Skip to main content

Семинари илмӣ-амалӣ Дар мавзуи “Асосҳои физикӣ-технологӣ ва коркарди ангишти Тоҷикистон бо маводи сорбсионӣ”

Мавзӯи семинари навбатии илмӣ-амалӣ, ки бо иштироки кормандони Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ва озмоишгоҳи коркарди ашёи хоми минералии Институти химияи ба номи В.И. Никитинаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар семинари мазкур академики Академияи милии илмҳои Тоҷикистон Улмас Мирсаидов вобаста ба масалаи кор карда баромадани сорбентҳои нав дар асоси ангишт ва минбаъд тоза кардани обҳои урандор ва дигар радионуклидҳо бо усулҳои сорбсионӣ суханронӣ намуд. Қаблан, корҳо дар заминаи ашёи хоми Тоҷикистон барои хориҷ кардани обҳои радионуклид анҷом меёфтанд.

Иброз гардид, ки пайваста бо истеҳсолот аз дарёфти сорбентҳои самарабахш аз андросидҳои Тоҷикистон ва дигар ангиштҳои қаҳваранг бо мақсади тоза кардани об аз радионуклидҳои металлҳои вазнин зарур аст.

Сипас, масалаҳои асосҳои химиявии коркарди ашёи хоми минералии Тоҷикистон бо истеҳсоли реактивҳои оҳандор муҳокима гардид, ки он барои ба даст овардани хлориди оҳан, сулфати оҳан аз магнетит, инчунин аз сеолитҳо таркибашон оҳан зиёд аст, маврди баррасӣ қарор гирифт.

Дар идомаи семинар корманди Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ Ҳамидов Фарҳод дар мавзуи «Асосҳои физикӣ-технологӣ ва коркарди ангишти Тоҷикистон барои ба даст овардани маводҳои сорбсионӣ» ва Досаев Суҳроб, корманди озмоишгоҳи коркарди ашёи хоми минералии Институти химияи ба номи В.И. Никитинаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзӯи “Асосҳои коркарди химиявии ашёи хоми маъдании Тоҷикистон барои ба даст овардани реагентҳои оҳандор” маъруза намуданд.