллӣ дигаргун сохтани тамоми соҳаҳои ҳаёти кишварро зарур меҳисобид. Дар раванди бозсозӣ яке аз ҳадафҳои дигари М.С. Горбачёв ин ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани ҳаёти ҷамъиятии Иттиҳоди Шуравӣ ва инчунин паст намудани шиддатнокии вазъи ҷаҳон, махсусан зиддияти байни Иттиҳоди Шуравӣ ва давлатҳои капиталистӣ ба шумор мерафт. Ё ин ки ба таври дигар бигӯем, котиби генералии ҲКИШ М.С.Горбачёв мехост бо ҳамин роҳ ба ҷамъияти сотсиалистӣ руҳияи тоза бахшад, обрӯ ва эътибори онро дар арсаи байналхалқӣ баланд бардорад. Вобаста ба ин, бо роҳи ҷорӣ намудани ошкорбаёнӣ ва озодандешӣ мардумро аз ҳолати карахтӣ ва муҳосираи ҷамъиятӣ барорад. Дар раванди иқтисодӣ, бо мақсади халос шудан аз корхона ва хоҷагиҳои зараровар, зиёд намудани ҳавасмандӣ дар истеҳсолот, рақобатпазир гардидани маҳсулотҳои истеҳсолшуда, вазифа гузошта шуд, ки тамоми корхонаҳоро ба ҳолати худтаъминкунӣ ва худмаблағгузорӣ гузаронида шавад.
Ҳадафи дигари бозсозӣ, ин хотима бахшидан ба вазъи буҳронӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат дар истеҳсолот ва қонеъ гардонидани талаботи рӯзафзуни мардум, барҳам додани боқимондаҳои сохтори роҳбарии фармонфармоии маъмурӣ ва минбаъд инкишоф додани раванди демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ буд. Бозсозӣ мебоист ҷамъияти сотсиалистиро такмил дода, камбудӣ ва мушкилиҳоеро, ки дар садди роҳи он меистоданд, барҳам диҳад. Аз рӯи барномаҳои тарҳрезигардида, равандҳои асосии гузаронидани ислоҳот муайян ва мушаххас буд ва ин ислоҳотҳои куллӣ мебоист сохторҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро билкул аз камбудиҳо ислоҳ намояд.
Мақсади бозсозӣ гӯё аз байн бурдани тамоми камбудиҳои иҷтимоӣ-сиёсие буд, ки дар сохти давлати шуравӣ ба мушоҳида мерасиданд. Яъне он ҳадафи неке дошт, демократияро барои ҳама танзим кунад, аммо, раванде, ки дар асари он ба мушоҳида расид, яъне шикасти асоси иқтисодию сиёсии шуравӣ, интиқоди қатъии яккароҳбарии ҳизби коммунист, беобрӯ кардани идораҳои амнияти миллӣ ва вазоратҳои интизомӣ, сохти шуроҳо, роҳи ҳар он чи ки дар 65-70 сол ба амал омада буд, ҳамчунин авҷгирии сепаратизм ва миллатгароӣ исбот мекунанд, ки мақсад на таъмири сохти шуроҳо, балки аз байн бурдани сохти шуроҳо будааст.
Барои ҳамин ҳам яке аз маъмултарин ва асоситарин тезисҳои он давр дурӯғ нишон додани дӯстии халқҳои ИҶШС ва ба ин васила ба вуҷуд овардани нобоварии байниҳамдигарии онҳо буд.
Раванди сиёсие, ки дар мамлакат ба амал меомад, аз як тараф ихтилофоти зиёди миллӣ, иҷтимоиеро, ки дар кишвар пайдо шуда буд, ифода намояд, аз ҷониби дигар баёнгари дахолати фаъоли кувваҳои беруна ба ҳаёти иҷтимоӣ маҳсуб мешуд. Аз ин сабаб ҳам дар ҷараёни иҷтимоию сиёсии он вақт ду ҳолати зер ба амал омад:
1. «Дар муҳити пойтахти ИҶШС- ш.Москва, дар мақоми олии ҳизбӣ ва давлатӣ, дохили худи Россия ҳаракатҳое ба вуҷуд омаданд, ки фарсуда шудани идораҳои сиёсии мамлакатро ифода мекарданд ва дар он талошҳои худнамоии гурӯҳҳои сиёсии дар ҳокимият буда, роҳбарияти ҳизби коммунист бештар мушоҳида мешуд. Ин протсес мукаммал набудани системаи идории давлатро ифода мекард.
2. Бо истифода аз озодии сухан дар саросари кишвар ҷунбишҳои қавии сиёсӣ ба муқобили ҳокимияти марказӣ, барои худмухтории воқеии ҷумҳуриҳо ва кӯшиши аз ҳайати шӯравӣ баромадани онҳо ба амал омад, ки дар ин раванд мамлакатҳои назди Балтика бештар таборуз карданд.
Ин талошҳо, аз як тараф, нафрати мардумро нисбат ба идоракунандагони давлат ва роҳбарони ҳизб ифода кунад, аз тарафи дигар, сабаби аз марказ ҳарчӣ бештар дур шудани онҳо мегардиданд. Зеро дар чунин талошҳо шовинизми русӣ баръало ба назар мерасид ва он сабабгори авҷ гирифтани миллатгароии халқхои дигар мешуд. Шояд аз ҳамин сабаб ҳам ё бо дарки ҳамин таъсири шовинизми русӣ ба мардуми мамлакат В.И.Ленин ҳам навишта буд: «Бо шовинизми великорусӣ ё ҳаёт, ё мамот гӯён ҷанг эълон мекунам. Ҳамин ки аз дандони дардноки лаънатиям халос шудам, вайро бо ҳамаи дандонҳои солимам канда-канда мепартоям».
Ин омилҳо боис шуданд, ки эътирозҳои маҳаллӣ, бештар хусусияти сиёсӣ касб карда, авзои иҷтимоӣ-сиёсии кишвар то рафт бадтар шавад. Ба ин беқурб шудани пул, дар асари корпартоиҳо ва митингҳои саросарӣ, баланд шудани нарху наво, аз маҷрои низоми давлатдорӣ баромадани мамлакат илова шуд.
ҶШС Тоҷикистон низ аз раванди бозсозӣ дар канор намемонд. Масъалаи амалӣ гардонидани барномаҳои бозсозӣ дар ҶШС Тоҷикистон дар Анҷумани ХХ-уми ҲК, ки моҳи январи соли 1986 баргузор гардида буд, мавриди муҳокима қарор мегирад. Дар ин Анҷуман оид ба масъалаи мазкур котиби якуми ҲК Тоҷикистон К. М. Маҳкамов маърӯза намуда, вазифа ва роҳҳои татбиқи бозсозиро дар шароити Тоҷикистон пешниҳод намуд. Аз ҷумла, анҷуман нақшаи панҷсолаи дувоздаҳум ва самтҳои асосии тараққиёти ҷумҳуриро то соли 2000-ум муайян кард ва барои баланд шудани самаранокии истеҳсолот қарорҳои лозима қабул намуд. Дар шароити Тоҷикистон, ки асосан ба соҳаи аграрӣ диққати бештар дода мешуд, дар нақшаи панҷсолаи дувоздаҳум роҳҳои тараққӣ додани соҳаи мазкур, аз ҷумла аз ҳисоби ба кор андохтани заминҳои бекорхобида ва дар асоси кашфиётҳои илмӣ, хусусан пеш бурдани пахтакорӣ, боғу токпарварӣ, сабзавоткорӣ, чорводорӣ, парандапарварӣ ва ғайраҳо дар назар дошта шуда буд.
Лозим ба ёдоварист, ки ба масъалаи баланд бардоштани некуаҳволии’ шаҳрвандон низ диққати махсус равона шуда, дар ин росто дар ҷумҳурӣ барномаҳои «Бо озуқавории баландсифат таъмин кардани аҳолӣ», «Истифодаи самараноки захираҳои меҳнатӣ», «Манзил-93» ва ғайраҳо қабул гардиданд. Дар ибтидо шаҳрвандони ҶШС Тоҷикистон чун дигар сокинони Иттиҳоди Шӯравӣ сиёсати бозсозиро ҷонибдорӣ намуданд. Аммо нақшаҳои азими тартибдодашуда аллакай дар солҳои аввали панҷсола иҷро нагардиданд. Дар соҳаи саноат низ ҳосилнокии меҳнат баланд нашуд, сифати маҳсулот беҳтар нагардид. Маблағҳое, ки ба соҳаи саноат ҷудо мегардиданд, аз худ карда намешуд. Қатъ гардидани сохтмони Нерӯгоҳи обии барқӣ Роғун ва монанди он мисоли равшанест барои исботи гуфтаҳои боло.
Яке аз ҳадафҳои асосии бозсозӣ демократикунонии ҳаёти мамлакат буд. Вобаста ба ин бояд механизме ба роҳ монда мешуд, ки аз як тараф шаҳрвандон дар ҳалли масоили ҷамъиятӣ бевосита иштирок карда тавонанд ва аз тарафи дигар, ҳуқуқи инсон поймол нагардида, барои омма як фарҳанги сиёсии умумибашарӣ дастрас гардад.
Дар нимаи дуюми солҳои 80-ум масъалаи миллӣ яке аз проблемаҳои асосии Иттиҳоди Шуравӣ ба ҳисоб мерафт ва бояд қайд намуд, ки ин масьала ҳанӯз аз ибтидои таъсисёбии ИҶШС ҳалли худро наёфта буд ва акнун дар солҳои 80-ум бо cap задани буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар саргаҳи мушкилотҳои сиёсии давлат меистод. Бозсозӣ, ки ошкорбаёнӣ ва озодандеширо, ки бояд дар чорчӯбаи қонун амал мекард, барои мардум эълон мекунад, нахуст дар ИҶШС, ки аз миллатҳои мухталиф иборат буд, мардум масъалаи миллиро ба миён мегузоранд, ки он сабабгори асосии ба вуҷуд омадани ҷудоихоҳиҳо дар байни мардумони ҷумҳуриҳои иттифоқӣ мегардад. Идомаи ҳаракатҳои ҷудоихоҳонаи мардуми Шуравӣ, нахуст дар Олмон, кишварҳои Аврупои Шарқӣ, давлатҳои назди Балтика ва баъдан мамолики Кавказу Осиёи Миёна ва ҳатто Русия гурӯҳҳову иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ниҳоят ҳизбҳои сиёсӣ, ки ҳар кадоме дар зери ҳаракатҳои миллӣ бо барномаҳои ҷудоихоҳӣ, ё ин ки ҳал намудани кадом як масъалаи миллӣ баромад менамуданд, ба вуҷуд меорад, ки он ба раванди амалишавии барномаҳои бозсозӣ монеа эҷод мекард ва вазъи сиёсиро дар мамлакат боз ҳам муташанниҷ мегардонад.
Эътирозҳои миллӣ аз исёни донишҷӯёни Ёқутистон дар аввали соли 1986 шуруъ шуд. Баъдтар дар моҳи декабри соли 1986 дар Алмаато, ба сабаби ба вазифаи роҳбарии ҷумҳурӣ омадани шахси ғайри қазоқ исёни донишҷӯёни Қазоқистон ба амал омад, ки дар асари он чанд кас кушта шуданд ва чандин нафар ҳукми қатл гирифтанд. Авзои умумии сиёсии мамлакатро рӯзномаи «Комсомолская правда» чунин шумурдааст: соли 1986 дар Любертси «гурӯҳи ҷанговар»-и наврасони пойтахт ва атрофи он таъсис ёфт, солҳои 1987-1991 дар Зақавказия, Қарабоғи Кӯҳӣ ҷанг ва дар Сумгаит қатли омм ба вуҷуд омад, 22 июли соли 1988 дар вилояти Тамбов ҷанги калони кӯчагӣ шуд, 15-17 апрели соли 1989 дар шаҳри Олмалиқи Узбекистан ҷанги оммавии байни ҷавонони ӯзбек ва русу кореягӣ ба қайд гирифта шуд, моҳи апрел-июли соли 1989 дар Сухуми ҷанги бардавоми ҷавонон сурат гирифт, ки дар асари он 18 кас кушта ва 389 кас маҷрӯҳ гардиданд, 1-2 май соли 1989 исёни ҷавонони Ашқобод, январи 1990 қатли оми арманҳо дар Боку- 54 кас кушта шуд, моҳи июни соли 1990 ҷанги байни ӯзбекҳо ва қирғизҳо дар Ӯш, ки дар асари он 300 кас кушта шуд, 411 хона оташ зада шуд, 54 мағоза ғорат гардид, моҳи июли соли 1990 талоши миллӣ дар Тува, ки дар асари он 140 нафар ҳалок гардид, 1616 кас маҷрӯҳ шуд, бештар аз 1500 кас тарки Ватан кард, 22-24 август дар Челябинск исёни ҳарбӣ ба амал омад, 2 декабри соли 1990 мардуми Намангон ба муқобили аскарони шуравӣ ҷанг cap карданд.
Ошкорбаёнӣ имкон медиҳад, ки шаҳрвандон бо ҳуҷҷатҳо ва филмҳое, ки дар бойгониҳо ба таври махфӣ маҳфуз буданд, шинос шаванд. Ошкор гардидани баъзе аз сирҳои давлатӣ, чеҳраҳои асосии баъзе аз шахсиятҳои воломақоми давлат, бадкунии шахсони мансабдор, баён гардидани камбудиҳои собиқ роҳбарони Ҳизби коммунистӣ обрӯву эътибори ИҶШС-ро чи дар дохил ва чи дар хориҷ поён мебарад ва норозигии мардумро нисбат ба Давлат, пеш аз ҳама Ҳизб афзун намуда, ба ҳаракатҳои ҷудоихоҳона суръати тоза мебахшад.
Дар ҳолати дуруст амалӣ намудани ин ислоҳотҳои пешбинишуда, эҳтимоли беҳтар гардидани ҳаёти ҷамъиятӣ ва аз байн рафтани буҳронҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ, ки мамлакатро ба ҳолати ногувор мувоҷеҳ намуда буд, дар назар буд, вале дар амал ин тавр нашуд. На танҳо ба шитобкориҳои беасос роҳ доданд, балки дар зери ниқоби бозсозӣ баъзе чорабиниҳоро гузарониданд, ки оқибаташ барои мардум хело вазнин буд. Феврали соли 1986 анҷумани ҳизби коммунистии Иттифоқ (ҲКИШ) охирин нақшаи панҷсоларо барои солҳои 1986-1990 ва роҳхои асосии инкишофи иқтисодиёт ва иҷтимоиёти мамлакатро барои то соли 2000-ум муайян кард. Мувофиқи он мамлакат асосан бо низоми пештара - нақшавӣ, чӣ дар соҳаи саноату сохтмон ва чӣ кишоварзӣ пеш мерафт. Аммо тобистони соли 1987 дар Иттиҳоди Шуравӣ қонун дар бораи корхонаҳои давлатӣ қабул гардид, ки мувофиқи он бояд шитобкорона тамоми корхонаҳо ба ҳолати худтаъминкунӣ ва худмаблағгузорӣ гузаронида мешуданд. Ҳангоми амалии ин қонун ба эътибор нагирифтанд, ки тамоми корхонаҳои мамлакат вобастаи якдигар мебошанд. Онҳоро ҳамон вақт танҳо ба низоми нақшавӣ пеш бурдан мумкин буд. Аммо қонуни қабулгардида мухолифи низоми нақшавӣ ба ҳисоб мерафт. Дар натиҷа дар мамлакат низоми нақшавӣ зуд моҳияти худро гум кард. Минбаъд ҳар як корхона танҳо барои даромаднокии худ мекӯшид. Доду гирифт ва умуман алоқаи байни корхонаҳо аз байн рафт. Оқибат корхонаҳо, бо сабаби нарасидани ашё, паси ҳам аз кор бозмонданд, коргарон ва мутахассисон бекор гардиданд. Дар мамлакат сафи бекорон рӯз аз рӯз меафзуд.
Фароҳам омадани ошкорбаёнӣ ва озодандешӣ имкон дод, ки мардуми шуравӣ бори нахуст фикру андешаҳои худро озодона, бе ягон тарсу ҳарос, ҳатто оид ба сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ баён намуда, шахсони масъулро ба зери танқид кашанд. Дар ниҳоят чунин танқидҳои сахт, баъзан бо таҳқири якдигар меанҷомид. Барои мисол ин гуна ҳолатҳо, махсусан дар байни роҳбарони олимақоми ҳизби коммунистӣ, аз ҷумла М.С. Горбачёв ва Б.Н.Елтсин сурат мегирифт. Мубоҳисаҳо ва муноқишаҳои роҳбарони олимақоми ҳизби коммунистӣ, ки ба воситаи телевизион ба тамоми мардуми ҷаҳон, хоса Иттиҳоди Шуравӣ пахш мегардид, боиси коста шудани обрӯ ва эътибори ҳизб ва пеш аз ҳама давлат мегардид. Озодандешӣ тамоми камбудиҳои роҳбарони ҳизбро рӯи об баровард ва боиси аз ҳизб дур шудани мардум гардид. Мардум аз тариқи телевизиону радио ва умуман васоити ахбори омма оид ба ноадолатии иҷтимоӣ, аз қабили ҷудо будани боғчаву мактаб ва мағозаҳои азъои ҳизби коммунистӣ, ришвахӯрии мансабдорон, таассубҳои милливу маҳаллӣ ва мазҳабӣ баромадҳо намуда, ҳукуматро ба зери танкид мекашиданд.
Матбуоти озоде, ки дар он замон ба вуҷуд омад, бо дастгирии сармоядорон қудрат ёфт, садои матбуоти марказии ҳизбӣ ва дигар нашрияҳои расмиро пахш кард ва барои густариши сиёсати нави давлатдорӣ дар заминаи плюрализми сиёсӣ замина ба вуҷуд овард. Пайдоиши матбуоти нав дар Россия аслан аз пайдоиши ақидаҳои ба истилоҳ миллӣ дар Россия, таблиғи ифтихори миллӣ ва амсоли он оғоз ёфт. Масалан ба муқобили Маяковский ва Куприн, сарусадои шовинистона барои ба Ватан бозгардонидани боқимондаи ҷасади Шаляпин, гунаҳкор кардани роҳбарони ғайрируси шуравӣ дар марги Киров, даъвои шовинистонаи Солженитсин ба ҳудуди Қазоқистон ва «без» номида шудани мардуми ғайрирус. Мақолаи Солженитсин «Как нам обустроит Россию» 18 сентябри соли 1990 дар «Комсомолская правда» нашр шуд. Он бисёриҳоро норозӣ кард, дар Тоҷикистон ҳам алайҳи он мақолаҳо чоп мешавад. Масалан Р.Ҳодизода дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» 2 октябри соли 1990 бо коми «Дидаи ҳақбин мебояд», И. Усмонов дар рӯзномаи «Паёми Душанбе» 30 ноябри соли 1990 бо номи «Ободии хонадони тоҷик ба кӣ вобаста» мақолаҳо чоп карданд. Аз ҷумла, Р. Ҳодизода аз навиштаҳои зерини Солженитсин ба қаҳр меояд: «Мо аз бори гарони таъзиқовари «Ишкамбаи зиёдатии» Осиёи Миёнагӣ боз ҳам зиёдтар қоматамонро рост карда мегирем».
Баъди ин равия ба ҳам бад кардани халқҳо ба истилоҳ дар бораи «дӯстӣ»-и бардурӯғ, ки онро ҳизби коммунист зӯран ба сари аҳолӣ бор кардааст, баъди он ғайриқонунӣ будани пайвасти ҷумҳуриҳои назди Балтика ба ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ авҷ мегирад. Акси садои ин ҷунбиш дар ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқ шуравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон возеҳ мушоҳида мешуд. Ҳаракати сиёсӣ дар Тоҷикистон асосан бо иштироки зиёиён-олимони соҳаи гуманитарӣ, адибону журналистон, муаллимони мактабҳои олӣ, донишҷӯён, инчунин кормандони ҳизбию давлатии аз мавқеи худ норозӣ оғоз мешуд. Моҳияти шиорҳо низ аз ҳамин вобаста буданд.
Озодандешӣ пеш аз ҳама иллатҳои масоили миллиро ба миён овард. Нахуст шуда мардуми Ҷумхурии Федеративии Олмон, сипас ҷумҳуриҳои назди Балтика рӯирост даст ба ҷудоихоҳӣ заданд. Эътирозҳои миллӣ дар дигар ҷумҳуриҳо низ возеҳ ба назар мерасид. Аз ҷумла, дар ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷанги байни ӯзбекҳо ва туркҳои масхад, дар Қирғизистон ҷанги байни қирғизҳо ва ӯзбекҳо, дар Молдава ҷанги байни молдованҳо ва русҳо, дар Озарбойҷон ҷанги байни озариҳо ва арманиҳо, дар Гурҷистон ҷанги байни гурҷиҳо, абхазҳо ва аҷарҳо ба амал омад. Эътирозҳои зиддирусӣ дар Украина дар Тотористон низ возеҳ ба назар мерасиданд. Аз ҷумла, дар Тотористон даъвогари мухторияти комил аз Россия гардид. Дар байни иддае аз ҷумҳуриҳои шуравӣ, аз ҷумла Озарбойҷону Арманистон ва Тоҷикистону Қирғизистон ҷанг ё вазъияти ҷангӣ ба амал омад. Моҳи феврали соли 1988 дар Озарбойҷон низоъ оғоз ёфт. Аҳолии вилояти Мухтори Қарабоғи Кӯҳӣ, ки аксарияташонро арманиҳо ташкил медоданд, ба парламенти Озарбойҷон барои аз ҳайати ин ҷумҳурӣ чудо шудан ва ба парламенти Арманистон барои ба ҳайати он дохил шудан, ариза доданд. Табиист, ки инро озариҳо қабул накарданд, аммо арманиҳо дастгирӣ карданд. Ҷанге, ки он вақт оғоз гардид, то ҳол ба сулҳ табдил наёфтааст. Соли 1989 аввалин бор дар Тоҷикистон - дар ноҳияи Исфара қуюди шабгардӣ эълон карда, коменданти ҳарбӣ таъйин шуд. Ҳамаи ин ба он далолат медод, ки сохти сиёсии давлати шуравӣ имконияти худро ҳифз кардан надорад. Ҳам омили дохилӣ ва ҳам омили хориҷӣ барои вайроншавии он заминаро омода кардааст.
Албатта барои онҳое, ки аз ин ҳол нигарон буданд, ба амал баровардани мақсади ниҳоии худ, созмон додани ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои сиёсӣ аз омилҳои муҳим ба ҳисоб мерафтанд. Аз ҳамин сабаб ҳам мубориза барои тағйир додани Конститутсияи ИҶШС, махсусан дар бахши моддаи 6-и он нақши роҳбарии ҳизби коммунистиро барҳам додан, қатъӣ давом дошт ва дар заминаи ин сиёсати бисёрҳизбӣ таблиғ карда мешуд ва ҳамин тавр дар зери фишори талаби мардум, моҳи марти соли 1990 анҷумани 3-юми намояндагони халқҳои ИҶШС, моддаи 6-уми Конститутсияи (Қонуни асосии) ИҶШС-ро, ки дар он ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шуравӣ ҳамчун ҳизби ҳукмрон (роҳбарикунанда) акс меёфт, бекор карда мешавад. Ин имкон медиҳад, ки дар як муддати кӯтоҳ- то соли 1991 дар Иттиҳоди Шуравӣ бештар аз 50 ҳизб ва ҳаракатҳои сиёсӣ таъсис ёбанд.
Дар охири соли навадум авзои иҷтимоию сиёсии ИҶШС ниҳоят бад мешавад. Натиҷаи сиёсати беандешаронаи М.С.Горбачёв пурра эҳсос мегардад. Дар арсаи байналхалқӣ, ки М.С. Горбачёв мехост бо роҳи гузашткуниҳо ба паст кардани шиддатнокии вазъият ноил гардад ва Давлати Шуравиро ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намояд, дар амал ин ба барҳам хӯрдани Иттифоқи давлатҳои сотсиалистӣ ба давлати ягона муттаҳид гардидани Олмон, ниҳоят аз Иттиҳоди Шуравӣ рӯ гардонидани ҳамаи давлатҳои собиқ сотсиалистии Ғарб ва ғайраҳо оварда расонид. Заминаи парокандашавии Иттиҳоди Шуравӣ, барҳам додани ИҶШС фароҳам меояд, зеро системаи ҷаҳонии сотсиализм дар Аврупо аз байн меравад, шартномаи Варшава пароканда ва сохторҳои қудратии Иттиҳоди Шуравӣ беобрӯ мешаванд, боварии халқҳои шуравӣ ба ҳам коста мегардад. Дар натиҷа Иттиҳоди Шуравӣ, ки дар арсаи байналхалқӣ яке аз лидерҳо ба ҳисоб мерафт, чунин мавқеъро аз даст дода, минбаъд ИМА лидери ягона мегардад. Аз ҳама душвортарин ва фоҷеаноктарин он аст, ки бозсозии горбачёвӣ ниҳоят яке аз сабабҳои асосии аз байн рафтани худи Иттиҳоди Шуравӣ гардид.
Ширин Қурбонова муовини раиси КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ доктори илмҳои таърих