Skip to main content

Дар Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ дар санаи 14 ноябри 2024 бо ташаббуси Шурои бонувон ва Шурои олимони ҷавони Институт ба муносибати 32 солагии Иҷлосияи XXI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба “16 ноябр-Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” семинари илмӣ дар мавзӯи “Саҳми Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳқими андешаи миллӣ” доир гашт.

Чорабинии илмиро директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра ҳусни оғоз бахшид.

Дар раванди семинари илмӣ мудири Шуъбаи Шарқи Наздик ва Миёни Институт, раиси Шурои олимони ҷавони АМИТ Зиеёв Субҳиддин, ходимони илмии Институт Махмедов Муҳаммад, Файзуллоева Нигора ва раиси Шурои олимони ҷавони Институт Ашуров Ардамеҳр суханронӣ намуда дар мавзуҳои саҳми Пешвои миллат дар таҳкими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши Пешвои миллат дар тарбияи ҷавонони ватандӯсти миллат, аҳамияти иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини кишвар суханронӣ намуданд