Skip to main content

Ҳамасола дар саросари кишвар 16- ноябр ҳамчун Рӯзи Президент ва Иҷлосияи 16- уми Шурои олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳомати хоса таҷлил мешавад.

Имрӯз (15.11.2024) дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 16- ноябр Рӯзи Президент ва Иҷлосияи 16- уми Шурои олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаккули давлатдории миллӣ» баргузор гардид.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни суханронии ифтитоҳӣ ҳозиринро ба муносибати ин ду санаи таърихӣ ва фархунда – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи таърихӣ табрику таҳният гуфта, таъкид дошт, ки Рӯзи Президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо иди давлатӣ, балки рамзи таҳкими ваҳдати миллӣ, субот ва талош барои шукуфоии кишвар мебошад, ки ҳамасола дар сатҳи баланд аз ҷониби тамоми сокинони ҷумҳуруӣ самимона таҷлил карда шуда, дастовардҳои муҳимми кишварро дар давраи сипаригашта инъикос мекунад ва ҳамчун воситаи таҷассуми ҳувияти миллӣ ва сарвати фарҳангии халқи мо хизмат мекунад. Рӯзи Президент аз ҷониби шаҳрвандон ҳамчун ифодаи самимии эҳтиром ба Пешвои муаззами миллат – Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки иродаи халқро барои истиқлолият ва рушди давлат ифода мекунад, самимона пазируфта шудааст.

Таъкид доштанд, ки дар маҷмуъ, Рӯзи Президент дар Тоҷикистон ҷашни гуногунҷабҳаест, ки ҳувияти миллӣ, мероси фарҳангӣ ва кӯшиши мардумро барои ваҳдат ифода мекунад. Ин рӯзест, ки шаҳрвандони Тоҷикистон садоқати худро ба арзишҳои миллӣ ва эътимоду боварии худро ба ояндаи дурахшони кишварамон изҳор мекунанд. Ин ҷашн дар руҳияи ваҳдат ва ҳамбастагӣ сурат мегирад, ки аҳаммияти нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишварро, ки барои рушди пайваста ва таъмини некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон зарур аст, таъкид месозад. Ин рӯз на танҳо нишонаи эҳтиром ба Президент, балки тантанаи ваҳдати миллӣ, хотираи таърихӣ ва некбинӣ нисбат ба ояндаи Тоҷикистон мебошад.

Ҳамагон шоҳиди онем, ки Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон ба раванди бунёди давлатдории миллӣ сарчашма гузошт ва абармади сиёсӣ Раҳмонов Эмомалӣ Шарифович чун вакили ҷавон ва дорои таҷрибаи баланди корӣ ба майдони сиёсат ворид гардида, Раиси Шурои Олӣ интихоб шуд.

Ин абармарди таърих миллатро аз марг ва давлатро аз парокандагӣ наҷот дода, кохи боҳашамати сулҳи тоҷиконро бунёд кард, низоми давлатдории муосирро асос гузошт ва тоҷиконро чун миллати дорои забон, фарҳанг ва таърихи қадима ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Аз ин ҷост, ки халқ ба ӯ унвони арзандатарин–Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллатро додааст.

Воқеан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд таҷрибаи хосаеро ба ҷаҳониён дар самти ҳалли осоиштаи низоъи шаҳрвандӣ ва муноқишаҳои сиёсӣ омӯзонанд. Ба ҷаҳониён собит намуданд, ки ақли солим, ҳадафи волои ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва бартарии манфиатҳои умумидавлатӣ нисбат ба манфиатҳои гурӯҳӣ метавонанд сулҳро дар мамлакат пойдор созанд.