Skip to main content

Имрӯз (25.04.2025) бо ташабусси Шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтии АМИТ, Ҷамъияти анестизологҳо ва реаниматологҳои Тоҷикистон ба номи профессор Муродов М.К. ва Ассосиатсияи акушерон -геникологҳои Тоҷикистон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинар таҳти унвони “Ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувори СММ- пешгирӣ намудани вафти модарон ” баргузор гардид.

Ҳамоишро бо сухани ифтитоҳӣ раиси Шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтии АМИТ, д.и.т., профессор Ибодзода С.Т. кушод.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муҳтарам Қобилҷон Хушвахтзода Хушвахт ҳозиринро бо баргузор намудани чунин ҳамоиш табрик намуда, саҳми илми тибби тоҷикро хуб арзёбӣ намуд. Махсусан, пешрафти илми тиб ва дастовардҳои олимон дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар ҷолиби диққат мебошанд. Ҳамин аст, ки дар амалияи тибби кишвар онҳо рӯз аз рӯз амалӣ гашта истодаанд.

Дар соҳаи илми тиб низ барои рушди илм ва ҷорӣ намудани технология муосир, тарбияи кадрҳои баландихтисос, тадбиқи қорҳои амалӣ ва табобати беморон чораҳои зиёде роҳандозӣ шуда истодааст.

Таҳқиқоти олимон дар самтҳои гуногуни илми тиб қарор гирифтанд, ки иҷроиши дурусти онҳо дар самтҳои гастроэнтерология, ҷарроҳии дилу раг, осебшиношӣ, акушерӣ – гинекологӣ ва ғайра нуфузи илмро боло мебардорад.

Сипас, раиси Ҷамъияти анестизологҳо ва реаниматологҳои Тоҷикистон, д.и.т., профессор Муродов А.М. ва раиси Ассосиатсияи акушерон -геникологҳои Тоҷикистон, н.и.т., дотсент Давлатзода Г.К. баромад намуда, ҳозиринро табрик ва ба кори семинар коёбиҳо орзу намуданд.

Мудири шуъбаи илмҳои тибби клиникӣ, д.и.т., профессор Рустамова М. С. дар мавзўи “Сохтори фавти модарон ва роҳҳои паст намудани он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дотсенти кафедраи анестозология ва реаниматологияи “Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустиӣ”-и МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Беларус”, н.и.т. Жаворонок А.Н. дар мавзӯи “Чанбаҳои муосири муолиҷаи хунравӣ ва назорати сохтори гемостаз” ва д.и.т., профессор Муродов А. М. дар мавзӯи “Таъсири шушҳо ба сохтори гемостаз дар занони ҳомиладори гирифтори синдроми аворизнокии узвҳо” суханронӣ намуда, доир ба дастоварду мушкилотҳои ҷойдошта ҳангоми беморихои занона андешаҳои худро баён намуданд. Махсусан, ҳозирин маърӯзаи илмии н.и.т. Жаворонок А.Н.-ро ба мароқи зиёд гӯш намуда, ба посухҳои худ ҷавоб гирифтанд.