Skip to main content

Имрӯз (13.02.2025) дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ бо иштироки мудирон ва кормандони илмии Шуъбаи флора ва систематикаи растаниҳо, Озмоишгоҳи экология ва захираи растаниҳо, Захираи гербарияи Институт семинари илмии муштарак баргузор карда шуд.

Дар семинар рисолаи номзадии ходими хурди илмӣ Хуҷаев Муҳаммадсидиқ аз рӯи ихтисоси “Ботаника” дар мавзуи “Омӯзиши флора ва экологияи обсабзҳои сабз (Chlorophyta) дар силсилаобанборҳои дарёи Вахш (Роғун, Норак, Бойғозӣ, Сангтуда – 1, 2 ва Сарбанд)” ва рисолаи ходими хурди илмии Захираи гербарияи Институт Раҳматова Табассум барои дарёфти доктори PhD аз рӯи ихтисоси “Ботаника” дар мавзуи “Биоморфология, сохтори популятсионӣ ва захираи намудҳои авлоди Perovskia Kar. дар шароити Тоҷикистон” мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд.

Барои ислоҳи эроду камбудӣ ва тавсияҳои аз ҷониби мутахассисони соҳа ирсолшуда ба олимони ҷавон ҷиҳати таҳия ва омода намудани рисолаҳои илмӣ мӯҳлати муайян дода шуд.