Skip to main content

Имрӯз ҷавонон неруи пуриқтидор, бунёдкору созанда ва пешбарандаи ҷомеа шинохта шудаанд. Ҳамин аст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи махсус намуда, бо мақсади ҳамқадами замон тарбия кардани наслҳои ҷавон ва аз дастовардҳои илмиву техникӣ бархурдор гардидани онҳо ба рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани сифати таҳсилот афзалият доданд. Тавре Пешвои муаззами миллат ироа медоранд: «Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд».

Зикр намудан ба маврид аст, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ зарур аст, ки мафкураи илмии ҷавонон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани илм дар истеҳсолот баланд бардошта шавад. Моро зарур аст, ки бо истифода аз шароити созгору мусоиди фароҳамовардаи Роҳбарияти олии кишвар ҷавононро дар самти аз худ намудани илмҳои дақиқ бештар сафарбар намуда, ба ин васила масъалаҳои мубрами ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоиро ҳалу фасл намоем.

Дар айни замон яке аз муассисаҳои бузургтарини кишвар ҷиҳати омода намудани олимони ҷавон Академияи миллии илмҳо маҳсуб меёбад, ки бо сохтору ниҳодҳои худ имрӯз фаъолияти густурда ва самаранокро ба роҳ мондааст. Ин муассисаи бузурги илмӣ, ки олимону муҳаққиқони варзидаи кишварро ба ҳам овардааст, дар омада намудани кадрҳои илмӣ аз ҳисоби ҷавонон нақши боризи худро гузоштаистодааст. Вале бо ин шумора ва сифат мо қаноат накарда, ҷиҳати боз ҳам ҷалб намудани ҷавонон ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, махсусан дар самти илмҳои дақиқ чораҳои заруриро андешида истодаем. Шарту шароит ва имконоти фароҳам овардаи Ҳукумати кишвар, махсусан Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро имрӯз вазифадор менамояд, ки ҷиҳати ҷалби бештари ҷавонон ба омӯзиш ва аз худ намудани илмҳои дар истеҳсолот зарурӣ тадбирҳои мушаххасу саривақтиро дар амал татбиқ намоем. Рисолати воқеии ҳар як зиёӣ дар ин раванди бисёр муҳимму сарнавиштсозӣ давлатдорӣ пеш аз ҳама дар ҷалби ҷавонон ба илму дониш ва омода намудани кадрҳои ҷавобгу ба талаботи сатҳи байналмилалӣ зоҳир мегардад. Имрӯз мо тасмим гирифтаем, ки дар заминаи тамоми ниҳодҳои соҳавии илмии Академияи миллии илмҳо аз ҳисоби олимони ҷавон таҳқиқотҳои илмиро боз ҳам густариш бахшем.

Ҷавонони гиромӣ, ба якояки Шумо саломатӣ, азму талоши ҷиддӣ дар рушди кишвар ва ҳифзи сулҳу суботи сартосарӣ комёбиҳои бештаре дар таҳсилу фаъолияти илмӣ хоҳонам.

Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак!