Skip to main content

Биёед эй рафиқон дарс хонем,

Ба бекорию нодони намонем,

Ба олам ҳар касе бекор гардад,

Ба чашми аҳли олам хор гардад.

Садриддин Айнӣ

Таҷлили дарси сулҳ ва соли нави хониш дар кишвари мо ҳамасола 1-сентябр оғоз мегардад. Бояд қайд намуд, ки шаҳодати равшани эҳтироми бузурги давлату Ҳукумат ба сулҳу субот, суботи сиёсии ҷомеа, мақоми илму маориф, маънавият ва маърифат, меҳнати пурмашаққати омӯзгорон ва заҳмати хонандагону мактаббачагон, яъне насли ояндаи миллат мебошад. Дарси сулҳ насли ҷавонро ташвиқ мекунад, ки илмро омӯзанд, ҳайётро дӯст доранд, якдигарро эҳтиром кунанд ва ба пойдории сулҳу субот саҳмгузор бошанд.

Ҳамасола дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо “Рӯзи дониш” ҳамчун иди маърифат ва дониш ҷашн гирифта мешавад. Бояд қайд кард, ки дар ҷаҳони муосир илм ва дониш ҳамчун яке аз сарчашмаҳои асосии пешрафти соҳаи иҷтимоӣ аҳамияти бештар пайдо мекунанд. Аз ин нуқтаи назар, ҳаёт ва пешрафти ҷаҳони муосир аз ҳар як шахс маълумот ва касбро талаб мекунад. Таъмини рушди устувори иқтисодӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои моддӣ ва маънавӣ, ташаккули шаклҳои самараноки идоракунии давлатӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат оид ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва муаррифии арзишҳои миллӣ аз сатҳи рушди иқтидори инсонӣ вобаста мебошад. Барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо, илм ва маориф аз ҷониби давлат ҳамчун соҳаи ҳаётан муҳими иқтисоди миллӣ арзёбӣ карда шуда, заминаи меъёрию ҳуқуқӣ барои суръат бахшидани ислоҳот дар ин соҳа таҳия ва ҷорӣ карда аст.

Гуфтан ба маврид аст, ки ҳамасола Рӯзи дониш 1-уми сентябр дар Тоҷикистон бо “Дарси сулҳ” оғоз мегардад.

Қобили зикр аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо ибитикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беҳтар намудани шароити таълим ба хонандагону донишҷӯён шароит фароҳам оварда шуда, дар тамоми гӯшаҳои мамлакат садҳо муассисаҳои илмӣ ва мактабҳо бо китобхонаҳои электронӣ ва шароити мусоид барои таҳсил таҷҳизонида шудааст. Гузаронидани дарсҳои сулҳ аз ҳар ҷиҳат ба мафкураи наврасон ва ҷавонони мо таъсири мусбат расонида, онҳоро дар рӯҳияи эҳтиром ба сулҳу суботи кишвар, илму маориф ва ватани аҷдодӣ тарбия менамояд. Зеро бидуни ташаккули зеҳни ҷавонони боистеъдод ва бидуни омӯзиши донишҳои муосир, омӯзиши электронӣ, ташкили лабораторияҳо ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав, мо наметавонем ба ҳадафҳои умедбахши худ расида, рушди минбаъдаи сармояи инсониро дар кишвар таъмин кунем. Мо набояд фаромӯш кунем, ки ояндаи неки давлату миллати аҷдодии мо бештар аз таҳсилоти ҳозираи наврасону ҷавонон вобаста аст.

Тибқи маълумоти омории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамасола дар мамлакат теъдоди хонандагон афзоиш ёфта, дар соли хониши 2024-2025 дар ҷумҳурӣ 260 ҳазор нафар хонандагон қадамҳои аввалинии худро ба даргоҳи илму дониш мегузоранд. Аз ин миён 125 ҳазорашро духтарон ва 135 ҳазори дигарро писарон ташкил медиҳанд

.

Дар охир ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистони азиз гуфтаниям соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш мубораку фархунда бод.

Ибрагимова Мадина - лаборанти калони

Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон