Skip to main content
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” 28 декабри соли 2024 ироа гардид.

Чун ҳамеша, Паёми Пешвои муаззами миллат ба таҳлилу баҳодиҳии рушди иқтисодиёти мамлакат ва ҷомеа дар 5 соли охир ва соли гузашта дар алоҳидагӣ, хулосабарорӣ аз амалкардҳо, иҷрои дастуру супоришҳои паёмҳои пешин оид ба таъмини рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт, амнияти ватан, сулҳу субот, ягонагию ваҳдат, ҳимояи арзишу манфиатҳои миллӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми Тоҷикистон бахшида шудааст. Паём албатта ҳама самтҳои рушди ҷомеа: иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маориф, илм, тиб, фарҳанг, варзиш, саҳми қишрҳои алоҳида дар рушд, хусусан занону ҷавонон дар пешрафти ҷомеа, таъмини сулҳу суббот, ягонагӣ, ваҳдати миллӣ, муносибати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазъи ҷаҳон, кишварҳои дигар ва хусусан мамлакатҳои ҳамсояро дарбар мегирад ва наметавон дар як мақола оид ба ҳамаи онҳо баёни назар кард. Аз ин рӯ, банда ҳамчун мутахассиси соҳаи иқтисодиёт фикру андешаҳои худро оид ба рушди иқтисодиёти мамлакат аз нуқтаи назари Пешвои муаззами миллат ва дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои аз Паём бароянда баён менамоям.

Табиист, қисми бештари Паём ё 55 фоизи он (аз 272 банди асосӣ 149 тои он) ба соҳаи иқтисодиёт бахшида шудааст, зеро иқтисодиёт асос ва гарави ҳастии ҷомеа мебошад.

Соли 2024 ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 150 млрд.сомонӣ ва афзоиши воқеии он 8,4 фоизро ташкил намуд. Ин нишондиҳандаҳо нисбат ба соли 2023 мутаносибан 29,2 млрд.сомонӣ ва 0,1 банди фоизӣ зиёд мебошанд.

Бояд қайд намуд, ки созмонҳои байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла Бонки умумиҷаҳонӣ афзоиши Маҷмуи маҳсулоти дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи 6,5 фоиз барои соли 2024 пешбинӣ намуда буданд.

Таъмини иҷрои ҳадафи олии Ҳукумати кишвар – баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум маҳз аз сатҳи рушди иқтисодиёт вобаста аст. Аз ин рӯ, таъмини афзоиши Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ вазифаи асосӣ ба ҳисоб меравад ва дар ин ҷода Ҳукумати кишвар ҳамасола ба дастовардҳои нав ба нав ноил гардида истодааст. Дар чор соли охир суръати рушди иқтисодиёт ба ҳисоби миёна 8,5 фоизро ташкил намуд, ки он аз руи сатҳи рушд дар солҳои 2001 – 2024 баъди панҷсолаи аввал ҷойи дуюмро ишғол менамояд.

Нишондиҳандаи иқтисодии муҳиме, ки ба сатҳи некуаҳволии мардум таъсиррасон мебошад даромадҳои пулии аҳолӣ мебошад. Ҳаҷми ин нишондиҳанда дар соли 2024 ба 147 млрд.сомонӣ ва афзоиши он ба 30,4 фоиз баробар шуд, ки онҳо нисбати соли гузашта мутаносибан 34,3 млрд.сомонӣ ва 0,9 банди фоизӣ зиёд мебошанд. Пайваста афзудани даромадҳои пулии аҳолӣ нишони рушди иқтисодиёт, ташкили корхонаю коргоҳҳои нав ва ҷойҳои нави корӣ, афзудани моҳонаю иловапулиҳо, истифодаи техникаю технологияи навин дар раванди истеҳсолот мебошад. Бинобар ин, муҳим аст, ки устувории суръати рушди иқтисодиёт нигоҳ дошта шуда ҳосилнокии меҳнат пайваста афзоиш дода шавад.

Яке аз вазифаҳои Ҳукумати кишвар дар сатҳи барномавӣ нигоҳ доштани сатҳи таваррум мебошад. Мутобиқ ба пешбиниҳои соли гузашта ин нишондиҳанда бояд дар сатҳи 6-8 фоиз нигоҳ дошта мешуд. Ҷамъбасти сол нишон дод, ки он 3,6 фоизро ташкил намуда нисбати нишондиҳандаи пешбинишуда ва соли гузашта мутаносибан 2,4 ва 0,2 банди фоизӣ паст мебошад. Бояд қайд намуд, ки соли 2024 сатҳи таваррум дар кишварҳои шарики иқтисодӣ ва ҳамсоя ба монанди Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистон ба ҳисоби миёна 8-10 фоизро ташкил намуд. Ин нишондиҳанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад ба маротиб кам мебошад.

Бояд қайд намуд, ки боло бурдани моҳона, нафақа ва иловапулиҳои мардум ҳамон вақт натиҷа медиҳад, ки агар сатҳи афзоиши онҳо аз сатҳи таваррум боло бошад. Дар Паёми Пешвои муаззами миллат таъкид гардид, ки дар 5 соли охир зиёдшавии маош 100 фоиз ва сатҳи таваррум 29,0 фоизро ташкил намуд, ки нишони болоравии сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мебошад.

Дар такя ба дастовардҳои мавҷуда Пешвои муаззами миллат ба Ҳукумати кишвар супориш доданд, ки сатҳи таваррум дар доираи нишондиҳандаҳои пешбинишуда нигоҳ дошта шуда афзоиши Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ соли 2025 дар сатҳи на камтар аз 8 фоиз таъмин карда шавад.

Дар Паёми Пешвои маззами миллат инчунин ба “масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ” таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шудааст, зеро ин раванд хоси кишварҳои пешрафтаи дунёст ва Тоҷикистони мо бояд дар қатори аввалинҳо бошад.

Ташаккули «иқтисоди сабз», суръатбахшии раванди рақамикунонии иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти имкониятҳои содиротии мамлакат ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятноканд. Албатта, вобаста ба рушди ин самтҳо стратегияю барномаҳои дахлдор татбиқ шуда истодаанд, вале супоришу дастурҳои нави Пешвои муаззами миллат бознигарии онҳоро талаб менамояд.

Бо дарназардошти зарурати таъмини рушди босуръати иқтисодиёти кишвар ва ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ тавассути бозори коғазҳои қиматнок, бахусус, коғазҳои қиматноки «сабз» гузариш ба “иқтисоди сабз” то соли 2037 ва воқеан ба «кишвари сабз» табдил додани Тоҷикистон ҳадафест, ки дар Паёми пешини Пешвои маззами миллат эълон гардида буд. Рушди бозори коғазҳои қиматнок, аз ҷумла коғазҳои қиматноки “сабз” дар замони муосир яке аз роҳҳои ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва равона кардани онҳо ба рушди иқтисодиёти кишвар мебошад.

Вобаста ба ба охир расидани муҳлати татбиқи барномаи амалкунанда ба сохторҳои дахлдор супориш дода шуд, ки “то охири соли 2025-ум лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026 – 2030»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод” намоянд. Ин барнома бо фарқият аз барномаҳои пешин бояд ҳама тағйиротҳои дар панҷ соли охир бамиёномада дар самти иқтисодиёту сиёсати давлатиро ба инобат гирифта муҳаррики рушди минбаъдаи иқтисодиёт гардад.

Дар Паём “ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет, аз ҷумла дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барои ноил гардидан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ” ҳамчун масъалаи рӯзмарраи замони нав таъкид карда шуд.

Супориши дигари қатъӣ то охири соли 2025 пурра таъмин кардани пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ мебошадТаъкид гардид, ки дар кишварҳои пешрафта нишондиҳандаи пардохтҳои ғайринақдӣ 80-90 фоизро ташкил медиҳад. Сохторҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он ин нишондиҳанда тақрибан 22,0 фоизро ташкил медиҳад бояд дар ин самт корҳои заруриро ба анҷом расонанд.

Пурра ҷорӣ намудани пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар истифодаи васеи технологияҳои рақамиро талаб менамояд. Ба ин гурӯҳ асосан технологияҳои мобилӣ, зеҳни сунъӣ, роботоникунонӣ, биометрия, низомҳои тақсимкунандаю роёнишҳои абрӣ (cloud computing) ворид мешавад.

Таъмини иҷрои ин супориш ба рушди мутавозун ва устувори иқтисодӣ мусоидат намуда барои афзун намудани самаранокии истеҳсолот, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ замина мегузорад.

Бояд қайд намуд, ки технологияҳои рақамӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёт нақши муҳим доранд ва қобилияти мутобиқшавӣ ва истифодаи ин технологияҳо дар кишвар омили асосии рушди иқтисоди он мегардад. Аз ин рӯ, сохторҳои дахлдори кишвар бояд дар самти ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ қадамҳои устувор гузоранд, зеро он “яке аз роҳҳои асосии таъмини шаффофияти амалиёти хизматрасонӣ, баҳисобгирӣ ва пешгирии коррупсия мебошад”.

Пешвои маззами миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки “Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзӣ барои боз ҳам баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, ҷалби бештари пасандозҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ ва вусъат бахшидани фаъолияти низоми рақамии хизматрасониҳои бонкиву молиявӣ бояд чораҷӯйӣ намоянд”.

Супоришҳои паёмии Пешвои муаззами миллат низоми бонкиро водор месозад, ки ҳарчи зудтар камбудиҳои мавҷударо бартараф намуда саҳми он дар рушди иқтисодиётро таҳким бахшад. Сиёсати монетарӣ бояд тарзе ба роҳ монда шавад, ки манфиатҳои пасандоздорон ҳимоя ва қобилияти харидории пули миллӣ устувор боқӣ монад.

Инчунин таъкид карда шуд, ки “гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ” аҳамияти хосса дорад. Албатта дар ин раванд зарурати истифода аз технологияҳои рақамӣ пайваста меафзояд, зеро онҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёт нақши муҳим доранд ва қобилияти мутобиқшавӣ ва истифодаи ин технологияҳо дар кишвар омили асосии рушди иқтисодии он мегардад. Аз ин рӯ, сохторҳои дахлдор бояд ба пурра ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ҳавасманд бошанд.

Муҳтарам Пешвои муаззами миллат солҳои 2025 – 2030-ро «солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон намуданд ва таъкид карданд, ки “дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад: такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ, то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ”.

Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки барои истифодаи самарабахши технологияҳои рақамӣ аваллан заминаи ҳуқуқии дахлдор ва ба талаботи замон ҷавобгӯй зарур аст. Барои бомуваффақият татбиқ намудани технологияҳои рақамӣ бояд қонуну қоидаҳои дахлдори танзимкунандаи истифодаи онҳо қабул карда шаванд. Ҳифзи маълумот, махфияти иттилоот, амнияти киберӣ ва моликияти зеҳнӣ бояд мутобиқи талаботи ин қонуну қоидаҳо таъмин карда шавад.

Дуюм, ташаккули инфрасохтори дахлдор дар мамлакат заминаи асосӣ барои рушди технологияҳои рақамӣ мебошад. Барои бомуваффақият татбиқ намудани технологияҳои рақамӣ дастрасии васеъ ба интернет ва шабакаҳои баландсуръат зарур аст. Ин маблағгузорӣ ба рушди инфрасохтор, бунёди шабакаҳои нав ва навсозии шабакаҳои мавҷударо тақозо мекунад, ки барои он маблағгузориҳои дохилию хориҷӣ заруранд. Бинобар ин, ҳавасмандгардонии сармоягузориҳо дар ин самт ба мақсад мувофиқ мебошад.

Сеюм, таълиму омода кардани мутахассисон яке аз вазифаҳои муҳими сохторҳои дахлдори давлат мебошад. Барои истифодаи самаранок аз технологияҳои рақамӣ доштани кормандони соҳибихтисос, ки метавонанд аз онҳо самаранок истифода кунанд шарти асосӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, таҳияи барномаҳои омодасозӣ ва бозомӯзӣ, ки ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯй бошанду асосҳои технологияҳои рақамиро дар бар гиранд, муҳим аст. Аз ин рӯ, “дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб таъсис додани Донишгоҳи инноватсия ва технологияхои рақамӣ” қарори саривақтӣ ва муҳим мебошад.

Ҳамчунин зарурати ҳамкорӣ байни донишгоҳҳою донишкадаҳои дигар, субъектҳои хоҷагидорӣ ва ҳукумат барои эҷоди барномаҳо ва лоиҳаҳои муштарак ба рушди малакаҳои рақамӣ мусоидат мекунанд.

Чаҳорум, ҳамкорӣ ва шарикӣ бо субъектҳои хоҷагидорӣ, аҳолӣ, сохторҳои дахлдори кишварҳои дигар низ муҳим аст. Ташкили шароит барои муколама ва табодули таҷриба ба рушди технологияҳои рақамӣ мусоидат мекунанд. Инчунин дастгирии рушди навовариҳо (стартапҳо) ва лоиҳаҳои инноватсионӣ, ки метавонанд муҳаррики рушди иқтисодиёти рақамӣ дар кишвар гарданд, ба мақсад мувофиқ мебошад.

Ба андешаи мо, дар такя ба супоришҳои дахлдори Пешвои муаззами миллат ҳалли масъалаҳои зерин низ заминаи асосӣ барои пешрафти кишвар ва иқтисодиёти он мебошанд:

- Яке аз масъалаҳои муҳим муайян кардани ҳаҷми бахши рақамии иқтисодиёт ва ҳиссаи он дар Маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар мебошад. Дар асоси таҷрибаи кишварҳои дигар онро метавон бо усули истифодаи ниҳоӣ ё хароҷоти ниҳоӣ, ки ҷамъи харҷи хонаводаҳо ва давлат барои технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсиониро дарбар мегирад ва усули истеҳсолӣ, ки зери ин мафҳум ҳаҷми умумии арзиши иловашуда дар субъектҳои хоҷагидории онлайн фаъолияткунанда (дар амали худ аз интернет истифодабаранда) фаҳмида мешавад, ҳисоб кардан мумкин аст. Бо дарназардошти он, ки дар Тоҷикистон ҳангоми муайян кардани ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ усули истеҳсолӣ истифода мешавад, ҳангоми ҳисоб кардани андозаи қисми рақамии иқтисодиёт аз ин усул истифода бурдан бамаврид аст;

- Барои рушди иқтисодиёти рақамӣ муҳим аст, ки ҳамаи субъектҳои соҳибкорӣ баҳисобгирии муҳосибиро дуруст ба роҳ монда монанд. Мутаассифона, аксари субъектҳо (91,0%) низоми дурусти ҳисобдорӣ надоранд ва мутобиқан ба мақомоти андоз ҳисоботи муҳосибӣ ва молиявии ба талабот ҷавобгӯй пешниҳод намекунанд. Дар шароити нави иқтисодӣ зарур аст, ки аксари субъектҳои хоҷагидорӣ (камаш 90%) ба шахсони ҳуқуқӣ табдил дода шуда пешбурди ҳисобдорӣ барояшон ҳатмӣ карда шавад. Танҳо чунин амал метавонад барои гузариш ба истифодаи технологияҳои рақамӣ ва иқтисоди рақамӣ заминаи зарурӣ муҳайё кунад;

- Омили муҳими рушди иқтисодиёти рақамӣ мавҷудияти мутахассисони боистеъдод ва соҳибихтисос мебошад. Ҳоло, аз дар тамоми дунё талабот ба насли ҳазорсолаи нав (millennials, номи маъмулии онҳо – насли Y), гурӯҳи демографии ҷавонони солҳои 80-90 асри XX таваллудшуда зиёд шудааст. Барои ҷалби ин мутахассисон дар тамоми ҷаҳон рақобати шадид рафта истодааст. Дар оянда, бо назардошти афзоиши ҳиссаи иқтисодиёти рақамӣ дар Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, талабот ба чунин мутахассисон ба маротиб меафзояд. Бинобар ин, зарур аст, ки ба омода кардани чунин мутахассисон ва барои дар ҷумҳурӣ фаъолият кардани онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шавад.

Дар умум, иҷрои дастуру супоришҳо аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат имкон медиҳад, ки суръати баланди рушди иқтисодиёт, афзоиши Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ, иҷрои нишондиҳандаҳои дигари макроиқтисодии пешбининамуда таъмин гардида барои ҳарчи тезтар расидан ба ҳадафҳои миллии мардуми Тоҷикистон шароити мусоид муҳайё карда шавад.

Директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и, профессор Ш.Раҳимзода