Истиқлоли сиёсии давлати тозабунёди Тоҷикистон, ки инак беш аз 33 сол инҷониб зери парчами озодӣ ва мустақилият бо такя ба анъанаҳои миллии таърихии хеш ба сӯи ояндаи шукуфон дилпурона қадам мезанад, як миқдор масъалаҳои ҳалталаберо низ ба миён овард. Ин масъалаҳо хусусияти бунёдӣ дошта, бидуни ҳалли дурусти онҳо ташаккули солим ва такомули баъдии низоми давлатдории миллии мо ғайриимкон хоҳад буд.
Масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ба ҳамин восита ташаккул ва такомули фарҳанги солими сиёсӣ дар саросари кишвар аз ҷумлаи ҳамин гуна масъалаҳои мубрам ва ҳалталаби рӯз аст. Ба ибораи Пешвои миллат, “дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад”.
Аз назари мо, дар ин раванд масъалаҳои марбут ба сиёсати кадрҳо ҷойгоҳ ва аҳамияти махсус дорад. Зеро маҳз дар асари сиёсати давлатии муваффақона ва босамар, ки бевосита ба муассарияти идоракунии сиёсии ҳокимият низ таъсиргузор аст, фазои солими орӣ аз фасод ва дараҷаи баланди бовари мардум ба давлат ва сохторҳои давлатӣ, аз як тараф, ва, аз тарафи дигар, умеду орзу ва итминони тӯдаҳои васеи мардум ба ояндаи неки кишвар таъмин карда мешавад. Ин масъалаи оддӣ нест, балки усулӣ ва дорои аҳамияти стратегӣ ҳам мебошад, ки ба таъмини амният ва суботи бардавоми сиёсӣ робитаи ногусастанӣ дорад, чун омили мазкур эътимоди дутарафаи байни ҳокимият ва шаҳрвндонро тақвият мебахшад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамин муносибат дуруст қайд мекунад, ки “ ...мо яке аз самтҳои нозуки рушди ҷомеаи тозаистиқлолро ба дуруст муайян намудани сиёасти кадрӣ маҳсуб донистем. Сиёсати кадрӣ ва ё бо ибораи дигар дуруст пайдо намудани нерӯи ақлонии лозима ва ба таври зарурию самаранок истифода намудани он вазифа ва мақсади аввалиндараҷаи ҳар як давлат аст. Аз мутахассисон бармеояд, ки рӯи кор омадани кадрҳоро набояд интизор шуд, балки онҳоро бояд тарбият кард ва аз қишрҳои гуногуни ҷомеа пайдо намуд”.
Дар беҳтар амалӣ сохтани сиёсати кадрҳо такя ба илм ва дастовардҳои бунёдии технологияҳои замони муосир ҳамеша унсури муҳими муайянкунанда ва пешбаранда будааст. Кадрҳои мусаллаҳ бо донишҳои ҳозиразамон ва ҷаҳонбиниву андешаҳои густурда гарави татбиқи муваффақона ва пурсамари лоиҳаву барномаҳои тақдирсози миллӣ ва сиёсати дохиливу хориҷии кишвар мебошанд. Донистани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои ҷадид ба ин раванд тақвият мебахшад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки марказҳо ва муассисаҳои илмӣ қисмати муҳиму таркибии раванди таҳия ва қабули қарору санадҳои тақдирсози кишвар қарор гирифта, робитаи пайваста ва ногусастанӣ бо онҳо таъмин карда шавад.
Аз назари мо, мавҷудияти захираҳои фаровони табиӣ, мавқеи муҳими ҷуғрофиву геополитикӣ, инфрасохторҳои пешрафтаи муҷаҳҳаз бо таҷҳизот ва технологияҳои ҷадид воқеан ҳам дар раванди ташаккул ва такомули рушди устувори кишвар ва боло бурдани сатҳи рифои мардум дорои мақом ва аҳамияти махсусанд. Аммо муҳимтар аз ҳама доштани шаҳрвандони бомаърифат ва бомасъулият аст, зеро танҳо чунин шаҳрвандони соҳибмаърифат ва фаъоли ҷомеа метавонанд кишварро дигаргун созанд, ояндаи дурахшони онро таъмин намоянд. Танҳо шаҳрвандони соҳибмаълумот ва ҳавасманд ба фардои шукуфони кишвар гарави суботи сиёсӣ ва рушди устувор буда метавонанд. Бисёр муҳим аст, ки дар ин раванд шаҳрвандон ба мақомоти давлатӣ эътимод ва бовар дошта бошанд. Бидуни чунин эътимоди тарафайн пешгирӣ аз ҳама гуна зуҳурот ва падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ дар ҷомеа ғайриимкон хоҳад буд.
Таъмини чунин эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ вазифаи ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандист. Аз ин рӯ, давлат бояд ба доштани чунин як ҷомеаи шаҳрвандии солим ва ниҳодҳои мухталифи фаъоли он ҳавасманд бошад. Дар асл яке аз императивҳои замони муосир дар раванди ҷаҳонишавӣ ин аст, ки инкишоф бояд ба идоракунии пурсамар асос ёфта бошад. Идоракунии пурсамар, ки бояд ҳатман натиҷабахш ва демократӣ бошад, танҳо дар сурати мавҷуд будани ҷомеаи шаҳрвандӣ сурат гирифта метавонад. Зеро мавҷудияти воқеии он амалӣ гаштани умдатарин усулҳои демократияро, аз қабили шаффофият ҳисобдеҳ будан ва масъулияти иҷтимоӣ кафолат медиҳад. Ин, дар навбати худ, ба боло рафтани сатҳи бовари мардум ба давлат ва сохторҳои давлатӣ, аз як тараф, ва таҳкими бештари раванди бунёди давлатдории миллӣ, аз тарафи дигар, мусоидат менамояд. Пас, давлат воқеан ҳам бояд алоқаманди ташаккул ва таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои он бошад, чун давлат дигар наметавонад ва набояд ба танҳоӣ чунин идоракуниро анҷом диҳад, зеро мафҳум ва амалияи такя ба заминаҳои васеи иҷтимоии ҷомеа ва дастгирии шаҳрвандон аҳамияти махсус касб кардааст.
Ҳанӯз дар соли 2006 ба муносибати даҳсолагии ба имзо расидани Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон ва таъсиси Шӯрои ҷамъиятӣ, ки воқеан дар таҳкими ваҳдати миллии тоҷикон мавқеи сазоворро ишғол намуд, Пешвои миллат ба таъкид иброз дошт, ки “мо аз ибтидо роҳи бунёди давлати озоди демократиро ихтиёр кардем. Бо ҳамин раванд мо давлатамонро пеш бурда, онро таҳким мебахшем”. “Бояд зикр намуд, ки мавзӯи демкоратия барои миллати тоҷик мавзӯи нав нест. Масъалаи ҷорӣ намудани демократия ва ҳуқуқи башар, бахусус мавзӯъҳои адлу инсоф, баробарҳуқуқии афроди ҷомеа, идораи одилонаи корҳои ҷамъиятӣ унсурҳои демократия мебошанд, ки ҳанӯз аз эъломияи Куруши Кабир ибтидо гирифта, баъдан дар асарҳои мутафаккирони халқи тоҷик Абӯҳанифа, Абӯнасри Форобӣ, Абӯали Ибни Сино, Низомулмулки Тӯсӣ, Насириддини Тӯсӣ, Аҳмади Дониш возеҳу равшан баён шуда буданд”, - хотирнишон намуд Пешвои миллат.
Дар ҳақиқат, арзишҳои аслии демократия дар партави даврони Истиқлолият тобишҳои нав ва ҷилои тоза ба худ касб намудаанд. Даврони Истиқлолият ба ташаккул ва такомули баъдии ҷомеаи шаҳрвандии кишвар ва ниҳодҳои мухталифи он такони ҷиддӣ бахшид, махсусан ниҳодҳои анъанавии таърихии мо, аз қабили маҳалла, ҷамоат, чойхона, ҳашар ва ғайра нафаси тоза ба худ касб намуданд. Метавон гуфт, ки ин раванди таърихӣ марҳилаи нави худро оғоз намуда, ҳамчун дастоварди бузурги даврони Истиқлолият ба рукни муҳими низоми нави давлатдории миллии мо мубаддал гаштааст. Ба ҳамин муносибат бояд зикр намуд, ки имрӯз Тоҷикистон дар инкишофи худ аслан ба марҳилае ворид шудааст, ки рушду такомули минбаъдаи кишвар аз бисёр ҷиҳат ба дараҷаи иштироки шаҳрвандон дар раванди эҷод ва таҳкими ҷомеи шаҳрвандӣ, аз як тараф, ва андозаи саҳми онҳо дар ҳалли масъалаҳои сиёсию иҷтимоии ҷомеаи навбунёди тоҷикон, аз дигар тараф, ва, ниҳоят, фаъолияти озоди сохторҳои ҷамъиятӣ вобастагии комил дорад. Дар ҳамин замина муҳаққиқон дуруст қайд кардаанд, ки, масалан, нақши созмонҳои ғайридавлатӣ дар иттиҳод ва ба ҳам овардани ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташаккул ва сари вақт ба мақомоти қудрати давлатӣ расонидани хостаҳо ва талабҳои мардум, танзими гуфтугӯҳои солим ва созанда бо давлат ба хотири дифоъ аз ин манфиатҳо махсус аст.
Идоракунии пурсамар, албатта, ба шоҳсутунҳои асосии давлатдории солим, аз ҷумла мавҷуд будани иродаи неки сиёcӣ, стратегияи мушаххаси инкишоф ва сиёсати дурусти кадрҳо асос меёбад. Мавҷудияти ин рукнҳои муҳим ба раванди бунёд ва инкишофи давлатдори миллӣ мусоидат менамояд. Аммо гарав ва кафолати инкишофи устувор ва суботи давлат маҳз дараҷаи фаъолнокӣ ва сифати ҷомеаи шаҳрвандӣ аст. Ҷомеаи шаҳрвандии баркамол гарави пешгирӣ аз ҳамагуна низоъҳои номатлуб ҳам мебошад. Сиҳатӣ ва камолоти ҷомеаи шаҳрвандӣ аз дараҷаи фарҳанги умумии шаҳрвандон, маърифати ҳуқуқӣ ва муносибатҳои иқтисодии пешрафта вобаста аст. Ҷомеаи шаҳрвандӣ аз давлати пуриқтидор ва пешрафта бештар фоида мебинад, нисбат ба давлати заиф. Қудрат ва иқтидори давлат ва давлатдории солим дар ин қарина ба маънои асос ёфтани он ба усулҳои аслии мардумсолорӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, волоияти қонун ва риояи ҳуқуқҳо ва арзишҳои аслии инсонист. Бояд чунин давлат, аз тарафи дигар, ба рукнҳои миллии давлатдорӣ ва аризишҳои умумиинсонӣ (меъёрҳои байналмилалӣ) такя намояд.
Хулоса, идоракунии пурсамар ва раванди давлатдории солим бе иштироки фаъоли ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ имконнопазир аст. Маҳз ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонанд барномаву лоиҳаҳои тақдирсози роҳбарияти кишварро беҳтар амалӣ созанд, иштироки оммаи васеи мардумро дар равандҳои таҳия ва қабули чунин барномаҳо таъмин намоянд, сатҳи бовари шаҳрвандонро ба давлат ва Ҳукумат боло бардоранд, назорати ҷамъиятӣ ва мониторинги мутадовими иҷрои босамари нақшаҳои иҷтимоан муҳимми давлатиро ба роҳ монанд, гуфтугӯ ва муколамаи бардавомро пеш баранд, сатҳи касод ва фасоди ҷомеаро поён оваранд, низоъҳои номатлубро дар ҷомеа пешгирӣ ва дар асари таъмини суботу ризоияти умумимиллӣ ба рушду такомули устувор ва шукуфоии бештари миллат мусоидат намоянд. Чунин бархӯрд ва шеваи кор, аз тарафи дигар, ба раванди бунёди давлатдории миллӣ такони ҷиддӣ дода, пояҳои давлат ва давлатдориро мустаҳкамтар ва устувортар месозад, якпорчагӣ ва эътимоди боровари байни давлат ва ҷомеаро таъмин менамояд.
Каримов Ш.Т., доктори илмҳои сиёсӣ, сарходими илмии шуъбаи ШМА ва Канадаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ