Чилаева Муҳайё Тоҳировна – докторанти доктор PhD – и шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
Дар ташаккули ҳар як халқу миллат бузургоне ҳастанд, ки номи онҳо дар ҳеҷ давру замон аз хотираи мардум фаромӯш нагашта, ҳамеша дар ёдҳо боқӣ мемонад. Хушбахтона, чунин шахсиятҳо дар миллати тоҷик низ кам нестанд, ки онҳо ифтихори на танҳо миллати мо, балки боиси сарфарозии мардуми тамоми олам гардидааст. Ин бузургон бо таҳлилу баррасиҳои амиқи худ дар соҳаҳои алоҳидаи илм саҳми сазовор гузоштаанд. Охири асри XX ва аввали асри XXl низ дорои чунин бузургон ва абармардони сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Бо шахсияте, ки айни ҳол мехоҳам дар васфашон нависам дер боз шиносу аз сӯҳбатҳои самимияшон бархурдор ҳастам. Ин устоди бузургвор ва накӯном Шоназар Шоисматуллоев мебошад. Устод ҳанӯз аз курси 1-ум буданам ба мо дарс мегуфтанд ва нозукиҳои илми сотсиологияро меомӯзониданд. Усули дарсгузаронии Устод чунон содда ва фаҳмо буд, ки ҳар як донишҷӯ дарк мекарду мефаҳмид. Агар ин ҷо ман ҳамчун як шогирди камтарини Устод васфи ин шахсиятро соатҳо намоям, боз ҳам кам аст, чунки дар Устод хислатҳои наҷиб хело зиёд аст, ки шумурда намешавад.
Устод тамоми ҳаёт ва фаъолияти худро ба таҳқиқ ва омӯзиши ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоии ҷомеа равона бахшидааст. Солҳои тӯлонӣ Ӯ ба таҳқиқи ҷомеаи тоҷик машғул аст. Ҳамзамон яке аз аввалин созмондиҳандаи моҳири соҳаи илм, аз ҷумла, сотсиология буда, барҳақ яке аз бунёдгузорони ин илми муосири тоҷик ба шумор мераванд. Хизмати ин олими забардаст дар интишори силсилаи асарҳои сотсиологӣ басо бузург аст. Дар тӯли ҳаёт ва фаъолияти илмӣ Устод як қатор вазифаҳои пурмаҳсулро ба уҳдаи худ ба монанди Моҳи январи соли 1970 ба шуъбаи фалсафаи АИ ЉСС Тоҷикистон дар вазифаи лабаранти калон, солҳои 1970 – 1974 дар Институти таҳқиқотҳои сотсиологии АИ СССР (Ш. Москва) аввал таҷрибаомӯз ва баъдан дар аспирантура (аз соли 1991 Институти фалсафа ва ҳуқуқ) АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои корманди хурди илмӣ, котиби илмӣ, мудири сектор, мудири шуъба фаъолият намудааст. Аз соли 1993 то соли 1997 докторанти Институти сотсиолгияи АИ Федератсияи Россия, Аз соли 1997 то соли 2001 корманди пешбари Институти фалсафа ва ҳуқуқи АИ ҶТ, аз соли 2001 мудири шуъба шуда фаъолият кардааст. Аз соли 2002 то соли 2009 ҷонишини дирктори ҳамин Институт оид ба илм, аз 2009 то ин ҷониб ба ҳайси мудири шуъбаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АТ ҶТ фаъолият менамояд. Воқеан, яке аз дастовардҳои пурарзиши Устод, ки ӯро абадан дар радифи дигар шахсиятҳо бузурги миллат ҷой дод, асарҳои безаволи ӯ мебошад. Ин асарҳо аз тарафи маъруфтарин мутахассисони сатҳи Осиёи Марказӣ ва ҷаҳонӣ эътироф шуда ва ба таври сазовор арзёбӣ гардид. Таҳқиқоти ӯ доир ба илми сотсиология дар тамаддуни башарият ба густариши равобити илмиву фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақаву ҷаҳон ва дар айни замон таҳкими худшиносии миллии тоҷикон мусоидат намудаанд.
Шоназар Шоисматуллоев яке аз арҷмандтарин устод баҳри мо шогирдон ба ҳисоб мераванд. Вақте, ки мо асарҳои Устодро мутолиа мекунем, пеши чашми мо як олами дигари маънӣ боз мегардад. Кам нафароне ҳастанд, ки дурри ин маъниҳоро дарёбанду ва аз он баҳра гиранд. Яке аз афзалиятҳои Устод нисбат ба дигар ҷомеашиносон дар он аст, ки эшон маълумотҳои ба дастовардашудаашонро ба таври нуқтасанҷ ва борикбинона таҳлил намуда, онҳоро бо дигар таҳлилҳо муқоиса намуда, баъдан хулосаи амиқи худро мебароранд. Чунин тарзи баҳодиҳӣ маҳз ба сабки навишти Устод хос аст.
Мо шогирдон дар Устод сифатҳои инсондустӣ, меҳрубонӣ, шавқату раҳм, падарвор ғамхор буданро ва серғайрат буданро дар рафторҳои онҳо мушоҳида намудем. Саҳми арзандаи устод дар пажӯҳиш ва мӯайян намудани масоили иҷтимоии ҷомеа хеле назаррас аст. Асарҳои эҷоднамудаи Устод, ки зиёда аз 150 асари илмиро ташкил медиҳад, натиҷаи заҳматҳои бисёрсолаи ин шахсият ба ҳисоб меравад.
Имрӯз устод шогирдони зиёдеро ба воя расонидааст, ки ҳар яки онҳо бо роҳнамоии устод дар соҳаи илми нақши боризеро иҷро менамоянд. Агар мо соатҳо дар бораи ҳаёт ва фаъолияти эъҷодии устод сухан намоем, мо бешубҳа гуфта метавонем, ки ин соатҳо камӣ менамоянд. Чунки Устод пухтаи кори худ ҳастанд ва мо шогирдон ҳуқуқи баҳо гузоштан ба эъҷодиёти ӯро надорем.