Skip to main content

20 марти 2025 дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ Семинари илмӣ-амалӣ бахшида ба “Соли 2025 – соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо“ ва “21 март – Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” баргузор гашт. Ин чорабинӣ бо ибтикор ва аз ҷониби Директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ Ҳайдарзода Рустам ифтитоҳ гардид.

Сипас гардонандаи семинари илмии мазкур ходими калони илмии институт Давлатов З.А. мизи мудаввар чорабиниро пеш бурданд. Сарходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институт Қурбонова Ш. дар мавзуи “Даҳ омили обшавии пиряхҳо”, Сарходими илмии шуъбаи ШМА ва Канадаи Институт, доктори илмҳои сиёсӣ Каримов Ш.Т. дар мавзуи “Муҳофизати пиряхҳо ҳифзи ҳаёти инсон аст: ҷанбаҳои сиёсии масъала”, сарходими илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институт, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Сангинзода Д.Ш. дар мавзуи “2025 – соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо: ташаббуси ҳуқуқии байналмилалии Тоҷикистон ва дурнамои танзими ҳуқуқӣ”, мудири шуъбаи ШМА ва Канадаи Институт, номзади илмҳои сиёсӣ Дороншоева Н.Ш. дар мавзуи “Хатари обшавии пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ ва таъсири он барои амнияти минтақа”, ходими пешбари илмии шуъбаи Аврупои Институт, номзади илмҳои филологӣ Мадимарова Г. дар мавзуи “Нигоҳе ба ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо дар таҳлил ва гузоришҳои ҷаҳонӣ” ва дигарон маърузаи илмӣ намуданд. Сипас кормандони дигари Институт дар музокирот фикру андешаҳои худро иброз намуданд.