Skip to main content
Маориф яке аз соҳаҳои калидии кишварҳои дунё ба шумор рафта, пешрафти ҷомеаро бидуни он тасаввур кардан имконнопазир аст. Дар соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон кам нестанд олимону равшанфикроне, ки дар ин самт кору фаъоият намуда, саҳми арзандаи худро дар рушди ин соҳаи муҳими ҳаёти инсон гузоштаанд. Яке аз чунин шахсиятҳои намоён, ки фаъолияти пурмаҳсули худро ба рушди илму маориф бахшидааст, Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ мебошад.

Устод Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ ҳамчун олими соҳибтаҷриба дар ҷомеаи илмӣ ва маорифпарварии кишвари мақоми хосса дорад.Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ, 28 апрели соли 1959 дар ноҳияи Совет (ҳозира Темурмалик) дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Аз овони кӯдакӣ ба дониш ва омӯзиш шавқи зиёд дошт. Падари эшон муаллим Саидалӣ Имомов буданд, ки пайваста кӯшиш менамуд, то фарзандон аз илму донишҳои замона бархурдор шуда, ба ин пайроҳа қадамҳои устувор монанд.

Ин буд, ки Имомзода М. С. соли 1976 пас аз хатми мактаби миёна ба факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, соли 1981 ин даргоҳро хатм карда, фаъолияти меҳнатиашро дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳои ҶСШ Тоҷикистон (1981-1984) оғоз намудааст. Солҳои 1984-1985 коромӯзи Институти адабиёти ҷаҳони ба номи Максим Горкийи АИ Иттиҳоди Шуравӣ, солҳои 1985 -1991 аспирант ва ходими илмии Институти забон ва адабиёти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Соли 1990 зери роҳбарии академик Муҳаммадҷон Шакурӣ дар мавзуи «Санъати портретсозӣ дар насри Садриддин Айнӣ» рисолаи номзадиашро ҳимоя намудааст. Баъди ҳимояи рисолаи номзадӣ соли 1991 фаъолияташро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар вазифаҳои муаллим, муовини декани факултети филологияи тоҷик, дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ ва декани факултети филология кор кардааст. Соли 2002 рисолаи докториашро дар мавзуи “Тафаккури бадеӣ ва поэтикаи насри Садриддин Айнӣ” зери роҳбарии мушовир, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Шакурӣ ҳимоя намудааст. Соли 2006 профессор, соли 2008 узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон гардида, аз соли 2014 ба унвони академики Академияи илмҳои Тоҷикистон сазовор гардидааст. Аз соли 2004 то соли 2012 ректори Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон, аз соли 2012 то соли 2020 ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015 2020) ва аз соли 2020 то соли 2022 дар вазифаи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии кишвар фаъолияти пурсамари худро нишон дода, бо як қатор мукофотҳои давлатӣ аз ҷумла ордени “Дӯстӣ” (2011), “Ифтихорнома” – и Шурои сарони кишварҳои ИДМ (2011), “Ифтихорномаи” и Кумитаи иҷроияи ИДМ (2011), “Ифтихорнома” - и Шурои ҳамкориҳо дар соҳаи маорифи ИДМ (2011), унвони “Корманди шоистаи таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия” (2012), профессори фахрии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (2006), Донишгоҳи педагогии Синзяни Ҷумҳурии Халқии Чин (2012), Донишгоҳи давлатии лингвистии Москав (2013) ва Донишгоҳи славянии Қирғизистону Россия (2018) мебошад. Соли 2017 ба медали 25 солагии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ барои хизматҳои шоиста дар саҳмгузорӣ рушд ва таҳкими парламентаризм соҳиб гардидааст. Соли 2019 бошад, барои саҳми истисноӣ дар рушди парлумонӣ, таҳкими демократия ва таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон дар давлатҳои узви ИДМ бо медали “Барои таҳкими ҳамкории парлумонӣ” сазовор гардидааст. Соли 2025 сазовори ҷоизаи “Ситораи Иттиҳод” дар бахши дастовардҳои беназир дар илм ва маориф гаштааст.

Бо назардошти саҳми арзанда ва фаъолияти пурсамари Имомзода Муҳаммаюсуф Саидалӣ дар рушди илму маорифи миллӣ, метавон бо итминон гуфт, ки ӯ аз ҷумлаи чеҳраҳои барҷаста ва таъсиргузори ҷомеаи муосир ба шумор меравад. Мероси илмӣ ва омӯзгории ӯ дар тарбияи насли донишманд ва пешрафти тафаккури илмӣ нақши муҳим гузошта, барои ояндагон ҳамчун манбаи илҳом ва ибрат хизмат хоҳад кард.

Ибрагимова Рухшона Маҳмадуллоевна - унвонҷӯи шуъбаи масоили назариявии давлат

ва ҳуқуқи муосири Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон