Skip to main content

Имрӯз, 21 май бахшида ба Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳраки академӣ бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон ва олимони ҷавон чорабинии идона баргузор гардид.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт тамоми олимони ҷавон ва ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон табрику таҳният намуда, таъкид дошт, ки аз замони ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва аввалин мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани якуми Иттифоқи ҷавонон баргузор шуда буд, ки поягузори банақшагирӣ ва татбиқи барномаву чорабиниҳои бузург дар самти ҷавонон гардид. Дар ин мулоқот ҳануз Пешвои миллат зикр намуда буданд, ки “Мо хуб дарк мекунем, ки таваҷҷуҳ ба ҷавонон ғамхорӣ барои ояндаи миллати тоҷик ва таҳкими неруи давлати Тоҷикистон мебошад”.

Ҳамин буд, ки баъдан бо мақсади дастгирии ҷавонон, ташаккул ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, бо шуғл таъмин намудани ин қишри фаъоли ҷомеа, дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои нав, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои насли ҷавон зарурати таъсиси мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти кор бо ҷавонон ба вуҷуд омад. Бинобар ин, моҳи майи соли 1997 қарори Ҳукумати мамлакат доир ба таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расида, санаи 23-юми май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон карда шуд.

Бояд тазаккур дод, ки тибқи таҳлилҳои хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид-Тоҷикистони мо аз ҷумлаи кишварҳои дорои афзалияти ҷавонон дониста шуда, синну соли миёнаи аҳолии он 22,5 солро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, тибқи маълумоти оморӣ зиёда аз 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд, маҳз ба ҳамин сабаб Тоҷикистон кишвари ҷавонон ба ҳисоб меравад. Нишондиҳандаҳои мазкур, аз мо, амалисозии тадбирҳои зиёдро дар тарбия ва рушди қобилиятҳои зеҳниву ҷисмонии насли ҷавони ҷомеа тақозо менамояд.

Гуфта шуд, ки тули солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвари мо заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ташкиливу инфрасохтории сиёсати давлатии ҷавонон ташаккул ёфта, даҳҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул ва маҷмуи масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ки бевосита ба ҷавонон дахл доранд, ҳаллу фасл карда шуданд.

Имрӯз дар шароити пешрафти босуръати илму техника ва технологияҳои нав, масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифату саводнокии ҷавонон ва ба омӯзиши донишҳои замонавӣ фаро гирифтани онҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини мо ба ҳисоб меравад.

Дар идома муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе суханронӣ намуда, тамоми ҷавонони кишварро ба ин муносибат самимона табрик намуданд.

Дар интиҳои чорабинӣ як олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» бо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-ҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қадршиносӣ гардиданд.

Ҳамзамон дар ин чорабини президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бахшида ба рӯзи ҷавонон бо Ифтихорномаи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сарфароз гардид.