Skip to main content

Ҳамватанони азиз!

Мардуми шарафманди Тоҷикистони азиз ҳамаи Шуморо ба фарорасии Иди сайиди Фитр табрику таҳният хонда, ба хонадони ҳар яки шумо файзу баракат, саломатӣ, ризқи фароз, сулҳу амонӣ ва осудагии комилро таманно менамоям.

Иди сайиди Фитр, саршор аз арзишҳои маънавӣ, мардумнавозӣ инсонпарвариву дӯстии байни мардумон аст, ки онро дар фазои суботи сиёсӣ, пойдорӣ ва устувории ваҳдати миллӣ, ҳифзи арзишҳои маънавию расидан ба зиндагии шоиста таҷлил менамоянд. Ин ҷашнҳо ҳамчун арзишҳои маънавии тамоми мусалмонони ҷаҳон ҳастанд, ки то замони мо ҳифз ва эҳё гардидаанд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии хеш ба муносибати иди сайиди Фитр иброз доштанд: “Иди сайиди Фитр ҳар сол дар саросари мамлакат бо хурсандиву хушҳолии хурду бузурги мардум таҷлил мегардад, ки бозгӯи фазои орому осудаи кишвар ва эҳтироми мо ба арзишҳои дини мубини ислом мебошад. Бояд гуфт, ки арзишҳои динӣ ҳамчун як ҷузъи муҳимми фарҳанги миллӣ барои таҳкими сулҳу субот ва осоишу оромии ҷомеа нақши муҳим доранд. Ба иттиҳоду сарҷамъӣ, шукргузорӣ ва анҷом додани амалҳои хайр даъвату ҳидоят кардани мардум яке аз фазилатҳои иди сайиди Фитр мебошад.".

Дар арафаи Иди сайиди Фитр хайру саховат намудан ба ниёзмандону дармондагон яке аз хусусиятҳои хоси инсонӣ аст. Мо мардуми мусалмон бояд дар арафаи Иди сайиди Фитр тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” амал намуда, ба исрофкориву зиёдаравӣ роҳ надиҳем.

Боварии комил дорам, ки мардуми шарафманди Тоҷикистони азиз бо неруву тавонмандии хеш зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафту ободонии сарзамини хеш саҳм гузошта, барои ҳифз ва эҳёи арзишҳои миллию маънавӣ беш аз пеш талош хоҳанд кард.

Бори дигар Иди сайиди Фитрро ба тамоми ҳамватанонамон табрику таҳният гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо хушҳоливу хурсандӣ ва файзу баракати зиёдро таманно менамоям.

Иди сайиди Фитр муборак ҳамдиёрони азиз!