Skip to main content

Имрӯз 18 феврали соли 2025 бо ташаббуси Шуъбаи таърихи фалсафаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳовадинови АМИТ семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи Анъанагароӣ ва постмодернизм: нуқтаҳои ҳамгироӣ дар ҷомеа ва фарҳанги муосири миллӣ» баргузор гардид.

Семинари мазкур дар ҳошияи анъанаи шуъба баргузор гардида ба хотираи неки устодони шуъба А. Муҳаммадхочаев, Ғ. Ашуров, М. Диноршоев, М. Ҳазратқулов, Х. Додхудоев бахшида шудааст.

Дар семинари мазкур се гузориш аз ҷониби докторони илм Маҳмадҷонова М.Т. , Диноршоева М., Абдуҷалилов А. дар мавзуъҳои «Таъсири постмодерн ба самту равияҳои фалсафаи муосир», «Муқаррароти асосии методологияи постмодерн» ва «Таъсири фалсафаи постмодерн ба таҳаввули ҳуқуқ» шунида шуданд.

Гуфта шуд, ки фалсафаи муосири Аврупо дар заминаи танқиди фалсафаи классикӣ, махсусан фалсафаи Имануил Кант ва Ф. Гегел ташаккул ва нуму ёфта аст. Махсусан дар асри ХХ ин мавқеи танқидӣ муҳтавои ташаккули фалсафаҳои ба истилоҳ, ғайри классикӣ гардид ва муҳити фарҳангӣ ба ду шохаи асосӣ - сиентизм ва антисиентизм тақсим шуд.

Дар музокирот устодон Музаффарӣ М., Назариев Р., Олимов К., Ҷонбобоев С., Зиёӣ Х. баромад карда масъалаҳои матраҳшударо муҳокима намуданд.

Пешниҳод гардид, ки фалсафаи муосир, алалхусус постмодернизм ба таври васеъ омухта шавад, зеро ин зарурати доғи руз аст. Натиҷаи таҳқиқоти мазкур дар таҳлили масъалаҳои фарҳанг, ахлоқ, эстетика, инсоншиносӣ, фалсафаи иҷтимоӣ, масоили дин ва дунявият, ҳуқуқ, ҷомеашиносӣ ва ғ. истифода гардад.

Дар фарҷом иштирокчиёни семинар доир ба масъалаҳои матраҳгардида фикру ақидаҳои худро баён намуданд.