Skip to main content

Ҷашни Сада муборак ҳамдиёрон ва олимону кормандони азиз!

Имрӯз дар қатори дигар ҷашну суннатҳои неки ниёгон Сада бо шукуҳу шаҳомати хосса дар Тоҷикистон таҷлил мегардад. Ин ҷашн ҳазорон сол қидмат дорад ва аз куҳантарин ҷашнҳои ориёӣ (ҳатто қадимитар аз Наврӯз) ба шумор меравад. Сада рамзе аз куҳан будани фарҳанги миллати тамаддунофари тоҷик аст, ки дар худ маърифат ва шинохти табиату ҷомеаро аз ҷониби ниёгони мо ҳанӯз дар аҳди бостон инъикос кардааст.

Сада далели бумӣ, кишоварзу шаҳрнишин ва тамаддунофар будани тоҷикон аст. Ин ҷашн гувоҳи он аст, ки гузаштагони мо кишоварзу муқимӣ буда, дар соҳили дарёҳо ва водиҳои хушманзар ба сар мебурданд.

Кишоварзон дар ин айём тибқи анъана бояд ба кандани наҳрҳову заҳбурҳо, тоза намудани ҷӯйборҳо, мондани яхоб, пошидани пору ба замин, омода намудани тухмӣ, воситаҳои кишоварзии мавриди ниёз, нигоҳубини махсуси ҳайвоноти хонагӣ барои аз зимистон солим баровардани онҳо чораҳои лозима меандешиданд.

Бояд гуфт, ки Сада ҳам монанди ҷашнҳои дигари суннатии сол аз дидгоҳи ниёгони мо ҷузве аз ҳодисаву дигаргуниҳои воқеии кайҳонӣ мебошад, ки акси садои таҳвилу таҳаввул ва таъсири бевоситаи ҳаракати ҷирмҳои мунири осмонӣ ба табиат нуфузи муассири худро гузошта метавонад.

Баъди зимистони ба вуҷуд омадани тағйирот дар олами хокӣ ва фаъолияти бевоситаи инсон ба замин оғози тайёрӣ ва омодагӣ ба фасли баҳор ва таҷлили иди Наврӯз аст. Ин ҷашн тибқи устураҳо дар замони шоҳони қадими пешдодӣ, ки таърихи тахминан 6-7 ҳазорсола доранд, баргузор мешудааст. Мисоли барҷастаи ин ҳамон устураи «Бунёд ниҳодани ҷашни Сада» аз ҷониби шоҳ Ҳушанг дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ аст. Метавон ба таври мантиқӣ тахмин зад, ки устураи мазкур аз замони Пешдодиён то рӯзгори Фирдавсӣ ҳамчун эътиқоди мардум ба Хуршед ва рамзи он ба оташ дар байни омма ифода шуда, баъдан Фирдавсӣ онро ба назм даровардааст.

Перомуни номгузорӣ ва айёми Сада андешаҳои гуногун зикр шудаанд. Иддае аз донишмандон, аз ҷумла Абурайҳони Берунӣ, ба ин боваранд, ки ҳаргоҳ рӯзҳо ва шабҳоро ҷудогона шуморанд, миёни он ва охири сол адади сад ба даст меояд ва бархе гӯянд сабаби чунин ном гирифтани ҷашни мазкур ин аст, ки дар ин рӯз фарзандони Каюмарс сад тан шуданд.

Сада тамоми самтҳои ҳаётии ниёгонро фарогир буд. Самтҳои иҷтимоию фарҳангии пайдарҳамии ҷашнҳои солона низ мавҷуданд, ки онҳо бар асоси бахши кишоварзӣ падид омаданд, зеро ин ҷашнҳое, ки аз аввали пайдоишашон ғояву мароми сиёсиву идеологӣ надоштанд ва давраҳои гуногуни фаъолияти меҳнатии ниёгонамон дар давоми солро ифода мекарданд, пайваста бо ҷашнҳои порсоию мардумӣ дар ҳаёти ҷомеа рукнҳои асосии камолоти ахлоқиро ба вуҷуд оварданд, ки зинаҳои худшиносии инсонро дар шакли хеле сода инъикос намуданд.

Бори дигар ба тамоми мардуми кишвар ҷашни Садаро, ки ҳамчун оини суннатии ниёгонамон ба шумор меравад табрику таҳният мехонам!