Skip to main content

Имрӯз соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, ба таъмини оммавигардонии варзиш ва таҳким бахшидани тарзи ҳаёти солим равона гардидааст. Хушбахтона, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт дастовардҳои зиёд дида мешавад. Ҳамин аст, ки бо ташаббуси Пешвои миллат рӯзҳои шанбе - Рӯзи варзиш эълон шудааст ва пайваста дар ҷумҳурӣ чорабиниҳои гуногунӣ варзишӣ роҳандозӣ мешаванд. Ҳамзамон, бо пешниҳод ва ташаббуси Пешвои муаззами миллат аз соли 2011 инҷониб 10-уми август Рӯзи варзишгарон таҷлил карда мешавад.

Дар воқеъ, варзиш дар ҳама давру замон барои инсоният аҳамияти бузург доштаву яке аз омилҳои муҳимми ташаккули шахсияти солими ҷомеа шинохта шудааст. Пешвои миллат пайваста дар суханрониҳои хеш ин масъаларо матраҳ намуда, ҳаёти солимро дар пешрафти ҷомеа муҳим арзёбӣ менамоянд: «Тандурустии ҷавонон тандурустии миллат аст. Зеро маҳз тавассути фарогир сохтани варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва оммавӣ гардонидани он мо метавонем барои ҳаёти солим ва пешрафти ҷомеа шароити мусоид фароҳам оварем».

Ҳамин аст, ки бо сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш дар кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ рушди бо майлон намуда истодааст. Хушбахтона имсол Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар замоне ба вуқӯъ пайваст, ки варзишгарони парчамбардори миллат дар қатори варзишгарони 206 давлати дунё дар бозиҳои тобистонаи XXXIII- юми Олимпиадаи Париж – 2024, аз намудҳои гӯштини ҷудо, тарзи озод, бокс, варзиши сабук, теквандо, шиноварӣ иштирок варзида, бо ба даст овардани се медали биринҷӣ Парчами кишварро дар миёни кишварҳои дунё баланд бардоштанд.

Инчунин иқдомҳои шоиста ва беназири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша аз ҷониби созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ дастгирӣ меёбанд, ки ин боз ҳам барои муаррифӣ гардидани кишвари мо дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард. Яке аз ташаббусҳое, ки дар марҳилаи рушди соҳаи варзиш дар Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфт, Эълон гардидани 25 – май ҳамчун Рӯзи футбол бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон муҳтарм Рустами Эмомалӣ мебошад, ки ин иқдоми беназир метавонад дар оянда барои боз ҳам рушд намудани футболи тоҷик муосидат намояд.

Ҷаҳони имрӯза моро водор месозад, ки барои солимии ҷомеа ҷиҳати рушду инкишофи самтҳои гуногуни варзиш, бахусус ҷалби бештари ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, наврасону ҷавононро бештар дар рӯҳияи танумандию шуҷоатмандӣ ва худшиносию ватандӯстӣ тарбия намоем. Боварӣ дорам, ки варзишгарони кишвар бо таваҷҷуҳ, ғамхорӣ ва дастгириҳои рӯзафзуни Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ маҳорату истеъдоди худро барои ба даст овардани комёбиҳои нави варзишӣ равона месозанд.

Рӯзи варзишгарон муборак!