
Имрӯз, 06 май дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 80- солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии “Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар Ғалаба бар фашизм” баргузор гардид.
Ба кори конфронс ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшида, ҳамзамон доир ба шуҷоату далерии қаҳрамононаи мардуми тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ изҳори андеша намуд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар суханронии муқадимавии хеш иброз дошт, ки дар таърихи миллати тоҷик ғалаба бар фашизм ҳамин гуна як рӯйдоди хотирмону мондагор аст.
Гуфта шуд, ки ҷоннисориҳои падарону бобоёни мо дар замони ҷанги дуюми ҷаҳонӣ чи дар ақибгоҳ ва чи дар хати фронти ҷанг фаромӯшнашуданист. Аз ин рӯ, санаи пирӯзӣ бар фашизм, ки омили сулҳу оромӣ дар рӯйи олам гардид ва халқҳои гуногуни олам ба сӯйи озодӣ ва зиндагии осудаву созанда роҳ гирифтанд, барои миллати тоҷик санаи хотирмон аст. Зеро ҷанговарон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли ҷанги чандсолаи гӯшношуд ҷасуронаву қотеона иштирок карда, аз худ қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон додаанд.
Бояд гуфт, ки ҳамасола таҷлили Рӯзи ғалаба як навъ арҷгузорӣ ба қаҳрамониҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва пос доштани хотироти неки шаҳидони ин ҷанги хунину хонумонсӯз мебошад.
Ҷойи таъкид аст, ки қатлу куштору бераҳмии солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки падарону бобоёни мо шоҳиди воқеии ин ҳодисаҳои гӯшношунид гаштаанд, барои насли имрӯза дарси ибрат аст.
Ҳамаи мо фаромӯш накунем, ки ҷанг дар ҳар шаклу усуле набошад, ба инсон бадбахтӣ меорад. Танҳо сулҳ аст, ки саодати инсонро эҳдо мекунад. Мояи дарку фаҳми баланд аст, ки аз имрӯзи худ, аз давлати тинҷу ором ва хотири ҷамъу хонаи ободи хеш шукрона кунем ва баҳри пешрафту шукуфоии Ватани азизамон – Тоҷикистон раъйи дуруст ва дасти созанда дошта бошем.
Дар идомаи конфронс олимону муҳаққиқон дар суханрониҳои хеш аз қаҳрамониҳои падарону бобоёнамон дар Ғалаба бар фашизм ёдовар гардида, қаҳарамонию ҷасурӣ ва далерии онҳоро васф намуданд.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк мекунад, ки коҳиш ва харобшавии минбаъдаи манбаъҳои обҳои ошомиданӣ дар сайёра метавонад аҳли башарро ба фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк мекунад, ки коҳиш ва харобшавии минбаъдаи манбаъҳои обҳои ошомиданӣ дар сайёра метавонад аҳли башарро ба фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд.
Аз ин лиҳоз, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ лозим меояд, ки барои ҳалли ин масоили глобалӣ ҳарчи зудтар чораҳои зарурии муштаракро таҳия ва татбиқ намояд.
Мо хушҳол аз онем, ки ташаббуси мо бо дарки масъулият аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пуштибонии ҳаматарафа ёфт.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Ғамхорӣ нисбат ба ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои камбизоат дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дошта, барои беҳтар намудани шароити таҳсил ва зиндагии онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ ва самарабахш андешида мешаванд.
Ғамхорӣ нисбат ба ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои камбизоат дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дошта, барои беҳтар намудани шароити таҳсил ва зиндагии онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ ва самарабахш андешида мешаванд.
Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon
Дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбону ниёзмандон, оростани дастархони идонаву супоридани туҳфаҳои гуногун ба онҳо дар арафаи ҳар иду айём аз иқдомҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Чуноне Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд: "Ғамхорӣ дар ҳаққи ятимон ва дароз кардани дасти хайру сахо ба онҳо вазифаи ҳар як фарди бонангу номус ва шахсони саховатпеша мебошад".
Имрӯз (14.12.2024) тибқи дастуру супоришҳои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо ибтикори Иттифоқи касабаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии ятимону бепарасторон барои аёдат ба Мактаб-интернати - и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ рафтанд.
Дар ин муассиса, кӯдакони ятими кул ва нимятимон, инчунин фарзандон аз оилаҳои ниёзманд ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Омӯзгорону мураббияҳои хонаи бачагони Мактаб-интернати бо дарки ин ҳақиқат пайваста талош доранд, ки рисолати худро бо масъулияти баланд иҷро намуда, дар таълиму тарбияи кӯдакон ва шукуфоии ҷомеа саҳми босазо гузоранд.
Ҳар яки мо бояд ҳамчун пайравони асили Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошему амалҳои хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ қарор диҳем.
Боиси тазаккур аст, ки бо роҳнамоӣ ва ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви вобастаи АМИТ, муҳтарам Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар доираи фаъолияти Шурои олимони ҷавони АМИТ курси “Сарварони сиёсӣ” ба роҳ монда шудааст.
Вобаста ба ин, санаи 13 декабри соли 2024 зимни нишасти панҷумини ин иқдом дар толори Шурои олимони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе муҳтарама Одилзода Дилбар дар мавзуи “ Душанбе- қалби Тоҷикистон ва шаҳри сулҳу дӯстӣ” хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар раванди ҷамъомад, инчунин муовини президенти АМИТ Собирзода Нуралӣ, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ профессор Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра ва Раиси Шурои олимони ҷавони АМИТ, н.и.ф., Зиёев Субҳиддин оид ба нақши шаҳри Душанбе дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ҳувияти баланди миллӣ,одобу фарҳанги шаҳрдорӣ сухан гуфтанд.
ҶАЛАСАИ КОРӢ ДОИР БА ГУЗАРОНИДАНИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲО АЗ АККРЕДИТАТСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
13 октябри соли равон таҳти Раёсати президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҷиҳати омодагиҳо барои аз аккредитатсияи байналимлалӣ гузаронидани Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа роҳбарияти академия ҷиҳати дар сатҳи баланд қабули меҳмонон ва омодагиҳо барои аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ноибону, директорони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Зикр гардид, ки воқеан ҳам дар шароити имрӯз рушди илму техника ва табодули таҷриба миёни олимону муҳаққиқон натанҳо дар дохил балки дар сатҳи ҷаҳонӣ сурат мегирад, ки ин боиси пешрафт ва муваффақ гардидани худи олимон дар соҳаи илму фановарӣ аст.
Имрӯз равобиту ҳамкориҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муассисаҳои илмию таҳқиқотии кишварҳои хориҷ дар ҳоли рушду пешрафт аст. Вобаста ба ин роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тасмим дорад, ки бо истифода аз мавҷудияти фароҳам овардани заминаи моддиву техникии муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронад.
Дар ин замина мутахассисон барои санҷиш ҷиҳати аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон санаи 18-19 декабр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор хоҳанд дошт.
13 декбари соли равон президенти Академяи миллии илмҳои Тоҷикистон узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо муҳаққиқони ҷавоне, ки дар курсҳои хориҷӣ ҷиҳати пешбурди корҳои илмӣ таҳқиқотӣ ба таҷрибаомӯзӣ ҷалб гардида буданд вохурӣ намуд.
Зимни вохурӣ қайд гардид, ки ба омӯзиш фаро гарифтани ҷавонону муҳаққиқон аз ҷумлаи ҳадафҳои олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон алалхусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Бояд гуфт, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ ягона ниҳодест, ки сиёсати илмии кишварро пеш мебарад. Дар робита ба ин олимону муҳаққиқонро зарур аст, ки дар ин самт корҳои илмию таҳқиқотиро ҷоннок намуда, кӯшиш намоянд, то ба дастовардҳои бузурги илмӣ ноил гарданд.
Таъкид гардид, ки солҳои охир бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равобиту муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои хориҷ барқарор гардиданд, ки дар заминаи ин садҳо нафар олимону муҳаққиқони ҷавон барои сайқал додани донишу таҷрибаи худ дар бонуфузтарин донишгоҳҳои хориҷи кишвар таҷриба меомӯзанд. Чун асри 21 асри техника ва технология эълон гардидааст. Дар доираи ин олимону муҳаққиқони мо бояд аз рушди бомайлони техникаву технолоияи навин дар канор намонда, дониши худро сайқал диҳанду дар самти ихтироот ба натиҷаи назаррасе ноил гарданд.
Гуфта шуд, ки як самти муҳими пешрафти техинкаву технология дар ҷомеаи муосир ин робототехника мебошад, ки рушди бесобиқа намуда истодааст. Мо бояд дар ин самт ҳарчи зудтар тадибрҳои нав андешида, барои амалӣ намудани корҳои илмӣ таҳққиқотӣ олимону муҳаққиқони ҷавонро барои омухтани таҷрибаомӯзӣ ба хориҷи кишвар сафарбар намоем. То дар оянда, дар ин самт ба натиҷаҳои бузурги илмӣ ноил гардем таъкид шуд дар вохурӣ бо муҳаққиқони ҷавон.
СЕМИНАРИ ИЛМӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ДАВЛАТИ ДУНЯВӢ ВА АҲАМИЯТИ ОН ДАР ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ”
Бо ташаббуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳовиддинови АМИТ семинари илмӣ таҳти унвони “Давлати дунявӣ ва аҳамияти он дар ҳифзи арзишҳои миллӣ” доир гардид.
Дар кори семинар доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, директори Маркази антропологияи АМИТ Муҳаммадалӣ Музаффарӣ ва доктори PhD-и Институт Азиз Баширӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар рафти семинари илмӣ қайд гардид, ки танҳо шакли дунявии давлатдорӣ ва принсипҳои он дар раванди дигаргуниҳои ҷаҳони муосир, ки ҳифзу нигоҳдошти арзишҳои миллӣ ба яке аз масъалаҳои муҳимтарин ва ҳалталаби рӯз мубаддал гаштааст, имкон дорад роҳи халли дурусти масъаларо пешниҳод намояд ва ҳамзамон пайи ҳифзи арзишҳои миллӣ гоми устуворе бошад.
Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат мефармоянд: «Давлати мо давлати дунявист, аз ин рӯ на пайравони тариқати атеистӣ, на пайравони дин, на пайравони демократияи дурӯғин, на тарафдорони ҷомеаи коммунистӣ ва на муътақидони ягон шакли дигари ақоиду афкори сиёсӣ ҳуқуқ надоранд ба хотири густариши режими сиёсиву динӣ Конститутсия ва дигар қонунҳои мавҷудаи ҷамъиятиро сарфи назар намоянд».
Баъди маърузаҳои пешниҳодшуда байни иштирокчиёни семинар музокираҳо сурат гирифта, ҳозирин ба худ ғизои баланди маънавӣ гирифтанд.
НАШР ДАР РӮЗНОМАИ "ҶУМҲУРИЯТ"
Боиси зикри хос аст, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва бо талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталиф бо кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон рушди бесобиқа намудааст. Дар замони имрӯз яке аз соҳаҳои афзалиноки кишвар ин соҳаи илм мебошад, ки рушди бомайлон намуда истодааст. Имрӯз мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар пайравӣ аз сиёсати илмпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт барои пешрафти илмӣ ватанӣ ва дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани он талошҳои зиёд намуда истодаанд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки ҳамкориҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии Ҷопон дар оянда густариш ёфта, дар соҳаи илм натиҷаҳои бузургро ба бор меорад.