Skip to main content
Ба вуҷуд омадани шахсиятҳои бузург дар таърихи инсоният комёбии бузург буда, дар рушду инкишофи ҷомеа нақши хоса доранд. Бузургии ин гуна ашхос аз он иборат аст, ки онҳо манфиатҳои ҷамъиятиро аз манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ боло гузошта, баҳри рушду нумуъи ҷомеа хизмат менамоянд. Дар масири инкишофи таъриху маданият бисёр шахсиятҳое буданд, ки бо истеъдодҳои махсуси суханварии худ тавонистанд мардумро дар атрофи худ муттаҳид намуда, онҳоро ба ҷасоратмандӣ, мардонагӣ, қаҳрамонӣ ҳидоят намоянд.

Тавре, ки Марк Тулий Ситсерон навиштааст: «Дар олам ду навъи санъат: санъати лашкаркаши хуб ва санъати суханварии хуб мавҷуд аст, ки инсонро метавонад ба зинаи баландтарини шараф ва ифтихор расонад». Таъсири нутқ ва иқтидори суханварии шахсиятҳои бузург мардумро аз фалокат ва дигар дасисаҳои сиёсӣ наҷот дода, ба роҳи дуруст ҳидоят намудааст. Ба зумраи чунин ашхос пеш аз ҳама сарварони сиёсӣ ва роҳбаладони маънавӣ дохил шуда метавонанд.

Аз ин рӯ, дар шароити тағйирпазирии ҷомеа ва вусъат бахшидани муносибатҳои байналмилалӣ масъалаи баланд бардоштани тарбияи касбии кадрҳои эҷодкор ва суханвар муҳиммияти хосса пайдо мекунад. Бояд гуфт, ки намунаи илмию амалӣ дар тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи риторикаи сиёсӣ баромадҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди байналмилалӣ ва дигар вохӯриҳояшон бо қишрҳои гуногуни ҷомеа шуда метавонанд.

Баромадҳои Президенти кишвар аз минбарҳои сатҳи ҷаҳонӣ натиҷаи заҳматҳои зиёди шабонарӯзӣ ва эҳсосу дарки ҷавобгарии шахсиро баён менамояд. Сарвари давлат ҳамеша таваҷҷуҳи хосса ба нутқ, фасоҳати забон ва тарзи баёни нишонрас дорад. Ӯ ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ ва суханвари касбӣ бо забони ноби тоҷикӣ нутқи хеле ҷаззоб, оммафаҳм ва пурмӯҳтаво дорад, ки дар он аз ғановати фарҳанги ниёгон ва суханронии мардумони оддӣ истифода намуда, нутқи худро зебою таъсиррасон менамояд. Дар баробари ин, риторикаи сиёсии ӯ баёнгари ҷаҳонбинии васеъ ва таҷрибаи бойи суханварӣ мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун суханвари сатҳи ҷаҳонӣ дар ҷаззобияту лутфи пурмуҳтавои сухани воло, дили гарму дидаи кушод ва эҳтироми хоссаи хушсуханӣ дорад, ки ин ҳама эътирофу эҳтироми ӯро дар байни омма афзун гардонидааст. Чуноне ки доктори илмҳои сиёсӣ Ятимов С.С. қайд менамоянд: “Пешвои миллат аз камтарин роҳбарони озмудашудаи сиёсии олам аст, ки дар доираи матни гузориш ва гуфтугӯи озод, бо такя ба далелу рақам ва мисолҳои баҳснопазир, бо қудрати маънавӣ ва фарҳанги волои суханварӣ сомеонро тасхир мекунад. Ва моҳияти давлатдории хешро ба дилу дидаи омма мерасонад. Иқрор бояд гашт, ки ин кори чандон саҳл нест”.

Тавре маълум аст, Пешвои миллат дар давроне ба ҳайси сарвари сиёсӣ фаъолиятро оғоз намуд, ки Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба нооромиҳои сиёсӣ рӯбарӯгардида буд. Аз вазъи дохилии кишвар қувваҳои манфиатдори хориҷӣ истифода намуда, дар кишварамон оташи ҷанги таҳмилиро фурӯзон намуданд. Нахустин комёбии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин буд, ки тавонист дар Иҷлосияи XVI - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун чеҳраи сиёсӣ бо як шуҷоату мардумсолорӣ худро муаррифӣнамуда, аввалин нутқи сиёсии худро бо ҳисси баланди миллӣ ва боварӣ ба оянда пешниҳод намояд. Далели ин садҳо барқияҳое мебошанд, ки ба иҷлосия ва садову симо меомаданду қариб як хел шурӯъ мешуданд: «Аз суханронии аввалини Шумо дар дили мо шӯълаи умед фурӯзон гашт...».

Албатта, дар нутқи Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ ифтихори ватандорӣ, дурандешӣ, ҳисси баланди масъулият ва қотеияту матонат дида мешуд ва чунин хусусиятҳояш ба сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки дар сухани худашон содиқ монда, барои хотима бахшидан ба низоъ ва хусумати дохилӣ, таҳкими сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ миёни мардуми кишвар комёб гарданд.

Баҳсу муколамаҳои байни тоҷикон, гуфтугӯ ва ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, пойдор намудани ваҳдати миллӣ - ин ҳама ба дастовардҳои Президенти кишвар ва мардуми шарафманди Тоҷикистон вобастагӣ дорад. Роҳбари давлат бо баёни содаю самимӣ, маҳорати хоси суханварӣ, лаҳни маслиҳатомез ба ҳамватаноне, ки дар айёми нооромии кишвар хоки Тоҷикистонро тарк намуда буданд, суханронӣ менамуд. Маҳз суханронии Сарвари давлат дар мавриди бозгашти фирориён самимӣ садо дода, ба қалби ҳазорон нафаре, ки бо амри тақдир берун аз хоки Тоҷикистон зиндагӣдоштанд, шуълаи умеду боварӣбахшида, сабаби ба Ватан баргаштани ҳамватанон гардид. Воқеан ҳам, то имрӯз дар нутқи Президенти кишвар ҳамеша таъкиди сулҳу ваҳдат ва ягонагии миллӣ ҷойгоҳи худро дорад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки суханварӣ ва суханронии Пешвои миллат бо забони давлатӣ дар тамоми нишастҳои сатҳи ҷаҳонӣ, алалхусус дар минбари баланди СММ аз назари муқоисавӣ ба дигар баҳсҳои сиёсӣ хеле пурмуҳтаво буда, касбияти баланди мантиқи забондонӣ ва доштани ҳисси баланди худшиносии миллии сарвари сиёсиро нишон медиҳад. Нутқи Президенти кишвар дар Созмони Милали Муттаҳид ҳамеша такони ҷиддии иҷтимоию сиёсиро дар арсаи байналмилалӣ ба вуҷуд меоранд. Албатта, таъсир ва арзиши риторикаи сиёсии Пешвои миллат на танҳо барои дурнамо ва рушди иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсӣ ва маънавии миллатамон, балки барои ҳимояи арзишҳои умумиинсонӣ аз аҳамият холӣ нест. Нутқ ва баромадҳои Пешвои миллат ҳамеша пурарзиш, боварибахш ва маънии ҳимояи манфиатҳои миллиро дошта, барои мардум таъсири хосса дорад.

Бояд гуфт, ки яке аз самтҳои амалишавии риторикаи сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёмҳои ироа намудаи он кас ба Маҷлиси Олӣ инъикос меёбанд. Суханрониҳое, ки сарвари давлат дар Паёмҳои ҳарсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа менамоянд, ба самтҳои афзалиятноки сиёсати дохиливу хориҷӣ, мақсадҳо ва вазифаҳои муҳиму стратегии кишвар, дарки падидаву ҳодисаҳои гуногуни ҷаҳон, ҳалли мушкилоти мухталифи минтақавӣ ва байналмилалӣ бахшида шудаанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки Паёмҳои Президенти кишвар ҳамеша таҳаввулоти бузурги иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангиро дар ҷомеа ба вуҷуд меоранд. Зеро, сабки хоси суханрониҳои Пешвои миллат дар ҳамаи самтҳои ҳаёт тавони бузурги инъикоси воқеиятро доранд.

Хулоса, риторикаи сиёсии Пешвои миллат дар ҳифзи манфиатҳои ҳаётан муҳими миллӣ, мустаҳкам намудани ваҳдат ва баланд бардоштани мақоми шахс, ҷомеа ва давлат муҳиммияти хосса дорад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон поягузори мактаби суханвариест, ки дар маҷмуъ, барои таъмини амният, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва дурнамои давлатдорӣ мақому манзалати махсус дорад. Шунидани суҳбату баромадҳои Пешвои миллат, ки муҳтавои онҳо ба меъёрҳои илмию амалӣ мутобиқанд, барои мактаби суханварии тоҷик дарси таҳлилу омӯзиш мебошад.

Фазилат Саидова - номзади илмҳои сиёсӣ, ходими калони илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ