Skip to main content

Ҳамдиёрони азиз, афсарону сарбозони шуҷои Ватан

Ҳимояи марзу буми ватан ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди меҳанпараст маҳсуб меёбад. Воқеан ҳам, марзу буми кишвар аз ҷумлаи муқаддасоти миллие мебошанд, ки ҳимоят аз он нангу номуси меҳандӯстиро талаб менамояд. Имрӯзҳо ҳазорон фарзанди содиқи Ватан дар сафи Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ адои хизмат намуда, барои ҳифзи марзу буми кишвар сарбаландона масъулияти шаҳрвандии хешро иҷро менамоянд. Ҳамин аст, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар маҳз бо заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми сохторҳои Қувваҳои Мусалаҳ шароити мусоид барои афсарону сарбозон фароҳам оварда шудааст. Аз ин рӯ, масъулияти ҳар як афсару сарбоз ин зиракиву ҳушёриро аз даст надодан ва ба давлату миллати хеш содиқ мондан аст.

Афсарону сарбозони шуҷои Ватан!

Имрӯз аз таърихи таъсисёбии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур гардид. Дар ин даврон маҳз бо заҳмату талоши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қушунҳои сарҳадӣ ба яке аз сохторҳои пуриқтидори ҳарбӣ табдил ёфта, бо тамоми техникаҳои муосир муҷаҳаз гардонида шудааст. Метавон гуфт, ки афсарону сарбозони Қушунҳои сарҳадӣ бо нерумандиву шуҷоати хеш аз шароити фароҳамовардаи Сарвари давлат истифода намуда, баҳри ҳимояи сарҳади давлатӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ далерона қарзи шаҳрвандии худро иҷро менамоянд. Ҳамасола 28 май дар ҷумҳурӣ рӯзи таъсисёбии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Вобаста ба ин, ба тамоми афсарону сарбозони шуҷои Ватан 30 – солагии таъсисёбии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро табрику таҳният гуфта, барои шумо сиҳатмандиву далерӣ ва дар ҳифзи сарҳади давлатӣ ва манфиатҳои миллӣ муваффақиятҳои беназирро таманно менамоям. Бигзор, бо химзматҳои шабонарӯзии шумо, афсарон ва сарбозони гиромӣ, то абад оромиву осоиштагӣ ва сулҳу суботи комил дар кишвар боқӣ бимонад.

Ҷашн муборак, ҳомиёни сарҳади давлатӣ!