Skip to main content

Дар маҷлисгоҳи Институти астрофизикаи АМИТ Шӯрои олимони Институт баргузор гардид, ки дар он 4 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт. Масъалаҳои баррасигардида бевосита ба тарбияи кадрҳои илмӣ дар Институт нигаронида шуда, ҷиҳати ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидан дар ин самт ва вусъат додани корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ нигаронида шуда буд.

Инчунин яке аз масъалаҳо, муҳокима ва баррасии Монографияи Узви вобастаи АМИТ, д.и.ф.-м. Қоҳирова Г.И. ва ходими калони илмии Институт, н.и.ф.-м. Раҳматуллоева Ф.Ҷ. зери мавзуи “Таҳқиқоти ҷирмҳои фаъоли хурди Системаи офтобӣ дар Тоҷикистон” буд, ки якдилона аз ҷониби аъзоёни Шӯрои олимони Институт дастгирӣ ёфта барои нашр пешниҳод гардид.

Ҳамзамон, дар рафти Шурои мазкур, директори Институт н.и.ф.-м. Бӯризода А.М. оид ба масъалаҳои интизоми меҳнат ва гузаронидани шанбегиҳо дар бинои асосии Институт ва зерсохторҳои он баромад намуда зикр намуданд, ки ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои экологӣ дар муассиса барои бедор намудани ҳисси зебоипарастӣ ва ободкорӣ мусоидат намуда баҳри гул-гулшукуфоии ватани азизамон заминаи хуб хоҳад гузошт.