
Истиқлолият муқаддастарин ва неъмати гарон, рамзи хушбахтӣ ва ҳуввияти миллат, ватандӯстӣ, шаъну шараф, нишонаи устуворист ва умри дароз доштани давлат.
Эмомалӣ Раҳмон
9-уми сентябр дар Тоҷикистон 33-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Оғози марҳалаи муосири таърихи Тоҷикистон бо раванди парокандагии ИҶШС, вайрон шудани таносуби қувваҳо дар ҷумҳурӣ алоқаманд аст. 24-уми августи соли 1990 дар авҷи муқовиматҳои сиёсӣ дар ҷаласаи дуюми Шурои Олии ҷумҳурӣ, даъвати 12-ум Эъломия дар бораи соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон қабул карда шуд. Дар эъломия ҶШС Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақили сермиллат эълон шудааст. Соҳибихтиёрии давлатии ҶШС Тоҷикистон, гуфта мешавад дар он, дар ягонагӣ ва бартарии ҳокимияти давлатӣ дар тамоми қаламрави ҶШС Тоҷикистон ва мустақилият дар муносибатҳои хориҷӣ ифода меёбад. Эълон карда шуд, ки ҶШС Тоҷикистон дар қаламрави худ ҳама масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро мустақилона ҳал мекунад, ба истиснои он масъалаҳое, ки Тоҷикистон ихтиёран ба салоҳияти ИҶШС мегузарад. Ҷумҳурият ҳуқуқи аз ИҶШС озод шуданро бо тартиби мукаррарнамудаи шартномаи иттифоқӣ ва қонунгузорӣ дар асоси он нигоҳ доштааст.
9-уми сентябри соли 1991 Шурои Олии Тоҷикистон дар иҷлосияи ғайринавбатӣ Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон кард. Дар Эъломияи истиқлолияти давлатӣ омадааст: “Бо назардошти тағйироти инқилобӣ дар ИҶШС ва эҳтироми саъйи ҷумҳуриҳои соҳибихтиёре, ки ба он шомил карда шудаанд, муносибатҳои байни худро ба тариқи нав барқарор кунанд, тибқи Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24-уми августи соли 1990 қабул шудааст”.
Дастовардҳои Тоҷикистон дар 33 соли Истиқлоли давлатӣ аз дастовардҳои ҷаҳонӣ инҳоро фарқ кардан мумкин аст:
-Роҳбарияти Тоҷикистон тавонистааст давлатдорӣ ва тамомияти арзии худро ҳифз кунад.
-Ҳаҷми маҳсулоти хоҷагии қишлоқ афзуд. Тоҷикистон маҳсулоти кишоварзиро на танҳо ба бозори дохилӣ, балки ба бозорҳои кишварҳои шарик низ таъмин мекунад.
-Дар Тоҷикистон корҳо оид ба такмил додани инфрасохтори нақлиётӣ мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ: азнавсозӣ ва сохтмони роҳҳои оҳан ва автомобилгард, пулҳо, нақбҳо гузаронида шуданд ва идома доранд. Ин ба табдил ёфтани Тоҷикистон ба минтақаи транзитӣ мусоидат мекунад.
-Тоҷикистон имрӯз сиёсати мустақили дохилӣ ва хориҷиро пеш мебарад, манфиатҳои миллии ҷумҳуриро дар арсаи геосиёсӣ ҳимоя мекунад.
-Тоҷикистон пас аз сардиҳои муносибатии чандинсола бо Ӯзбекистон дар самтҳои гуногун муносибатҳои ҳамсоягӣ ва ҳамкорӣ барқарор кард. Дар ҷараёни сафари расмии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон баҳори соли 2018 байни вазорату идораҳои дахлдори кишварҳо 27 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Ва дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон 26 санади дигар дар бораи ҳамкориҳои мутақобила ба имзо расид.
-Дар давраи истиқлолият шумораи аҳолии кишвар аз 5,5 миллион то 10 миллион нафар афзоиш ёфт, яъне 2 маротиба, сатҳ ва сифати зиндагии одамон ба куллӣ беҳтар шуд, умри миёнаи шаҳрвандон ба 73,5 сол расид. Халқи тоҷик бояд Истиқлолияти давлатии кишварро чун гавҳараки чашм эҳтиёт карда, шукргузор аз неъматҳои яздонӣ ба Пешвои миллати худ – Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама ҷабҳаҳои рушди давлату миллат пайраву содиқ бошад.
Ибрагимова Мадина - лаборанти калони Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Имрӯз, 15 май рӯзи дуюм аст, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми XVIII зиёиёни эҷодкор ва илмии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардида истоддааст. Дар ин рӯз дар толорҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшҳои мубоҳисавии форум бо иштироки васеи олимону зиёиёни кишварҳои ИДМ идома доранд.
Дар ин бахш олимону мутахассисон доир ба анъана ва навовариҳои фарҳанги кишварҳои иттиҳод бо ҳамдигар мубоҳиса намуданд. Дар кори форум узви вобастаи АМИТ Қоҳирова Гулчеҳра ҳусни оғоз бахшида, доир ба ҳамкориҳои фарҳангӣ ва дурнамои рушди техникаву технология дар замони муосир ибрози ақида намуданд.
Дар идома олимону зиёиёни кишварҳои узви ИДМ дар суханрониҳои худ қайд намуданд, ки мо дар асре зиндагӣ дорем, ки техникаву технология бо суръати кайҳонӣ пеш рафта истодааст ва ин шароит ба фарҳанги навоварии ва рушди кори олимону муҳаққиқон мусоидати бемайлон намуда ва ҳамкориҳо байни олимони аъзои ИДМ низ метавонад ҳамаи мову шуморо муваффақи гардонад.
Нимаи дуюми рӯзи 14 май қисмати дуюми Форуми зиёиёну эҷодкорони илмии аъзои давлатҳои ИДМ бо баррасии мавзуи “Саҳми халқҳои иттиҳод дар ғалабаи бузург” дар як бахш баргузор гардид.
Дар ин бахш пешбарандаи форум доктори илмҳои таърих, узви вобастаи АМИТ Пирумшоев Ҳайдаршо ва Виктор Владимирович – мудири Шуъбаи оид ба робитаҳои байналмилалии ИВИ РАН буданд.
Бояд гуфт, ки дар ин бахш олимону зиёиёни давлатҳои муштаракулманофеъ баромад намуда, оид ба корнамоиҳои халқиятҳои кишварҳои узви иттиҳод дар Ғалабаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ибрози ақида намуданд. Дар идома байни олимону зиёиён доир ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ муҳокимаҳои илмӣ баргузор гашта, қайд намуданд, ки яке аз сабаби ба даст овардани ғалаба, ин дӯстӣ, якдигарфаҳмӣ, ба ҳам омадани халқиятҳо ва мубориза ба зидди душман бурдан аст.
Имрӯз, 14 май дар ҳошияи Форуми зиёиёни эҷодкор ва илмии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ намоиши ифтитоҳи оркестри симфонии ҷавонони ИДМ дар соли 2025 баргузор гардид.
Дар ин намоиш муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, раиси Раёсати МФГС Полад Булбулоғлу, ҳамраиси Раёсати МФГС, намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Русия оид ба ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ Михаил Швидкой, роҳбарони муассисаҳои илмии кишварҳои ИДМ ва зиёда аз 200 намояндаи кишварҳои муштаракулманофеъ иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Оркестри симфонии ҷавонони ИДМ бо ташаббуси Хазинаи байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ таъсис ёфтааст. Оркестр бори нахуст моҳи ноябри соли 2007 дар пойтахти Қазоқистон - шаҳри Остона барои ширкат дар консерт бахшида ба Форуми II-и зиёиёни эҷодӣ ва илмии кишварҳои узви ИДМ ҷамъ омада буд. Барномаи консертиро Ҳунарпешаи мардумии Русия, Қазоқистон ва Тотористон Фуат Мансуров роҳбарӣ кард.
Бояд гуфт, ки мавқеъи оркестри симфонии чавонони — Озарбойчону Арманистон, Белоруссия ва Қазокистон, Қирғизистон ва Узбекистон, Туркманистон сол то сол васеъ мешавад. Консертҳои оркестр дар толори Ассамблеяи генералии СММ дар Ню-Йорк ва дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж баргузор шудаанд.
Дар оркестри мазкур дирижёрҳои варзидаи кишварҳои гуногун – Ю.Симонов, М.Горенштейн, В.Спиваков, Р.Осмоналиев, А.Кабдурахмонов, В.Валеев ва бисёр навозандагони барҷастаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил кор мекарданд.
Ҳамзамон аз соли 2019 инҷониб оркестрро Ҳунарпешаи мардумии Русия, барандаи ҷоизаи Ситораҳои Иттиҳод Сергей Скрипка раҳбарӣ мекунад. Дар Душанбе ҳамроҳи маэстро роҳбари бадеии Оркестри давлатии симфонии Туркманистон Расул Кличев ва дирижёри оркестри симфонии ба номи Жуковский Константин Науменко ба курсии дирижёрӣ мебароянд. Инчунин бояд гуфт, ки Тоҷикистонро дар оркестр дирижёрҳо Далер Тиллоев ва Алишер Олиев намояндагӣ мекунанд.
Дар ҳайати оркестри симфонӣ аз рӯи анъана навозандагони ҷавони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ғолибони озмунҳои бонуфузи мусиқӣ шомиланд. Дар барномаи консертӣ дар Душанбе асарҳои мусиқии маъруфи классикии бастакорони рус, тоҷик ва хориҷӣ шомиланд.
Қобили зикр аст, ки Оркестри ҷавонон яке аз лоиҳаҳои барҷастаи МФГС мебошад, ки ҳадафи он на танҳо фаъолиятҳои консертӣ, балки ба навозандагони ҷавон имкони беназири муошират бо дирижёрҳои барҷаста ва устодони барҷастаи иҷрои оркестр аз тамоми кишварҳои ИДМ мебошад.
Ғайр аз ин, дар ҳамаи мамлакатҳое, ки оркестр ҳунарнамоӣ мекунад, барои навозандагони ҷавон барномаи гуногуни маданӣ тайёр карда мешавад.
Имрӯз, 14 май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳошияи Форуми зиёиёни эҷодкор ва илмии давлатҳои аъзои ИДМ ҷоизаи асосии башардӯстонаи ИДМ “Ситораҳои Иттиҳод” ба барандагони ин ҷоиза тақдим карда шуд. Имсол 8 нафар олимони варзида аз кишварҳои муштаракулманофеъ Ситораи фахрӣ мегиранд.
Бояд гуфт, ки ҷоизаи мазкур се номинатсияро дар бар гирифта, дар он олимон аз кишварҳои Тоҷикистон, Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Русия, Узбекистон, Озарбойҷон ва Қирғизистон байни ҳам рақобат намуданд.
Ҳамзамон барандагони ҷоизаи “Ситораҳои Иттиҳод” дар бахши “Барои саҳми барҷаста дар фарҳанг ва санъат” Эдуард ТАДЕВОСЯН – ҳунарпешаи халқии Арманистон, профессори Консерваторияи давлатии Ереван, директори Квартети Комитас, Елена АТРАШКЕВИЧ — бастакор, раиси Иттифоқи бастакорони Белоруссия, муаллими Коллеҷи санъати Минск, Айжан БЕККУЛОВА – коршиноси Кумитаи миллии мероси ғайримоддӣ, раиси Иттифоқи ҳунармандони Қазоқистон, Денис МАТСУЕВ – пианинонавоз, Ҳунарпешаи халқии Русия, солисти Филармонияи давлатии Маскав, Рустам САЪДУЛЛОЕВ — Артисти хизматнишондодаи Узбекистон, профессори фахрии филиали Университети умумироссиягии кинематографияи ба номи С.Герасимов дар Тошканд мебошанд.
Барандагони ҷоизаи “Ситораҳои Иттиҳод” дар номинатсияи «Барои саҳм ва дастовардҳои барҷаста дар соҳаи илму маориф» Муҳаммадюсуфи ИМОМЗОДА – академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессори кафедраи адабиёти форсу тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Азиз АЛИЕВ — профессор, ректори филиали дар Боку будаи Университети якуми тиббии Москва ба номи Сеченов И мебошанд.
Инчунин, Тугелбой КАЗАКОВ — артисти халкии Кирғизистон, раиси комиссия оид ба мукофотҳои давлатӣ, раиси Иттифоқи ходимони мусиқӣ дар номинатсияи «Барои саҳми барҷаста дар фаъолияти башардӯстона» барандаи ҷоиза дониста шуд.
Бояд гуфт, ки ҷоизаи «Ситораҳои Иттиҳод» ҳамасола ба намояндагони кишварҳои ИДМ барои дастовардҳои назаррас дар соҳаи фаъолияти башардӯстона, ки ба сатҳи дастовардҳои ҷаҳонӣ мувофиқ аст ва дар рушди ҳар як кишвари узви ИДМ ва дар маҷмӯъ саҳм гузоштааст, дода мешавад. Маблағи мукофот 2 миллион рублро ташкил медиҳад. Имсол барои дарёфти ҷоизаи олӣ 15 номзад аз 8 кишвар рақобат карданд.
Имрӯз, 14 май дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Хазинаи байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Форуми XVIII зиёиёни эҷодкор ва илмии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид.
Дар кори Форум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, раиси Раёсати МФГС Полад Булбул оғлу, ҳамраиси Раёсати МФГС, намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Русия оид ба ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ Михаил Швидкой ва зиёда аз 200 намояндаи кишварҳои муштаракулманофеъ иштирок доранд.
Ба кори Форум президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобасти АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт оғоз бахшида, таъкид дошт, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 1992 узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид гардида, дар асоси принсипи сиёсати хориҷии “дарҳои боз” бо беш аз 180 кишвари ҷаҳон робитаҳои дӯстона барқарор намуд. Инчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «Асоси сиёсати хориҷии имрӯзаи кишварро сиёсати “дарҳои боз”, омодагӣ барои ҳамкорӣ бо ҳамаи субъектҳои муносибатҳои байналмилалӣ дар заминаи эҳтироми усулу меъёрҳои пазируфташудаи ҳуқуқи байналхалқӣ ташкил медиҳад».
Гуфта шуд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои ИДМ ва мамлакатҳои дигари ҷаҳон пайваста рушд меёбад. Умуман, яке аз соҳаҳое, ки ба низом ва густариши ҳамкориҳои давлатҳои ИДМ мусоидат менамояд ин соҳаи илм ба шумор меравад. Бояд гуфт, ки ба роҳ мондани ҳамкориҳои густурда бо Хазинаи байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ ва баргузор намудани ин форуми сатҳи байналмилалӣ дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе бори дигар барои мустаҳкам гардидани ҳамокориҳои кишварҳои муштаракулманофеъ замина мегузорад.
Дар идома муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ дар сухани ифтитоҳӣ таъкид дошт, ки илм олимонро муттаҳид мекунад, аз ин рӯ форум ба майдони табодули байналмилалии бидуни марз табдил ёфтааст. Вусъат додани муносибатҳои байналхалқӣ махсусан ҳозир хеле муҳим аст. Ва форум ба минбари мукаммали ба роҳ мондани ҳамкории зиёиёни эҷодкор ва илмии давлатҳои аъзои ИДМ табдил ёфт. Ва муҳимтар аз ҳама, он имкони муоширати зиндаро фароҳам меорад, ки бешубҳа ба лоиҳаҳои ҷиддӣ табдил меёбанд.
Таъкид гардид, ки ба масъалаи густариш ёфтани ҳамкориҳои зиёиёни эҷодкор ва илмии давлатҳои аъзои ИДМ диққати махсус додан лозим аст. Мамлакатҳои аъзои ИДМ барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои муштараки илмӣ чораҳои заруррӣ меандешанд.
Ёдовар мешавем, ки Форумҳои зиёиёни илмӣ ва эҷодии ИДМ бузургтарин чорабиниҳои башардӯстона дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буда, дар он натоиҷи соли гузашта ҷамъбаст гардида, нақшаҳои чорабиниҳои муштарак баррасӣ ва оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, иттилоот, сайёҳӣ, варзиш ва кор бо ҷавонон тавсияҳо таҳия карда мешаванд.
Қобили зикри хос аст, ки форумҳо аз соли 2006 инҷониб дар кишварҳои мухталиф бо навбат баргузор мешаванд. Тоҷикистон бори дуввум аст, ки мизбони ин ҳамоиш аст.
Мавзӯи Форуми XVIII-и имрӯза «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: уфуқҳои нави ҳамкорӣ» мебошад, ки намояндагони ҷомеаҳои касбӣ: ходимони фарҳанг, маориф ва ВАО-ро муттаҳид мекунад.
Ҳамзамон дар ҳошияи Форум имсол бори аввал мулоқоти раҳбарони Академияҳои миллии улуми кишварҳои муштаракулманофеъ ва раҳбарони ҷомеаи илмӣ баргузор мешавад.
Инчунин, Форуми мазкур бо маросими бошукӯҳ супоридани ҷоизаҳо ба барандагони Ҷоизаи асосии байнидавлатии ИДМ «Ситораҳои Иттиҳод», ки барои дастовардҳои барҷаста дар соҳаи санъат, илм ва маориф дода мешавад, ба анҷом мерасад. Ҳамзамон дар ҳошияи ин форум барандагони ҷоизаи ҷавонони ИДМ «Иттиҳоди дебютҳо» низ ҷоизаҳои худро мегиранд.
Бояд гуфт, ки дар доираи барномаи фарҳангии Форум оркестри симфонии ҷавонони ИДМ баромад мекунад. Таъсиси оркестр яке аз лоиҳаҳои муҳими MFGS мебошад. Ба он навозандагони ҷавони мамлакатҳои иттиҳод, ғолибони конкурсҳои бонуфузи мусиқӣ дохиланд. Имсол оркестрро Ҳунарпешаи мардумии Русия Сергей Скрипка, барандаи ҷоизаи Ситораҳои Иттиҳод раҳбарӣ мекунад.
Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки Форуми XVIII зиёиёни эҷодкор ва илмии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз санаи 14- уми май оғоз ёфта то санаи 15- уми май идома меёбад.
ЗИЁИЁНУ ЭҶОДКОРОНИ ИДМ АЗ НАМОИШИ ДАСТОВАРДҲОИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ДИДАН НАМУДАНД
Имрӯз, 14 май дар ҳошияи баргузории Форуми XVIII зиёиёни эҷодкор ва илмии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон намоиши дастоварду натиҷаҳои илмии муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар доираи ин Форум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷкистон Дилрабо Мансурӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, зиёиёну эҷодкорон ва роҳбарони муассисаҳои илмии кишварҳои ИДМ аз намоиши дастовардҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дидан намуданд.
Дар намоиш натиҷаи таҳқиқотҳои олимону кормандони муассисаву зерсохторҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Дар баргузории Форуми зиёиёну эҷодкор ва илмии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 300 нафар зиёиёну эҷодкорони варзида, роҳбарияти муассисаҳои илмии кишварҳои ИДМ иштирок доранд, ки онҳо низ бо дастовардҳои муассисаҳои илмӣ шинос гардиданд.
Имрӯз, 14 май дар ҳошияи баргузории Форуми зиёиёну эҷодкорони илмии аъзои давлатҳои ИДМ ҳайати олимону меҳмонон ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Дар назди китобхона меҳмононро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт истиқбол намуданд.
14 май дар ҳошияи баргузории Форуми XVIII зиёиёни эҷодкор ва илмии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил беш аз 300 нафар зиёиёну эҷодкорон ва роҳбарони муассисаҳои илмии давлатҳои аъзои ИДМ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Қабл аз оғози баргузории Форум зиёиёну эҷодкорони аъзои давлатҳои ИДМ ба хотири гиромидошт аз таъриху тамаддуни куҳанбунёди миллати тоҷик дар назди муҷассамаи Асосгузори нахустин давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд.
Дар ин маросими гулчанбаргузорӣ ҳайати зиёиёну эҷодкорони аъзои давлатҳои ИДМ- ро президенти Академияи милллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва олимону кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамроҳӣ намуданд.