Skip to main content

16-уми ноябр ҳамасола ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Муайян гардидани “Рӯзи Президент” асосҳои ба худ хосро доро мебошад зеро аз ҳамин санаи тақдирсоз рушди Тоҷикистон ва марҳилаи нави давлатдорӣ оғоз ёфт.

Сиёсати давлатдории навини кишвар, ба даст овардану таъмин намудани сулҳу ваҳдати сартосарӣ ва болоравии обруву эътибори мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи ҷаҳонӣ ба фаъолияти босамару хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ калон доранд.

Президент чеҳраи шинохтаи ин ё он давлату миллат буда, ифодакунандаи ягонагӣ, муттаҳидӣ ва ҳамгироӣ дар ҷомеа мебошад, ки тавассути ифодаи иродаи мардум ҳокимиятро соҳиб гаштааст. Ниҳоди президентӣ ҳамчун ниҳоди иҷтимоию сиёсӣ ва конститутсионию ҳуқуқӣ шинохта мешавад.

Дар солҳои мушкили пойдоршавии давлати миллӣ маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд таҳкурсии онро мустаҳкам намуда, хатари ба сари тоҷикон омадаро байн бардоранд. Маҳз, 16-уми ноябри соли 1994 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин бор ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд карданд. Дар ҳамин сол дар аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ќабул гардида, давлати соҳибихтиёри мо ба шакли идоракунии президентӣ гузашт.

Хушбахтона, гузаштан ба шакли идоракунии президентӣ на танҳо боиси наҷоти давлату миллат, балки омили рушди устувори тамоми соҳаҳои идораи давлатӣ, аз ҷумла иқтисодиёту сиёсат, фарҳангу маориф ва дигар соҳаҳо гардид.

Арҷ гузоштан ба таърих ва хизматҳои шоистаи фарзандони фарзонаи миллат василаи ифтихори миллӣ буда, насли ҷавонро барои шинохти арзишҳои муҳими давлатдорӣ роҳнамоӣ мекунад.

Дар ин маврид шахсиятҳои барҷастаи арсаи сиёсат доир ба фидокориҳои роҳбари давлати тоҷик ибрози ақида намудаанд. Аз ҷумла, Президенти Федератсия Русия Владимир Путин ибрози андеша намудаанд « Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди давлатҳои мустақил мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ як мамлакате, ки чунин вазъияти муташанниҷ дошт, дида намешуд. Ҳар он чи оид ба ин масъала дар Тоҷикистон амалӣгардидааст, мисоли хубест барои бисёр халқҳову мамолики дигар».

Нақши иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи халқи тоҷик бо дастовардҳои бузурге сабт гардид. Пеш аз ҳама бо қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба барқарор кардани пояҳои сохти конститутсионии кишвар ва ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон замина гузошта, дурнамои кишвари соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ гардид.

Кишвар дар ин рӯзҳо пойбанди моҷарои дохилӣ буд. Дар ин лаҳзаҳои ҳассос Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, дар шаҳри Хуҷанд ба қатъият изҳор намуданд: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Пешвои миллат бар савганди худ содиқ монд, тамоми нерӯву ғайрат ва ҳам ҳастияшонро барои ояндаи дурахшони Ватан, пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва зиндагии пурсаодати халқи азизашон сарф намуданд.

Ҷонибҳои ба сулҳи тоҷикон манфиатдорро борҳо дар давлатҳое, ки ҳамчун нозир дар ин раванд иштирок менамуданд, гирди ҳам овард. Дар он шабу рӯз бо дарназардошти ноустувор будани вазъи сиёсии кишвар баргузории чунин вохӯриҳо кори саҳл набуд.

27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Маҳз ин рӯйдоди муҳими таърихӣтавонист, ки тоҷиконро ба сулҳу ваҳдат оварад, барои устувор гардонидани пояҳои давлатдории миллӣ ва навини тоҷикон дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсӣ замина фароҳам созад. Пешвои миллат барои таъсису ҳастии як миллати мустақилу воҳид иқдом намуд ва рисолати ниҳоят бузургеро дар назди таърих ба анҷом расонд.

Сарвари давлат изҳор дошт, ки мо вазифадорем, аввал амнияти давлатамонро таъмин намоем, артишро созмон дода, милиса, кумитаи амнияти миллӣ, дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро мустаҳкам намоем, зеро давлате, ки худро муҳофизат ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандонашро таъмин карда наметавонад, аслан арзише надорад.

Дар як муддати кӯтоҳдар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо мақомоти қудратӣ аз нав созмон ёфта, Артиши миллӣтаъсис гардид ва барои мустаҳкам намудани сарҳадҳои ҷанубии кишвар чораҳои мушаххас андешида шуд.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷашни бузурги умумимиллӣ, рамзи муҳаббату вафодорӣ, тантанаи хираду мардумсолорӣ, бузургдошти Ватану миллат аст. Воқеан Президент ва Пешвои мо шахсияти боризи сиёсӣ ва лидери умумимиллӣ шинохта шудааст, ки боиси ифтихору сарфарозии ҳар як сокини Тоҷикистон ва тоҷикони ҷаҳон мебошад.

Иҷлосияи 1 6 - уми Шӯрои Олӣ аз лиҳози моҳияти худ ба Эъломи­яи истиқлолияти Тоҷики­стон баробарарзиш аст. Агар Эъломия давлатеро бо номи Тоҷикистони соҳибистиқлол эълон дошта бошад, пас Иҷло­сияи 16-ум ҳамин давла­тро аз фаношавӣ нигоҳ дошта, миллати тоҷикро аз гирдоби нобудӣ берун кашид ва а дар он шахсияте, ки тамоми ҳастияшро барои пешрафти давлату миллат бахшиданд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин­тихоб гардид.

Нақши иҷлосия дар хотима бахшидан ба ҷанги дохилӣ, пешгирии фоҷиаи миллӣ, харобшавии асосҳои иқтисодию ҷамъиятӣ ва сиёсии давлат, таҳкими сулҳу салоҳ, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамкории гурӯҳҳои гуногун, ташкилотҳои ҷамъиятиву ҳизбҳои сиёсӣ, таъмини фаъолияти муътадил ва таҳкими мақомоти давлатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле калон аст. Қарорҳои аввалини он бо мақсади ба эътидол овардани вазъияти сиёсиву иҷтимоии кишвар буд, ки он барои ҳарчӣзудтар ба сулҳи комил ноил гардидани кишвари маҳбубамон мусоидат намуд.

Дар як давраи муайян нишондиҳандаҳои иқтисодӣ тағйир ёфта, суръати пастравӣ боздо­шта шуд ва ба бунёди низоми давлатдории миллӣ, ки меҳвари онро соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва ягонагӣ ташкил медиҳад, асос гузошта шуд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи раъ­йпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва баъдан барои такмили сохтори Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳо гузошта шуд.

Давраи навини давлатсозию давлатдории мустақилона роҳи ислоҳоти иқтисодӣ, дигаргун сохтани шакли моликият, ташаккули иқтисодиёти миллӣ ва сохторҳои нави идоракунии онро пеш гирифта, ба густариши муносибатҳои бозоргонӣ ва пайвастани низоми иқтисоди Тоҷикистон ба набзи иқтисоди ҷаҳонӣ роҳ кушод.

Бо шарофати самараи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ таҳти роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон устувор гардид.

Аз рӯзи баргузории Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд 33 сол сипарӣ гардид ва метавон қайд намуд, ки давраи навини қонунгузории кишвар аз ин иҷлосияи тақдирсоз оғоз гардида, дар маҷмуъ тадбирҳои муҳими сарнавиштсози миллат дар асоси он амалӣ гардиданд.

Дар Иҷлосия ҳукумате таъсис ёфт, ки таҳти сарварии ПЕшвои миллат муњтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ тавонист оташи ҷанги дохилиро хомӯш намояд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, Артиши Миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис дода, аксарияти гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонанд.

Хушбахтона, давлат ва миллати мо дар ҳассостарин лаҳзаи таърихӣ роҳбари худро пайдо намуд.

Ш.Каримов, А, Маъруфов, А.Саидмуродов, шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтии АМИТ