Skip to main content

Рақобатҳои геополитикии абарқудратҳои ҷаҳонӣ барои тақсим намудани қудрат дар арсаи байналмилалӣ бевосита ба Осиёи Марказӣ таъсир мерасонад. Таҷриба ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки абарқудратҳо зимни чунин рақобат аз воситаҳои гибридии ҷангҳои насли нав – экстремизму терроризм, кибертерроризму амалиётҳои ҷангии иттилоотӣ-психологӣ (равонӣ) истифодаи васеъ менамоянд.

Имрӯз натанҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳониро паҳншавии ақидаҳои ифротиву террористӣ ва идеологияи харобиовари ташкилотҳои экстремистиву террористӣ ба ташвиш овардааст.

Дастовардҳои охирини технологӣ аз ҷониби ин ташкилотҳо васеъ ва бо маҳорати баланд истифода бурда мешаванд. Маҳз Интернет, ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ имрӯз ҳамчун яке аз воситаҳои асосии паҳнкунии ҳаргуна ақидаву идеологияи харобиовар ба кор бурда мешаванд.

Идеологияи харобиовари ташкилотҳои экстремистиву террористӣ, ки тариқи шабакаи Интернет паҳн мегардад, асосан ба ҷавонон равона гардида, ҳисси муҳаббат ба Ватан, худшиносии миллӣ, таҳаммулпазирӣ, эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ ва фарҳангию маънавиро дар замири онҳо коҳиш медиҳад.

Зарурати андешидани чораҳои пешгирикунанда бар зидди экстремизм ва терроризм ба он асос ёфтааст, ки айни замон ташкилотҳои экстремистию террористӣ фаъолияти тахрибкоронаи худро идома дода, бо истифода аз роҳу усулҳои гуногун, аз ҷумла тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, фаъолияти густурдаи ташвиқотию тарғиботӣ бурда, аз ҳисоби шаҳрвандони кишвар сафи худро пур намуда истодаанд.

Дар ин замина, кишварҳои Осиёи Марказӣ дар самти пешгирии экстремизм ва мубориза бо терроризм сиёсати дохиливу хориҷии худро татбиқ намуда истодаанд.

Вобаста ба ин, бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои ҳам осебпазир аз нуқтаи назари ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ва ҳам пешрафтаи сатҳи байналмилалӣ дар самти пешгирии экстремизм ва мубориза бо терроризм шинохта шудааст.

Яке аз роҳҳои пешгирии экстремизм маҳз ҷалби ҷавонон ва оммавигардонии варзиш ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, бояд қайд намуд, ки қабули ташаббуси навбатии Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба Рӯзи умумиҷаҳонии футбол аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид яке аз омилҳои боздорандаи ифротгароӣ ба ҳисоб меравад.

Чунонки қайд намудем, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ барои тарғиби идеологияи харобиовар васеъ истифода мегарданд. Ҷиҳати пешгирии паҳншавии идеологияи экстремизм ва тарғиби таҳаммулпазириву идеологияи алтернативӣ мо низ бояд аз ин технологияҳо, аз ҷумла Интернет васеътар ва самараноктар истифода барем. Чунки агар воситаҳои анъанавии ахбори омма, аз қабили рӯзномаву маҷалла, радиову телевизион мавзуъҳои баррасишаванда ва самти расонидани хабарҳоро ба аҳолӣ идора кунанд, пас Интернет ин як фазои кушодае мебошад, ки дилхоҳ шахс метавонад фикру мулоҳизаҳои шахсии худро баён намояд.

Вобаста ба ин, бояд қайд намуд, ки категорияи дуюм, яъне фазои кушоди Интернет бартарии зиёд дошта, ба афкори ҷомеа таъсири бузург мерасонад. Аз ин рӯ, метавон қайд намуд, ки истифодаи зарфияти блогерон, шахсони намоёни ҷамъиятӣ, ки бо маводҳои интишорнамудаи худ ба афкори умум таъсири бузургтар мерасонанд, муҳим ва актуалӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамин тариқ, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар сафи чунин ташкилотҳо мутахассисони баландихтисос, аз ҷумла равоншиносон ва мутахассисони соҳаи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ иштироки фаъолона дошта, вобаста ба сатҳи ин амалҳои номатлуб дар ҷаҳон метавон хулоса намуд, ки фаъолияти онҳо дар ҳақиқат миқёсан бузург буда, ба амнияти миллӣ ва байналмилалӣ таъсири бузург дорад.

Аз ин рӯ, тамоми шахсони солимфикри ҷомеа бояд дар масъалаи пешгирии амалҳои номатлуби экстремизм ва паҳншавии идеологияи харобиовари он саҳми арзандаи худро гузоранд.

Ходими калони илмии Шуъбаи сиёсатшиносии ИФСҲ АМИТ, н.и.с., Додихудоев Х.А.

Ходими хурди илмии Шуъбаи сиёсатшиносии ИФСҲ АМИТ, Саримсаков И.Қ.