Skip to main content

Имрӯз (26.11.2024) дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови АМИТ семинари илмии навбатӣ баргузор гардид, ки дар он сарходими илмии бахши физикаи назариявии шуъбаи наномаводҳо ва нанотехнология, н.и.ф.м., дотсент Абдурасулов А.А. дар мавзӯи “Оид ба як модели назарияи молекулавӣ статистикии ҳодисаҳои интиқол ва релаксатсияҳо дар моеъҳои мураккаби ғайрисимметрӣ” баромад намуданд.

Дар рафти баромад устод аввал оид ба усули термодинамикаи мувозинатӣ маълумот дода, сипас доир ба термодинамикаи ғайримувозинатӣ дар асоси усули назарияи молекулавӣ статистикӣ, вобаста ба таҳқиқотҳои дар шуъба гузаронидашаванда маърӯза намуданд. Пас аз итмоми баромад дар байни маърӯзачию кормандон саволу ҷавоб ва мубоҳиса сурат гирифт.

Директори Институт Зарифзода А.Қ. қайд намуданд, ки муфассал баррасӣ намудани чунин масъалаҳои таҳқиқотӣ дар семинарҳои кушоди Институт барои ҳамагон, аз ҷумла ҷавонон муфид буда, пайдо гардидани идеяҳои илмии нав ва ҳалли масъалаҳои таҳқиқотиро боис мегардад.